Тибқи нақшаи корӣ ва дар асоси фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд оид ба гузаронидани амалиётҳои фаврии шабонарўзӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ дар обанбори «Баҳри Тоҷик» аз ҷониби нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ чунин амалиётҳо мунтазам гузаронида шуда истодааст. Санаи 3.03.2021, ҳангоми чунин амалиёт ду нафар сокини шаҳри Конибодом – Содиқов Ҷ.Л., истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ва Худойбердиев Ҳ., истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Ҷаҳонзеб барои вайрон кардани қоидаҳои моҳидорӣ ва истифодаи лавозимотҳои моҳидории ғайриқонунӣ боздошт карда шуданд. Дар натиҷа, бо дастрасии моддаи 208 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» протоколҳо тартиб дода, қаиқҳои резинӣ ва тўрҳои хархела муваққатан ба анбори раёсат супорида шуд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Зафаробод
Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ободу зебо гардонидани боғҳову ҷойҳои ҷамъиятӣ дар ҳудуди боғи фарҳангӣ фароғатии ба номи С.Айнии ноҳияи Зафаробод ҳашари ниҳолшинонӣ гузаронида шуд. Дар ҳашар кормандони бахши ҳифзи муҳитизист якҷоя бо кормандони боғзиёдааз 300 адад дарахтони ҳамешасабзи сановбар шинониданд. Тибқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия то имрӯз 6800 бех ниҳолҳои сояафкану ҳамешасабз, ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шудаанд.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Панҷакент
Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Иди байналмилалии Наврӯз, кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, тибқи нақшаи корӣ бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист якҷоя бо кормандони БДА дар шоҳроҳи Панҷакент - Айнӣ амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 30 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, нисбати ронандаи 1 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.
Ошкори ҷойи пинҳонии қонунвайронкунандагон
Нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани амалиёти шабонарӯзии навбатӣ дар болооби обанбори «Баҳри Тоҷик», минтақаи Қӯқуроқи ноҳияи Ашт ҷойи пинҳонии қонунвайронкунандагон – қӯрӯқшиканоне, ки бо сайди ғайриқонунии моҳӣ машғуланд ошкор намуданд. Лавозимотҳои дар он ҷо дарёфтгардида далели моҳидории ғайриқонунӣ буда, аз мушоҳидаҳо аён гардид, ки дар давоми 1 - 2 моҳи зимистони соли ҷорӣ шахсони номаълум ин ҷойро сохтаанд. Аз ҷониби нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар давоми 2 шабонарўз навбатдорӣ ташкил гардида, ин ҷойи пинҳонӣ зери назорати доимӣ қарор дода шуд, аммо ягон нафар қӯруқшикан ҳозир нашуд. Баъд аз навбатдорӣ, дар рўзи сеюм ҳамаи лавозимотҳои сайди ғайриқонунии моҳӣ ва ба он мусоидаткунанда, худи ҷойи пинҳонӣ несту нобуд карда шуд.
Шанбегии умумишаҳри дар шаҳри Истаравшан
Тибқи супориши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади тоза намудани Каттасой дар шаҳри Истаравшан бо ҷалби васеи аҳолӣ, хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр, муҳасилини коллеҷҳои тиббӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, кормандони ташкилоту корхонаҳо шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуд. Шанбегӣ бо иштироки 1500 нафар ва ҷалби 2 адад техника гузаронида шуда, 20 тн.партов ба партовгоҳи шаҳр интиқол дода шуд. Ҳамчунин барои огоҳӣ намудани аҳолӣ огоҳинома ба микдори 2 ҳазор адад тақсим карда шуда, дар ин мавзеъ 10 адад овезаҳо насб карда шуд. Ҷараёни шанбегӣ тариқи телевизиони маҳаллӣ ба навор гирифта шуд.
Тарғиби Паём дар муассисаи таълимии шаҳри Панҷакент
Бо мақсади ташвиқи Паёминавбатии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иҷрои нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15 шаҳри Панҷакент вохӯрӣ бо хонандагон доир гардид. Мутахассиси бахши ҳифзи муҳити зист сараввал оиди нуктаҳои асосии дар Паём омада суханронӣ намуда, сипас ба хонандагон вобаста ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, ҳифз ва самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ, иштироки ҷавонон дар шанбегиҳо, ки барои баланд бардоштани маърифати экологии насли наврас мусоидат менамояд, корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд.
Page 107 of 236