August 2015

29 August 2015

Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

ҚАРОРИ

 МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ

 МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо»

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2003, №4, мод. 213;)

 

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо» қабул карда шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

     - ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани қонунгузории ҷори таклиф пешниҳод намояд ва қарорҳои худро ба ҳамин Қонун  мутобиқ гардонад.

 

 

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     С. ХАЙРУЛЛОЕВ

        ш. Душанбе  27 ноябри соли 2002

       № 737      

ҚАРОРИ

МАҶЛИСИ МИЛЛИИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оид  ба  Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо»

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2003, №4, мод.173)

 

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо» баррасӣ  намуда  қарор  мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо» ҷонибдорӣ карда шавад.

 

 

Раиси  Маҷлиси  миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон                   М. УБАЙДУЛЛОЕВ

Душанбе  7 апрели соли 2003 № 358

 

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи истеҳсол ва муносибати эхтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2003, №4, мод.131; соли 2007,  №5, мод. 368)

 БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии истеҳсол ва муносибати эҳтиёткоронаро бо пеститсидҳо, аз ҷумла бо моддаҳои таъсирбахши онҳо ва ҳамчунин бо агроқимиёҳо бо мақсади ҳифзи сиҳатии одамон ва муҳити зист, муқаррар менамояд.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

Пеститсидҳо – моддаҳои қимиёвӣ ё биологӣ мебошанд, ки барои мубориза бар зидди организмҳои зараррасон (касалиҳои растанӣ, алафҳои бегона, микроорганизмҳо, ки сабабгори талафи маҳсулоти  кишоварзӣ ва масолеҳ, паразитҳо, паҳнкунандагони касалиҳои одам ва ҳайвонот мебошанд), инчунин барои пеш аз ғунучин резонидани барги растанӣ (дефолиантҳо), барои пеш аз ғунучин хушконидани растанӣ (десикантҳо), барои дур кардан, ҷалб кардан   ва тамъизкунии хашаротҳо таъин гардидаанд;

Агрокимиёҳо – нуриҳо, мелиорантҳои (ғизодоруҳои) кимиёвӣ, иловаҳои ғизоӣ, ки барои сабзишу инкишофи растанӣ, танзими ҳосилхезии хок ва хӯроки чорво заруранд;

моддаи таъсирбахши пеститсид - ҷузъи аз ҷиҳати биологӣ фаъоли пеститсид, ки дар шаклҳои гуногун истифода кардани он чун заҳр ба ин ё он хели организмҳои зараровар, ё худ чун дору ба инкишоф ва нашъунамои растанӣ таъсир мерасонад;

ба қайди давлатӣ гирифтани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо  бақадйдгирии пеститсидҳо ва агроқимиёҳо, ки дар асоси он мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро бо роҳи гузаронидани санҷишҳои қайдшавандаи лабораторӣ ва таҷрибаҳои саҳрои ба қайди давлатӣ мегирад, ба истеҳсол, истифода, фурӯш, кашонидан, нигоҳ доштан, нобуд кардан, реклама кардан, ворид намудани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ба ҷумҳурӣ ва содир кардани онҳоро аз ҷумҳурӣ, иҷозат медиҳад;

дастури истифодабарии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо – талабҳои ҳатмӣ оиди шароит ва тартиби истифодабарии пеститсидҳо ва агроқимиёҳо;

таҳиякунанда - шахси вокеӣ ё ҳуқуқие, ки пеститсидҳо, ё агроқимиёҳоро кор карда мебарорад, коршоямӣ, хосиятҳои заҳрнокӣ ва ба муҳити зист таъсир доштан ё надоштани онҳоро таҳқиқ, мекунад;

тайёркунанда - шахси вокеӣ ё ҳуқуқие, ки истеҳсоли пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро амалӣ мегардонад;

вазъи фитосанитарӣ – ҳолати замин, ҷангал ва наботот, ки бо миқдори ҳашароти зараррасони растанӣ, паҳншавии касалиҳои растанӣ ва мавҷуд будани алафи бегона, муайян карда мешавад;

мониторинги фитосанитарӣ - пешгӯӣ ва муқаррар кардани ҳадди эхтимолии паҳншавӣ, миқдор, суръати инкишоф ва зарароварии организмҳо.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Қонунгузории Ҷумҳурии   Тоҷикистон   оиди истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба он қабул карда мешаванд, инчунин аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Точикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Мавриди муомилот қарор додани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Пеститсидҳо ва агрокимиёҳои аз кайди давлатӣ гузаштаро, ки барои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон озодона фурӯхтан ё худ бо усулҳои дигар аз як шахс  ба  шахси дигар додан, мумкин аст.

Пеститсидҳо ва агроқимиёҳое, ки ба Феҳристи давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатдодашуда дохил нагардидаанд, мавриди муомилот қарор додан, манъ аст.

Муомилоти пеститсидҳои истифодаашон маҳдуд, ки дар натиҷаи таҳқиқоти қайдшаванда эҳтимолияти ба саломатии одамон ва муҳити зист таъсири манфӣ расонданашон муқаррар гардидааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муомилот қарор дода мешаванд.

 

 

БОБИП.  САЛОҲИЯТИ  ҲУКУМАТИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МАҚОМИ МАХСУСИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР  СОҲАИ ИСТЕҲСОЛ ВА МУНОСИБАТИ ЭҲТИЁТКОРОНА БО ПЕСТИТСИДҲО ВА АГРОКИМИЁҲО

 

Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агроқимиёҳо

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дохил мешаванд:

пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткоронабопеститсидҳо ва агрокимиёҳо;

қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо;

амалӣ гардонидани назорати давлатии иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агроқимиёҳо;

муайян намудани мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо;

 ба роҳ мондани ҳамкории байналмилали дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо.

 

Моддаи 6. Салоҳияти мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дорои салоҳиятҳои зерин мебошад:

ташкили озмоишҳои қайдшаванда, экспертизаи натиҷаи озмоишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, ба қайди давлатӣ гирифтани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо;

ташкили корҳои стандартикунонӣ ва сертификатсиякунонии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо;

амали гардонидани дигар ваколатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

 

 

БОБИШ. ИДОРАИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ИСТЕҲСОЛ ВА МУНОСИБАТИ ЭҲТИЁТКОРОНА БО ПЕСТИТСИДҲО ВА АГРОКИМИЁҲО

 

Моддаи 7. Идораи давлатӣ дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Идораи давлатиро дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон бевосита ё худ ба воситаи мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ амалӣ мегардонад.

Мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳова агрокимиёҳо мутобиқи низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон фаъолият мекунад.

 

Моддаи 8. Ташкили санҷишҳои қайдшаванда ва бақайдгирии давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Санҷишҳои қайдшаванда ва бақайдгирии давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ мутобиқи низомномаи тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ташкил менамояд.

 

Моддаи 9. Санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо барои тайёр кардан ва асоснок намудани дастури истифодабарии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо гузаронида мешаванд. Дастури мазкур истифодаи самарабахши пеститсидҳо, агрокимиёҳо ва бехатарии онҳоро барои саломатии одамон ва муҳити зист таъмин менамояд.

Санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро шахсони ҳуқуқие амалӣ менамоянд, ки барои ин заминаи илмӣ ва моддию техникӣ дошта, мутахасисони соҳавии дорои маълумоти дахлдор доранд ва аз тарафи макоми махсуси ваколатдори давлатӣӣ, ки ташкили санҷишҳои қайдшаванда ва бақайдгирии давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дар зиммаашон аст, ба гузаронидани ин санҷишҳо роҳ  дода шудаанд.

Санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо аз амалҳои зерин иборатанд:

муайян кардани истифодаи самараноки пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ва тартиб додани низомномаи истифодабарии онҳо;

баҳодиҳии хавфи таъсири манфии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ба саломатии одамон ва тартиб додани меъёрҳои санитарию гигиенӣ;

баҳодиҳии экологии дастури истифодабарии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо;

экспертизаи натиҷаи санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо.

Шахсоне, ки барои бақайдгирии давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дархост додаанд, вазифадоранд:

Намунаҳои пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро барои санҷиши қайдшавандаионҳо бепул пешниҳод намоянд;

хароҷоти санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳои дархостшударо пардохт кунанд.

 

Моддаи 10. Экспертизаи натиҷаи санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Экспертизаи натиҷаи санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо иҷрои амалҳои зайлро дар бар мегирад:

экспертизаи экологии давлатии натиҷаи санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳоваагрокимиёҳо аз ҷониби мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

экспертизаи токсикологӣ - гигиенӣ, ки аз ҷониби мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ гузаронида мешавад;

экспертизаи дастури истифодабарии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, ки мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ ташкил карда, санҷишҳои қайдшаванда ва бақайдгирии давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро ба роҳ мемонад.

Тартиби гузаронидани эксиертизаи натиҷаи санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 11. Принсипҳои экспертизаи натиҷаи санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Экспертизаи натиҷаи санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳобо принсипҳои зерин асос меёбад:

ҳатман гузаронидани он;

аз ҷихати илмӣ асоснок будани хулосаҳои он;

мустақилияти экспертҳо дар мавриди иҷро намудани ваколатҳои худ;

пулаки гузаронидани он.

Муҳлати гузаронидани экспертиза набояд аз дах моҳ зиёд бошад.

Шахсони вокеӣ ва ҳуқуқие, ки барои аз қайди давлатӣ гузаронидани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дархост додаанд, ҳамчунин таҳиякунанда ҳуқуқи дар экспертизаи натиҷаи санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо иштирок карданро надоранд.

Аз хулосаи экспертизаи натиҷаи санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Тартиб ва ташкили гузаронидани экспертизаи натиҷаи санҷишҳои пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ, ки санҷиши қайдшаванда ва бақайдгирии давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро ташкил менамояд, муайян мекунад.

 

Моддаи 12. Ба қайди давлатӣ гирифтани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ, ки санҷишҳои қайдшаванда ва бақайдгирии давлатии онҳоро ташкил менамояд, дар асоси хулосаи экспертиза ба мӯҳлати ду сол дар мавриди зарурати гузаронидани тадқиқоти иловагӣ аз рӯи таъсири манфии онҳо ба саломатии одамон ва муҳити зист ба қайди давлатӣ мегирад. Дар ҳолатҳои дигар пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ба мӯҳлати даҳ сол ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.  

Бақайдгирии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо то ба охир расидани мӯхлати нишондодашуда ҳангоми пайдо шудани маълумотхои нав дар бораи хавфнокии онҳо, бекор карда ё  боздошта  мешавад.                                                                            

Тартиби ба қайди давлатӣ гирифтани пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ, ки санҷишҳои қайдшаванда ва бақайдгирии давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро ташкил менамояд, муқаррар мекунад.

Ба шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ бо қарори мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ, ки санҷишҳои қайдшаванда ва бақайдгирии давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро ташкил менамояд, шаҳодатнома дар бораи қайди давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дода мешавад. Шакли чунин шаҳодатномаи бақайдгириро мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ, ки санҷишҳои қайдшаванда ва ба қайди давлатӣ гирифтани пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро ташкил менамояд, муқаррар мекунад.

Пеститсид ё агрокимиёҳое, ки барои истифодабарии онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, ба Феҳристи давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дохил карда мешаванд.

Феҳристи давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳои истифодаашон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додашударо. мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ, ки санҷишҳои қайдшаванда ва ба қайди давлатӣ гирифтани пеститсидҳо на агрокимиёҳоро ба роҳ мемонад, тартиб медиҳад.

 

Моддаи 13.  (Хориљ карда шуд бо Қ ҶТ аз 12.05.07с  №263)

 

Моддаи 14. Стандартикунонӣ ва сертификатсиякунонии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Истеҳсоли пеститсидҳо ва агрокимиёҳо мутобиқи стандартҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии бо маққоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо мувофиқашуда, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда мешавад.

Пеститсидҳо ва агрокимиёҳо оиди мутобиқ буданашон ба талаботи муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ, ки санҷишҳои қайдшаванда ва ба қайди давлатӣ гирифтани пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро ташкил менамояд, сертификатсия карда мешаванд.

 

Моддаи 15. Назорати давлатӣ оиди истеҳсол ва муносибати зҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Назорати давлатӣ оиди истеҳсол ва   муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститисидҳо ва агрокимиёҳо амалӣ мегардонад.

Тартиби ба роҳ мондани назорати давлатӣ оиди истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

 

БОБИ IV. ТАЛАБОТИ УМУМӢ ОИДИ ИСТЕҲСОЛ ВА МУНОСИБАТИ ЭҲТИЁТКОРОНА БО ПЕСТИТСИДҲО ВА АГРОКИМИЁҲО

 

Моддаи 16. Кор карда баромадани пеститсидҳо ва агрокимиёҳои нав

Ҳангоми кор карда баромадани пеститсидҳо ва агрокимиёҳои нав бояд шароити меҳнат, тарзи ҳифзи саломатии одамон, муҳити зист ва усулҳои назорати дар ин соҳа истифодашаванда, ки онҳо хавфу хатари ба саломатии одамон ва мухити зист таъсири манфӣ расонидани пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро пурра аз байн мебаранд ё худ ба ҳадди камтарин паст мекунанд,  тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда шаванд.

Таҳиякунанда вазифадор аст хосиятҳои заҳрнокии пеститсидҳо ё агрокимиёҳои ҳосилшударо ҷиҳати таъсирнокиашон ба муҳити зист барои таъмини тадбирҳо оиди муносибати эҳтиёткорона бо онҳо, таҳқиқ, намояд.

 

Моддаи 17. Маълумот дар бораи муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Бо мақсади истифодабарандагонро таъмин намудан бо маълумот дар бораи муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо шахсоне, ки аз қайди давлатӣ гузаронидани пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро дархост кардаанд, ҳангоми ба қайди давлатӣ гирифтан дар бораи кашонидан, истифода ва нигоҳдошти пеститсидҳо ва агрокимиёҳо. ҳамчунин тамғақоғази борҷомаи дорои аломату нишони огоҳонӣ, тавсияномаҳо пешниҳод мекунанд.

Талаботро нисбати шаклу тартиби тасдиқи тавсияномаҳои кашонидан, истифода ва нигоҳдошти пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, ҳамчунин нисбати тамғақоғази борҷома мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ, ки санҷишҳои қайдшаванда ва ба қайди давлатӣ гирифтани пеститсидҳо ва агроқимиёҳоро ташкил менамояд, муқаррар мекунад.

Ҳангоми фурӯхтани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо фурӯшанда вазифадор аст. ба ҳар кадом зарфи дорои пеститсидхо ё агрокимиёхо тавсияномаи истифода, кашонидан ва нигохдошти пеститсидхо ва агрокимиёхо, хамчунин тамғақогази борҷомаро таъмин намояд.

Рекламаи пеститсидҳо ва агроқимиёҳои аз қайди давлатӣ нагузашта манъ аст.

 

Моддаи 18. Истеҳсоли пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Тайёркунандаи пеститсидхо ва агрокимиёхо вазифадор аст:

истеҳсоли пеститсидхо ва агрокимиёхоро мутобики хуччатхои меъёри таъмин намояд;

пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро дар халта, кутти ва зарфхои барои истифодабарандагон кулай ҷой намояд, аз он ҷумла барои савдои чакана барорад;  

асбобҳои таҳлилиро, ки ба воситаи онҳо камтарин миқдори пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дар таркиби маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хоми дорувор, озуқа ва муҳити зист назорат карда мешавад, таъмин намояд;

агар истифодаи безарари пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ҳангоми иҷрои тавсияҳо оиди истифода, кашонидан ва нигоҳ доштани онҳо ё ҳангоми риояи маҳдудиятҳо ҷиҳати истифодабарии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо имконнопазир бошад, фурӯш ва истифодаи онҳоро қатъ карда, партов намудани чунин пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро ба роҳ монад.

Истеҳсоли пеститсидҳо ва агрокимиёҳои аз қайди давлатӣ нагузашта манъ аст.

 

Моддаи 19. Нигоҳ доштани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Нигоҳдории пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дар анборҳои махсусе, ки танҳо бароинигоҳдоштани онҳо таъин гардидаанд, иҷозат дода мешаванд.

Пеститсидҳоро бе зарф нигоҳ доштан манъ аст.

Ҳангоми нигоҳ доштани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо қоидаҳоеро риоя кардан зарураст, кирасонидани зарарро ба саломатии одамон ва муҳити зист пешгирӣ менамоянд.

Қоидаҳои нигоҳ доштани пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муносибати эҳтиёткоронабо пестититисидҳо ва агрокимиёҳо,   муқаррар менамояд.

 

Моддаи 20. Кашонидани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро танҳо бо воситаҳои наклиёти махсус таҷҳизонидашуда кашонидан мумкин аст.

Ҳангоми кашонидани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ мутобиқи онҳо нашршаванда, ки таъсири манфии пеститисидҳо ва агрокимиёҳоро ба саломатии одамон ва муҳити зист бартараф мекунанд, ҳатман риоя кардан зарур аст.

 

Моддаи 21. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз он содир намудани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолати мавҷуд будани шаҳодатномаи қайди давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, ки мақоми махсуси ваколатдори давлатии ташкилкунандаи санҷишҳои қайдшаванда ва бақайдгирии давлатии пеститисидҳо ва агрокимиёҳо медиҳанд, ба ҷумхурӣ ворид ва аз он содир карда мешаванд.  

Дар шартномаҳои хариду фурӯш ва кашонидани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бояд шарти мавҷуд будани шаҳодатномаи қайди давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, ки мақоми махсуси ваколатдори давлатии ташкилкунандаи санҷишҳои қайдшаванда ва бақайдгирии давлатии пеститисидҳо ва агрокимиёҳо медиҳанд, пешбинӣ шуда бошад.

 

Моддаи 22. Истифодабарии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Тартиби истифодабарии пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бо назардошти вазъи фитосанитарӣ, санитарию экологӣ, талаботи растаниҳо ба агрокимиёҳо, ҳолати ҳосилхезиихок ва ҳамчунин бо назардошти таркиби хӯроки ҳайвонот, муайян мекунанд.                   

Бехатарии истифодаи пеститисидҳо ва агрокимиёҳо бо риояи дастурҳои муқарраргардида ва қоидаҳои истифодабарии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, ки таъсири манфии онҳоро ба саломатии одамон ва муҳити зист бартараф мекунанд, таъмин карда мешавад.

Пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро танҳо бо истифодаи техникаю таҷҳизоти махсус истифода бурдан мумкин аст.

Ба кор бурдани пеститсидҳои истифодаашон маҳдудро дар асоси иҷозатномаи (литсензия) мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ бояд шахсоне ба роҳ монанд, ки маълумоти махсуси касбӣ дошта бошанд.

 

Моддаи 23. Хариду фурӯши пеститсидҳо  ва  агрокимиёҳо

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба савдои яклухт ва чакана машғуланд, ҳуқуқ доранд пеститсидҳо ва агрокимиёҳоеро, ки аз қайди давлатӣ гузашта, дар Феҳристи давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дохил шудаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон,киистифодаашон дар ҳудуди ҷумҳурӣ иҷозат дода шудааст, хариду фурӯш намоянд.

Пеститсидҳои истифодаашон маҳдудро танҳо шахсоне, ки маълумоти махсуси касбӣ доранд, фурӯхта метавонанд.

 

Моддаи 24. Безарар гардонидан, партов, нобуд кардан, гӯронидани пеститсидҳо ва агрокимиёҳои корношояму истифодаашон манъшуда ва зарфҳои онҳо

Безарар гардонидан, партов, нобуд кардан, гӯронидани пеститсидҳо ва агрокимиёҳои корношояму истифодаашон манъшуда, инчунин зарфҳои онҳоро кормандоне, ки маълумоти махсуси касбӣ доранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонанд.

Тарзу усулҳои нобуд кардани пеститсидҳо ва агрокимиёҳои корношояму истифодаашон манъшуда, ҳамчунин зарфҳои онҳоро тайёркунандагони пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бо мувофиқаи мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати давлатии санитарии эпидемиологӣ таҳия мекунанд.

 

 

БОБИ V. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 25. Ҳалли баҳсҳо хангоми фаьолият дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Баҳсхое, ки ҳангоми фаъолият дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ба амал меоянд, аз тарафи суд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи 26.Ҷавобгари барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ, ки қонунгузориро дар соҳаи  истеҳсол ва  муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

       Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                           Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе  22 апрели соли 2003

№1

Читать далее

Дар бораи бехатарии радиатсионӣ

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Дар бораи бехатарии радиатсионӣ

 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003, №8, мод.465)

 

Маҷлиси намояндагон қабул намуд – 26 июни  соли 2003

Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намуд – 16 июли соли 2003

 

БОБИ 1

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур аз танзими ҳуқуқии муносибатҳое, ки ба таъмини бехатарии радиатсионӣ, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва амволи шаҳрвандон, ҳамчунин муҳити зист аз таъсири зараровари афканишоти иондоркунанда алоқаманданд, иборат мебошад.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:

заминаи радиатсионии табиӣ - миқдори афканишоте, ки тавассути афканишоти кайҳонӣ ва афканишоти радионуклеидҳои табиат ба миён омада, ба таври табиӣ дар замин, об, ҳаво, дигар унсурҳои биосфера, маводи ғизоӣ ва организми инсон тақсим мешаванд;

афканишоти иондоркунанда - афканишоте, ки ҳангоми таҷзияи радиоактивӣ, табдилёбии ядроӣ, боздории зарраҳои заряддоршудаи дар модда ба вуҷуд омада, ҳангоми таъсири мутақобила ба муҳит, ионҳои аломатҳои гуногундоштаро ба миён меоваранд;

манбаи афканишоти иондоркунанда - дастгоҳ ва (ё) моддаи радиоактивие, ки шуои радиоактивӣ меафканад ва ё қобилияти чунин афканишотро дорад;

истифодабарандагони манбаъҳои афканишоти иондоркунанда - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки манбаъҳои афканишоти иондоркунандаро истихроҷ, истеҳсол, тайёр, коркард ва истифода намуда, нигаҳдорӣ ё хизматрасониро ба ҷо оварда, интиқол ва безарар мегардонанд ё онҳоро гeр мекунанд;

кормандон - шахсоне, ки доимӣ ё муваққатӣ бевосита бо манбаъҳои техногении афканишоти иондоркунанда кор мекунанд ё вобаста ба шароити кор дар фазои таҳти таъсири он қарор доранд;

садамаи радиатсионӣ - аз даст додани идораи манбаи афканишоти иондоркунандае, ки бо сабаби вайронии таҷҳизот, амали нодурусти кормандон, офатҳои табиӣ ё дигар сабабҳо рух додааст ва боиси беш аз меъёрҳои санитарӣ шуоъхeрии одамон ё олудагии радиоактивии муҳити зист гардидааст ва ё метавонад сабабгори он гардад;

бехатарии радиатсионии аҳолӣ - ҳолати ҳимояи насли имрeза ва ояндаи инсоният аз таъсири зараровари афканишоти иондоркунанда ва андешидани маҷмeи чорабиниҳое, ки шуоъхeрӣ ва олудагии радиоактивии кормандон, аҳолӣ ва муҳити зистро то сатҳи нисбати паст маҳдуд месозад;

моддаҳои радиоактивӣ - маводҳое, ки дар таркибашон унсурҳои кимиёвӣ дошта, ядрои онҳо қобилияти худ аз худ коҳишёбӣ дорад;

минтақаи санитарию муҳофизатӣ - ҳудуди атрофи муассиса ё манбаи афканишоти иондоркунанда, ки дар он сатҳи шуоъхeрии одамон дар шароити мeътадили истифодаи чунин манбаъ,метавонад аз меъёри санитарии муқарраргардидаи ниҳоии миқдори шуоъхeрӣ барои аҳолӣ бештар бошад ва дар он низоми маҳдуди фаъолияти хоҷагидорӣ муқаррар гардида, назорати радиатсионӣ анҷом дода мешавад;

минтақаи назорат - ҳудуди берун аз минтақаи санитарию муҳофизатӣ қарордошта, ки дар он мониторинги радиатсионӣ сурат мегирад;

назорати радиатсионӣ - ба даст овардани ахборот оид ба вазъи радиатсионӣ дар ташкилот, муҳити зист ва сатҳи шуоъхeрии одамон;

шуоъхeрии табиӣ - шуоъхeрие, ки тавассути манбаъҳои табиии афканишот ба миён омадааст;

радионуклиди табиӣ - навъи атомҳо бо шумораи муайяни протонҳо ва нейтронҳо мебошад, ки дар ядро бо миқдори зиёд ва рақами атомӣ нишон дода шуда, дар муҳити муқаррарии табиие, ки қобилияти хориҷ намудани шуоҳои радиоактивиро дорад, мавҷуд аст;

шуоъхeрии техногенӣ - шуоъхeрӣ аз манбаъҳои техногенӣ, чи дар шароити муқаррарӣ ва чи дар шароити садамаҳо, ба истиснои шуоъхeрии тиббии беморон;

шуоъхeрии тиббӣ - шуоъхeрии беморон дар натиҷаи муоинаи тиббӣ ё муолиҷа;

шуоъхeрии касбӣ - шуоъхeрии ҳайати кормадон дар ҷараёни кор бо манбаъҳои техногении афканишоти иондоркунанда;

муносибат бо партовҳои радиоактивӣ - ҳама гуна намуди фаъолият вобаста ба ҷамъоварӣ, ҳамлу нақл, коркард, нигаҳдошт ва (ё) гeронидани партовҳои радиоактивӣ;

заминаи радиатсионии аз нигоҳи техногенӣ тағйирдодашуда - муҳити табиии радиатсионие, ки дар натиҷаи фаъолияти инсон тағйир ёфтааст;

бехатарии радиатсионӣ - маҷмeи чорабиниҳое, ки муносибати бехатарро бо маводи ядроӣ таъмин менамояд;

маводи ядроӣ - маводе, ки моддаҳои ядроӣ доранд ва ё қобилияти аз нав ҳосил кардани маводи ядроии таҷзияшавандаро доранд;

зиверт (Зв) - воҳиди миқдори эквивалентии афканишоти радиоактивӣ, ки дар системаи байналмилалӣ (СИ) қабул шудааст;

миқдори ниҳоӣ - андозаи таъсири афканишоти иондоркунанда, ки ҳамчун чораи хатари ба миён омадани оқибатҳои минбаъдаи шуоъхeрии организми инсон ё узвҳои алоҳидаи он, бо назардошти ҳассосияти радиатсионии e истифода мегардад;

мониторинги радиоэкологӣ - системаи муоинаи махсуси бехатарии радиатсионии ҳайати кормандон, аҳолӣ ва муҳити табиии зист;

гeронидани партовҳои радиоактивӣ - ҷойгиркунонии бехатари партовҳои радиоактивӣ, бе дарназардошти минбаъд хориҷ кардани онҳо;

шаҳодатномаи радиатсионии гигиении ташкилот - ҳуҷҷате, ки ҳолати бехатарии радиатсиониро дар ташкилот тавсиф намуда, тавсияҳоро ҷиҳати беҳбудии он зикр менамояд;

шаҳодатномаи радиатсионии гигиении ҳудуд - ҳуҷҷате, ки ҳолати бехатарии радиатсионии аҳолии ҳудудро тавсиф намуда, тавсияҳоро ҷиҳати беҳбудии он зикр менамояд;

дезактиватсия - дур кардани олудаҳои радиоактивӣ аз объектҳои олудашуда.

