Муҳтарам ҳамкорон, дўстони азиз!
Рўзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои басо муҳим барои аҳли сайёра ҳисобида мешавад, зеро ҳамасола дар кишварҳои гуногун чорабиниҳои расмӣ доир мегарданд, ки ин ба ҷалби тамоми аҳли ҷомеа ба муаммоҳои мубрами экологии кишварҳо кӯмак ва саҳмгузорӣ менамояд. Таъмини амнияти экологии ҷомеа аз мубрамтарин масъалаҳои умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, имконияти хубест, барои бори дигар ҷалб намудани таваҷҷўҳи оммаи васеъ ба масоили экологӣ мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид фавриян наҷод додани башарият аз беобиро ба сароҳат таъкид карданд. Ин нуқта дар сафҳаҳои тамоми расонаҳои бонуфузи дунё интишор ва мавриди дастгирӣ қарор гирифт.