 

Моддаи 3. Принсипҳои таъмини бехатарии радиатсионӣ

Принсипҳои асосии таъмини бехатарии радиатсионӣ аз инҳо иборатанд:

принсипи асосноксозӣ - манъи ҳама гуна навъи фаъолият вобаста ба истифодаи манбаҳои афканишоти иондоркунанда, ки ҳангоми он миқдори аз хатари зарари имконпазир гирифтаи инсон ва ҷомеа бар замми заминаи радиатсионии табиии расонидашуда бештар намебошад;

принсипи мутаносибгардонӣ - зимни истифодаи ҳама гуна манбаъҳои афканишоти иондоркунанда дар сатҳи нисбатан паст нигоҳ доштани миқдори инфиродии шуоъхeрӣ ва теъдоди шахсони шуоъхeрда ба андозаи барои саломатии шаҳрвандон безарар;

принсипи бамеъёрдарорӣ - аз ҳамаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда зиёд набудани миқдори инфиродии иҷозатдодашудаи шуоъхeрии шаҳрвандон, ки барои саломатии онҳо хатарнок нест;

принсипи ҳимоя - ташкили системаи ҳимояи радиатсионии ҳайати кормандон, аҳолӣ ва ҳудуд дар асоси расонидани кeмаки ҳатмӣ ба зарардидагон, андешидани тадбирҳо оид ба рафъи оқибатҳои садамаҳои радиатсионӣ ва дезактиватсияи муҳити табиии зист.

ҳангоми садамаҳои радиатсионӣ системаи бехатарии радиатсионии аҳолӣ ба принсипҳои зайл асос меёбад:

чорабиниҳои дар назар дошта оид ба рафъи оқибатҳои садамаи радиатсионӣ, ки бояд нисбат ба зарар фоидаи бештаре дошта бошанд;

намуд ва доираи фаъолият ҷиҳати рафъи оқибатҳои садамаҳои радиатсионӣ бояд тарзе амалӣ гарданд, ки фоида аз паст кардани миқдори афканишоти иондоркунанда, ба истиснои зарари тавассути чунин фаъолият расонидашуда, ба таври ниҳоӣ бошад.

 

БОБИ 2

ТАНЗИМ ДАР СОҳАИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ РАДИАТСИОНӢ

 

 Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 5. Вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ

Ба вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ дохил мешаванд:

муайян кардани сиёсати давлатӣ ва татбиқи он;

таҳия ва қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, назорат ба риояи онҳо;

таҳия, тасдиқ ва татбиқи барномаҳо;

муайян кардани намудҳои фаъолият дар соҳаи муомилот бо манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, ки қобили гирифтани иҷозатнома (литсензия) мебошанд;

муқаррар кардани тартиби муайян намудани намудҳо ва андозаи ҷуброн барои хатари зиёди расонидани зарар ба саломатии шаҳрвандон ва амволи онҳо, ки бо таъсири радиатсия вобастааст;

муқаррар кардани тартиби додани товони зарар ба саломатии шаҳрвандон ва амволи онҳо, инчунин ба амволи шахсони ҳуқуқӣ дар натиҷаи садамаи радиатсионӣ;

ташкил ва таъмини амали низоми ягонаи идораи давлатӣ, аз ҷумла назорат ва баҳисобгирии миқдори шуоъхeрии аҳолӣ;

ташкил ва таъмини амали низоми ягонаи баҳисобгирӣ ва назорати манбаъҳои афканишоти иондоркунанда;

таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳои фаврӣ оид ба ҳифзи радиатсионии аҳолӣ дар шароитҳои фавқулодда;

ҷорӣ намудани низоми махсуси сукунати шаҳрвандон дар минтақаҳои дигари олудагии радиоактивишуда дар натиҷаи садамаи радиатсионӣ;

назорати расонидани ёрӣ ба аҳолии дучори шуоъхeрӣ гашта, дар натиҷаи садамаи радиатсионӣ;

танзими содироту воридоти манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, инчунин анҷом додани назорат ба ҳамлу нақл ва транзити онҳо;

муайян кардани тартиби гeрондани манбаъҳои афканишоти иондоркунанда;

иҷрои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ.

 

Моддаи 6. Танзими давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ

Танзими давлатиро дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори давлатӣ тартиби амали мутақобила ва маҳдудгардонии вазифаҳои онҳоро дар мавридҳои зерин муайян мекунад:

ҳифзи саломатии аҳолӣ аз таъсири афканишоти иондоркунанда;

таъмини бехатарии радиатсионӣ ва иҷозатномакунонии (литсензиякунонии) намудҳои фаъолият ба истифодаи манбаъҳои радиоактивӣ алоқаманд;

пешгирӣ кардан аз олудагии радиоактивии объектҳои муҳити атроф ва назорат ба манбаъҳои табиии афканишоти иондоркунанда.

Мақоми танзимкунандаи давлатӣ оид ба таъмини бехатарии радиатсионӣ Оҷонсии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, минбаъд мақоми танзимгар номида мешавад, ки сиёсати ягонаи давлатиро пеш мебарад, кори дигар мақомоти ваколатдори давлатиро ҳамоҳанг месозад ва инчунин:

иҷозатномадиҳии (литсензиякунонии) намудҳои фаъолияти истифодаи моддаҳои радиоактивиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад;

меъёрҳо ва қоидаҳоеро, ки ба бехатарии радиатсионӣ, ҳифзи ҷисмонӣ ва банақшагирии зидди садама, баҳисобгирӣ ва назорат ба манбаъҳои афканишоти иондоркунанда алоқаманданд, тасдиқ менамояд;

ба иҷрои меъёр, қоидаҳои бехатарии радиатсионӣ ва шартҳои иҷозатнома (литсензия) назорат мекунад;

ба кормандоне, ки дар объектҳои истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда машғул мебошанд, талаботи касбӣ муқаррар менамояд.

 

Моддаи 7. Салоҳияти ҳокимияти маҳаллӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ

Ба салоҳияти мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дохил мешавад:

таҳия ва тасдиқ кардани барномаҳои маҳаллӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ дар қаламрави идоравӣ;

гузарондани тадбирҳои амалӣ дар сурати таҳдиди пайдоиши садамаҳои радиатсионӣ ва бартараф кардани оқибатҳои он;

гузаронидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳавасмандкунии иқтисодии фаъолияти шахсони воқеиву ҳуқуқӣ дар таъмини бехатарии радиатсионӣ;

тасдиқи тадбирҳои дарозмуддат ва аввалиндараҷа вобаста ба мувофиқ гардонидани партовгоҳҳо ба меъёрҳои байналмилалии бехатарии радиатсионӣ;

ташкил ва назорат ба иҷрои тадбирҳо бобати таъмини бехатарии радиатсионӣ дар қаламрави идоравӣ;

анҷом додани назорат ба иҷрои талабот ба ҳуҷҷатҳои меъёрии таъмини бехатарии радиатсионӣ;

иҷрои дигар салоҳиятҳо тибқи ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 8. Бамеъёрдарории давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ

Бамеъёрдарории давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ тавассути муқаррар намудани қоидаю меъёрҳои санитарӣ, меъёрҳои гигиенӣ, қоидаҳои бехатарии радиатсионӣ, стандартҳои давлатӣ, меъёрҳои сохтмон ва қоидаҳои ҳифзи меҳнат, ҳуҷҷатҳои фармоишӣ, дастурӣ, методӣ оид ба бехатарии радиатсионӣ анҷом дода мешавад. Санадҳои мазкур набояд хилофи муқаррароти ҳамин Қонун бошанд.

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда (миқдори ниҳоии иҷозатдодашуда) меъёрҳои асосии гигиении зайл муқаррар карда мешаванд:

барои аҳолӣ миқдори таъсирбахши миёнаи солона ба 0,001 зиверт баробар аст ё миқдори ниҳоии иҷозатдодашуда дар тeли ҳаёт (70 сол) 0,07 зиверт мебошад; дар солҳои алоҳида, ба шарте, ки миқдори таъсирбахши миёнаи солона барои панҷ соли пай дар пай аз 0,001 зиверт зиёд набошад, бузургии бештари миқдори ниҳоӣ иҷозат дода мешавад;

барои кормандоне, ки ба таври доимӣ ё муваққатӣ бевосита бо манбаи афканишоти иондоркунанда кор мекунанд, миқдори ниҳоии иҷозатдодашудаи миёнаи солона ба 0,02 зиверт баробар аст, ё миқдори ниҳоии иҷозатдодашуда дар давраи фаъолияти меҳнатӣ (50 сол) 1 зиверт мебошад; шуоъхeрии иҷозатдодашуда ба миқдори ниҳоии иҷозатдодашудаи солонаи то 0,05 зиверт ба шарте, ки агар миқдори ниҳоии иҷозатдодашудаи ҳисоби миёнаи солона дар 5 соли пай дар пайи охир аз 0,02 зиверт бештар набошад.

Аҳамияти ба тартиб даровардани миқдори асосии ниҳоии шуоъхeрӣ, миқдори тавассути заминаи табиии радиатсионӣ ё тағйироти техногении бавуҷудоянда, инчунин миқдореро, ки шаҳрвандон (беморон) ҳангоми гузаронидани амалиёти тиббии рентгену радиологӣ ё муолиҷа мубтало гаштаанд, дар бар намегирад. Аҳамияти зикргардидаи миқдорҳои ниҳоии шуоъхeрӣ ҳангоми муқаррар намудани сатҳи иҷозатдодашудаи шуоъхeрии организми инсон ё узвҳои алоҳидаи он ниҳоӣ мебошанд.

Меъёрҳои (миқдори ниҳоии иҷозатдодашуда) асосии гигиении дар моддаи мазкур муқарраргардидаи шуоъхeрии аҳолӣ, барои минтақаҳои алоҳида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати камшавии онҳо, бо дарназардошти вазъияти мушаххаси санитарию гигиенӣ ва экологӣ, вазъи саломатии аҳолӣ ва дараҷаи таъсири омилҳои дигари муҳити зист ба инсон, метавонад тағйир ёбанд.

Қоидаҳои бехатарии радиатсионӣ, ки талаботро оид ба таъмини бехатарии техникӣ ҳангоми кор бо маводи радиоактивӣ ва дигар манбаъҳои афканишоти иондоркунанда танзим менамояд, аз тарафи мақоми танзимкунандаи давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ карда мешаванд.

Стандартҳои давлатӣ, меъёр ва қоидаҳои сохтмон, қоидаҳои ҳифзи меҳнат, ҳуҷҷатҳои дастурӣ, методӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба масъалаҳои бехатарии радиатсионӣ аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё ташкилотҳои ба он ваколатдор дар доираи салоҳияташон қабул ва тасдиқ карда мешаванд.

 

Моддаи 9. Назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ

Назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ дар доираи салоҳияташон анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 10. Назорати истеҳсолӣ ба таъмини бехатарии радиатсионӣ

Ташкилотҳое, ки манбаъҳои афканишоти иондоркунандаро истифода мебаранд, ба таъмини бехатарии радиатсионӣ назорати истеҳсолӣ мегузаронанд.

Тартиби гузарондани назорати истеҳсолӣ барои ҳар ташкилот бо дарназардошти хусусиятҳо ва шароити иҷрои корҳо муайян гардида, ба мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки идора, бозрасӣ ва назоратро дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ анҷом медиҳанд, ба мувофиқа расонида мешавад.

Хадамоти радиатсионии ташкилотҳое, ки назорати истеҳсолиро ба таъмини бехатарӣ ва ҳифзи радиатсионӣ анҷом медиҳанд, ҳақ доранд ҳангоми ошкор намудани вайронкунии меъёрҳо, қоидаҳо ва талаботи беҳдоштӣ, қоидаҳои бехатарии радиатсионӣ, меъёру қоидаҳои сохтмонӣ, қоидаҳои ҳифзи меҳнат, санадҳои амрдиҳанда, дастурӣ, методӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ дар ташкилотҳои дахлдор, то рафъи вайронкории ошкоршуда, гузарондани корҳоро бо манбаъҳои афканишоти радиатсионӣ нигоҳ доранд.

 

Моддаи 11. Назорати давлатии объектҳои истифодабарандаи манбаи афканишоти иондоркунанда

Объектҳои истифодабарандаи манбаи афканишоти иондоркунанда тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд таҳти назорати давлатии экологӣ, радиатсионию гигиенӣ ва техникӣ қарор гиранд.

 

БОБИ 3

ТАЛАБОТ ОИД БА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ РАДИАТСИОНӢ

 

Моддаи 12. Чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии радиатсионӣ

Бехатарии радиатсионӣ бо роҳҳои зайл таъмин карда мешавад:

гузаронидани маҷмeи чорабиниҳои дорои хусусияти ҳуқуқӣ, ташкилӣ, муҳандисию техникӣ, санитарию гигиенӣ, тиббию пешгирикунанда, тарбиявӣ ва маърифатӣ;

аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дигар шахсони воқеию ҳуқуқӣ гузаронидани чорабиниҳо оид ба риояи қоидаю меъёрҳо дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ;

иттилоъ додан ба ањолӣ дар бораи ҳолати радиатсионӣ ва чорабиниҳо ҷиҳати таъмини бехатарии радиатсионӣ;

таълими аҳолӣ бо усул ва воситаҳои пешгирӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ.

 

Моддаи 13. Баҳодиҳии ҳолати бехатарии радиатсионӣ

Баҳодиҳии ҳолати бехатарии радиатсионӣ ҳангоми банақшагирӣ ва иҷрои чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии радиатсионӣ ва таҳлили самарабахшии чорабиниҳои зикргардида аз ҷониби мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти давлатие, ки танзимро дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ анҷом медиҳанд, инчунин истифодабарандагони манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, гузаронида мешавад.

Баҳодиҳии ҳолати бехатарии радиатсионӣ нишондиҳандаҳои асосии зайлро дар бар мегирад:

тавсифи олудашавии радиоактивии муҳити зист;

таҳлили таъмини чорабиниҳо оид ба бехатарии радиатсионӣ ва иҷрои меъёру қоидаҳо ва меъёрҳои гигиении бехатарии радиатсионӣ;

эҳтимолияти садамаҳои радиатсионӣ ва миқёси он;

сатҳи омодагӣ барои рафъи садамаҳои радиатсионӣ ва оқибатҳои он;

таҳлили миқдори шуоъхeрӣ, ки кормандон ва аҳолӣ метавонанд аз ҳамаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда гиранд, гирифтаанд ё гирифта метавонанд;

теъдоди шахсоне, ки аз меъёрҳои миқдори асосии муқарраргардида, бештар гирифтори шуоъхeрӣ гардидаанд.

Натиҷаҳои баҳодиҳии бехатарии радиатсионӣ аз тарафи мақомоти давлатии иҷозатдиҳанда (литсензиядиҳанда) таҳлил мешаванд ва ҳар сол ба шаҳодатномаҳои радиатсиониву гигиении истифодабарандаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда сабт мегарданд.

Тартиби пешбурди шаҳодатномаи радиатсионию гигиениро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 14. Таъмини бехатарии радиатсионӣ ҳангоми таъсири радионуклеидҳои табиӣ

Интихоби қитъаҳои замин, тарҳрезӣ ва сохтмони биною иншоотҳо бояд бо дарназардошти пешгирии воридшавии радионуклеидҳои табиӣ ба фазои (ҳавои) биноҳо анҷом дода шавад.

Истеҳсоли маводи сохтмон, қабули бино ва иншоот барои истифода, истифодаи бино ва иншоот бояд бо дарназардошти ҳаҷми мавҷудияти таркиби радионуклеидҳои табиӣ дар фазои (ҳавои) биноҳо анҷом дода шавад.

Истифодаи маводи сохтмон ва маҳсулоте, ки ба меъёрҳои бехатарии радиатсионӣ ҷавобгe намебошанд, манъ аст.

Шуоъхeрии аҳолӣ ва кормандон аз радионуклеидҳои табиӣ дар биноҳои истиқоматӣ ва истеҳсолӣ набояд аз меъёрҳои муқарраргардида бештар бошад.

 

Моддаи 15. Таъмини бехатарии радиатсионӣ ҳангоми истеҳсоли маводҳои ғизоӣ ва истеъмоли оби нeшокӣ

Ашёи озуқаворӣ, маҳсулоти хeрокворӣ, оби нeшокӣ, мавод ва таҷҳизоти дар ҷараёни тайёр кардан, нигаҳдошт, ҳамлу нақл ва фурeш бо онҳо робитадошта, бояд ба талаботи таъмини бехатарии радиатсионӣ ҷавобгe бошанд.

 

Моддаи 16. Eҳдадории истифодабарандаи манбаъи афканишоти иондоркунанда ҷиҳати таъмини бехатарии радиатсионӣ

Истифодабарандаи манбаъи афканишоти иондоркунанда eҳдадор аст:

талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқиро дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ риоя намояд;

бобати таъмини бехатарии радиатсионӣ ва ҳифзи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда тадбирҳо ба нақша гирад ва амалӣ намояд;

анҷом додани корҳо ҷиҳати асоснок намудани бехатарии радиатсионии маҳсулот, мавод, равандҳои технологӣ ва истеҳсолоти нав (модерншуда), ки манбаъҳои афканишоти иондоркунанда мебошанд;

анҷом додани назорати мунтазами истеҳсолӣ ба ҳолати радиатсионӣ дар ҷойҳои кор, биноҳо, ҳудуди ташкилотҳо, дар минтақаҳои назорат, инчунин ба партофтан ва хориҷ кардани маводи радиоактивӣ;

анҷом додани назорат ва баҳисобгирии мунтазами миқдори инфиродии шуоъхeрии кормандон;

тайёр кардан ва гузаронидани аттестатсияи мансабдорон ва кормандон, мутахассисони хадамоти назорати истеҳсолии радиатсионӣ, шахсони дигар, ки ба таври доимӣ ё муваққатӣ бо манбаъҳои афканишоти иондоркунанда кор мекунанд;

гузаронидани муоинаҳои пешакӣ (ҳангоми дохилшавӣ ба кор) ва даврии тиббии кормандон;

кормандонро мунтазам оиди дараҷаи афканишоти иондоркунанда дар ҷойҳои кориашон ва андозаи миқдори шуоъхeрии инфиродӣ огоҳ намояд;

сари вақт ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатие, ки ваколати идоракунӣ, назорат ва бозрасиро дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ дорад, дар бораи шароитҳои фалокат, вайроншавии низоми технологие, ки ба бехатарии радиатсионӣ таҳдид менамояд, ахборот диҳад; хулоса, қарор ва амри шахсони мансабдор, мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки идора, назорат ва бозрасиро дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ анҷом медиҳанд, иҷро намояд;

татбиқи ҳуқуқҳои шаҳрвандонро дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ таъмин намояд.

 

Моддаи 17. Назорат ва баҳисобгирии миқдори инфиродии шуоъхeрӣ

Назорат ва баҳисобгирии миқдори инфиродии шуоъхeрие, ки шаҳрвандон ҳангоми истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, гузаронидани амалиёти тиббии рентгенорадиологӣ, инчунин дар натиҷаи заминаи тағйирёфтаи табиии радиатсионӣ ё техногенӣ мубтало гаштаанд, дар доираи системаи ягонаи давлатии назорат ва баҳисобгирии миқдори инфиродии шуоъхeрӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис меёбад, анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 18. Таъмини бехатарии радиатсионии шаҳрвандон ҳангоми гузаронидани амалиёти тиббии рентгенорадиологӣ

Миқдори шуоъхeрии шаҳрвандон ҳангоми гузаронидани амалиёти тиббии рентгенорадиологӣ бояд ба меъёрҳои муқарраргардидаи бехатарии радиатсионӣ мувофиқ бошанд.

Ҳангоми гузаронидани амалиёти тиббии рентгенорадиологӣ бояд воситаҳои ҳифзи шаҳрвандон истифода бурда шавад.

Бо талаби шаҳрванд ҳангоми гузаронидани амалиёти тиббии рентгенорадиологӣ ба e дар мавриди миқдори шуоъхeрии дар назар дошташуда ё гирифташаванда ва оқибатҳои эҳтимолӣ имконпазир маълумот дода мешавад.

Шаҳрванд ҳуқуқ дорад аз амалиёти тиббии рентгенорадиологӣ, ба истиснои ташхиси пешгирикунандае, ки бо мақсади ошкор намудани бемориҳои аз нигоҳи эпидемиологӣ хатарнок гузаронида мешавад, даст кашад.

 

Моддаи 19. Минтақаи санитарию муҳофизатӣ ва минтақаи назорат

Бо мақсади ҳифзи шаҳрвандон ва муҳити зист дар маҳалҳои ҷойгиршавии иншооти истифодабарандаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, минтақаҳои санитарию муҳофизатӣ ва минтақаи назорат муқаррар карда мешавад.

Андоза ва ҳудуди минтақаи санитарию муҳофизатӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар мақомотҳои салоҳиятдори давлатӣ ба мувофиқа расонида шуда, муайян карда мешаванд.

Дар минтақаи санитарию муҳофизатӣ сукунати доимӣ ё муваққатии одамон, чаронидани чорво ва паррандаҳои хонагӣ, инчунин ҷойгиронии иншооти истеҳсолӣ ва дигар иншооте, ки бо истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда алоқаманд нестанд, манъ мебошад.

Истифодаи бино ва иншооти дар минтақаи санитарию муҳофизатӣ мавҷуда, барои мақсадҳои ҳоҷагидорӣ, дар сурати тағйир додани самти фаъолияти онҳо, бо пешниҳоди истифодабарандаи манбаи афканишоти иондоркунанда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

Минтақаи назорат, андоза ва ҳудуди он аз ҷониби истифодабарандаи манбаи афканишоти иондоркунанда муайян гардида, бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти давлатии танзимкунандаи соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ, ба мувофиқа расонида мешавад.

Дар минтақаи назорат ва санитарию муҳофизатӣ амали тадбирҳои оид ба пешгирии садамаҳои радиатсионӣ татбиқ мегардад.

 

Моддаи 20. Нигаҳдошт ё гeронидани партовҳои радиоактивӣ

Интихоби ҷой барои гeронидани партовҳои радиоактивӣ бо дарназардошти таъмини бехатарии радиатсионии аҳолӣ ва муҳити зист, аз ҷумла шароитҳои гидрогеологӣ, геоморфологӣ, тектоникӣ ва зилзилавӣ, дар тeли тамоми мeҳлати гeронидани партовҳо, баинобатгирии дурнамои дарозмeҳлат сурат гирифта, дар ин маҳал аломати шартии огоҳкунанда гузошта мешавад.

Истифодабарандагони қаъри замин барои ба даст овардани ашёи радиоактивӣ ва анборкунии (гeронидани) партовҳо, танҳо корхонаҳои давлатӣ буда метавонанд.

Тартиби ташкили ҷамъоварӣ ва гeронидани партовҳои радиоактивиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 21. Таъмини ҳифзи маводи радиоактивӣ ва ядроӣ

Таъмини ҳифзи маводи радиоактивӣ ва ядроӣ ҳангоми ҳама гуна навъи муносибат ба онҳо, ҳатмӣ мебошад.

ҳифзи маводи радиоактивӣ ва ядроӣ аз ҷониби истифодабарандагони манбаи афканишоти иондоркунанда таъмин карда мешавад.

Таъмини ҳифзи маводи радиоактивӣ ва ядроӣ системаи ягонаи банақшагирӣ ва татбиқи маҷмуи тадбирҳои техникӣ ва ташкилии барои мақсадҳои зайл нигаронидашударо дар бар мегирад:

пешгирии воридшавии ғайриқонунӣ ба ҳудуди ҷойгиршавии маводи радиоактивӣ ва ядроӣ, ҳамчунин ғорат ё вайрон кардани он;

ошкор намудан ва баргардонидани маводи радиоактивӣ ва ядроии гумкардашуда ё ғоратшуда.

Назорати таъмини ҳифзи маводи радиоактивӣ ва ядроӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кeҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Тартиби таъмини ҳифзи маводи радиоактивӣ ва ядроиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 22. Талабот оид ба ҳамлу нақли маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ

Ҳамлу нақли маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ба ҷо оварда мешавад.

Қоидаҳои ҳамлу нақли маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ бояд ҳуқуқҳо, eҳдадориҳо ва масъулиятҳои борфирист, борбар ва боргир, тадбирҳои бехатарӣ, ҳифзи ҷисмонӣ, системаи тадбирҳои мувофиқакардаи роҳ надодан ба ҳодисаҳо ва садамаҳои нақлиётӣ, талабот нисбати бастубандӣ, тамғагузорӣ ва воситаҳои нақлиёт, инчунин тадбирҳои пешгирӣ ва барҳамдиҳии оқибатҳои садамаҳои эҳтимолиро пешбинӣ намоянд.

 

Боби 4

Таъмини бехатарии радиатсионӣ Ҳангоми садамаи радиатсионӣ

 

Моддаи 23. Eҳдадории ташкилотҳо дар соҳаи таъмини ҳимояи аҳолӣ ва кормандон аз садамаи радиатсионӣ

Ташкилотҳое, ки дар онҳо рух додани садамаҳои радиатсионӣ имконпазир аст, вазифадоранд инҳоро дошта бошанд:

номгeи садамаҳои эҳтимолии радиатсионӣ, бо пешгeии оқибатҳои он ва дурнамои ҳолати радиатсионӣ;

меъёри қабули қарор ҳангоми рух додани садамаи радиатсионӣ;

воҳидҳои садамавию наҷотдиҳанда ва махсуси ғайринизомии мудофиаи граҷданӣ, ки аз шумули кормандони истифодабарандаи манбаи афканишоти иондоркунанда таъсис дода мешаванд;

нақшаи чорабиниҳои оид ба ҳимояи кормандон ва аҳолӣ аз садамаҳои радиатсионӣ ва оқибатҳои он, ки бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) ва мақомоти давлатии танзимкунанда дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ ба мувофиқа расонида шудааст;

воситаҳои огоҳонӣ барои таъмини рафъи оқибатҳои садамаҳои радиатсионӣ;

воситаҳои тиббии пешгирии осебҳои радиатсионӣ ва воситаҳои расонидани кeмаки тиббӣ ба зарардидагони садамаи радиатсионӣ.

 

Моддаи 24. Eҳдадориҳои истифодабарандаи манбаи афканишоти иондоркунанда ҳангоми садамаи радиатсионӣ

Ҳангоми садамаи радиатсионӣ истифодабарандаи манбаи афканишоти иондоркунанда вазифадор аст:

оид ба ҳифзи кормандон ва аҳолӣ аз садамаи радиатсионӣ ва оқибатҳои он иҷрои чорабиниҳоро таъмин намояд;

оид ба садамаи радиатсионӣ мақомоти давлатиеро, ки назорати давлатӣ ва тафтишро дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ анҷом медиҳанд, инчунин мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳоро огоҳ созад;

оид ба расонидани кeмаки тиббӣ ба осебдидагон тадбирҳо андешад;

манбаъи олудагии радиоактивиро барҳам дода, ба муҳити зист паҳн гардидани маводи радиоактивиро пешгирӣ намояд;

таҳлил гузаронида, дурнамои инкишофи садамаи радиатсионӣ ва тағйирёбии вазъияти садамаи радиатсиониро таҳия намояд;

баъди рафъи садамаи радиатсионӣ оид ба мeътадилгардонии ҳолати радиатсионӣ тадбирҳо андешад.

 

Моддаи 25. Шуоъхeрии баланди банақшагирифташудаи шаҳрвандоне, ки барои рафъи оқибатҳои садамаи радиатсионӣ ҷалб шудаанд

Шуоъхeрии баланди банақшагирифташудаи шаҳрвандони барои рафъи оқибатҳои садамаи радиатсионӣ ҷалбгардида, корҳои садамавию наҷот ва дезактиватсия метавонад, танҳо ҳангоми зарурати наҷотдиҳии одамон ва пешгирии шуоъхeрии бештари онҳо анҷом дода шавад.

Шуоъхeрии шаҳрвандони барои рафъи оқибатҳои садамаҳои радиатсионӣ ҷалбшуда аз миқдори миёнаи солонаи меъёрҳои асосии беҳдоштии шуоъхeрӣ барои кормандон, ки моддаи 8 ҳамин Қонун муқаррар намудааст, набояд аз даҳ маротиба бештар бошад.

Шуоъхeрии баланди банақшагирифташудаи шаҳрвандони барои рафъи оқибатҳои садамаи радиатсионӣ ҷалбшуда, танҳо як маротиба дар давраи зиндагии онҳо, бо хоҳиши ихтиёрии онҳо ва огоҳонии пешакӣ оид ба эҳтимоли миқдори шуоъхeрӣ ва хатар ба саломатиашон, иҷозат дода мешавад.

Намудҳо ва андозаҳои ҷубронпулиро барои хатарнокии зиёд ва пардохтани зараре, ки тавассути таъсири радиатсионӣ ба саломатии шахсони барои иҷрои корҳои зикргардида ҷалбшуда расонда шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Боби 5

Ҳуқуқ ва eҲдадориҲои шаҲрвандон ва идтиҲодияҲои ҷамъиятӣ

дар соҲаи  таъмини бехатарии радиатсионӣ

 

Моддаи 26. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба бехатарии радиатсионӣ

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба бехатарии радиатсионӣ ҳуқуқ доранд. Ин ҳуқуқ тавассути гузаронидани маҷмeи чорабиниҳо ҷиҳати пешгирии аз меъёрҳои муқарраргардида бештар нарасонидани таъсири радиатсияи афканишоти иондоркунанда ба организми инсон, иҷрои қоида, меъёрҳо ва талаботи вобаста ба таъмини бехатарии радиатсионӣ аз ҷониби шаҳрвандон ва ташкилотҳо, ки фаъолияти истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунандаро анҷом медиҳанд, таъмин карда мешавад.

Шаҳрвандон ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳояшон оид ба бехатарии радиатсионӣ метавонанд ба мақомоти дахлдори давлатӣ ё ба суд муроҷиат кунанд.

 

Моддаи 27. ҳуқуқи шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба гирифтани маълумот оид ба ҳолати радиоактивӣ

Шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд дар доираи вазифаҳои иҷрошаванда оид ба ҳолати радиоактивӣ ва тадбирҳои андешидашудаи ҷиҳати таъмини ҳолати радиатсионӣ дар ташкилоте, ки фаъолиятро бо истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда анҷом медиҳанд, маълумоти хаттӣ ва даҳонӣ гирифта метавонанд.

 

Моддаи 28. Имконияти ворид шудан ба ҳудуди ташкилоте, ки фаъолиятро бо истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда анҷом медиҳад

Намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ тибқи тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳудуди ташкилотҳое, ки фаъолиятро бо истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда анҷом медиҳанд, ҳуқуқи ворид шудан доранд.

 

Моддаи 29. ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди ҳамшафати ташкилоти бо истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда фаъолиятдошта зиндагӣ мекунанд

Шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди ҳамшафати ташкилоти бо истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда фаъолиятдошта зиндагӣ мекунанд ва дар онҳо имконпазирии зиёд будани миқдори асосии ниҳоии муқаррарнамудаи ҳамин Қонун имконпазир аст, ба ҳифзи иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд. Тартиби таъмини чораҳои ҳифзи иҷтимоиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 30. ҳуқуқи шаҳрвандон ба ҷуброни зарари ба саломатӣ ва амволи онҳо аз афканишоти иондоркунанда ва садамаи радиатсионӣ расонидашуда

Шаҳрвандон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷуброни зарари расонида ба саломатӣ ва амволи онҳо дар натиҷаи шуоъхeрии зиёда аз миқдори ниҳоии муқаррарнамудаи ҳамин Қонун аз афканишоти иондоркунанда, инчунин садамаи радиатсионӣ ҳуқуқ доранд.

 

Моддаи 31. Eҳдадории шаҳрвандон дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, eҳдадоранд:

талаботи таъмини бехатарии радиатсиониро риоя намоянд:

оид ба таъмини бехатарии радиоатсионӣ тадбирҳо андешанд ё дар анҷом додани чунин тадбирҳо иштирок кунанд;

талаботи мақомоти ҳокимияти иҷроияро, ки идораи давлатӣ ва назорати давлатиро дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ анҷом медиҳанд, иҷро кунанд.

 

Боби 6

Муқаррароти хотимавӣ

 

Моддаи 32. Масъулият барои вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба бехатарии радиатсионӣ

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба бехатарии радиатсионӣ гунаҳкоранд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ҷаримабандӣ шахсони гунаҳкорро аз eҳдадории рафъи қонунвайронкуниҳо, ҷуброни зарари ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон расонида ва ё хароҷотҳои онҳо, инчунин аз ҷуброни зиёни ба шахсони ҳуқуқӣ дар натиҷаи садамаи радиатсионӣ расонида, озод наменамояд.

 

Моддаи 33. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур баъд аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

       Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                 Э. РАҲМОНОВ

            ш. Душанбе  1 августи соли 2003

           №42

Читать далее

Дар бораи хизмати давлатӣ

Қонуни

Ҷумҳурии Тоҷикистон

          Дар бораи хизмати давлатӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, №3, мод. 166;

соли 2007, №6, мод. 429; с.2010,№3,мод. 158; с.2011, №6, мод. 452; Қонуни ҶТ аз 01.08.2012с., №900, 28.12.2012с. №914,ҚҶТ аз 22.02.2013 №1016с, ҚҶТ аз 28.12.2013с. №1061))

 

Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии хизмати давлатӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои иҷтимоии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

·                           

Боби 1. Муқаррароти умумӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

-дастгоҳи давлатӣ - низоми мақомоти давлатӣ, ки фаъолияти он барои амалӣ намудани вазифа, функсия ва сиёсати давлат равона  шудааст;

-мақоми давлатӣ - ҷузъи таркибии дастгоҳи давлатӣ, ки тибқи салоҳият ва сохтори муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ваколати давлатию ҳокимиятиро дар шакли ташкилию ҳуқуқии ба худ хос амалӣ менамояд;

-мансаби давлатӣ – воҳиди сохтории мақоми давлатӣ, ки дар доираи салоҳияти муқарраркардаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ, таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва салоҳияти мақомоти давлатӣ таъсис дода шудааст;

-мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ - мансабҳое, ки Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ муқаррар намудаанд;

-мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ (мансабҳои сиёсӣ ва маъмурии хизмати давлатӣ) - мансабҳое, ки бо тартиби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани  салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар карда шудаанд;

·                   -хизмати давлатӣ (хизмати давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ) - фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ, ки барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар карда  шудааст;

-хизматчии давлатӣ - шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мансаби давлатии хизмати давлатии музднокро дар асоси касбӣ бо мақсади таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ ишғол намудааст;

         -хизматчии давлатии сиёсӣ - хизматчии давлатӣ, ки фаъолияти ӯ ба сиёсати умумидавлатӣ вобаста аст ва барои дар амал татбиқ намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад;  

·                   -хизматчии давлатии маъмурӣ - хизматчии давлатӣ, ки ӯҳдадориҳои мансабии ӯ ба таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои сиёсии хизмати давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ равона карда шудааст;

-шахси мансабдори давлатӣ - шахсе, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё бо ваколати махсус мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ ва мансабҳои давлатии хизмати давлатиро барои амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ ва салоҳияти мақомоти давлатӣ ишғол  менамояд;

-феҳристи мансабҳои давлатӣ – номгӯи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар басти кории мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ барои ба амал баровардани ҳокимияти давлатӣ, таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва салоҳияти мақомоти давлатӣ пешбинӣ гардидааст;

-феҳристи хизматчиёни давлатӣ – махзани ягонаи маълумот ва иттилоот оид ба теъдоди умумӣ ва ҳайати сифатии хизматчиёни давлатии дастгоҳи давлатӣ, ки дар асоси шарҳи ҳол ва фаъолияти касбии хизматчиёни давлатии алоҳида тартиб дода шуда, ба маълумоти дорои сирри давлатӣ ва хизматӣ мансубанд;

-талаботи тахассусӣ – талаботе, ки бо мақсади муайян кардани тайёрии касбӣ ва мувофиқат ба мансаби мушаххаси давлатии хизмати давлатӣ ба шаҳрвандон ҳангоми қабул шудан ба хизмати давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ барои ишғоли мансаби баландтари давлатии хизмати давлатӣ пешниҳод карда мешавад;

-категорияи мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ – мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ, ки вобаста ба  ҳаҷм, хусусият ва доираи ӯҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатии маъмурӣ тасниф мешаванд;

-ӯҳдадориҳои мансабӣ – ӯҳдадориҳои пешбининамудаи мансаби муайяни давлатӣ, ки ҷавобгӯи мақсад ва вазифаҳои мақомоти давлатӣ буда, хизматчии давлатӣ дар доираи меъёрҳои муқарраркардаи қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иҷро мекунад; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

  -бархӯрди манфиатҳо - ҳолате, ки хизматчии давлатӣ дар ҷараёни иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ зери таъсири манфиатҳои шахсӣ қарор гирифта, қарорҳои ба манфиати давлат мухолифро қабул менамояд; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

 -манфиати давлатӣ - манфиатдории умумии ҷомеа, ки бо роҳи қабули қарорҳои беғаразона ва қонунӣ аз тарафи шахсони мансабдори давлатӣ ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ амалӣ карда мешавад; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

 -манфиати шахсӣ - фоидаи моддӣ ё фоидаи дигаре, ки хизматчии давлатӣ бевосита ё бавосита барои худ ё барои шахсони сеюм дар натиҷаи иҷро намудани ӯҳдадориҳои мансабии худ кӯшиши гирифтан мекунад ё мегирад; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

 -озмун -тартиби интихоби номзадҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ бо роҳи муайян намудани дараҷаи мутобиқати онҳо ба талаботи тахассусии мансаби ишғолшаванда; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

 -аттестатсия - тартиби муайян намудани мувофиқати хизматчии давлатии маъмурӣ ба мансаби ишғолнамуда бо роҳи баҳодиҳӣ ба иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ, сатҳи дониш, малака ва тайёрии касбӣ; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

 -баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатӣ - тартиби муайян кардани натиҷаҳои фаъолияти хизматчии давлатӣ бо роҳи гузаронидани сӯҳбат дар бораи нишондиҳандаҳои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ, дараҷаи комёб шудан ба натиҷаҳои пешбинишудае, ки ба мақсаду вазифаҳои мақоми давлатӣ ва воҳиди сохтории он мувофиқат мекунад; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

-дастурамали мансабӣ - санаде, ки номгӯи мансаби давлатӣ, талаботи тахассусии мушаххас нисбат ба ишғолкунандагони мансаби мазкур, ӯҳдадориҳои мансабӣ, ҳуқуқ ва масъулияти хизматчии давлатиро пешбинӣ мекунад. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

 

Моддаи  2. Ҳуқуқ ба хизмати давлатӣ

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ ба хизмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд.

 

Моддаи 3. Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ

Самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи хизмати давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

              Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ

·                   Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

·                    

·                   Моддаи 5. Низоми хизмати давлатӣ

·                   1.Ба низоми хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:

·                   -хизмати давлатии шаҳрвандӣ;

·                   -хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;

·                   -хизмати  давлатии ҳарбӣ.

·                   2.Хизмати давлатии шаҳрвандӣ ҳамчун фаъолияти касбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ аз хизмати давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ иборат мебошад ва тибқи Қонуни мазкур ба амал бароварда мешавад.

·                   Намудҳои алоҳидаи хизмати давлатии шаҳрвандӣ мувофиқи қонунгузории дахлдори соҳавӣ, бо назардошти принсипҳои асосӣ ва муқаррароти умумии Қонуни мазкур ба танзим дароварда мешаванд. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

·                   3.Хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти касбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансабҳои давлатии хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, ба таъмини қонуният, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин мубориза бар зидди ҷинояткорӣ нигаронида мешавад.

·                   4.Хизмати давлатии ҳарбӣ фаъолияти касбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансабҳои давлатии хизмати давлатии мақомот ва ҷузъу томҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ буда, ба таъмини мудофиа ва амнияти давлат нигаронида мешавад.

·                          5.Хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати давлатии ҳарбӣ мувофиқи қонунгузории  дахлдори соҳавӣ, бо назардошти принсипҳо ва муқаррароти умумии Қонуни мазкур ба танзим дароварда мешаванд.

·                           6.Хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизмати давлатии ҳарбӣ ва намудҳои алоҳидаи хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар қисме, ки бо қонунгузории соҳавӣ ба танзим дароварда нашудааст, бо Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки тибқи Қонуни мазкур қабул карда шудаанд, ба танзим дароварда мешаванд.

        

Моддаи 6. Доираи амали Қонуни мазкур

1.Амали Қонуни мазкур нисбат ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва хизматчиёни давлатии маъмурӣ, ки мансабҳои давлатии хизмати давлатиро дар мақомоти зерини давлатӣ ишғол менамоянд, татбиқ мегардад:

-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; 

-Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он;(ҚҶТ аз 22.07.2013с.№1016)

-Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи он;(ҚҶТ аз 28.12.2013с. №1061)

-мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ (барои хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ); (ҚҶТ аз 11.03.2010с, №603).

-вазоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои онҳо;

-кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои онҳо;

-мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои онҳо;

·                   -мақомоти дигари марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои онҳо;

·                   -намояндагиҳои доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ (байниҳукуматӣ);

·                   -мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2.Ба хизматчиёни давлатии маъмурӣ инчунин шахсони мансабдори мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот баробар карда мешаванд, ки номгӯи мансабҳои онҳоро Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян  менамояд.

         3.Амали Қонуни мазкур нисбат ба шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои зерини давлатӣ татбиқ намегардад:

-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-раис, муовинони раис, судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе;

    -кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

- ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти давлатӣ;

-кормандони дигар сохторҳои давлатие, ки дар қисми якуми ҳамин моддаи Қонуни мазкур номбар нашудаанд.

  

Моддаи 7. Принсипҳои асосии хизмати давлатӣ

1.Хизмати давлатӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:      

-волоияти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 -афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

-ягонагии низоми хизмати давлатӣ, новобаста аз таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ;

-садоқат ба Ватан ва  ба халқи Тоҷикистон;

-инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ;

-хусусияти дунявӣ доштани хизмати давлатӣ; 

-ғайриҳизбӣ будани хизматчиёни давлатии мақомоти дахлдори давлатӣ, ки тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян гардидаанд;

-шаффофият дар хизмати давлатӣ, ба ҷуз фаъолияте, ки сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳад;

-касбият ва салоҳиятнокии хизматчии давлатӣ;

-ихтиёрӣ ва дастрас будани хизмати давлатӣ; 

-ҳисоботдиҳанда будани хизматчии давлатӣ;

-устувории ҳайати шахсии мақоми давлатӣ;

-баландравии мансабии хизматчии давлатӣ дар асоси қобилият, истеъдод, тайёрии касбӣ ва талаботи тахассусӣ;

-баҳодиҳӣ ба фаъолияти хизматчии давлатӣ дар асоси дастовардҳои хизматӣ.

2.Хизмати давлатӣ инчунин ба дигар принсипҳо, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд, асос ёфта метавонад.

 

       Моддаи 71. Одоби хизматчии давлатӣ

       1. Одоби хизматчии давлатӣ бо Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида, сатҳи дониш, қобилияту истеъдод, ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии хизматчии давлатиро танзим менамояд. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

      2. Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад ва ба роҳбарӣ гирифтани қоидаҳои он ӯҳдадории хизматчии давлатӣ буда, риоя накардани он боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

  

Моддаи 8. Мақоми ваколатдори соҳаи  хизмати давлатӣ

1.Барои татбиқи сиёсати ягонаи хизмати давлатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ таъсис дода мешавад, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

2.Мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ:

-иҷрои Қонуни мазкурро дар доираи салоҳияти худ таъмин менамояд;

-санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатиро таҳия намуда, бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

-ба фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба риояи қонунгузорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ назорат мекунад ва оид ба бекор кардани қарорҳои мақомоти давлатӣ, ки хилофи қонунгузории ҷумҳурӣ қабул гардидаанд, пешниҳод ирсол  менамояд; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

-дар доираи салоҳияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатиро қабул менамояд; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

   -роҳбарии методии хадамоти кадрии мақомоти давлатиро амалӣ намуда, Низомномаи намунавии хадамоти кадрии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

  -якҷоя бо мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  шакли ҳисоботи омории соҳаи хизмати давлатиро муқаррар ва дастурамали тартиб додани онҳоро тасдиқ менамояд; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

   -маълумоти омори давлатиро оид ба соҳаи хизмати давлатӣ ҷамъ, коркард ва нашр менамояд; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

 -тартиби анҷом додани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, баҳодиҳии фаъолият, аттестатсия ва ҷойивазкунии (ротатсияи) хизматчиёни давлатиро назорат ва роҳбарии методии онро амалӣ менамояд;(Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

·                            -фармоиши давлатии тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиро таҳия намуда, фаъолияти мақомоти давлатиро дар ин самт ҳамоҳанг менамояд; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

·                   -Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод менамояд;

·                            -Феҳристи хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеш мебарад;

·                            -мониторинги ҳолати кадрҳои хизмати давлатӣ ва захираи кадрҳоро мегузаронад ва эҳтиёҷоти мақомоти давлатиро оид ба кадрҳо пешбинӣ менамояд;

·                   -ҳуқуқу манфиатҳои хизматчиёни давлатиро ҳифз менамояд;

·                   -талаботи тахассусиро нисбат ба категорияҳои хизматчиёни давлатии маъмурӣ таҳия ва тасдиқ мекунад;

    -махзани маълумоти захираи кадрҳои хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тартиб медиҳад; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

·                    -дар таҳия ва татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ оид ба такмил додан ва баланд бардоштани нақши хизмати давлатӣ иштирок менамояд;

-оид ба такмили низоми пардохти музди меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;

-дар таҳияи лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои хизмати давлатӣ иштирок менамояд;

  -барои бекор кардани санадҳои мақомоти давлатӣ, ки талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатиро вайрон мекунанд, ба суд муроҷиат менамояд; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

 -якҷоя бо мақомоти тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи бемориҳоеро, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатӣ монеа мегарданд, таҳия ва тасдиқ менамояд. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

 -салоҳияти дигареро, ки қонунҳо ва дигар  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, амалӣ менамояд.

3.Низомнома ва сохтори мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

         4.Мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии оид ба хизмати давлатӣ қабулнамудаи худро шарҳ медиҳад, дар хусуси тартиби татбиқи хизмати давлатӣ тавсия ва дастурҳои методӣ таҳия ва пешниҳод карда, ахбор нашр  менамояд.

               5. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шаклиташкилию ҳуқуқӣ, вазифадоранд вобаста ба масъалаҳои соҳаи хизмати давлатӣ бо дархости хаттиимақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ иттилооти заруриро пешниҳод намоянд.  (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

 

Боби 2. Ташкил ва адои хизмати давлатӣ

        

               Моддаи 9. Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷой  ва нақши мақоми давлатӣ дар низоми мақомоти давлатӣ, амалӣ намудани вазифа ва функсияҳои давлат, татбиқи салоҳияти мақомоти давлатӣ, хусусияти ваколати мансабҳои мушаххас ва аҳамияти онҳо дар амалӣ намудани сиёсати давлатӣ ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ тақсим мешаванд.

2.Таснифи хизматчиёни давлатӣ ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ дар Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад, ки он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

·                           

Моддаи 10. Феҳристи мансабҳои давлатӣ ва категорияҳои мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ

1.Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои сиёсӣ ва маъмурии хизмати давлатӣ ташкил медиҳанд.

2.Барои хизматчиёни давлатии сиёсӣ категорияи мансабҳои давлатӣ муқаррар карда намешавад.

         3.Барои хизматчиёни давлатии маъмурӣ категорияи мансабҳои давлатии зерин муқаррар карда мешавад:

        -категорияи олӣ;

        -категорияи якум;

-категорияи дуюм;

-категорияи сеюм;

-категорияи чорум;

-категорияи панҷум;

-категорияи шашум;

-категорияи ҳафтум.

   4.Таснифи мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ ба категорияҳо дар Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда мешавад. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

·                           

Моддаи 11. Талаботи тахассусӣ нисбати довталабони мансабҳои   давлатии хизмати давлатӣ

1.Бо мақсади таъмини салоҳияти мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии хизматчиёни давлатӣ ва мувофиқати хизматчиёни давлатии маъмурӣ ба  мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ талаботи тахассусӣ муқаррар карда мешавад. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

2.Талаботи тахассусӣ меъёри асосии хоста гирифтан, ҷобаҷогузории кадрҳои хизмати давлатӣ ва омили муайянкунандаи фаъолияти хизматчии давлатӣ дар мақомоти давлатӣ ба  ҳисоб меравад.

3.Ба талаботи тахассусӣ, ки ба шахсони довталаби мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ  пешниҳод  мегарданд, дохил мешаванд:

-таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ бо назардошти ихтисос ва категорияи мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ;

-собиқаи умумӣ ва таҷрибаи кор аз рӯи ихтисос;

-собиқаи хизмати давлатӣ;

-донистани забони давлатӣ; (Қ ҶТ аз 28.06.11с., №741)

-донистани Конститутсияи (Сақонуни)Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои  ӯҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд.

4.Сатҳи талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурӣ аз тарафи мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ муайян карда мешавад.  

5.Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд нисбат ба мансабҳои давлатии хизмати  давлатӣ  талаботи дигари тахассусӣ муқаррар  намоянд.

 

Моддаи 12. Ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти давлатӣ

1.Ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти давлатӣ шахсоне мебошанд, ки ба хизматрасонии техникӣ, хоҷагӣ, молиявӣ, дигар таъминоти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ машғуланд.

2.Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мансабии онҳо мувофиқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ мушаххас муайян карда мешаванд.

3.Номгӯи чунин мансаб ва касбҳо бо пешниҳоди мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 

     Моддаи 13. Қабул шудан ба хизмати давлатӣ

         1.Ба хизмати давлатии сиёсӣ қабул шудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

         2.Ба хизмати давлатии маъмурӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18 расидаанд, ба талаботи тахассусии муқаррарнамудаи  Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат мекунанд, метавонанд қабул шаванд.

3.Ҳангоми ба хизмати давлатии маъмурӣ қабул шудан шаҳрвандон ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи моддаи 32 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

        -аризаи шахсӣ;

        -маълумот аз мақомоти дахлдор оид ба андоз аз даромад ва вазъи молумулкии хизматчии давлатӣ;

        -маълумоти тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ;

        -ҳуҷҷатҳои дигаре, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хусусияти мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ пешбинӣ намудаанд.

        4.Шаҳрванд ба хизмати давлатӣ дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ қабул мегардад, ки намунаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

 

Моддаи 14. Делои шахсии хизматчии давлатӣ

1. Делои шахсии хизматчиёни давлатӣ аз тарафи хадамоти кадрии мақоми дахлдори давлатӣ тартиб дода шуда, рафти адои хизмати давлатӣ дар он қайд карда мешавад.  (ҚҶТ аз 28.12.12с. №914)

2.Тартиби пешбурди делои шахсии хизматчиёни давлатиро мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ муайян менамояд.

 

Моддаи 15. Савганди хизматчии давлатӣ

1.Шаҳрванде, ки бори аввал ба хизмати давлатии маъмурӣ қабул мешавад, дар ҳузури кормандони мақомоти давлатӣ ботантана савганд ёд менамояд, ки матни он чунин аст:

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:

 -адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,

-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,

-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,

-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,

-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.

Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

2.Шахси савгандёдкарда матни савгандро бо имзои шахсии худ тасдиқ ва санаи қабули онро сабт менамояд. Матни савганд дар делои шахсии хизматчии давлатӣ нигоҳ дошта мешавад.

3.Матни савганди хизматчиёни давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни давлатии ҳарбӣ тибқи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 16. Ҳолатҳое, ки ба хизмати давлатӣ қабул намудани шаҳрванд ва дар хизмати давлатӣ будани хизматчии давлатиро истисно мекунанд

        Шаҳрванд дар ҳолатҳои зерин наметавонад ба хизмати давлатӣ қабул  гардад ва ҳамчун хизматчии давлатӣ дар хизмати давлатӣ бошад:

-саркашӣ кардан аз адои ба расмият даровардани иҷозат ба маълумоте, ки сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшавандаро дар бар мегирад, агар иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ ба истифодаи ин маълумот вобастагӣ дошта бошад;

            -агар  шаҳрвандии ду ва зиёда давлатро дошта бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки шартномаҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд;

- мавҷудияти беморӣ, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии хизмати давлатӣ монеа мегардад; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

-саркашӣ кардан аз пешниҳоди маълумоте, ки дар моддаи 31 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст;

- доғи судӣ доштан;

-ҳолатҳои дигаре, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ намудаанд.

       

   Моддаи 17. Санҷиши маълумоте, ки аз тарафи шаҳрванд   пешниҳод  карда мешавад

   1.Маълумоти пешниҳоднамудаи шаҳрванд ҳангоми ҳалли масъалаи ба мансаби давлатии хизмати давлатӣ таъин шудани ӯ мавриди санҷиш қарор дода мешавад.

2.Агар санҷиш ҳолатҳои барои ба мансаби давлатии хизмати давлатӣ таъин шудани шаҳрванд монеъшавандаро ошкор намояд, ба ӯ дар бораи радкунии таъин ба  мансаби давлатӣ ва сабабҳои он хаттӣ хабар дода мешавад.

3.Тартиби санҷиши маълумоти аз тарафи шаҳрванд пешниҳод- шавандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

      

Моддаи 18. Озмун барои ишғоли мансаби холии  маъмурии хизмати давлатӣ

1.Ишғол намудани мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ   бо роҳи озмун сурат мегирад.

2. Тартиби гузаронидани озмун ва намудҳои онро Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муқаррар мекунад. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №914)

3. Ишғоли мансабҳои категорияи олӣ бе озмун сурат мегирад. Дигар ҳолатҳои бе озмун ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тибқи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ муайян карда мешаванд. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

 

 Моддаи 19. Таҳсили хизматчиёни давлатӣ

 1.Таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар муассисаҳои таълимии олии касбӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ ба амал бароварда шуда, дар шакли тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ сурат мегирад.

2.Тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар асоси фармоиши давлатӣ, инчунин талаботи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

3.Фармоиши давлатӣ оид ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

        

Моддаи 20. Аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ

         1.Бо мақсади муайян кардани мувофиқат ба мансаби ишғолнамуда ва таъмини болоравии касбӣ аттестатсияи хизматчии давлатии маъмурӣ (ба истиснои хизматчиёни давлатие, ки мансаби сиёсии хизмати давлатӣ ва мансаби маъмурии хизмати давлатии категорияи олиро ишғол мекунанд) гузаронида мешавад.(Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

         2.Тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмуриро Низомнома, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ  мегардад, муайян менамояд.

 

   Моддаи 201. Баҳодиҳӣ ба фаъолияти хизматчии давлатӣ

   1. Бо мақсади назорати мунтазами рафти адои хизмати давлатӣ ва ҷамъ намудани иттилоот дар бораи иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ дар охири ҳар сол баҳодиҳии натиҷаи фаъолияти хизматчии давлатӣ гузаронида мешавад.

             2. Қоидаҳои гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

 

  Моддаи 21. Рутбаҳои тахассусии хизматчиёни давлатӣ

1.Барои  хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  рутбаҳои тахассусӣ муқаррар карда мешаванд.

2.Тартиби ба хизматчиёни давлатӣ додани рутбаҳои тахассусиро Низомнома, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад муайян менамояд. .  (ҚҶТ аз 28.12.12с. №914)

3.Тартиби баробар донистани рутбаҳо ва унвонҳои ҳарбӣ, дипломатӣ ва махсус ба рутбаҳои тахассусии хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

 

Моддаи 22. Феҳристи хизматчиёни давлатӣ

1.Тартиби пешбурди Феҳристи хизматчиёни давлатиро, ки маълумотро дар бораи хизматчиёни давлатӣ дар бар мегирад, мақоми ваколатдор дар соҳаи хизмати давлатӣ муайян менамояд. .  (ҚҶТ аз 28.12.12с. №914)

 

Моддаи 23. Асосҳои қатъ шудани хизмати давлатӣ

         1.Хизмати давлатӣ ғайр аз асосҳои пешбиникардаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зерин қатъ мегардад:

         -истеъфои хизматчии давлатии сиёсӣ;

         -расидан ба синни ниҳоии хизмати давлатӣ;

         -қатъ шудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

     -вайрон намудани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо; (ҚҶТ аз 8.06.07с, №273).

              -нисбати хизматчии давлатӣ бароварда шудани ҳукми айбдоркунии суд ва эътибори қонунӣ пайдо кардани он;

         -риоя накардани маҳдудиятҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст;

              -ҳолатҳои дигаре, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

         2.Аз мансаби давлатӣ озод намудани хизматчии давлатӣ аз тарафи роҳбари мақоми  давлатӣ, ки ҳуқуқи ба мансаби давлатии хизмати давлатӣ таъин ва озод карданро дорад, мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

         3.Дар сурати норизо будани хизматчии давлатӣ аз озод намуданаш аз мансаби давлатӣ ӯ ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат намояд.

 

Моддаи 24. Синни ниҳоии  дар хизмати давлатӣ будан

         Синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ будан барои занон то 58-солагӣ ва барои мардон то 63-солагӣ мебошад. Роҳбари мақоми давлатӣ метавонад баъди мувофиқа бо мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ бо қарори амри  худ мӯҳлати дар хизмати давлатӣ будани хизматчии давлатии ба синни ниҳоӣ расидаро то ду сол дароз намояд. Дар ин сурат бо хизматчии давлатӣ шартномаи (қарордоди) мӯҳлатноки меҳнатӣ баста мешавад. .  (ҚҶТ аз 28.12.12с. №914)

 

Моддаи 25. Истеъфои хизматчии давлатии сиёсӣ

1.Истеъфо қатъ ёфтани хизмати давлатӣ мувофиқи аризаи хаттии хизматчии давлатии сиёсӣ буда, асоси он монеаи сиёсӣ барои минбаъд ишғол намудани мансаби сиёсии хизмати давлатӣ мебошад.

2.Истеъфо аз тарафи мақоми давлатии ваколатдор  қабул ё рад карда мешавад. Дар сурати рад кардани истеъфо хизматчии давлатии сиёсӣ бояд иҷрои ӯҳдадориҳои мансабиашро давом диҳад ва ё бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар бораи бо хоҳиши худ аз мансаби сиёсии хизмати давлатӣ озод карданаш муроҷиат намояд.

 

«Моддаи 26. Захираи кадрҳои хизмати давлатӣ

1. Захираи кадрҳои хизмати давлатӣ бо мақсади таъмини хизмати давлатӣ бо кадрҳо, болоравии мансабии хизматчии давлатӣ дар асоси дастовардҳои хизматӣ, қобилият, истеъдод ва тайёрии касбӣ, сари вақт ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии категорияҳои сеюм, дуюм, якум, олӣ ва мансабҳои сиёсӣ ташкил карда мешавад.  (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

2. Захираи кадрҳои хизмати давлатӣ аз ҳисоби мутахассисони босалоҳият, ташаббускор, дорои сатҳи баланди тайёрии касбӣ, қобилияти ташкилотчигӣ ва малакаи идоракунӣ ташаккул меёбад. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

3. Тартиби ташаккул ва кор бо захираи кадрҳои хизмати давлатиро Низомнома дар бораи захираи кадрҳои хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муқаррар менамояд. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

 

Моддаи 261.Ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ

1.Дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади истифодаи самараноки маҳорати касбии хизматчиёни давлатӣ ва пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ анҷом дода мешавад. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

2.Қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

 

Боби 3. Вазъи ҳуқуқии хизматчии давлатИ

 

Моддаи 27. Ҳуқуқҳои хизматчии давлатӣ

1.Хизматчии давлатӣ ҳуқуқ дорад:

-дар доираи ваколатҳои худ дар баррасии масъалаҳо ва қабули қарор  иштирок намуда, иҷрои онҳоро аз тарафи мақомоти дахлдор ва шахсони мансабдор талаб намояд;

-иттилоот ва маводи барои иҷрои ваколат ва ӯҳдадориҳои мансабиаш заруриро бо тартиби муқарраргардида талаб карда гирад;

-муайян намудани доираи ӯҳдадориҳои мансабиашро аз роҳбари худ талаб намояд;

-ба тайёркунӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ дар муассисаҳои таълимии дахлдор аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ фаро гирифта шавад;

-ба фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ машғул шавад;

-бо маводе, ки ба адои хизмати давлатии ӯ дахл дорад, бемамоният шинос шавад;

-дар хизмати давлатӣ, бо назардошти тахассус, қобилияти касбӣ ва  сатҳи иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии худ,  баланд равад;

-дар сурати айбдоркунии беасос гузаронидани санҷиши хизматиро талаб намояд;

-бо ташаббуси худ фаъолиятро дар хизмати давлатӣ қатъ намояд;

     -тибқи талаботи қонунгузорӣ бо нафақа таъмин гашта, аз ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ бархурдор бошад;

-оид ба такмили хизмати давлатӣ ба мақоми давлатие, ки дар он фаъолият мекунад, инчунин ба мақомоти давлатии болоӣ ва шахсони мансабдори он таклиф  пешниҳод намояд.

2.Ҳуқуқҳои хизматчиёни давлатии сиёсӣ бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ  муайян карда мешаванд.

        

Моддаи 28. Ӯҳдадориҳои асосии хизматчии давлатӣ

1.Хизматчии давлатӣ ӯҳдадор аст:

               -Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  риоя намояд;

-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони ҳуқуқиро риоя, ҳифз ва эҳтиром намояд;

-муроҷиати шаҳрвандонро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ баррасӣ намуда, аз рӯи онҳо чораҳои дахлдор андешад;

-интизоми давлатӣ ва хизматиро риоя намояд;

-меъёрҳои одоби хизматиро дастури фаъолияти худ қарор диҳад;

   -меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури фаъолияти худ қарор дода, ҳолатҳои бархӯрди манфиатҳоро ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ истисно намояд; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

-сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонунҳо ҳифзшавандаро, аз ҷумла баъди қатъи хизмати давлатӣ, дар давоми мӯҳлати муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нигоҳ дорад;

-ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ маълумотро дар бораи ҳаёти шахсӣ, шаъну шарафи шаҳрвандон махфӣ  нигоҳ дорад, аз онҳо пешниҳод намудани чунин маълумотро талаб накунад (ба истиснои мавридҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон);

-ҳифзи моликияти давлатиро таъмин намояд;

-дар мавриде, ки манфиатҳои шахсии хизматчии давлатӣ аз доираи ваколатҳои ӯ мебароянд ё бо он мухолифат мекунанд, фавран ба шахси мансабдоре, ки ӯро ҳуқуқи таъин ва озод кардан дорад, хабар диҳад;

    -агар манфиати шахсии хизматчии давлатӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ монеа гардад, ё ба манфиати давлатӣ мухолифат кунад ва ё боиси дигар ҳолатҳои бархӯрди манфиатҳо гардад, бояд ба роҳбари мақоми давлатӣ, ки барои таъин ва озод намудани ӯ аз мансаб салоҳият дорад, хабар диҳад; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

 -мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур савганд ёд кунад.

    2.Ӯҳдадориҳои мушаххаси хизматчии давлатӣ, ки аз ӯҳдадориҳои асосӣ бармеоянд, тибқи талаботи тахассусӣ муайян карда шуда, дар дастурамалҳои мансабие, ки аз тарафи роҳбарони мақомоти давлатии дахлдор тасдиқ карда мешаванд, инъикос мегарданд. Қоидаҳои таҳияи дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ тасдиқ карда мешаванд. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

3.Ӯҳдадориҳои хизматчиёни давлатии сиёсӣ бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 29. Ӯҳдадориҳои иловагии хизматчии давлатии маъмурӣ

1.Бо розигии хизматчии давлатии маъмурӣ ва роҳбари мақоми давлатӣ мумкин аст ба зиммаи хизматчии давлатии маъмурӣ иҷрои ӯҳдадориҳои иловагии хизмати давлатӣ вогузошта шавад.

2.Ҳаҷми пардохти иловапулиро барои иҷрои ӯҳдадориҳои иловагии хизмати давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.                  

 

Моддаи 30. Маҳдудиятҳо вобаста ба хизмати давлатӣ

Хизматчии давлатӣ ҳуқуқ надорад:

-бе иҷозати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофот, унвонҳои фахрӣ ва махсуси давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалиро қабул намояд;

-ҳангоми иҷрои ваколатҳои мансабӣ аз хизматрасониҳои  шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ба манфиати шахсӣ истифода барад;

-дар дигар амалҳо, аз ҷумла корпартоиҳо, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои мансабиро халалдор месозанд, иштирок намояд;

-дигар маҳдудиятҳои пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намояд.

        

             Моддаи 31. Маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулкии хизматчии давлатӣ

                   1.Шаҳрванд ҳангоми қабул шудан ба хизмати давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ ӯҳдадоранд, ки ҳар сол ба мақоми андози маҳалли зист эъломия оид ба андоз аз даромад ва ба мақоми давлатии ҷои кор эъломия оид ба вазъи молу мулк пешниҳод намоянд.

2.Намуди даромад, намуд ва номгӯи молу мулк, инчунин тартиб ва мӯҳлати пешниҳод намудани эъломияҳои дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар  карда мешаванд.

    3.Пешниҳод накардани эъломияҳо ё дар онҳо нишон додани маълумоти бардурӯғ барои ба хизмати давлатӣ қабул нагаштани шаҳрванд ё аз хизмати давлатӣ озод намудани хизматчии давлатӣ асос шуда метавонад.

         4.Мазмуни эъломияҳо, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст, набояд ошкор карда шавад.

        

Моддаи 32. Ҷавобгарии интизомии хизматчии давлатӣ

   1. Роҳбари мақоми давлатӣ, ки ҳуқуқи ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намуданро дорад, ба хизматчии давлатӣ барои кирдори интизомии содирнамудааш муҷозоти зерини интизомиро татбиқ менамояд:

- сарзаниш;

- танбеҳ;

- то як сол мавқуф гузоштани додани рутбаи тахассусии навбатӣ;

- ба мансаби паст гузаронидан;

- аз мансаб озод кардан.

2. Бо мақсади ҷамъ овардан ва санҷиши маълумот дар бораи кирдори интизомии содирнамудаи хизматчии давлатӣ аз тарафи роҳбари мақоми давлатӣ санҷиши хизматӣ таъин карда мешавад. Санҷиши хизматӣ метавонад бо талаби хизматчии давлатӣ низ гузаронида шавад.

3. Тартиби гузаронидани санҷиши хизматӣ ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани хизматчии давлатӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

 

Моддаи 33. Муносибати хизматчии давлатӣ  ба иҷрои фармон ва  амрҳои ғайриқонунӣ

1.Хизматчии давлатӣ бояд дар доираи ваколат ва ӯҳдадориҳои мансабӣ амал намояд.

2.Дар сурати ба қонунӣ будани фармон ва ё амри барои иҷро гирифташуда шубҳа пайдо кардани хизматчии давлатӣ, ӯ бояд ба таври хаттӣ фавран ба роҳбари бевоситааш муроҷиат намояд. Агар роҳбари бевосита ё шахси мансабдори болоӣ дурустии фармон ва ё амри додашударо хаттӣ тасдиқ намояд, хизматчии давлатӣ вазифадор аст онро иҷро намояд, ба шарте ки он дорои оқибатҳои ҷавобгарии маъмурӣ ва ё ҷиноятӣ набошад.

Масъулият барои оқибатҳои иҷрои фармон ё амр ва дастури ғайриқонунӣ дар ин ҳолат ба зиммаи шахси мансабдоре гузошта мешавад, ки онҳоро тасдиқ кардааст.

 

Боби 4. Кафолатҳо ва ҳавасмандгардонии хизматчии давлатӣ

        

Моддаи 34. Кафолатҳо барои хизматчии давлатӣ

1.Ба хизматчии давлатӣ кафолатҳои зерин дода мешавад:

-шароити корӣ барои таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ;

-музди меҳнат;

-рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва дигар рухсатиҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

-таҳсил ва баланд бардоштани дараҷаи тахассус бо нигоҳ доштани музди  меҳнат, мансаби ишғолнамуда ё мансаби ба он баробар, бо тартиби муайяннамудаи Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми давраи таҳсил; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

-суғуртаи ҳатмии давлатӣ барои беморӣ ё гум кардани қобилияти меҳнатӣ, фавт ё расондани зарар ба саломатӣ ва молу мулки ӯ ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ;

   -таъмини нафақа тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

 -таъмини нафақаи хизматчии давлатӣ дар ҳолати фавти хизматчии давлатӣ ба аъзои оилаи ӯ, ки таҳти саробониаш қарор доранд; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

-ҳатман гирифтани розигии хизматчии давлатӣ ҳангоми гузаронидан ба мансаби дигар (ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

-ҳимояи хизматчии давлатӣ, аъзои оила ва наздикони ӯ аз зӯроварӣ, таҳдид ва дигар кирдорҳои ғайриқонунии вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ;

-таъмини имконияти баландравии мансабӣ;

-ҷуброни зарар ҳангоми пурра ё қисман гум кардани қобилияти меҳнатӣ;

2.Хароҷоти вобаста ба сафарҳои хизматӣ, гузаронидан ба мақоми давлатии воқеъ дар маҳалли дигар (вилоят, шаҳр, ноҳия), инчунин хароҷоти нақлиёт ва манзили хизматчии давлатӣ вобаста ба  чунин гузариш ҷуброн карда мешаванд.

3.Хароҷот вобаста ба кафолатҳое, ки ҳамин модда пешбинӣ менамояд, аз ҳисоби маблағҳои буҷети дахлдор сурат мегирад.

4.Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои хизматчии давлатӣ кафолатҳои дигарро низ пешбинӣ карда метавонанд.

5.Дар сурати вафоти хизматчии давлатӣ ба аъзои оилаи ӯ дар ҳаҷми панҷ музди моҳонаи меҳнат аз ҷои кори охиринаш кӯмакпулии яквақта дода мешавад. (ҚҶТ аз 01.08.2012с., №900)

6.Дар сурати озод шудан аз мансаби давлатӣ, бинобар содир намудани кирдори ғайриқонунӣ, хизматчии давлатӣ аз кафолатҳо ва ҷубронпулиҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, маҳрум мегардад.

7.Иваз шудани роҳбари  мақоми давлатӣ барои бо ташаббуси роҳбари  нав қатъ шудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ асос шуда наметавонад, ба истиснои шартномаи (қарордоди) меҳнатие, ки бо хизматчиёни давлатии сиёсӣ баста мешаванд.

 

Моддаи 35. Кафолати хизматчии давлатӣ дар мавриди  барҳам додан, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди  мақоми давлатӣ, ихтисор шудани шумора ё воҳиди кории хизматчиёни давлатӣ

         1.Ба хизматчии давлатӣ ҳангоми  барҳам додан, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди  мақоми давлатӣ, ихтисор шудани шумора ё воҳиди кории хизматчиёни давлатӣ бо назардошти дараҷаи тахассус, касб ва мансаби пеш ишғолнамудааш дар дигар мақоми давлатӣ мансаби давлатии хизмати давлатӣ пешниҳод карда мешавад (агар бо розигии ӯ додани дигар мансаби давлатии хизмати давлатӣ дар ҳамон мақоми давлатӣ ғайриимкон бошад). (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

2.Ба хизматчии давлатӣ, ки ҳангоми  барҳам додан, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди мақоми давлатӣ, ихтисор шудани шумора ё воҳиди кории хизматчиёни давлатӣ аз мансаби давлатӣ озод  шудааст: (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).

-аз рӯи мансаби пеш ишғолнамудааш бе ҳисоби кӯмакпулии аз кор рафтан, дар давоми се моҳ музди меҳнат дода мешавад;

-кӯмакпулӣ барои бекорӣ дода мешавад;

-музди меҳнати пештарааш ҳангоми гузаронидан ба мансаби дигари давлатии хизмати давлатӣ  дар  ҳамон мақом ё  мақоми дигари давлатӣ дар давоми се моҳ нигоҳ дошта мешавад (агар музди меҳнати наваш назар ба маоши пештарааш кам бошад);

-хизматрасонии тиббӣ ба ӯ ва аъзои оилааш дар ҳамон муассисаи табобатӣ, ки то ба мансаби нави давлатӣ гузарониданаш расонида мешуд, нигоҳ дошта мешавад;

-дар сурати доштани собиқаи умумии меҳнатӣ  (25 сол барои мардҳо, 20 сол барои занҳо) ва на камтар аз 10 сол cобиқаи хизмати давлатӣ, ҳуқуқ дода мешавад, ки ду сол пеш аз мӯҳлати муқарраркардаи  қонунгузорӣ ба нафақа барояд. 

3.Дар сурати набудани имконияти мувофиқи ихтисосаш ба дигар мансаби давлатии хизмати давлатӣ гузаронидани хизматчии давлатӣ ӯ то як сол дар мақоми давлатӣ, бо нигоҳ доштани собиқаи хизмати давлатӣ, дар захираи кадрҳо мемонад ва барои такмили ихтисосаш имконият фароҳам оварда мешавад.

 

Моддаи 36. Музди меҳнати хизматчии давлатӣ

1.Музди меҳнат бояд шароити моддии заруриро барои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатӣ фароҳам оварда, ба ӯ ва аҳли оилааш сатҳи муносиби зиндагиро таъмин намояд, инчунин барои бо  кадрҳои салоҳиятноку таҷрибанок таъмин намудани мақомоти давлатӣ мусоидат намуда, омили меҳнати поквиҷдонона ва ташаббускоронаи хизматчии давлатӣ бошад.

2.Музди меҳнати хизматчии давлатӣ аз маоши мансабӣ, иловапулиҳо ба маоши мансабӣ барои рутбаи тахассусӣ ва собиқаи хизмати давлатӣ иборат мебошад.

3.Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ бо назардошти иловапулӣ барои рутбаи тахассусӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

4.Андозаи маоши мансабӣ‚ иловапулӣ барои рутбаи тахассусӣ ва собиқаи хизмати давлатӣ, инчунин шартҳо ва тартиби пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 37. Собиқаи хизмати давлатӣ

1.Ба собиқаи хизмати давлатӣ давраи фаъолияти шаҳрванд дар мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои сиёсӣ ва маъмурии  хизмати давлатӣ, хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати ҳарбӣ, инчунин фаъолият дар мансабҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки дар Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, дохил мешавад.

2.Ба собиқаи хизмати давлатӣ метавонанд дигар давраҳои фаъолияти меҳнатии шаҳрванд низ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шаванд.

 

Моддаи 38. Ҳавасмандгардонии хизматчии давлатӣ

1.Хизматчии давлатӣ барои дастовардҳои хизматӣ, хизмати бардавому бенуқсон, иҷрои супоришҳои махсусан муҳими давлатӣ ҳавасманд гардонида мешавад.

 2.Намудҳои ҳавасмандгардонӣ ва тартиби бо он сарфароз гардониданро қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.

 

Моддаи 39. Рухсатии хизматчии давлатӣ

1.Ба хизматчии давлатӣ рухсатии асосии ҳарсолаи пардохтшаванда муқаррар карда мешавад.

2.Давомнокии рухсатии асосии ҳарсолаи пардохтшавандаи хизматчиёни давлатӣ чунин муқаррар карда мешавад:

- 35 рӯзи тақвимӣ - ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва  хизматчиёни давлатии маъмурии категорияи олӣ;

- 30 рӯзи тақвимӣ - ба хизматчиёни давлатии маъмурии категорияи якум ва дуюм; 

- 28 рӯзи тақвимӣ - ба хизматчиёни давлатии маъмурии категорияи сеюм, чорум, панҷум, шашум ва ҳафтум;

3.Дар сурати  5, 10, 15 ва 20 сол будани собиқаи хизмати давлатӣ, ба мӯҳлати рухсатии асосии ҳарсолаи пардохтшаванда мувофиқан 3, 6, 10 ва 15 рӯзи тақвимӣ илова карда мешавад.

4.Рухсатии ҳарсола ва рухсатии иловагӣ ҷамъ карда мешавад ва бо хоҳиши хизматчии давлатӣ мумкин аст, ки қисм-қисм дода шавад.  Давомнокии як қисми рухсатии асосӣ набояд аз 14 рӯзи тақвимӣ кам бошад.

5.Хизматчии давлатӣ дар давоми сол барои гирифтани рухсатии бемузди давомнокияш на бештар аз 60  рӯзи тақвимӣ ҳуқуқ дорад.

 

Моддаи 40. Таъминоти иҷтимоии хизматчии давлатӣ

1.Ба хизматчии давлатӣ бо тартиби муқарраршуда:

-аз фонди давлатӣ  манзили истиқоматӣ дода мешавад;

-барои беҳтар кардани шароити манзил, сохтмони манзили шахсӣ ва ё кооперативӣ қитъаи замин ҷудо карда  мешавад, ки тартиби ҷудо карда шудани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;

-барои харидан ё сохтмони манзил, инчунин беҳтар намудани шароити манзилӣ ба мӯҳлати то 20 сол қарзи бефоиз дода мешавад, ки шартҳо ва тартиби додани чунин қарзро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

2.Ба хизматчии давлатии сиёсӣ ва хизматчии давлатии маъмурии  категорияи олӣ илова ба майдони истиқоматӣ 20 метри мураббаъ барои ҳуҷраи корӣ дода мешавад.

3.Дар сурати на камтар аз 15 сол собиқаи бефосилаи хизмати давлатӣ доштани хизматчии давлатӣ хонаи истиқоматии дар фонди манзили давлатӣ ишғолкардааш (ба ғайр аз хонаҳои истиқоматии хизматӣ) ройгон ба моликияти ӯ дода мешавад.

 

Моддаи 41. Таъмини нафақа ва дигар кӯмакпулиҳо ба хизматчии давлатӣ

1.Таъмини нафақаи хизматчиёни давлатӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ гардонида мешавад.

2.Хизматчии давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба нафақа барои хизмати дарозмуддат ҳуқуқ дорад.

3.Ба хизматчии давлатӣ ҳангоми ба нафақа баромадан дар сурати доштани на камтар аз 15 соли собиқаи хизмати давлатӣ ё ҳангоми маъюбӣ дар ҳаҷми музди меҳнати семоҳа  кӯмакпулии яквақта дода мешавад. (ҚҶТ аз 01.08.2012с., №900)

 

Боби 5. Муқаррароти хотимавӣ

 

Моддаи 42. Тартиби баррасии баҳсҳои меҳнатии хизматчиёни   давлатӣ

Хизматчиёни давлатӣ оид ба ҳалли баҳсҳои меҳнатиашон метавонанд ба суд муроҷиат намоянд.

 

Моддаи   43.   Ҷавобгарӣ  барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсоне, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҷавобгарӣ кашида  мешаванд.

 

Моддаи 44. Дар бораи  аз эътибор соқит донистани Қонуни   Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 «Дар бораи хизмати давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 22, моддаи 297; с. 2002, № 4, қисми 1, моддаи 203; с. 2005, № 7, моддаи 407; соли 2006, № 3, моддаи 154) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 45. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

           

Президенти

         Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                       Э. РАҲМОНОВ

 

                  ш. Душанбе, 5 марти соли 2007,

                №233

Читать далее

Бехатарии биологӣ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи бехатарии биологӣ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005, №3, мод. 128; соли 2007, №7, мод.692)

 

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми декабри соли 2004, № 1269 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 12 (қисми 3), соли 2004, моддаи 706) қабул гардидааст.

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2005, № 602 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 2, соли 2005, моддаи 78) ҷонибдорӣ гардидааст.

 

Боби I. Муқаррароти  умумӣ

         Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

         Қонуни мазкур намудҳои фаъолияти  вобаста бо ба даст овардан, озмудан, истифода бурдан, воридот, содирот, истеҳсол ва фурўши организмҳои бо истифодаи усули биотехнологияи замонавӣ аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфтаро танзим намуда, ба кам намудани хавфи таъсири номатлуби организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ба саломатии инсон, гуногунии биологӣ, мувозинати экологӣ ва ҳифзи  муҳити  зист нигаронида шудааст.

                                                                                                                  

         Моддаи 2. Мафҳумҳои асосие, ки  дар Қонуни мазкур  истифода мешаванд

         Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

         организм-тамоми мавҷудоти зиндае, ки қобилияти дучандшавии маводи генетикиро доро мебошад;

         организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта - ҳар гуна организм, ба истиснои организми инсон, ки маводи генетикиаш бо роҳҳои ғайри дурагакунӣ ё ба таври ғайри табиии дучандшавӣ тағйир дода шудааст;

         микроорганизм - организмҳои зиндаи хурд, ки дар табиат паҳн гардидаанд ва суръати  баланди афзоиш ва паҳншавӣ дошта, ба гузаронидани маводи генетикӣ қобилият доранд;

         биотехнологияи ҳозиразамон - истифодаи усулҳои навшудаи кислотаҳои нуклеинӣ ва усулҳои омехташавии ҳуҷайраҳо, ки  аз   усулҳои  хоси селексия ва беҳтаркунии навъҳо фарқ намуда, монеаҳои табиии такрористеҳсолкунӣ ё усулҳои навшударо бартараф месозад;

         истифодаи организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта - фаъолият ё маҷмўи намудҳои фаъолияте, ки мақсади он ба даст овардан ва ба фурўш баровардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда, аз ҷумла таҳқиқ, озмоиш ва ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии онҳо мебошанд;

         истифодабарӣ дар системаҳои  маҳдуд - ҳар кадом амалиёте, ки дар рафти он микроорганизмҳо (организмҳо) дар фазо ё  муҳити маҳдуди ҷудо карда  ва таҳти назорат қарорёфта бо истифодаи чораҳои махсуси ҷудокунӣ  барои  маҳдуд ё  истисно кардани  робитаи чунин организмҳо бо одамон ва  муҳити  зист аз ҷиҳати генетикӣ тағйир меёбанд ё организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта парвариш ва афзоиш меёбанд, ҷамъ мешаванд, истифода мегарданд, интиқол ва нобуд сохта ва ё безарар гардонида мешаванд;

         истифодабаранда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти вобаста бо ба даст овардан, озмудан, истеҳсол ва фурўхтани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои маҳдуд ё кушода, инчунин  бо ба даст овардан, озмудан, истеҳсол ва фурўхтани маҳсулоти аз ин организмҳо ҳосилшуда  масъул аст ва ба амал мебарорад;

         ворид намудани мақсаднок ба муҳити зист - дидаю дониста ба муҳити зист ворид намудани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби онҳо, ки қабули чораҳои махсуси ҷудокуниро тақозо намекунанд ва бо дараҷаи баланди бехатарӣ барои одамон ва муҳити зист фарқ мекунанд;

         ворид намудани беғаразона ба муҳити зист- ҳар ҳодисаи ба муҳити зист ворид сохтани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби онҳо, ки натиҷаи ғаразнок надошта бошад;

         воридсозӣ ба бозор- таҳвилдиҳии организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда ба музд ё ба таври ройгон ба тарафи сеюм;

         садама- ҳодисае, ки боиси беғаразона ба муҳити зист ворид намудани микроорганизмҳои (организмҳои) зиёд дар рафти истифодаи онҳо дар системаҳои маҳдуд  гардида, барои саломатии одамон ва муҳити зист оқибатҳои фаврӣ ё минбаъда дошта метавонад;

         маҳсулоти истеҳсолшуда аз организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта - маҳсулоте, ки аз як организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби чунин организмҳо иборат аст ё дорои як организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби чунин организмҳо буда, ба бозор ворид карда мешавад;

         маҳсулоти коркардшуда - маҳсулоте, ки бо роҳи коркарди организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта, баъзе қисмҳои онҳо ё баъзе метаболитҳо (мубодилаи  моддаҳо) ва моддаҳои ҳосилкардаи онҳо ба даст оварда шудааст;

         маҳсулоти тозашуда - маҳсулоте, киазорганизмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта бо роҳи коркард, тозакунӣ ба даст оварда шудааст (масалан: инсулин, энзимҳои гуногун, равған ва монанди инҳо);

         санҷиши саҳроӣ - таҷрибае, ки аз омўзиши организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар шароити саҳро иборат буда, дар зери назорат қарор дорад ва  боварӣ ҳаст, ки ин организмҳо баъди ба итмом расидани таҷриба дар муҳит боқӣ намемонанд;

         парвариш, истеҳсол дар шароити саҳро, паҳншавӣ  ба ҳудудҳо  - ба муҳити зист мақсаднок ворид сохтани организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта бо мақсади парвариш, истеҳсол ё афзоиш додан, ки аллакай хусусият ва мақсади таҷрибавӣ надорад;

         баҳодиҳии хатар - арзёбии оқибатҳои бевоситаю бавоситаи фаврӣ ё минбаъдаи ба муҳити зист ворид сохтани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё қисми таркибии онҳо барои саломатии  одамон ва муҳити зист; 

         танзими хатар - таҳия ва истифодаи маҷмўи чорабиниҳо барои амалӣ шудани мониторинги хатар ва чораҳое, ки дар сурати рўй додани садама андешида мешаванд;

         интиқоли байнисарҳадии организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта - бо ҳар гуна роҳ гузаронидани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби чунин организмҳо, инчунин маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда аз ҳудуди як давлат ба ҳудуди давлати дигар;

         интиқоли байнисарҳадии мақсаднок - ҳар гуна амалиёти содиротию воридотии организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби онҳо, ки бо иҷозати мақомоти салоҳиятноки давлатӣ мутобиқи қоидаҳои миллӣ ва байналмилалӣ сурат мегирад;

         интиқоли байнисарҳадии беғаразона- надониста аз сарҳад гузаронидани ҳар гуна организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби онҳо, ки оқибати он бояд аз нуқтаи назари бехатарии биологӣ ва бехатарии саломатии одамон бо дидани чораҳои дахлдор арзёбӣ карда шавад;

         воридкунанда- шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки дар доираи ҳуқуқии давлат қарор дошта, воридотро ба амал мебарорад ва воридоти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта, таркиби чунин организмҳо ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшударо ташкил менамояд ва барои он масъул аст;

          содиркунанда - шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар доираи ҳуқуқии давлат қарор дошта, содиротро ба амал мебарорад ва содироти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта, таркиби чунин организмҳо ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшударо ташкил менамояд ва барои он масъул аст;

         огоҳнома - ҳуҷҷатест, ки тавассути он шахс дар бораи фаъолияте, ки амалӣ мегардонад, бо мақсади гирифтани иҷозат Комиссияи миллиро оид ба бехатарии биологӣ огоҳ месозад;

          минтақаи бехатарии генетикӣ - ҳудуде, ки дар он ба ягон фаъолияти вобаста ба истифодабарии организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта роҳ дода намешавад;

         маводи  генетикӣ – маводҳое, ки  аз организмҳои  зиндаи тағйирдодашудаи  алоҳида, ё дар натиҷаи  комбинатсияи якчанд организмҳои зиндаи ба таври  генетикӣ тағйирдодашуда  ба вуҷуд оварда шудаанд;

         инженерияи  генӣ  фаъолияте, ки   бо усули нави  биотехнологӣ таркиби наслии организмҳои зиндаро дигаргун намуда, организмҳои  сифатан навро  ба  вуҷуд  меорад.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии биологӣ

         Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии биологӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳукуқии байналмилалие, ки  Тоҷикистон онҳоро эътироф  кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Фаъолияти вобаста ба бехатарии биологӣ

         Муқаррароти Қонуни мазкур ба намудҳои фаъолияте, ки ба ин масъалаҳо  алоқаманданд, татбиқмешавад:

         - дар системаҳои сарбаста бо мақсадҳои гуногун ба даст овардан, афзоиш додан, воридоту содирот  намудан, санҷидан ва истифода бурдани микроорганизмҳо, растаниҳо ва ҳайвоноти аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта бо истифодаи тарзу усулҳои биотехнологияи замонавӣ;

         - ба муҳити зист ва ба бозор ворид сохтани мақсадноки организмҳои зиндаи аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта бо истифодаи усулҳои биотехнологияи замонавӣ, аз ҷумла ҳар гуна таркиби зиндае, ки онҳо ба такрористеҳсолкунии организмҳо қобиланд, аз қабили тухмӣ, бехмева, қаламча, гарди гул ва ғайра;

         - беғаразона ворид намудани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ба муҳити зист;

         -ба муҳити зист ва бозор ворид намудани мақсадноки маҳсулоти коркардшуда, ки дорои организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва ё   қисматҳои ғайризиндаи организмҳои зиндаи аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёбанда  дар намуди коркардшуда ё коркарднашуда;

         - ҳамаи намуди тадқиқоти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта, аз ҷумла тадқиқоти лабораторӣ, клиникӣ, саҳроӣ, таҷрибавию саноатӣ;

         - беғаразона ё  ғайриқонунӣ аз сарҳад гузаронидани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта;

-               нигоҳдорӣ, гўронидан, нобуд намудани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда, безараркунии партовҳо, ки натиҷаи истифодаи усулҳои биотехнологияи замонавӣ мебошанд;

-амалиётҳои оид ба воридоту содироти мақсадноки  организмҳои  аз  ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта  ва  маҳсулоти  аз  онҳо  ҳосилшуда.

             Таҳти амали Қонуни мазкур организмҳое, ки бо усули инженерияи генӣ ба даст омада, бо ҳосил намудан, санҷидан ва фурўхтани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта пешбинӣ гардидаанд, маҳсулотҳои тозакардашуда, аз ҷумла доруҳои фармасевтӣ, ки барои инсон ва истифода дар соҳаи байторӣ таъин шудаанд, фаъолият оид ба интиқол, новобаста ба тарзи интиқол, инчунин амалиёт оид ба фурўш ва воридоту содирот, ки бо санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд, қарор намегиранд.

 

         Моддаи 5. Талаботи асосӣ оид ба  муайян намудани дараҷаи хатари воқеӣ

         Вобаста ба дараҷаи хатари воқеӣ барои саломатии инсон ва муҳити зист, ки ҳангоми амалӣ гардидани намудҳои фаъолияте, ки Қонуни мазкур ба танзим медарорад, барои системаҳои маҳдуд  дараҷаҳои зерини хатар муқаррар карда мешаванд:

         - дараҷаи I-ба фаъолияти дорои хатари начандон зиёд, ки бо хатари истифодабарии микроорганизмҳои ғайрипатогенӣ ё бидуни хатар муқоиса мешавад, мутобиқат менамояд;

         - дараҷаи II- ба фаъолияти дорои хатари кам, ки бо хатари истифодабарии микроорганизмҳои шартан патогенӣ (касалиовар) муқоиса мешавад,  мутобиқат менамояд;

         - дараҷаи III- ба фаъолияти дорои хатари мўътадил (миёна), ки бо хатари истифодабарии микроорганизмҳои қобили гузаронидани сироятҳо муқоиса мешавад, мутобиқат менамояд;

         - дараҷаи IV – ба фаъолияти дорои хатари зиёд, ки бо хатари истифодабарии микроорганизмҳои қобили паҳнкунии инфексияҳои махсусан хавфнок муқоиса мешавад, мутобиқат менамояд.

         Намудҳои фаъолияте, ки бо микроорганизмҳо дар системаи маҳдуддар ҳаҷме, ки аз тадқиқоти лабораторӣ зиёд аст ва ҳамчунин дар системаҳои кушода амалӣ карда мешавад, ба дараҷаҳои III ва  IV- и хатар мансуб аст.

         Моддаи 6. Иҷозатномадиҳӣ  (литсензиядиҳӣ) ба фаъолият дар соҳаи бехатарии биологӣ

      (Моддаи 6  хориҷ карда шуд, тибқи Қ ҶТ аз 30.07.07с №330 )

 

 

 

Боби II.  Идоракунии давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии биологӣ

Моддаи  7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба таъмини бехатарии биологӣ

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба таъмини бехатарии биологӣ инҳо мансубанд:

- тасдиқ намудани барномаҳои давлатӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ, маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дар ин соҳа;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба масъалаҳои таъмини бехатарии биологӣ;

- муайян намудани мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ;

- равона кардани сиёсат ба нигоҳдории гуногунии биологӣ чун сарвати миллӣ, ки бехатарии биологии мамлакатро таъмин менамояд;

- таъсис ва тасдиқи Комиссияи миллӣ;

- иҷрои дигар вазифаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи  8. Салоҳияти мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба  таъмини бехатарии биологӣ

Ба салоҳияти мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ инҳо дохил мешаванд:

- амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии биологӣ;

- танзимва ҳамоҳангсозии корҳо оид ба татбиқи стратегия ва нақшаи миллии амалиёт барои нигоҳдории гуногунии биологӣ;

- таҳияи лоиҳаҳо ва ташкили кор оид ба нигоҳдории гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ;

- тартиб додани маърўзаҳо, ҳисобот, шиносномаҳои экологӣ, лоиҳаҳои миллии ҳифзи табиат ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳифзи табиат;

- муайян намудани захираҳои биологӣ;

 - таҳия ва татбиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии байналмилалӣ ва муқаррар кардани равобит бо ташкилотҳои байналмилалӣ;

- иҷрои дигар вазифаҳо мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

 

Боби III. Истифодаи микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати  генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои маҳдуд

Моддаи 9. Ташкили фаъолият ва баҳодиҳии хатар дар системаҳои маҳдуд

         Барои ташкили фаъолият оид  ба истифодаи микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои маҳдуд  истифодабаранда бояд ба ин фаъолият аз нуқтаи назари хатарнокӣ барои саломатии инсон ва муҳити зист баҳо дода, онро ба яке аз дараҷаҳои хатаре, ки дар қисми 1 моддаи5 номбар шудааст, нисбат диҳад ва ба  Комиссияи миллӣ огоҳномаро пешниҳод намояд.

         Ҳангоми баҳодиҳӣ ҷиҳатҳое, ки ба ҷудо кардани партовҳо ва қабули чораҳои зарурӣ барои ҳифзи саломатии инсон ва муҳити зист дахл доранд, махсусан ба назар гирифта мешаванд.

         Баҳодиҳӣ ва дидани чораҳои доир ба муҳофизат, ки дар қисми 1 ҳамин модда  пешбинӣ гардидаанд, бояд давра ба давра, инчунин дар ҳолатҳои зерин аз нав дида шаванд:

         - агар исбот шуда бошад, ки баҳодиҳӣ нодуруст гузаронида шудааст, дар ин ҳолат маълумотҳои нави тадқиқоти илмӣ ё техникӣ ба эътибор гирифта мешавад;

         - ё ин ки дидани чораҳо оид ба ҷудокунӣ комилан мувофиқ нестанд ё дараҷаи муқарраргардидаи хатар барои истифода дар  системаҳои сарбаста тағйир ёфтааст.

 

         Моддаи 10. Ахбороти махфӣ оид ба микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта

         Дар огоҳномае, ки ба  Комиссияи миллӣ дархосткунанда мефиристад, асосҳои заруриро пешниҳод намуда, нишон медиҳад, ки кадом ахборотро ба сифати  ахбори махфӣ баррасӣ намояд.

         Қарор дар бораи махфӣ донистани ахборот аз ҷониби  Комиссияи миллӣ баъди бо дархосткунанда маслиҳат намудан қабул гардида, дар бораи қарори қабулшуда вай огоҳ карда мешавад.

         Ахбороти зерин махфӣ шуморида намешавад:

         - тавсифоти умумии микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта, ном ва суроғаи дархосткунанда,  мақсад ва маҳалли истифодабарӣ;

         - дараҷаи хатаре, ки ба он фаъолият оид ба истифодаи микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои маҳдуд ва чораҳои оид ба ҷудо кардан (изолятсия)марбутдониста мешаванд;

         - хулосае, ки дар натиҷаи омўзиши баҳодии хатар барои саломатии инсон ва муҳити зист пешниҳод карда шудааст;

         - тарзу усулҳо ва нақшаи мониторинг, инчунин чораҳое, ки дар ҳолати садама дида мешаванд.

          Комиссияи миллӣ ҳақ надорад, ки ба тарафи сеюм ягон ахбороти махфӣ донисташударо фош намояд ва ўҳдадор аст ҳуқуқи моликияти зеҳниро, ки бо ахбороти ба дастомада алоқаманд аст, ҳифз кунад.

         Агар дархосткунанда бо ягон сабаб огоҳномаро бозхонд намояд,  Комиссияи миллӣ бояд махфиятро нисбати ахбороти гирифтааш риоя кунад.

 

Моддаи 11. Санҷиши пеш аз истифодабарии микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои маҳдуд

         Комиссияи миллӣ пеш аз истифодабарии микрооганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои маҳдуд месанҷад, ки:

         - оё нақшаи таъҷилӣ барои истифодабарӣ дар системаҳои маҳдуд дар мавриди ғайрисамаранок будани чораҳои оид ба ҷудокунӣ   метавонад оқибатҳои ҷиддии фаврӣ ва минбаъдаро нисбат ба саломатии инсон  ва ё муҳити зист берун аз маҳали ҷойгиршавии дастгоҳ дошта бошад, тайёр карда шудааст;

         - оё дар бораи чунин нақшаҳои таъҷилӣ оид ба ҳатмӣ будани ҳамроҳкунӣ  барои истифодабарии чораҳои бехатарӣ ба мақомоти барои пешгирии садама манфиатдор  ба таври зарурӣ  ахборот пешниҳод намудааст. Ахборот бояд муҳим ва ошкоро бошад.

Комиссияи миллӣ ба мақоми салоҳиятноки дигар мамлакатҳо иттилоотеро,  ки дар қисми 1 ҳамин модда  пешбинӣ шудааст, мутобиқи қоидаҳои  байналмилалии  соҳаи мазкур пешниҳод менамояд.

        

         Моддаи 12. Чораҳои огоҳкунӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ 

         Дар сурати гирифтани ахбороти нав ё ҳангоми тағйир ёфтани шароити истифодабарӣ дар системаҳои маҳдуд, ки он метавонад аз нуқтаи назари хатарҳои эҳтимолӣ оқибатҳои ҷиддӣ дошта бошад, истифодагар ўҳдадор аст дар ин бора фавран ба Комиссияи миллӣ хабар дода, огоҳномаро тағйир диҳад.

         Агар баъди додани иҷозат Комиссияи миллӣ ахборот гирад, ки истифодаи мазкур дар системаҳои маҳдуд  метавонад барои саломатии инсон ва муҳити зист оқибатҳои ҷиддӣ дошта бошад, вай бояд аз истифодагар тағйир додани шароити истифодаро талаб намояд ва агар ин талаб иҷро карда нашавад, барои боздоштан ё манъ кардани фаъолият чораҳо бинад.

 

         Моддаи 13. Ўҳдадории истифодабаранда ҳангоми рўй додани садама

         Дар сурати рўй додани садама истифодабаранда бояд дар ин хусус фавран ба Комиссияи миллӣ хабар дода, ин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намояд:

         - иттилоот дар бораи ҳолатҳои садама;

         - маълумот дар бораи намуд ва миқдори истифодашудаи микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта;

         - ҳар гуна иттилооте, ки барои баҳодиҳии оқибатҳои садама нисбати саломатии инсон ва муҳити зист зарур аст;

         - маълумот дар бораи чораҳои дидашуда.

         Дар сурати рўй додани садама Комиссияи миллӣ:

         - дар ин бора фавран аҳли ҷомеаро хабардор намуда, ба дараҷаи хатари ба амаломада барои саломатии инсон ва муҳити зист баҳо медиҳад ва онро нишон медиҳад;

         - ба садама баҳои пурра дода, дар сурати зарурат барои пешгирии чунин садамаҳо дар оянда, инчунин ба оқибатҳои имконпазири чунин садамаҳо роҳ надодан тавсия медиҳад;

         - андешидани чораҳои зуруриро таъмин менамояд ва аз рўи вазъият ба мақоми  салоҳиятноки  давлате, ки ба чунин садамаҳо дахл карданаш мумкин аст, фавран хабар медиҳад.

 

Боби IV. Ба муҳити зист дохил кардани мақсадноки организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта

 

         Моддаи 14. Тартиби ба муҳити зист дохил кардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта

         Ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пеш аз ба муҳити зист дохил кардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби онҳо ба мақсади тадқиқот, санҷиш, инкишоф ё дигар мақсад, ба истиснои истеҳсолот барои баровардан ба бозор, бояд ба Комиссияи миллӣ огоҳнома пешниҳод намоянд.

         Огоҳнома бояд инҳоро дар  бар гирад:

         - ҷамъи ҳуҷҷатҳои техникӣ бо ахбороти дар Низомнома пешбинишуда барои баҳодиҳии хатарҳои пешбинигардидаи фаврӣ ё минбаъда организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби чунин организмҳо барои саломатии одамон ваё муҳити зист мумкин доштабошанд;

         - баҳои таъсир ва хатар барои саломатии одамон ва ё муҳити зист, ки бинобар ба муҳити зист дохил кардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта  ва ё таркиби чунин организмҳо ба вуҷуд омадааст;

         - ё иттилооте, ки дархосткунанда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ё берун аз он дар бораи натиҷаҳои ворид сохтани чунин организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё чунин таркиби ин  организмҳо гирифтааст ва огоҳнома дар ин бора пештар ё дар худи ҳамон вақт дода шудааст.

         Комиссияи  миллӣ  метавонад иҷозат диҳад, ки  дар ҷои муайян ба муҳити зист ворид сохтани таркиби организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё ҳамон якорганизми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар ҷойҳои гуногун бо ҳамон як мақсад ва дар давраи маҳдуд  дар  як огоҳнома  ба  расмият дароварда шавад.

         Дар сурати минбаъд дохил кардани ҳамон организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё ҳамон таркиби ин организмҳо, ки дар бораи он ҳамчун қисми ҳамон як барномаи тадқиқот (санҷиш) огоҳ карда шуда буд, дархосткунанда бояд огоҳномаи нав пешниҳод намуда, ба он маълумотҳои огоҳномаҳои пештараро ва ё маълумотҳои натиҷаҳои қайдшудаи воридсозиҳои пештараро дохил намояд.

         Дар сурати тағйир ёфтани шароити воридсозии  мақсаднок, ки он барои саломатии одамон ва ё муҳити зист оқибатҳо дошта метавонад ё пайдо шудани ахбороти нав дар бораи хатар дархосткунанда ўҳдадор аст:

- чораҳои дар огоҳнома пешбинишударо аз нав дида барояд;

         - дар ин бора ба Комиссияи миллӣ  хабар диҳад;

         - барои ҳифзи саломатии инсон ва муҳити зист чораҳои зарурӣ бинад.

         Агар иттилоотоид ба оқибатҳои зиёди имконпазири ба муҳити зист ворид сохтани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта баъди гирифтани иҷозати дахлдор аз ҷониби истифодабаранда маълум гардад, Комиссияи миллӣ бояд аз  ў тағйир додани шароити воридсозиро талаб намояд. Дар сурати итоат накардан Комиссияи миллӣ боз доштан ё манъи ин фаъолиятро талаб мекунад.

 

         Моддаи 15. Тартиби дида баромадани дархостҳо

         Дархосткунанда фаъолиятро танҳо баъди гирифтани иҷозат, ки онро Комиссияи миллӣ додааст ва дар сурати риояи шароитҳои муқарраргардидаи он, аз ҷумла оид ба муайян намудани минтақаи бехатарии генетикӣ оғоз карда метавонад. Ҳудудҳои табиӣ, ки давлат ҳифз менамояд (мамнўъгоҳҳо, парваришгоҳҳо, боғҳои миллӣ ва боғҳои ботаникӣ) аз истифода ва паҳн намудани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта озод буда, ҳудудҳои бехатарии генетикӣ мебошанд.

         Агар Комиссияи миллӣ чунин шуморад, ки дархосткунанда таҷрибаи кофии ба муҳити зист дохил кардани организмҳои муайяни  аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфтаро дорад, он гоҳ бо назардошти мувофиқати меъёрҳое, ки дар Низомнома муқаррар шудааст, метавонад татбиқи қоидаҳои одии воридсозиро иҷозат диҳад.

         Иҷозате, ки Комиссияи миллӣ барои ба муҳити зист  ворид сохтани мақсадноки растаниҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфтаро медиҳад, ҳангоми бақайдгирии навъҳо барои санҷиши   арзишҳои агрономӣ ва технологӣ ҳатмӣ буда, онро ба мақсади истеҳсол дар ҷумҳурӣ Комиссияи давлатӣ оид ба санҷиши навъҳои растаниҳо ба амал мебарорад.

         Ҳамаи навъҳое, ки аз организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ба вуҷуд омада, ба шароитҳои санҷиш ба арзишҳои агрономӣ ва технологӣ мувофиқанд, дар феҳристи навъҳои растаниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.

 

Боби V. Ба бозор баровардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ  тағйирёфта ва маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда

Моддаи 16 . Тартиби ба бозор баровардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда

         Ба бозор баровардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда танҳо дар асоси иҷозате,   ки  Комиссияи миллӣ  мутобиқи талаботи боби lV Қонуни мазкур додааст, сурат мегирад.

         Агар фаъолияти оид ба бозор баровардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда амалиёти воридоту содиротро фаро гирад, он таҳти амали моддаҳои  18-24 қарор мегирад.

         Иҷозате, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ гардидааст, танҳо дар сурати иҷрои шартҳои зерин дода мешавад:

         - мутобиқати ин организмҳо  ва маҳсулот ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

         - мутобиқати онҳо ба талаботе, ки ба баҳодиҳии хатарҳо барои саломатии инсон ва муҳити зист мансуб аст.

         Моддаи 17.  Огоҳнома оиди бори нахуст ба бозор баровардани организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта

Пеш аз бори нахуст ба бозор баровардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда истеҳсолкунанда ё аз рўи вазъият воридкунандаба Комиссияи миллӣ огоҳнома пешниҳод менамояд, ки бояд дорои  мазмуни зерин бошад:

         - ахбороти дар назар доштаи  Низомнома, ки дар он аз ҷумла маълумотҳои ба дастовардаи истифодабаранда дар рафти тадқиқот, санҷиш ва инкишоф ифода ёфта, мутобиқи нуқтаҳои боби IVҚонуни мазкур гузаронида шудааст;

         - баҳои хатар барои саломатии одамон ва муҳити зист;

         - шароити ба бозор баровардани маҳсулот, аз ҷумла шароитҳои хоси истифода ва кору амал, инчунин тавсия оид ба борбандӣ ва нишону тамғазанӣ.

         Агар дар асоси натиҷаҳои ягон воридсозӣ ба муҳити зист, ки дар бораи он пештар огоҳ карда буданд ва барои он тибқи талаботи Қонуни мазкур иҷозат гирифта шудааст ё дар асоси натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ дархосткунанда ба хулоса омадааст, ки ба бозор баровардан ва истифода бурдани маҳсулот барои саломатии инсон ва муҳити зист хатар надорад, вай метавонад дар огоҳнома дар бобати татбиқи қоидаҳои оддии иҷозат хоҳиш намояд.

         Дархосткунанда дар огоҳнома маълумотеро, ки дар натиҷаи ба муҳити зист ворид сохтани ҳамин хел организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё   таркиби организмҳои мазкур ба даст овардааст, дохил менамояд, ки дар бораи он вай пештар огоҳнома додааст ё онро дар   саросариҶумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он амалӣ гардондааст.

         Барои ҳар кадом маҳсулоти наве, ки ҳамин хел  организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё ҳамин хел таркиби организмҳои мазкурро дорад, ё аз онҳо ё аз таркиби онҳо иборат буда, вале барои истифодаи дигар таъин шудааст, огоҳномаи алоҳида фиристонида мешавад.

 

Боби VI. Воридоту содироти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ  тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда

 

Моддаи 18. Фаъолияти асосӣ оид ба воридоту содироти организмҳои аз ҷиҳатӣ генетикӣ тағйирёфта ва ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда

Фаъолият оид ба  воридоту содироти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда дар мавридҳое сурат мегирад, ки шартҳои пешниҳоди огоҳнома ва шартҳои иҷозатнома, ки дар моддаҳои 20 ва 21 пешбинӣ гардидаанд, иҷро шуда бошанд, ёталаботи махсус доир ба огоҳнома, мувофиқакунӣ, иҷозатномадиҳӣ, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф  кардааст, иҷро шуда бошанд.

Фаъолият оид ба воридоту содирот бояд ба талаботи зерин ҷавобгў бошад:

- дар сурати зарурат истифода бурдани тартиби ризоияти асосноки пешакии Комиссияи миллӣ мутобиқи моддаи 19  ҳамин Қонун;

- баҳодиҳии хатарҳо мутобиқи талаботи моддаи 23 Қонуни мазкур;

- риояи талабот оид ба тамғаю нишонгузорӣ, интиқол ва кору амал;

- таъмини мубодилаи иттилоот;

- паҳн накардани иттилооти махфӣ ва риояи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ;

- пешгирӣ намудани ҳамлу нақли ғайриқонунӣ, интиқоли беғаразонаи байнисарҳадӣ ва таъмин намудани қабули чораҳои мувофиқ дар ҳолати рўй додани ҳолатҳои фавқулодда.

 

Моддаи 19. Тартиби ризоияти асосноки пешакӣ

Тартиби ризоияти асосноки пешакӣ инҳоро дар бар мегирад:

- муқаррар кардани намудҳои фаъолият, ки нисбати онҳо ин қоидаҳо татбиқ мегарданд;

- огоҳ намудан дар бораи мақсади ба амал баровардани воридоту содирот;

- иҷозат додани фаъолият оидба воридоту содирот;

- дар сурати зарурат аз нав дида баромадани қарори пештар қабулкардаи Комиссияи миллӣ.

Ба тартиби ризоияти асосноки пешакӣ фаъолияти оид ба воридоту содироти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда мансуб аст, ки бо мақсадҳои зерин амалӣ гардонида мешавад:

- истифодаи  онҳодар системаҳои  маҳдуд дар миқёси мамлакат;

-санҷишҳои саҳроӣ дар  саросари мамлакат;

- ғаразнок ворид намудани онҳо ба муҳити зист ва ба бозор баровардан.

 

Моддаи 20. Огоҳсозии Комиссияи миллӣ

Воридкунандагон пеш аз амалӣ сохтани воридоти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда ўҳдадоранд дар ин бора Комиссияи миллиро огоҳ намоянд.

Комиссияи миллӣ тартиби пешниҳоди огоҳномаро муқаррар намуда, онро ба маълумоти тарафҳои манфиатдор мерасонад.

Дархосткунанда барои дуруст будани ахбороте, ки ба Комиссияи миллӣ мувофиқи дархости он ба тариқи огоҳнома ё бо дигар роҳ пешниҳод намудааст, масъул аст.

Комиссияи миллӣ дар мўҳлати 90 рўзи қабули огоҳнома ба дархосткунанда дар бораи қабули он дар шакли хаттӣ тасдиқнома ирсол менамояд.

 

Моддаи 21. Қарори Комиссияи миллӣ оид ба додани иҷозат ба воридот

Қарори Комиссияи миллӣ оид ба додани иҷозат ба воридот ба талаботи моддаи 18 ҳамин Қонун,  аз ҷумла  ба  маълумотҳои баҳодиҳии  хатарҳо асос карда мешавад.

Комиссияи миллӣ дар мўҳлати пешбининамудаи қисми 4 моддаи 20ҳамин Қонун  бояд дархосткунандаро  огоҳ намояд, ки:

- воридот мумкин аст бе додани иҷозат бо нишон додани шартҳои он амалӣ гардонида шавад,  ё 

- воридот мумкин аст танҳо дар асоси иҷозатномае, ки Комиссияи миллӣ додааст, амалӣ гардонида шавад.

Комиссияи миллӣ дар мўҳлати  90 рўз баъди тасдиқи қабули огоҳнома яке аз ин қарорҳоро қабул мекунад:

- ба амалӣ гардонидани воридот  бо шартҳо ё бидуни онҳо бо возеҳ кардани он, ки онҳо барои воридоти минбаъдаи ҳамон организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз он ҳосилшуда чи тавр татбиқ карда мешавад, иҷозат диҳад;

- воридотро манъ намояд;

- мутобиқи Низомнома пешниҳоди иттилоотииловагиро талаб намояд;

- мўҳлати қабули қарорро дар даврае, ки барои баҳодиҳии  иттилооти иловагии аз дархосткунанда ё дигар манъбаҳо қабулгардида зарур аст, дароз намояд.

 

Моддаи 22. Аз нав дида баромадани қарори Комиссияи  миллӣ

Комиссияи миллӣ қарореро, ки мутобиқи моддаи 21 қабул намудааст, метавонад аз нав дида барояд ва дар асоси  иттилооти нави илмӣ дар бораи таъсири зарарноки маҳсулот ба саломатии одамон ва ё муҳити зист онро тағйир диҳад. Дар чунин ҳолатҳо Комиссияи миллӣ ба дархосткунанда фавран дар бораи қарори худ, инчунин дар бораи сабабҳое, ки боиси рад ё тағйирот гардидааст, хабар медиҳад.

Дархосткунанда метавонад аз Комиссияи миллӣ бо роҳи ирсоли огоҳнома аз нав дида баромадани қарореро, ки мутобиқи моддаи 20 Қонунимазкур  қабул шудааст, талаб намояд, агар чунин шуморад, ки:

- вазъияти муайянкунандаи натиҷаи баҳодиҳии хатарҳо, ки дар қабули қарор асос ёфта буд, тағйир ёфтааст;

- вай дорои ахбороти иловагии техникӣ ва илмӣ мебошад, ё исботи он мавҷуд аст, ки қарор  азҷиҳатиилмӣ  асоснок набуд;

- Комиссияи миллӣ ўҳдадор аст қарорро аз рўи огоҳномае, ки тибқи далелҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳаминмодда дода шудааст, қабул намояд ва дар ин бора ба дархосткунанда хабар диҳад.

 

Моддаи 23. Баҳодиҳии  хатарҳо

Баҳодиҳии хатарҳо бояд дар асоси принсипҳои илмӣ ва транспарентнокӣ бо назардошти талаботи Низомнома ва бо истифодаи усулҳои дахлдори баҳодиҳии хатарҳо сурат гирад. Мақсади баҳодиҳӣ ошкор ва муайян намудани таъсири манфии организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда ба саломатии одамон ва муҳити зист бо назардошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ  мебошад.

Комиссияи миллӣ ҳал менамояд, ки баҳодиҳиро ба хатарҳо кадом мақомоти салоҳиятдор ё муассисаҳои илмӣ ба амал мебарорад.

Комиссияи миллӣ ўҳдадор аст тасдиқ намояд, ки баҳодиҳии хатарҳо гузаронида шудааст ва дар асоси он мутобиқи моддаи 21 ҳамин Қонунқарор қабул кардан мумкин аст.

Комиссияи миллӣ оид ба баҳодиҳии хатарҳо, ки вобаста ба микроорганизмҳо ва дар баъзе ҳолатҳо дигар организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои  маҳдуд гузаронида шудааст, масъул аст.

Хароҷоти молиявӣ барои гузаронидани баҳодиҳии хатарҳо аз ҳисоби дархосткунанда сурат мегирад.

 

 Моддаи 24. Оид ба банду баст ва  интиқоли  организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта

Воридкунанда пеш аз амалӣ намудани воридот бояд тасдиқ намояд, ки содиркунандаи организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда инҳоро таъмин мекунад:

-бандубаст кардан, индентификатсия, ҳаммонандсозӣ, тамғазанӣ ва интиқолро ба дараҷае, ки гузаронидани  ин амалиёт ҷиҳати  содирот мувофиқ аст;

- иҷрои дигар шартҳое, ки  Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст.

Воридкунандаўҳдадор аст мутобиқати ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ ирсолшавандаро ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон вамуқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ доир ба интиқоли байнисарҳадии организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва маҳсулоти аз онҳо ҳосилшударо таъмин  намояд.

 

Моддаи 25. Чорабиниҳо дар ҳолати ғайриқонунӣ кашонидани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта

Дар ҳолати ғайриқонунӣ кашондани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда мақоми  махсуси ваколатдори  давлатӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ ҳақ дорад аз мамлакати содирот баргардонидан ё нобуд сохтани онҳоро аз ҳисоби худ мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, талаб  кунад.

Оид ба ҳодисаҳои ғайриқонунӣ кашондани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба мақомоти салоҳиятноки байналмилалӣ хабар дода мешавад.

Дар сурати интиқоли байнисарҳадии беғаразонаи организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда мақоми махсуси ваколатдори  давлатӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ барои огоҳсозӣ, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ пешбинӣ кардааст, инчунин барои хориҷ намудани ҳар гуна хатарҳо барои саломатии одамон ва муҳити зист чораҳо меандешад.

Комиссияи миллӣ ахборотро дар бораи чораҳои роҳ надодани вазъияте, ки метавонад ҳангоми интиқоли байнисарҳадии беғаразонаи организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва ё маҳсулоти аз онҳо ҳосил шуда ба амал ояд, ба маълумоти аҳли ҷомеа мерасонад.

 

Моддаи 26. Тартиби огоҳонидани  аҳли ҷомеа дар сурати ворид намудани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта

Тартиби додани иҷозат барои ба муҳити зист ва бозор  ворид  намудани мақсадноки организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда ошкоро мебошад. Транспарентнокии фаъолияте, ки нисбати он иҷозат пурсида мешавад, аз ҷониби Комиссияи миллӣ таъмин мегардад.

Комиссияи миллӣ бояд дар мўҳлати 10 рўзи гирифтани огоҳнома дар ин бора ба аҳли ҷомеа бо нишон додани тарзи ба даст овардани маълумот хабар диҳад.

Тавзеҳоти аҳли ҷомеа дар давоми 30 рўзи огоҳ сохтани он қабулгардида, ҳангоми қабули қарор оид ба додани иҷозати намуди дархостшавандаи фаъолият Комиссияи миллӣ онро ба эътибор мегирад. Вобаста ба тавзеҳоти воридшуда мумкин аст муҳокимаҳои оммавии ҳар ҷиҳати проблемаи баррасишаванда ташкил карда шаванд.

Комиссияи миллӣ иштироки аҳли ҷомеаро дар қабули қарорҳо оид  ба додани иҷозат ба намудҳои фаъолияте, ки Қонуни мазкур танзим менамояд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, таъмин мекунад.

 

Боби VII. Муқаррароти хотимавӣ

 

Моддаи 27. Тартиби ҳалли баҳсҳо оид ба масъалаҳои бехатарии биологӣ

Баҳсҳо оид ба масъалаҳои бехатарии биологӣ ва баҳсҳои ба он алоқаманди молумулкӣ аз тариқи суд ҳал карда мешаванд.

 

   Моддаи 28. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 29. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

         Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                    Э.Раҳмонов

 

              ш. Душанбе  1 марти соли 2005

              № 88                                          _______________________

 

 

Читать далее

Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон

КОДЕКСИ ҶАНГАЛИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон соли 1993, №13, мод. 243; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997, № 9, мод. 117)

 

Кодекси мазкур муносибатҳои ҷангалдориро танзим менамояд ва мақсад аз он фароҳам овардани шароити истифодаи оқилонаи ҷангал, ҳифзи он нигаҳдорӣ ва беҳ гардонидани  муҳити  табиат, истеҳсоли маҳсулоти ҷангал ва кишоварзӣ мебошад.

 

ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

БОБИ  I. ҚОИДАҲОИ  АСОСӢ

 

Моддаи  1. Қонунгузорӣ оид ба ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои ҷангалдориро ҳамин Кодекс ва ҳуҷҷатҳои дигари қонунгузории ҷумҳурӣ оид ба ҷангалдорӣ танзим мекунанд.

Сарватҳои замин, об ва кӯҳҳо, ҳамчунин муноcибатҳои истифодаю ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва ҳаво тавассути қонунҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мешаванд.

 

Моддии 2. Моликияти ҷангал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷангал моликияти давлатӣ-сарвати умумии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

Моддаи 3. Фонди ягонаи давлатии ҷангал

Тамоми  ҷангали  Чумхурии   Точикистон   фонди   ягонаи   давлатии ҷангалро ташкил медихад.

Фонди ягонаи давлатии ҷангал аз инҳо иборат аст:

1) ҷангалҳои дорои аҳамияти давлатӣ, яъне ҷангалҳои мутааллиқи мақомоти давлатии хоҷагии ҷангал, ҷангалҳои шаҳр, ҷангалҳои вобасташуда, парваришгоҳҳо ва ҷангалҳои мамнуъгоҳҳо;

2) ҷангалзори колхозҳо, яъне ҷангалзори қаламрави колхозҳо, ки барои истифодаи бемӯҳлат дода шудааст.

 

Моддаи 4. Замини фонди давлатии ҷангал

Заминҳои ҷангалдор ва ҳамчунин беҷангале, ки барои эҳтиёҷоти хоҷагии ҷангал вогузошта шудаанд, фонди давлатии ҷангал ба ҳисоб мераванд.

Ҳуқуқи истифодаи замини фонди давлатии ҷангалро санади давлатӣ барои гирифтани ҳуқуқи истифодаи бемӯҳлати замин тасдиқ менамояд.

 

Моддаи 5. Таркиби заминҳои фонди давлатии ҷангал

Ба таркиби заминҳои фонди давлатии ҷангал инҳо дохил мешаванд: майдонҳои дарахтдор - ҷангалзори сердарахт, сирак, ниҳолпарварӣ, ҷангалзори камдарахт, минтақаҳои дарахтонашон сӯхта, бурида, марщзор; майдонҳои бедарахт – киштзорҳо, ҷойҳои алафдаравӣ, чарогоҳҳо, кӯлу дараҳо, бощу токзорҳо, роҳу пайроҳаҳо, работҳо, ботлоқу регзорҳо, пиряҳо.

 

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои  ҷангалдорӣ

Дар соҳаи танзими муносибатҳои ҷангалдорӣ корҳои зайл ба ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шудаанд:

1)  идораи фонди ягонаи давлатии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) тартиб ва такмил додани қонунҳои оид ба ҷангал ва пешниҳод кардани онҳо ба Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3) муқаррар кардани тартиб ва пули истифодаи ҷангал, ҳамчунин имтиёзҳои пардохт, ташкили фондҳои ҳифз ва таҷдиди ҷангал;

4) муқаррар кардани мизону шохисҳои (нормативҳои) истифодаи ҷангал, тасдиқи қоидаҳои истифода, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал;

5) тартиб додан ва амалӣ гардонидани барномаҳои истифодаи оқилонаи ҷангал, зиёд кардани самараи он, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал якҷоя бо тадбирҳои дигари муҳофизати табиат;

6) таҳти назорати давлат қарор додани ҳолат, вазъият, истифо­да, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал, ҳамчунин танзими муноси­батҳои ҷангалдорӣ аз рӯи масъалаҳои дигар;

7) ташкили ҳисобрасии давлатии фонди ҷангали кадастри дав­латии ҷангал ва мониторинги ҷангал;

8) муқаррар кардани ҳудуди замини фонди давлатии ҷангал, ҳудуди фонди ҷангали реҷими махсуси ҳуқуқӣ;

9) танзими масъалаҳои дигари истифодаи оқилона, таҷдид, ни­гаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал дар асоси қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон;

10) тарҳрезии тараққии хоҷагии ҷангал, татбиқи тадбирҳои  ни­гаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал, сӯхторнишонӣ ва масъалаҳои дигари бахши нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал.

 

Моддаи 7. Салоҳияти мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо) дар соҳаи танзими муносибатҳои ҷангалдорӣ

Дар соҳаи танзими муносибатҳои ҷангалдорӣ иҷрои корҳои зайл дар ихтиёри маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо) мебошад:

Тарҳрезии тараққиёти хоҷагии ҷангал, ба амал баровардани тадбирҳои нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал, сӯхторнишонӣ ва масъалаҳои дигари таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал, ҳуҷҷатҳои вайрон кардани қоидаҳои истифодаи ҷангалро баррасӣ намудани комиссияи маъмурию ҳуқуқӣ.

 

БОБИ II.  ИДОРАИ ДАВЛАТИИ СОҲАИ МУНОСИБАТҲОИ ҶАНГАЛДОРӢ

 

Моддаи 8.   Идораи давлатии соҳаи истифода, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал

Идораи давлатии соҳаи истифода, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти давлатии хоҷагии ҷангал ва мақомоти дигари давлатӣ мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИИХҶ «Тоҷикҷангал») ва мақомоти маҳалии он мақомоти давлатии хоҷагии ҷангал мебошанд.

 

Моддаи 9. Назорати  давлатии  ҳолату  вазъият,  истифода,  таҷ­дид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал

Мувофиқи назорати давлатии ҳолату вазъият, истифода, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал ҳамаи корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои давлатӣ, кооперативӣ, ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон бояд талабҳои қонуни ҷангал, ҳамчунин қоидаю меъёрҳои дигари истифода, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангалро, ки қонуни ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, риоя кунанд.

Назорати давлатии ҳолату вазъият, истифода, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал аз тарафи мақомоти давлатии хоҷагии ҷангал ва маҷлиси маҳаллии вакилони халқ сурат мегирад.

Тартиби назорати давлатии ҳолату вазъият, истифода, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 10. Мониторинги ҷангал

Мониторинги ҷангал иборат аз низоми ягонаи мушоҳида, арзёбӣ ва пешгӯии ҳолату вазъият ва ҷараёни фонди ҷангал ба манзури истифодаю таҷдид, нигаҳдориву ҳифзи самарабахши ҷангал мебошад. Сохтор, мазмун ва тартиби татбиқи мониторинги ҷангалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

БОБИ  III.  ҲУҚУҚУ  ВАЗИФАҲОИ  МАҚОМОТИ ДАВЛАТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

 

Моддаи 11. Ҳуқуқҳои мақомоти давлатии хоҷагии ҷангал

Мақомоти давлатии хоҷагии ҷангал ҳуқуқ доранд:

аз ҷангал истифода кунанд ва корҳои дигари хоҷагии марбути онро дар ҳудуди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оранд;

роҳ, анборҳои хоҷагии ҷангал, марказҳои зидди сӯхтор ва маводи кимёвӣ, манзил ва биноҳои хоҷагӣ, анборҳои ҳифз ва коркарди ибтидоии ашёи хом ва иншоотҳои дигаре созанд, ки дар асоси Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идораи хоҷагии ҷангал ва ис­тифодаи ҷангал заруранд;

қитъаҳои дарахтнадоштаи заминро барои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ истифода намоянд;

ба манзури истифодаи ҷангал ва иҷрои корҳои дигари хоҷагии марбути он барои   корхона, муассисаю  ташкилотҳо ва шаҳрвандон қитъаҳои фонди ҷангал ҷудо карда, ба онҳо иҷозатномаҳои (ордерҳои) ҷангалбурӣ ва ё иҷозатномаҳои истифодаи ҷангал диҳанд.

Барои пӯшонидани хароҷоти вобаста бо ҳифзу барқарор сохтани ҷангал ва додани товони зараре, ки ба набототу ҳайвонот расонида шудааст, сметаи хоҷагии ҷангал тартиб дода мешавад.

 

Моддаи 12. Вазифаҳои мақомоти давлатии хоҷагии ҷангал

Мақомоти давлатии хоҷагии ҷангал вазифадоранд:

ҷангалро таҷдиду нигаҳдорӣ ва муҳофизат намоянд, ҳолати санитариашро беҳ созанд, нигоҳубин кунанд, маҳсулоти онро афзун ва заминашро ҳосилхез гардонанд, истифода ва ҳисобрасии онро ба роҳ монанд ва дигар вазифаҳои идораи хоҷагии ҷангалро ба ҷо оваранд;

чўб ва захираҳои дигари набототи ҷангал ва хосиятҳои муфиди табиии онро дар ҳудуди меъёрҳои асосноки илмӣ ва тавсияҳои асноди сохти ҷангал истифода намоянд;

аз рӯи усулҳое кор кунанд, ки ба нигоҳ доштани вазифаҳои ташкилу ҳифзи муҳит, ҳамчунин шароити гуворои сари вақт барқарор намудани дарахтзор, маводи дорубоб, озуқа ва техникӣ мусоидат менамоянд, талабҳои дигари истифодаи оқилона, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангалро, ки ҳамин Кодекс, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳам­чунин қоидаю меъёрҳо пешбинӣ кардаанд, ба ҷо оваранд.

 

Моддаи 13. Ҳифзи ҳуқуқҳои мақомоти хоҷагии ҷангал

Дахолати ташкилотҳои хоҷагӣ ва ташкилотҳои дигар, ҳамчунин шаҳрвандони ҷудогона ба фаъолияти мақомоти хоҷагии ҷангал манъ аст, ба истиснои ҳодисаҳое, ки мақомоти хоҷагии ҷангал талабҳои Кодекси мазкур, Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои ди­гари ҷумҳуриро риоя намекунанд.

 

Моддаи 14. Қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи ҷангал

Ҳуқуқи истифодаи ҷангал дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

1) ихтиёран даст кашидан аз истифодаи ҷангал;

2)  анҷоми эҳтиёҷоти истифодаи ҷангал;

3)  анҷоми мӯҳлати ҳуқуқи истифодаи ҷангал;

4) барҳам хурдани корхонаю муассиса ва ё ташкилотҳое, ки аз ҷангал истифода мекунанд;

5) мувофиқи тартиби муқарраршуда барои эҳтиёҷоти дигари давлатӣ ва ҷамъиятӣ гирифтани замини фонди давлатӣ ва ё заминҳои дигар;

6)  истифодаи ҷангал хилофи мақсад ва ё талабҳое, ки дар иҷозатномаи (ордери)   дарахтбурӣ  ва  ё  иҷозатномаи истифодаи ҷангал пешбинӣ шудаанд;

7) риоя накардани тартибу қоидаҳои истифодаи ҷангал, ҳамчунин тарзҳои мамнӯъи истифодаи ҷангал;

8) истифодаи усулҳое, ки ба вазъ ва таҷдиди ҷангал ва иншооти дигари табиӣ таъсири манфӣ расонда, вазифаҳои экологии ҷангалро коҳиш дода, боиси эрозияи хок мегардад;

9) дар мӯҳлати муқарраршуда напардохтани ҳаққи истифодаи ҷангал;

10)  бас ва қатъ кардани шартномаи иҷораи ҷангал.

Тартиби қатъ намудани ҳуқуқи истифодаи ҷангалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

 

БОБИ IV. ИДОРАИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

 

Моддаи 15. Идораи хоҷагии ҷангал дар ҷангалҳои дорои аҳамияти давлатӣ

Идораи хоҷагии ҷангал дар ҷангалҳои дорои аҳамияти давлатӣ ба зиммаи инҳо гузошта мешавад:

ба корхонаҳои хоҷагии ҷангали мақомоти давлатии хоҷагии ҷангал (щайр аз ҷангалҳои шаҳрӣ, ҷангалҳои вобасташуда ва ҷангалҳои мамнуъгоҳҳо);

дар ҷангалҳои шаҳрӣ ба корхонаҳои хоҷагии ҷангал ва корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳои дигари мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо). Хоҷагии ҷангалро дар ҷангалҳои шаҳрӣ метавон якҷоя бо корхонаҳои хоҷагии ҷангали мақомоти дав­латии хоҷагии ҷангал идора кард;

Дар ҷангалҳои вобасташуда ба корхонаҳои хоҷагии ҷангал ва корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳои дигаре, ки ин ҷангалҳо ба онҳо вобаста карда шудаанд;

дар ҷангалҳои мамнӯъгоҳҳо - ба зиммаи мамнӯъгоҳҳо.

 

Моддаи 16. Идораи хоҷагии ҷангал дар ҷангалҳои колхозу кооперативҳо ва ҷангалҳои ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ

Хоҷагии ҷангал дар заминҳои ба колхозу кооперативҳо, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва хоҷагиҳои деҳқонон додашуда тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон идора карда мешавад.

 

БОБИ V. БА ГУРӯҲҲО ТАҚСИМ КАРДАНИ ҶАНГАЛҲО

 

Моддаи 17. Ба гурӯҳҳо дохил кардани ҷангалҳо

Бо назардошти он ки ҷангалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷинсҳои пурарзиши дарахту бутаҳо иборат буда, барои хоҷагии халқ аҳамияти зиёд доранд, онҳо ба ҷангалҳои гурӯҳи якум дохил мешаванд.

 

Моддаи 18. Категорияҳои муҳофизати ҷангал

Ҷангалҳо дар асоси иҷрои вазифаҳои муҳофизатиашон ба ҷангалҳои зидди фарсоиш, муҳофизати киштзор, қитъаҳои муҳофизатии қадқади роҳҳои оҳан ва автомобилгарди давлатӣ, ҷангалҳои минтақаи ҳифзи санитарии манбаъҳои обгирӣ ва ҳавзаҳои ҳифзи санитарии курортҳо тақсим мешаванд.

 

Моддаи 19. Муайян кардани ҳудуди гурӯҳу категорияҳои муҳо­физати фонди давлатии ҷангал

Ба андозаи ба гурӯҳу категорияҳои муайяни муҳофизати дохил кардани ҷангалҳо ҳудуди онҳо муқаррар карда мешавад.

Тартиби муайян кардани ҳудуди гурӯҳу категорияҳои муҳофиза­тии ҷангалҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

БОБИ VI.  БА ҲИСОБИ  МАЙДОНИ БЕҶАНГАЛ ГУЗАРОНИДАНИ МАЙДОНҲОИ   ҶАНГАЛДОР

 

Моддаи 20. Тартиби ба ҳисоби майдонҳои беҷангал гузаронидани майдонҳои ҷангалдор

Майдонҳои ҷангалдорро ба ҳисоби майдони беҷангал ҷиҳати ис­тифода ба мақсадҳои новобаста бо идораи хоҷагии ҷангал ва истифодаи онҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад.

 

Моддаи 21. Мусодираи қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти давлат ва ҷамъият

Қитъаҳои замини ҷангалдор барои эҳтиёҷоти давлат ва ҷамъият бо тартиби муқарраркардаи Кодекси оид ба замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира карда мешавад.

 

Фасли II.  ИСТИФОДАИ ҶАНГАЛ

 

БОБИ VII.  ИСТИФОДАКУНАНДАГОНИ ҶАНГАЛ

 

Моддаи 22. Истифодакунандагони ҷангал

Корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои дигари давлатию кооперативӣ, ҳамчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд истифодакунандагони ҷангал бошанд.

Ҷангал мувофиқи тартиби муқарраркардаи ҳамин Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода карда мешавад.

 

Моддаи 23. Иҷораи қитъаҳои ҷангал

Қитъаҳои ҷангал аз рӯи шартҳои иҷора барои истифодаи муваққатӣ дода мешаванд.

Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИИХҶ «Тоҷикҷангал») иҷорадиҳандаи қитъаҳои ҷангал мебошад.

Шахсиятҳои ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳои муштарак, иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ мета­вонанд бо иштироки шахсиятҳои ҳуқуқии хориҷӣ, ҳамчунин давлатҳои хориҷӣ, шаҳрвандон ва шахсиятҳои ҳуқуқии хориҷӣ иҷорагирандагони қитъаҳои ҷангал бошанд.

Шартҳои иҷора ва ҳаҷми иҷорапулӣ мувофиқи созиши тарафҳо муайян намуда, дар шартнома тазаккур дода мешавад. Иҷорапулӣ дар асоси ҳаҷми (андозаи) дар шартнома пешбинишудаи истифодаи ҷангал бо назардошти нархи роиҷи маҳсулоти ҷангал, хизматрасонӣ, сифат ва арзонии захираҳои ҷангал муқаррар карда мешавад. Иҷорапулии ҳар беҳдарахт ва захираҳои дигари ҷангал аз нархи роиҷ камтар муқаррар карда намешавад. Иҷоракор ҳуқуқ дорад, ки баъди анҷоми мӯҳлати эътибори шартнома онро дароз кунад.

Муносибатҳоро дар мавриди иҷора гирифтани қитъаҳои ҷангал ҳамин Кодекс, Кодекси оид ба замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷоракорӣ ва ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси онҳо интишор мешаванд, танзим мекунанд.

 

Моддаи 24. Тарз ва мӯҳлати истифодаи ҷангал

Ҷангал ҳамчунин заминҳои фонди давлатии ҷангалро бо риояи талабу шартҳои пешбинӣ кардаи қонунҳо ба мақсадҳои зерин исти­фода кардан мумкин аст:

1) таҳияи чӯб;

2) таҳияи самщи писта;      

3) таҳияи   масолеҳи  дуюмдараҷаи  ҷангал (кунда, пӯсти  дарахт ва щайра) ;

4) истифодаи иловагии ҷангалзор - алафдаравӣ, чорвочаронӣ, ҷойгир кардани қуттиҳои занбӯри асал, таҳияи шираи дарахтон, тайёр кардан ва ҷамъ овардани меваи худрӯи, чормащз, занбӯрущ, гиёҳҳои шифобахш ва маводи хоми техникӣ;

алафи заминҳои хоҷагии кишлоқ, ки ба заминҳои фонди давлатии ҷангал дохиланд, мувофиқи талабҳои Қонун оид ба замини Ҷумҳурии Тоҷикистон даравида, чорво ҳам тибқи талабҳои Конуни мазкур дар ин заминҳо чаронида мешавад;

5) тадқиқоти илмӣ;

6)  маданию солимгардонӣ;

7)  шикор. 

Мӯҳлати  истифодаи  ҷангалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 25. Меъёрҳои истифодаи ҷангал

Ҷангалҳо аз рӯи меъёрҳои асосноки илмӣ, ки бо ҳуҷҷатҳои сохтмони ҷангал, тафтишот ва муоинаи фонди ҷангал муайян мешаванд, мавриди истифода қарор мегиранд.

Меъёри ҳарсолаи истифодаи ҷузъии дарахтони ҷангал (дарахтбурӣ ба манзури нигоҳубини ҷангал, дарахтбурӣ ба нияти поккории ҷангал ва дарахтбурӣ ба мақсади нав кардани дарахтоне, ки аз нигоҳу хоҷагӣ  камарзишанд) бо назардошти мавҷуд будани дарахтоне муқаррар мешавад, ки ба беҳсозии ҷинсу сифат зарурат доранд.

Тартиби муайян ва тасдиқ кардани ҳуҷҷатҳои ҷудо кардани қитъаҳои ҷангал, меъёрҳои истифодаи ҷузъии дарахтони ҷангал ва тарзи дигари истифодаи ҷангалро мақомоти хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.

 

БОБИ VIII. ДОДАНИ ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАИ ҶАНГАЛ

 

Моддаи 26. Додани қитъаҳои ҷангал

Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он ба манзури таҳияи чӯб ва масолеҳи дуюмда­раҷаи ҷангал, алафдаравӣ, чорвочаронӣ ва тарзи дигари истифодаи ҷангал қитъаҳои ҷангалро мувофиқи тартиби муқарраршуда ба корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо, ҳамчунин ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳанд.

 

Моддаи 27. Муқаррар намудани ҳуқуқи истифодаи ҷангал

Истифодаи ҷангал фақат бо иҷозатномаи махсус - аз рӯи билети (ордери) дарахтбурӣ ва ё билети истифодаи ҷангал мумкин аст, ки шакли онҳо мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Билети (ордери) дарахтбурӣ ва ё билети истифодаи ҷангалро мақомоти хоҷагии ҷангал дода ва он ба кор фармудани қитъаи фонди ҷангале ҳуқуқ медиҳад, ки барои истифодаи ҷангал зарур аст. Истифодабарандагони ҷангал ҳуқуқи истифодаи фақат ҳамон майдонҳоеро доранд, ки барояшон ба онҳо билети (ордери) дарахтбурӣ ва ё билети истифодаи ҷангал дода шудааст.

 

Моддаи 28. Тартиби додани ҳуқуқи истифодаи ҷангал

Тартиби додани ҳуқуқи истифодаи ҷангалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

БОБИ  IХ. ЧӯБТАЙЁРКУНӢ

 

Моддаи 29. Тарзу усулҳои дарахтбурӣ ҳангоми чӯбтайёркунӣ

Чӯб ҳангоми дарахтбурии истифодаи ҷузъии ҷангал вобаста ба вазъу сифати он дар ҳудуди нақшаҳои муқарраршуда тайёр карда мешавад.

Дар баробари ин дарахтон ба манзури нигоҳубини ҷангал, беҳдошти он бурида мешаванд.

Дар ҷангалҳои қӯруқ, бощҳои миллӣ ва табиӣ, қитъаҳои қуруқи ҷангал, ҷангалҳои  дорои  аҳамияти илмӣ  ва таърихӣ, ёдгориҳои табиат, бешаборҳо, чормащззорҳо, ҷангали дарахтони   мева, ҷангалҳои шаҳрӣ, қисматҳои бешабощҳои минтақаи сабз, дар ҷангалҳои минтақаҳои якум ва дуюми ҳифзи санитарии манбаъҳои обгирӣ ва ҷангалҳои минтақаҳои якум ва дуюми ҳавзаҳои ҳифзи санитарии курортҳо, минтақаҳои давлатии дарахтони муҳофизатӣ ҷангалҳои    пешгирии фарсоиши хок, дар минтақаҳои мамнӯъи ҷангал, ки ҷои тухмгузории ҷинсҳои   пурқимати моҳии сайдшавандаро муҳофизат мекунанд ва дар ҷангалҳои хусусан пурқимат дарахтон фақат ба мақсади нигоҳубини ҷангал, беҳтар сохтани ҳолати санитарии он ва ба манзури таҷдиди ниҳолҳои камарзиш, ки вазифаҳои муҳофизатӣ, обнигаҳдорӣ ва вазифаҳои дигари экологиро гум мекунанд, бурида мешаванд.

Дар ҷангалҳои кӯҳсор чунин усулҳои дарахтбурӣ ба  кор бурда мешаванд, ки аҳамияти махсуси муҳофизатӣ, пешгирии фарсоиши хок ва танзими оби ин ҷангалҳоро ба назар мегиранд.

 

Моддаи 30. Муқаррар кардани тартиби чӯбтайёркунӣ

Тартиби чӯбтайёркуниро Иттиҳодияи  истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он муқаррар мекунанд.

Қоидаҳои  дарахтбуриро  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 31. Муайян кардани миқдори чӯбтайёркунӣ ҳангоми қисман буридани дарахтон ва ба мақсадҳои дигар буридани дарахтон

Миқдори тайёр кардани чӯб ҳангоми қисман буридани дарахтон бо назардошти меъёрҳои  муқарраршудаи дарахтбурӣ ҷиҳати нигоҳубини ҷангал барои беҳтар сохтани таркиби ҷинс ва сифати ҷангал, ҳаҷми зарурии дарахтбурӣ ба мақсади нав кардани ниҳолҳои аз нигоҳи хоҷагӣ камарзиши ҷангал, вале миқдори тайёр кардани чӯб ҳангоми дарахтбурӣ барои мақсадҳои дигар, яъне ҳаҷми поккории ҷангал, аз байни ҷангал кӯшодани роҳ ва щайра муайян карда мешавад.

 

Моддаи 32. Додани дарахтон

Дарахтони ҷангал бо нархи муқарраршуда фурӯхта мешаванд. Дарахтони ҷангали   колхозҳоро барои эҳтиёҷоти хоҷагии ҷамъиятиашон бепул медиҳанд.

Корхона, муассисаю ташкилотҳои идораи хоҷагии ҷангал барои чӯби зарурати иҷрои тадбирҳои нигоҳубини ҷангал ва тадбирҳои дигари хоҷагии ҷангал пул намедиҳанд.

Тартиби додани пули дарахт, нархи он, дар мавридҳои ҷудогона аз пардохти пули дарахт қисман ва ё пурра озод сохтани  корхона, муассисаю ташкилотҳои давлатӣ, кооперативӣ, ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

БОБИ Х. ТАРЗҲОИ ДИГАРИ ИСТИФОДАИ ҶАНГАЛ

 

Моддаи 33. Идораи шикоргоҳ

Ҳангоми истифодаи ҷангал барои эҳтиёҷоти шикоргоҳ ба ҷангал набояд зарар расад.

Дар вақти истифодаи ҷангал ва андешидани тадбирҳои хоҷагии ҷангал бояд зарурати таъмини шароити мусоиди зиндагии ҳайвоноти ваҳшӣ ба назар гирифта шавад.

Ташкилотҳои давлатӣ, кооперативӣ ва ҷамъиятӣ ки дар ҷангал ба онҳо шикоргоҳҳо вобаста карда шудаанд, оиди идораи шикоргоҳҳо бо тартиби муқарраркардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешанд.

 

Моддаи 34. Алафдаравӣ ва чорвочаронӣ

Алафдаравӣ ва чорвочаронӣ дар ҷангал ва заминҳои бедарахти фонди давлатии ҷангалзор, ки аз ин ба хоҷагии ҷангал метавонад зарар расад, манъ аст.

Майдонҳои алафдаравӣ ва чорвочарониро мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон   корхона, муассисаю ташкилотҳое, ки хоҷагии ҷангалро идора мекунанд, муқаррар менамоянд.

Дар ҷангалҳои дорои аҳамияти давлатӣ алафзору чарогоҳҳое, ки барои эҳтиёҷоти хоҷагии ҷангал истифода намешаванд, барои истифо­даи муваққатӣ ба колхозу совхозҳо, корхона, муассисаю ташкилотҳои дигар ва шаҳрвандон дода мешаванд, ба шарте ки ин тарзи истифода ба манфиати хоҷагии ҷангал мувофиқ бошад. Алафзору чарощоҳҳо бо риояи қонунҳои оид ба замин вогузор мешаванд.

Бузчаронӣ дар ҷангал, манъ аст. Ба тариқи истисно дар қитъаҳои махсус, ки атрофи онҳоро соҳибони чорво тавора гирифтаанд, ба бузчаронӣ иҷоза дода мешаванд.

Барои истифодаи мӯҳлатнок ба колхозҳо, совхозҳо, хоҷагиҳои дигари давлатӣ, кооперативӣ, деҳқонӣ додани заминҳои фонди ҷангал мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби заминҳое, ки дар хоҷагии ҷангал истифода намешаванд, сурат мегирад.

 

Моддаи 35. Барои гузоштани қуттиҳои занбури асал вогузор кардани қитъаҳо

Қитъаҳои ҷангал ва замини беҷангали фонди давлатии ҷангалро ба колхозу совхозҳо ва корхона, муассисаю ташкилотҳои дигари давлатӣ, кооперативӣ, ҷамъиятӣ ва ба шаҳрвандон барои гузоштани қут­тиҳои занбури асал мувофиқи тартиби муқарраршуда корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳои идоракунандаи хоҷагии ҷангал бе ҳуқуқи  дарахтбурӣ, аз дарахту бутта тоза ва шудгор кардани майдон ва бе ҳуқуқи дар ин қитъаҳо сохтани иморатҳои доими вогузор мекунанд.

 

Моддаи 36. Таҳия ва ҷамъ кардани чормащз, меваи дарахту бутаҳо, гиёҳҳои шифобахш ва маводи хоми техникӣ

Чормащз, меваи дарахту бутаҳо, гиёҳҳои шифобахш ва маводи хоми техникиро корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳое мещундоранд, ки хоҷагии ҷангалро идора мекунанд.

Корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, ҳамчунин шаҳрвандон ин маҳсулотро мувофиқи тартиби муқарраршуда таҳия мекунанд.

 

БОБИ ХI. ИСТИФОДАИ ҶАНГАЛ ДАР МИНТАҚАИ САРҲАДӢ

 

Моддаи 37. Тартиби истифодаи ҷангал дар минтақаи сарҳадӣ

Ҷангали минтақаи сарҳадӣ мувофиқи тартибе истифода мешавад, ки ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.

Хусусияти истифодаи ҷангали минтақаи сарҳадиро мақомоти давлатии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маслиҳати ҳайати фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадӣ муқаррар мекунанд.

 

Фасли III. БАРҚАРОР ВА ЗИЁД КАРДАНИ МАҲСУЛИ ҶАНГАЛ

 

БОБИ ХII. БАРҚАРОР ВА БУНЁД  КАРДАНИ ҶАНГАЛ

 

Моддаи 38. Ҷангалбарқароркунӣ

Ба манзури барқарор намудани ҷангал талабҳои асосии зерин риоя мешаванд:

барои дарахтзоркунии ҳатмии заминҳои дарахтонашон буридашуда бо назардошти шароити рӯидани дарахту наботот шинондани ниҳолҳои навъи аз нигоҳи хоҷагидорӣ арзишдор;

кам  кардани масоҳати замини ҷангале, ки дарахту бутта надорад;

           беҳтар сохтани ҷинс ва зиёд кардани маҳсули ҷангал ва хусусиятҳои муҳитро муҳофизат кардани он;

нигоҳ доштани фонди генезис ва гуногуншаклии ҷангал.

Тартиб ва мӯҳлати дарахтзоркунии заминҳои дарахтонашон буридашуда ва гурӯҳҳои дигари заминеро, ки дарахту бутта надорад, мақомоти давлатии хоҷагии ҷангал муқаррар менамоянд.

Масъулияти ҷангалбарқароркунӣ ба души соҳибони фонди ҷангал гузошта мешавад.

 

Моддаи 39. Ҷангалбунёдкунӣ

Ҷангал дар замини бедарахти фонди ҷангал ба манзури дарахт­зоркунии бештари масоҳат, пешгирии фарсоиши хок ва беҳсозии вазъияти экологӣ бунёд карда, барояш аз буҷет ва манбаъҳои дигар пул ҷудо карда мешавад.

 

Моддаи 40. Беҳтар кардани сифати ҷангал

Ба мақсади беҳтар намудани сифати ҷангал бо роҳи буридани шоху навдаҳои зиёдатии дарахтон, нигоҳубини ҷангал, дарахтбурӣ, ба манзури беҳдошт ҳамчунин бо роҳи ба ҷои дарахтони камқимат ва пир шинондани дарахтони пурқимат ва ниҳолҳои нав, аз ҷумла, барои кам кардани миқдори дарахтони пир, барои ҳосилхез кардани замин ва иҷрои корҳои дигар, ки ба афзудани маҳсулоти ҷангал кӯмак мекунанд, бояд чораҳо дида шаванд.

 

Фасли IV. НИГАҲДОРӢ ВА ҲИФЗИ ҶАНГАЛ

 

БОБИ ХIII. НИГАҲДОРӢ ВА ҲИФЗИ ҶАНГАЛ

 

Моддаи 41. Нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал

Ҳамаи ҷангалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз сӯхтор, щайриқонунӣ буридани дарахтон, риоя накардани тартиби муқарраршудаи истифодаи ҷангал ва аз амали дигаре, ки ба ҷангал зарар мерасонад, ҳамчунин аз ҳашароти зарарноку касалиҳо нигаҳдорӣ ва муҳофизат карда шаванд.

Парвариши ҷангалҳои муҳофизаткунанда аз бунёди қитъаҳои ҷангалзори давлатӣ ва ниҳолшинонӣ ба манзури пешгирии равандҳои эрозияи замин аз боду об иборат аст.

 

Моддаи 42. Нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал аз сӯхтор

Иҷрои корҳои зайл ба зиммаи истифодабарандагони ҷангал гузошта мешавад:

ба  тартиб овардани  масоҳати ҷангал ба  мақсади пешгирии сӯхтор;

риояи қоидаҳои аз сӯхтор эмин доштани ҷангал, пешгирии сарзадан ва паҳншавии сӯхтори ҷангал;

дар мавриди зарурат тоза кардани масоҳати оташгирифтаи ҷангал.

Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ ва Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он дар роҳи аз сӯхтор ҳифз намудани ҷангал ва сӯхторнишонӣ тадбирҳо меандешанд, ҳар сол пеш аз ощози мавсими хавфи сӯхтор нақшаҳои амалии пешгирии сӯхтори ҷангалро, ки тадбирҳои мушаххаси сӯхторнишониро пешбинӣ менамоянд, тасдиқ мекунанд.

Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ ҳангоми зарурат аҳолӣ, техникаи заминкан ва воситаҳои нақлиётро ба сӯхторнишонӣ ҷалб менамоянд, ҳамчунин дар давраи хавфи зиёди сӯхтор вориди ҷангал ва заминҳои дигар шудани аҳолӣ ва ба ҷангал даромадани воситаҳои нақлиётро, манъ мекунанд.

Онҳо тартиботи доимии пешгирии сӯхтор, дар матбуот, тавассути садою симо мунтазам инъикос додани масъалаҳои риояи қоидаҳои аз сӯхтор эмин доштани ҷангалро ташкил менамоянд ҳамаи тадбирҳои оиди сӯхторнишониро дар қаламрави ноҳия танзим мекунанд.

Тартиби аз сӯхтор ҳифз намудани ҷангалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

 

Моддаи 43. Нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал аз харобкорӣ

Дар  мавридҳои зайл чораҳои огоҳонию ошкоркунӣ ва  пешгирии харобкории ҷангал ба  зиммаи  истифодабарандагони он гузошта  мешаванд:

аз тарафи касе риоя нашудани тартибу қоидаҳои истифодаи ҷангал, ҳамчунин дар ҷангал ба ҷо овардани корҳое, ки ба истифодаи ҷангал иртибот надоранд;

дарахтбурии щайриқонунӣ, нобуд кардан ва осеб расонидан ба дарахту бутаҳо, қаламчаю кӯчат, ҷинсҳои пурқимати навниҳол;

бо модаҳои кимиёвию радиоактивӣ, оби  ганда,  аҳлоту партовҳои корхонаҳои саноатӣ  ва муассисаҳои коммуналию маишӣ олуда сохтани ҷангал;

вайрон кардани тартиби истифодаи замини ҷангал;

хароб ва нобуд кардани аломатҳои маҳдудкунандаи сохт ва хоҷагии ҷангал;

нобуд кардани ҳайвонот;

амали дигари ҷангалвайронкунӣ.

Мақомоти давлатии хоҷагии ҷангал тадбирҳои ҳифзи ҷангал ва пешгирии харобкориро амалӣ гардонида, истифодаи фонди экологиро ҷиҳати тараққии хоҷагии ҷангал таҳти назорат мегиранд;

дучори касалӣ шудани ҷангалро назорат мекунанд, хашароти зарароварро мекушанд ва касалиро пешгирӣ менамоянд;

қоида ва мӯҳлати шикорро дар ҷангал риоя менамоянд ва қўруқшиканиро пешгирӣ мекунанд.

Тартиби иҷрои тадбирҳои ҳифзи ҷангалро аз вайрон кардани қоидаҳои истифодаи ҷангал, аз нобуд ва олуда сохтан ва ба ҷангал расондани таъсири дигари манфӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

БОБИ  ХIV. МУҲОФИЗАТИ ҶАНГАЛ

 

Моддаи 44. Умури муҳофизати ҷангал

Барои иҷрои бевоситаи тадбирҳои ташкилӣ, посбонӣ, тарщибӣ ва тадбирҳои дигари нигаҳдорӣ, ҳифзи ҷангал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон умури давлатии муҳофизати ҷангал таъсис дода мешавад, ки умури муҳофизати ҷангали корхона, муассисаю ташкилотҳои хоҷагии ҷангалро дар бар мегирад.

Дар корхонаю ташкилотҳои хоҷагии ҷангал аз рӯи зарурат барои сӯхторнишонӣ дастаҳои сӯхторнишонӣ ва умуроти махсуси дорои воситаҳои муносиби техникӣ ташкил карда мешаванд.

Умури давлатии муҳофизати ҷангал дар асоси Низомномаи ҳиф­зи давлатии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, амал мекунад.

 

Моддаи 45. Ҳуқуқҳои умури ҳифзи ҷангал

Ба умури давлатии ҳифзи ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, умури ҳифзи ҷангал ИИХҶ («Тоҷикҷангал»), мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), ҳамчунин ба умури ҳифзи ҷангали колхозҳо ҳуқуқ дода мешавад, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя намудани қоидаҳои нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал, қоидаҳои мувофиқи мақсад истифода намудани фонди давлатии ҷангал, тартиби истифо­даи ҷангал, ҳамчунин амали дигареро, ки ба ҷангал зарар меоранд, пешгирӣ кунанд.

 

Фасли V. ҶАНГАЛДОРӢ  ВА КАДАСТРИ ДАВЛАТИИ ҶАНГАЛ

 

БОБИ ХV.  ҶАНГАЛДОРӢ

 

Моддаи 46. Вазифаи ҷангалдорӣ

Ҷангалдорӣ низоми тадбирҳоеро дар бар мегирад, ки мақсад аз онҳо идораи оқилонаи ҷангал ва истифодаи он, таҷдиди самарабахш, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал, пеш гирифтани сиёсати ягонаи илмию тех­никӣ дар хоҷагии ҷангал мебошад.

Ҷангалдорӣ бояд шароити беҳтари ташкилию марзии фаъолияти ҷангалдориро таъмин намояд ва вазифаи муҳимтарини идораи фонди ягонаи давлатии ҷангал ба шумор меравад.

 

Моддаи 47. Моҳияти ҷангалдорӣ

Ҷангалдорӣ корҳои зеринро дар бар мегирад:

муайян кардани ҳудуд ва ташкили дохилихољагии мавзеи фонди ҷангал, ки дар ихтиёри корхона, муассисаю ташкилотҳо мебошад;

иҷрои корҳои топографию геодезӣ ва ба нақшагирии махсуси ҷангал;

рӯйхат кардани фонди ҷангал ва муайян намудани тартиби ҷинс ва синни дарахтон, вазъи  онҳо, хусусияти захираҳои ҷангал аз нигоҳи сифат ва миқдор;

ошкор намудани қитъаҳое, ки ба буридани шоху навдаҳои зиёдатии дарахтон ба манзури нигоҳубини дарахтон, дарахтбурӣ ба манзури беҳдошт ва дарахтбурӣ ба мақсади нав кардани дарахтони аз нигоҳи хоҷагидорӣ камарзиш эҳтиёҷ доранд, заминҳое, ки барои таҷдиди ҷангал ва ҷангалбунёдкунӣ таъин гардидаанд ва муайян кар­дани усулҳои таҷдиди ҷангал, обёрӣ, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал ва тадбирҳои дигари хоҷагидорӣ, ҳамчунин муайян кардани тартибу усулҳои амалӣ намудани ин тадбирҳо;

асоснок кардани тақсими ҷангал ба гурӯҳҳою категорияҳои муҳофизатӣ ва таҳияи пешниҳод дар мавриди аз як гурӯҳу категория ба гурӯҳу категорияи дигар гузарондани ҷангал;

муайян кардани захираи ҷангал, ҳаҷми дарахтбурӣ ба манзури нигоҳубини ҷангал, дарахтбурӣ ба манзури нав кардани дарахтони камарзиши ҷангал, дарахтбурӣ ба манзури беҳдошти ҷангал ва тарзҳои дигари истифодаи ҷангал;

муайян кардани ҳаҷми тадбирҳои ҷангалбарқароркунӣ ва ҷангал­бунёдкунӣ, ҳифзи ҷангал аз сӯхтор, муҳофизати он аз ҳашарот ва касалиҳо, ҳамчунин ҳаҷми корҳои дигари ҷангалдорӣ;

муоинаи  биологӣ ва  муоинаву таҳқиқоти дигари ҷангал;

таҳти назорати муаллифон қарор додани лоиҳаҳои оиди ҷангал­дорӣ, ҳамчунин амалҳои дигари ҷангалдорӣ.

 

Моддаи 48. Ташаккули ҷангалдорӣ

Ҷангалдорӣ бо ташаббуси мақомоти давлатии хоҷагии ҷангал аз ҳисоби маблащи буҷети давлат сурат мегирад.

 

БОБИ  ХVI. КАДАСТРИ ДАВЛАТИИ ҶАНГАЛ

 

Моддаи 49. Мазмуни кадастри давлатии ҷангал

Кадастри давлатии ҷангал ба мақсади гирифтани маълумоти аниқ дар бораи вазъи ҳуқуқию хоҷагии фонди ягонаи давлатии ҷангал гузаронда мешавад.

Кадастри давлатии ҷангал дар бораи ҷангалҳо ҷиҳати истифодаи оқилона ва ҳифзи онҳо, танзими ҷангалдорӣ ва арзёбии фаъолияти хоҷагӣ маълумот медиҳад.

 

Моддаи 50. Низоми ахбори оиди кадастри ҷангал

Низоми ахбори оиди кадастри ҷангал маълумоти зайлро дар бар мегирад:

ҳисоби давлатии фонди ҷангал;

ҳисоб ва арзиши моддии ҷангал.

 

Моддаи 51. Тартиби гузарондани кадастри давлатии ҷангал

Кадастри давлатии ҷангал аз ҳисоби маблащи буҷети давлат гузаронда мешавад.

Тартиби гузарондани кадастри давлатии ҷангалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Фасли VI. БАҲСҲОИ ОИД БА ҶАНГАЛ ВА ҶАВОБГАРӢ БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ ҚОНУНИ ҶАНГАЛ

 

БОБИ  ХVII.  ҲАЛЛИ БАҲСҲОИ ОИД БА ҶАНГАЛ

 

Моддаи 52.   Тартиби баррасии баҳсҳои оид ба ҷангал

Баҳсҳои оид ба ҷангал мувофиқи тартиби пешбиникардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешаванд.

 

БОБИ  ХVIII. ҶАВОБГАРИИ РИОЯ НАКАРДАНИ ҚОНУНҲОИ ОИД БА ҶАНГАЛ

 

Моддаи 53. Эътибор  надоштани  муомилаҳое, ки ҳуқуқи моликияти давлатии ҷангалро халалдор мекунанд

Гузашти худсаронаи ҳуқуқи истифодаи ҷангал, ҳамчунин муомилаҳои дигаре, ки ҳуқуқи моликияти давлатии ҷангалро ошкоро ва ё ба таври ниҳонӣ халалдор мекунанд, эътибор надоранд.

 

Моддаи 54. Тарзҳои риоя накардани қонунҳои оид  ба ҷангал ва ҷавобгарӣ барои ин амал

Шахсоне, ки барои муомилаҳои дар моддаи 53-юми ҳамин Ко­декс пешбинишуда, ҳамчунин барои амали зайл айбдоранд:

щайриқонунӣ буридани дарахтон, осеб расонидан ба дарахту бутаҳо;

нобуд кардан ва ё осеб расонидан ба ҷангал дар натиҷаи оташ задан ва ё беэҳтиётӣ нисбат ба оташ;

риоя накардани талабҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва қоидаҳои беҳдошти ҷангал;

осеб расонидан ё олуда сохтани ҷангал бо модаҳои кимиёвӣ ва радиоактивӣ бо партовҳои истеҳсолот ва оби ганда, ахлоту партовҳои корхонаҳои саноатӣ ва коммуналию маишӣ;

риоя накардани мӯҳлати пас додани замини муваққатан истифодашавандаи фонди ҷангал ва ё иҷро накардани ӯҳдадориҳои ба ҳолати қобили истифодаи аслӣ овардани он;

нобуд  кардан  ва  ё осеб  расонидан  ба  дарахту  бутаҳои  ҷангал, ба кӯчату қаламчаҳои  парваришгоҳҳои ҷангал, ҳамчунин ба ниҳолзорҳои худрӯй ва кӯчатшуда, ки ба мақсади барқарор намудани ҷангал пешбинӣ шудаанд;

риоя накардани тартибу мӯҳлати ниҳолшинонӣ дар заминҳои дарахтонашон буридашуда ва майдонҳои дигари бедарахту бутта;

бе иҷозат решакан кардани дарахтон, сохтани ҳар хел иморат, коркарди чӯб, хароб кардани замини ҷангал, қабати он ва щайра;

худсарона даравидани алаф ва чаронидани чорво дар ҷангал ва дар замини бе дарахту буттаи фонди ҷангал;

худсарона чидани меваю чормащзи дарахтони худрӯй, занбурущ ва щайра дар қитъаҳое, ки чидани мева манъ аст ва ё фақат бо иҷозатномаҳои истифодаи ҷангал мумкин аст;

нобуд ва вайрон кардани аломатҳои маҳдудкунанда, ҷангалбунёдкунӣ ва хоҷагии ҷангал;

бе иҷозат доштан ва куштани ҳайвоноти ҷангал ва нобуд карда­ни набототи пурқимат;

кас барои нобуд кардан ва ё осеб расонидан ба нахру ҷӯйборҳо захбуру роҳҳои заминҳои фонди давлатии ҷангал мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ, маъмурӣ ва ҷавобгарии дигар кашида мешавад.

 

Моддаи 55. Мусодираи чӯб ва маҳсулоти дигари щайриқонунӣ ба дастовардаи ҷангал, ҳамчунин баргардонидани замини щайриқонунӣ ишщолнамуда

Чӯб ва маҳсулоти дигари ҷангал, ки щайриқонунӣ ба даст оварда шудааст, бояд мусодира намуда, ба корхона, муассиса ва ё ташкилоти дахлдори хоҷагии ҷангал ва ё ба истифодабарандаи ҷангал супурда шавад, агар ҳуқуқи он риоя нашуда бошад.

Агар имконияти мусодираи маҳсулоти щайриқонунӣ ба дастовардашуда набошад, арзиши панҷкаратаи он рӯёнда мешавад.

Замини худсарона ишщолкардаи фонди ҷангал ба соҳибонаш баргардонда, товони хароҷоти давраи истифодаи щайриқонунии он пардохта намешавад.

 

Моддаи 56. Ҷавобгарӣ барои зиёне, ки дар натиҷаи риоя накардани қонуни ҷангал расидааст

Корхона, муассисаю ташкилотҳо ва шаҳрвандон вазифадоранд ҳаҷми товони зиёнеро, ки дар натиҷаи риоя накардани қонуни ҷангал расидааст, аз рӯи тартиби муқарраркардаи нархномаҳои ҷаримаситонии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон диҳанд.

 

Моддаи 57. Боздоштани истифодаи ҷангал дар мавриди риоя накардани тартиби истифодаи ҷангал

Мувофиқи қонуни ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати тар­тиби истифодаи ҷангалро риоя накардани истифодабарандагони ҷангал истифодаи ҷангал мувофиқи тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошта мешавад.

 

Моддаи 58. Боздоштани корҳое, ки барои вазъ ва таҷдиди ҷангал хавф доранд

Дар мавридҳо ва мувофиқи тартибе, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, кори муассисаю ташкилотҳо ва корхонаҳо ба сабаби риоя нашудани тадбирҳои технологӣ, санитарӣ ва тадбирҳои дигари пешгирии сӯхтори ҷангал ва рафъи таъсири бад ба вазъи ҷангал ва таҷдиди он мумкин аст манъ ё боздошта шавад.

 

Фасли VII. ШАРТНОМАҲОИ  БАЙНАЛХАЛҚӢ

 

БОБИ  ХIХ. ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Моддаи 59. Шартномаҳои байналхалқӣ

Агар дар шартномаи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қонунгузории ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои дигар муқаррар шуда бошанд, қоидаҳои шартномаҳои байналхалқӣ татбиқ мешаванд.

 

 

Раиси  Шӯрои Олии 

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                        Э.  РАҲМОНОВ

24 июни соли 1993  шаҳри Душанбе

№ 769.

 

 

ҚАРОРИ ШӯРОИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи ба амал баровардани  Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993, №13, мод.244)

 

Бинобар қабул шудани Кодекси ҷангали Ҷумҳурии  Тоҷикистон Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Кодекси  ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 1 июли соли 1993 ба амал бароварда шавад.

2. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон:

то 1 сентябри соли 1993 дар бораи мутобиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;

қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ созад;

аз тарафи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав дида баромадан ва бекор кардани санадҳои меъёрии онҳоро, ки хилофи Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистонанд, таъмин намояд.

 

 

Раиси Шӯрои Олии 

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                          Э. РАҲМОНОВ

24 июни соли 1993  шаҳри Душанбе  

№ 770.

Читать далее

Дар бораи қабули Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИТОҶИКИСТОН

 Дар бораи қабули Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004, №3, мод.189)

 

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 1992 «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, № 10, моддаи 142) беэътибор дониста шавад.

 

       Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                  Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе  13 декабри соли 1996

№ 326                                              

 

Ба матни Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 23 соли 1996, мод. 351) тағйиру иловаҳои қабулшуда (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997, № 23-24, мод. 333; соли 1999, № 5, мод.59; соли 2001, № 4, мод.176; соли 2004, № 2, мод.55; №3, мод. 190; соли 2006, №7, мод. 347) ворид карда шудаанд.

 

 

КОДЕКСИ  ЗАМИНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 Кодекси мазкур муносибатҳои заминистифодабариро танзим намуда, барои  истифода ва ҳифзи замин, ҳосилхез кардани он, ҳифз ва беҳтар намудани муҳити табиат ва инкишофи баробари ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ шароит фароҳам меоварад.

 

Боби  I.  ҚОИДАҲОИ АСОСӢ

 

Моддаи 1. Қонунгузорӣ дар бораи замин

Муносибатҳои вобаста ба замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд.

Муносибатҳои вобаста бо истифодабарии боигариҳои кeҳсор, ҷангалзору обҳо, муносибатҳои истифодабарию ҳифзи набототу ҳайвонот, ҳавои атмосфера бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мешаванд.

 

Моддаи 2. Моликият ба замин

Замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

Даъвои заминҳои авлодӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор надорад.

 

Моддаи 3. Фонди ягонаи давлатии замин

Тамоми заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи таъиноти мақсаднокашон ба гурeҳҳои зайл тақсим мешаванд:

1) заминҳои таъиноти кишоварзӣ;

2) заминҳои маҳалҳои аҳолинишин (шаҳрҳо, шаҳракҳо ва маҳалҳои аҳолинишини деҳот);

3)  заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, мудофиа ва таъиноти дигар;

4) заминҳои таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, рекреатсионӣ ва таърихию маданӣ;

5)  заминҳои фонди давлатии ҷангал;

6)  заминҳои фонди давлатии об;

7)  заминҳои захираи давлатӣ.

Гурeҳҳои замин дар ҳуҷҷатҳои зерин нишон дода мешаванд:

а)  дар кадастри давлатии замин;

б)  дар китоби бақайдгирии замин;

в)  дар қарорҳои ҳокимияти иҷроия дар бораи додани замин;

г) дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин.

 

       Моддаи 4. Салоҳияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин чунин салоҳият дорад:

а) тасдиқ намудан ва тағйир додани ҳудуди воҳидҳои марзиву маъмурӣ (вилоятҳо, шаҳрҳо,  ноҳияҳо ва шаҳракҳо);

б) муайян намудани минтақаҳои дорои низоми махсуси ҳуқуқӣ, муқаррар намудан ва тағйир додани ҳудуди онҳо.

 

Моддаи 5. Салоҳияти  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин чунин салоҳият дорад:

а) ихтиёрдории (мусодира ва додани) заминҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсадҳои умумидавлатӣ бо ризояти мақомоти дахлдори  ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо;

б) ташкили корҳо ҷиҳати таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатию байнидавлатӣ доир ба истифодаи оқилонаи замин, афзудани маҳсулнокии хок, ҳифзи заминҳо дар маҷмeъ бо дигар тадбирҳои ҳифзи табиат;

в) ҳамоҳангсозии кори мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ дар мавриди  татбиқи барномаҳои  давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи замин;

г) таъмини маблағгузории тадбирҳо оид ба истифодаю ҳифзи замин дар ҷараёни таҳияи буҷети давлатӣ ва пешниҳоди он ба Маҷлиси Олӣ;

д) бо ризояти мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо муқаррар намудани ҳудуди майдонҳои муҳофизати махсуси табиат;

е) муқаррар намудани тартибу рeёнидани андози замин ва иҷорапулии замин;

ж) идоракунии умумии заминсозӣ, муқаррар намудани тартиби ташкил ва гузаронидани  кадастри давлатии  замин ва мониторинги замин;

з) тасдиқи ҳуҷҷатҳои заминсозие, ки ба иҷрои корҳои дорои аҳамияти давлатӣ алоқаманданд.

 

Моддаи 6. Салоҳиятҳои мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин

Мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин салоҳиятҳо доранд:

а) гузаронидан ва амалӣ гардонидани корҳои заминсозӣ;

б) гузаронидани кадастри давлатии замин ва мониторинги замин;

в) назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, пешниҳод намудани талабот оид ба  бартараф  намудани вайронкуниҳои ошкоргаштаи    қонунгузории  замин;

г) дар доираи қонунгузории амалкунанда такмил додани усулҳои  идоракунии захираҳои замин;

д) таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзими давлатии муносибатҳои вобаста ба замин;

е) бо тартиби муқарраргардида намояндагӣ намудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ;

ж) назорати истифодабарии мақсадноки маблағҳое, ки барои беҳдошти ҳолати заминҳо равона карда шудаанд;

з) таҳия ва мувофиқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати тасдиқ пешниҳод намудани миқдори андози замин, муайян намудани зиёни иқтисодӣ ва ҷарима барои вайронкунии қонунгузории замин;

и) бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин ва ба заминистифодабарандагон мувофиқи тартиби муқарраргардида додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин;

к) боздоштани ҳама гуна сохтмонҳо, истихроҷи канданиҳоифоиданок ва торф, истифодаи иншоотҳо, иҷрои корҳои мелиоративии ҷангал, иктишофи геологӣ, ҷустуҷeӣ, геодезӣ ва манъ кардани фаъолияти заминистифодабарандагоне, ки амалҳояшон хилофи қонунгузории замин мебошад;

л) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти маҳаллӣ ва ё суд манзур намудани пешниҳодҳо оид ба  бекор намудани санадҳое, ки хилофи қонунгузории  замин мебошанд;

м) боздоштани иҷрои қарорҳо  оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин, ки мухолифи қонунгузории замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, то қабули қарори мақомоти дахлдор (мақомоти болоии ҳокимияти иҷроия, суд);

н) ҳалли  баҳсу мунозираҳо оиди заминистифодабарӣ;

о) иҷрои дигар ваколатҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 7. Салоҳиятҳои Ҳукуматҳои Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо

Ҳукуматҳои Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин дар ҳудуди маъмуриашон чунин салоҳиятҳо доранд:

а) ташкил ва амалӣ гардонидани заминсозӣ, тасдиқ кардани ҳуҷҷатҳои заминсозии вобаста ба иҷрои корҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва дар заминҳои  дар ихтиёри онҳо буда гузаронидани кадастри давлатии замин ва мониторинги замин;

б) додани қитъаҳои замин барои истеҳсолоти кишоварзӣ;

в) додану гирифтан ва вобастакунии қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ;

г) ҳифзи ҳуқуқи заминистифодабарандагон ва иҷоракорон;

д) қатъ гардонидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин;

е) бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин;

ж) назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин.

 

       Моддаи 8. Салоҳиятҳои ҷамоатҳо

Ҷамоатҳо дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин дар қаламрави маҳалҳои аҳолинишини деҳот чунин салоҳиятҳо доранд:

а) ба мақомоти ҳокимияти маҳаллии шаҳрҳо ва ноҳияҳо пешниҳод намудани таклифҳо доир ба ҷудо намудани қитъаҳои замин;

б) додану пас гирифтани заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои ёрирасони шахсӣ, ки тибқи тартиби муайяншуда ҷудо карда шудаанд;

в) муқаррар ва тасдиқ намудани андозаи заминҳои наздиҳавлигӣ дар доираи меъёрҳое, ки дар моддаи 71 ҳамин Кодекс оварда шудаанд;

г) бақайдгирии ҳуқуқи истифодабарӣ ва шартномаҳои иҷораизамин;

д) тартиб додани китобҳои кадастри давлатии замин ва хоҷагидорӣ, инчунин ба танзим даровардани заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ;

е) назорати  истифода ва ҳифзи заминҳо;

ж) тасдиқ кардани ҳуҷҷатҳои заминсозие, ки ба иҷрои корҳо дар заминҳои дар ихтиёри онҳо буда алоқаманданд.

 

Моддаи 81. Салоҳиятҳои ҳокимияти маҳаллии ноҳияҳое, ки дар ҳудуди маъмурии шаҳрҳо ва ҳокимияти маҳаллии шаҳрҳое, ки дар ҳудуди маъмурии  ноҳияҳо ҷойгиранд

Ҳокимияти маҳаллии ноҳияҳое (шаҳрҳое), ки дар ҳудуди маъмурии шаҳрҳо (ноҳияҳо) ҷойгиранд,  дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин чунин салоҳиятҳо доранд:

а) пешниҳод намудани таклифҳо ба ҳокимияти маҳаллии шаҳрҳо (ноҳияҳо) дар бораи ҷудо намудани қитъаҳои замин;

б) пешниҳод намудани таклифҳо ба ҳокимияти маҳаллии шаҳрҳо (ноҳияҳо) дар бораи қатъ гардонидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин;

в) вобастакунии қитъаҳои замин мутобиқи моддаи 26 ҳаминКодекс;

г) назорати   истифода  ва ҳифзи  заминҳо. 

 

Моддаи 9. Мансуб  донистани заминҳо ба гурeҳҳо ва аз як гурeҳ  ба гурeҳи  дигар гузаронидани онҳо

Мансуб донистани заминҳо ба гурeҳҳои дар моддаи 3 Кодекси мазкур овардашуда ва аз як гурeҳ ба гурeҳи дигар гузаронидани онҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мешавад.

Вайрон кардани қоидаҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс, қонунҳои дигар ва санадҳои дигари ҳуқуқии меъёрии аз як гурeҳба гурeҳи дигар гузаронидани қитъаҳои замин барои инҳо асос шуда метавонад:

а) беэътибор донистани қарорҳои ҳокимияти иҷроия оиди муносибатҳои вобаста ба замин;

б) надодани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин ва ба қайд нагирифтани ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин.

 

Моддаи 10. Заминистифодабарандагон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминистифодабарандагон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд заминистифодабарандагони  якумдараҷа ва дуюмдараҷа бошанд.

Заминистифодабарандагони якумдараҷа шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқиемебошанд, ки ҳуқуқи истифодаи бемeҳлат, мeҳлатнок ва ё меросии якумраи заминро доранд.

Заминистифодабарандагони дуюмдараҷа шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки қитъаҳои заминро дар асоси шартномаи  иҷора истифода мебаранд.

 

Моддаи 11. Истифодаи бемeҳлати замин

Бе мeҳлати пешакӣ муқарраршудаи истифодаи замин, истифодаи бемeҳлат эътироф  карда мешавад.

Истифодаи бемeҳлати замин ба заминистифодабарандагони зайл дода мешавад:

а) корхонаҳои кишоварзии давлатӣ ва кооперативӣ;

б) ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятию динӣ;

в) фондҳои хайрия ва фондҳои дигар;

г) корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои саноатӣ, нақлиёт ва дигар корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои ғайрикишоварзии давлатию кооперативӣ;

д) барои эҳтиёҷоти мудофиа;

е) корхонаҳои муштарак, ташкилоту иттиҳодияҳои байналмилалӣ бо иштироки шахсониҳуқуқии  хориҷӣ;

ж) ба шаҳрвандон қитъаи замини иловагӣ барои ташкили хоҷагии ёрирасони шахсӣ.

 

Моддаи 12. Истифодаи меросии якумра

Ба истифодаи меросии якумра замин ба шахсони воқеӣ ва коллективҳои шаҳрвандон барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)  ва касбҳои анъанавии мардумӣ, инчунин ба шаҳрвандон ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода мешавад.

Қитъаҳои замине, ки бо ҳуқуқи истифодаи меросии якумра дода шудаанд, ҳангоми маълум гаштани мерос бояд аз нав ба қайд гирифта шаванд.

 

Моддаи 13. Истифодаи мeҳлатноки замин

Ба истифодаи мeҳлатнок қитъаҳои замин ба шахсони воқеию  ҳуқуқӣ ба мeҳлати муайян дода мешаванд.

Истифодаи мeҳлатноки замин метавонад кeтоҳмуддат - то се сол ва дарозмуддат - аз се то даҳ сол бошад. 

 

Моддаи 14. Иҷораи замин

Заминистифодабарандагони якумдараҷа метавонанд қитъаҳои заминро дар асоси шартнома ба иҷора диҳанд.

Шартномаи иҷораи замин бе тағйир додани таъиноти мақсадноки қитъаи  замин  баста мешавад.

Қитъаҳои замин ба мeҳлати то 20 сол ба иҷора дода мешаванд. Муносибатҳои заминистифодабарандагон оид ба иҷораи қитъаҳои замин  тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  сурат мегиранд.

 

Моддаи 15. Бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи замин

Бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи замин аз тарафи мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо амалӣ мегардад.

Ба расмият даровардан ва додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин мутобиқи моддаи 17 Кодекси мазкур сурат мегирад.

Ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ аз вақти гирифтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин, ки аз қайди давлатӣ гузаштааст, оғоз меёбад.

Тартиби бақайдгирии давлатии ҳуқуқи   истифодаи  замин, шакли китоби бақайдгирии замин ва шаклҳои ҳуҷҷатҳои намунавиро, ки барои муқаррар ва тасдиқ намудани ҳуқуқи истифодаи замин заруранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

       Моддаи 16. Асосҳо барои рад кардани бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи замин

Асосҳои рад кардани  бақайдгирии давлатии  истифодаи замин чунинанд:

а) набудани қарори мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия дар бораи додани замин;

б) дар мақоми бақайдгирандаи давлатии ҳуқуқи истифодаи замин мавҷуд будани ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷой доштани баҳсу мунозира оиди мансубияти ҳамин қитъаи замин шаҳодат медиҳанд;

в) тағйир додани таъиноти мақсадноки қитъаи замин бо вайронкунии қоидаҳои дар моддаи 9 ҳамин Кодекс пешбинигардида.

 

Моддаи 17. Муқаррар намудани ҳуқуқи истифодаи замин

ҳуқуқи истифодаи замин бо ҳуҷҷатҳои зерин тасдиқ карда мешавад:

а) ҳуқуқи бемeҳлату мeҳлатноки истифодаи замин ва ҳуқуқи истифодаи меросии якумраи қитъаи замин - бо Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин;

- миқдори саҳми замин бо Шаҳодатномаи саҳми замин муайян карда мешавад;

- шаҳрвандони дорои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ низ ҳуқуқ доранд тавассути мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин гиранд;

б) ҳуқуқи иҷораи қитъаи замин - бо шартномаи иҷора. Маълумоте, ки дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин сабт гардидаанд, бояд ба маълумоти ба китоби бақайдгирии замин дохилгардида мутобиқ бошанд.

Ҳуҷҷатҳое, ки дар банди «а», қисми якуми ҳамин модда оварда шудаанд, мувофиқи тартиби муқарраркардаи моддаи 15 Кодекси мазкур бояд ба қайди давлатӣ гирифта шаванд.

Шартномаҳои иҷора фақат дар китоби давлатии бақайдгирии замин ба қайд гирифта мешаванд.

 

Моддаи 18. Манъ будани истифодаи қитъаи замин то ба расмият даровардани  ҳуқуқи истифодаи замин

То ҳудуди қитъаи заминро муқаррар намудани мақомоти дахлдори танзими замин ва додани ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи истифодаи заминро тасдиқ менамоянд, ба истифодаи қитъаи замин шурeъ намудан манъ аст.

 

Боби II.  ҲУҚУҚ ВА EҲДАДОРИҳОИ ЗАМИНИСТИФОДАБАРАНДАГОН

 

Моддаи 19. Ҳуқуқи заминистифодабарандагони якумдараҷа

Заминистифодабарандагони якумдараҷа ҳуқуқ доранд:

- мустақилона дар замин хоҷагидорӣ намоянд;

- молики маҳсулоти кишоварзию даромади фурeши он бошанд;

- аз канданиҳои фоиданоки маъмул, торф, ҷангал, манбаъҳои оби воқеи қитъаи замин, инчунин дигар ҷиҳатҳои муфиди замин мувофиқи тартиби муқарраргардида барои эҳтиёҷи хоҷагиашон истифода баранд;

- бо дарназардошти талаботи  ҳамин Кодекс манзил, иншооти истеҳсолӣ, маданию маишӣ ва дигар иншоотро бунёд намоянд;

- молики кишти зироатҳою ниҳолҳои шинонидашудаи кишоварзӣ бошанд;

- қитъаи заминро ба иҷора диҳанд;

- дар мавридҳое, ки дар моддаи 41 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст, товони зарарҳои расонидашударо пурра гиранд;

- ихтиёран аз қитъаи замин даст кашанд.

 

Моддаи 20. Ҳуқуқи заминистифодабарандагони дуюмдараҷа

Заминистифодабарандагони дуюмдараҷа ҳуқуқ доранд:

- заминро мувофиқи шартҳои муайяншуда истифода баранд;

- аз канданиҳои фоиданоки маъмул, торф, ҷангал, манбаъҳои оби воқеи  қитъаи замин, инчунин дигар ҷиҳатҳои муфиди замин мувофиқи тартиби муқарраргардида истифода баранд;

- дар мавриди пеш аз мeҳлат қатъ гардидани шартномаи иҷора ҷуброни хароҷотеро, ки барои беҳбудии замин аз ҳисоби худ сарф кардаанд, гиранд.

 

Моддаи 21.Eҳдадориҳои заминистифодабарандагон

Заминистифодабарандагон eҳдадоранд:

- заминро мувофиқи мақсад ва шартҳои муайяншуда истифода баранд;

- замини додашударо самаранок истифода баранд ва аз технологияи барои  ҳифзи табиат пешбинишудаи истеҳсолот истифода намуда, ба бад шудани вазъи экологии маҳал  дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ роҳ надиҳанд;

- барои ҳифзи замин маҷмeи чорабиниҳоеро, ки дар моддаҳои 51, 52 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, амалӣ намоянд;

- сари вақт андоз ва иҷорапулии заминро супоранд;

- ҳуқуқи дигар заминистифодабарандагонро вайрон накунанд;

- маълумоти дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқарраргардидаи оиди вазъу истифодаи заминро сари вақт ба мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия пешниҳод намоянд.

 

Боби III.  ДОДАНИ ЗАМИН

 

Моддаи 22. Тартиби додани замин

Қитъаҳои замин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси қарорҳои мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия  мувофиқи моддаи 26 ҳамин Кодекс дода мешаванд.

Тартиби додани қитъаҳои заминро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 23. Додани замин барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ

Заминҳое, ки барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ муносибанд, пеш аз ҳама барои истеҳсолоти кишоварзӣ ба корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ба ташкилоту муассисаҳои истеҳсолӣ дода мешаванд.

Барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ мувофиқ будани заминро  мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои хокшиносӣ, тадқиқоти геоботаникӣ, гидромелиоративӣ, агроиқтисодӣ ва дигар тадқиқотҳо муайян мекунад.

 

Моддаи 24. Додани замин барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ

Барои сохтмони корхонаҳои саноатӣ, биноҳои истиқоматӣ, нақлиёти роҳи оҳан, автомобил, обӣ ва ҳавоӣ, хатҳои интиқоли барқ, алоқа ва қубурҳои магистралӣ, инчунин барои дигар эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ заминҳое дода мешаванд, ки барои истеҳсолоти кишоварзӣ номувофиқанд, ё заминҳои пастсифати кишоварзие, ки арзиши кадастриашон аз ҳисоби миёнаи ноҳия паст мебошад.

Дар майдонҳои дорои канданиҳои фоиданок қитъаҳои замин барои сохтмон бо розигии мақомоти назорати давлатии манбаъҳои кeҳӣ дода мешаванд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки корҳои геологӣ, ҷустуҷeӣ, геодезӣ ва дигар корҳои муваққатии тадқиқотиро мегузаронанд, дар асоси иҷозатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои заминро барои иҷрои чунин корҳо бе гирифтани ин қитъаҳои замин аз заминистифодабарандагон, бо розигии заминистифодабарандагон ва ҳокимияти  маҳаллӣ истифода мебаранд. Зараре, ки ҳангоми ишғоли муваққатии қитъаи замин барои иҷрои корҳои дар боло зикршуда расонида шудааст, мувофиқи ҳамин Кодекс ҷуброн карда мешавад.

 

Моддаи 25. Додани замин ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ

Қитъаҳои заминро ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ба истифодаи мeҳлатнок ба мeҳлати то 50 сол додан мумкин аст.

Заминҳое, ки таҳти муҳофизати махсус мебошанд, ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дода намешаванд.

 

Моддаи  26. Ҳуқуқи ҳокимияти маҳаллӣ дар мавриди додан ва вобастакунии қитъаҳои замин

Ҳокимияти маҳаллии ноҳияҳо (шаҳрҳо), ки қитъаҳои заминро бо мувофиқаи мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифодаи бемeҳлат, мeҳлатнок ва ба иҷора аз заминҳои захиравӣ вазаминҳои таъиноти кишоварзӣ барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ, сарфи назар  аз андозаи қитъаи замин ва барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ, ба ғайр аз заминҳое, ки дар моддаи 29 ҳамин Кодекс оварда шудаанд, ба андозаи то 10 гектар, аз заминҳои   фонди   ҷангал, ба  ғайр аз заминҳои  ҷангали  гурeҳи   якум ва  заминҳои фонди  об барои эҳтиёҷоти  кишоварзӣ ба андозаи то 10 гектар ва барои эҳтиёҷоти   ғайрикишоварзӣ то 5 гектар медиҳанд. Вобастакунии қитъаҳои замин сарфи назар аз андозаи қитъаи замин амалӣ карда мешавад. 

Ҳокимияти маҳалии Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон ва вилоятҳо қитъаҳои заминро бо мувофиқаи ҳокимияти маҳалии ноҳияҳо (шаҳрҳо) ва  мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифодаи бемeҳлат, мeҳлатнок ва ба иҷора аз ҳамаи намудҳои заминҳо, ба ғайр аз заминҳое, ки дар моддаи 29 ҳамин Кодекс оварда шудаанд, ба андозаи то 20 гектар  медиҳанд. 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми намудҳои замин қитъаҳои заминро ба истифодаи бемeҳлат ва мeҳлатнок бо мувофиқаи  ҳокимияти  маҳаллии ноҳияҳо, шаҳрҳо, вилоятҳо ва мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз андозаашон медиҳад.

 

Моддаи 27.  Ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва вобастакунии он

Дар сурати ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи моликият ба бино, сохтмону иншоотҳо дар баробари  ин ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин, ки ин объектҳо дар он қарор доранд, ба вай мегузарад.

Зимнан қитъаи замини пештар мувофиқи тартиби муқарраргардида ҷудошуда, аз нав ҷудо карда нашуда, аз тарафи мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо ба шахсе, ки ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ба e мегузарад, вобаста карда мешавад.  

Дар ҳолати тағйир ёфтани мақсади истифодаи  замини вобастакардашуда, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи заминро мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо аз нав ба расмият дароварда, ба  қайд  мегиранд.

Дар ҳолати пурра истифода набурдани қитъаи замине, ки чунин бино, сохтмону иншоотҳо дар он қарор доранд,  ҳуқуқи   истифодаи қитъаи  замини истифоданашуда қатъ гардонида мешавад.

Ҳангоми ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ, дар баробари ин ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ низ ба вай мегузарад.

 

Моддаи 28. Муқаррар ва аниқ муайян намудани ҳудуди қитъаҳои  замин дар  маҳал

Ҳангоми  ҷудо намудани қитъаи замин,  корҳои вобаста ба муқаррар ва аниқ  муайян намудани ҳудуди қитъаи замин дар маҳал аз ҷониби мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» гузаронида мешаванд.

 

Моддаи 29. Хусусияти гирифтани баъзе гурeҳҳои замин барои эҳтиёҷоти  ғайрикишоварзӣ

Гирифтани заминҳои махсусан пурқимати ҳосилхез (мазраъ, заминҳои партов ва дарахтзор), чарогоҳу алафзор, инчунин заминҳое, ки дар он ёдгориҳои табиат, таърихию фарҳангӣ ва иншооти солимгардонии махсус ҳифзшаванда воқеъ гаштаанд, манъ аст. Дар ҳолатҳои махсус, ҳангоми зарурати сохтмони иншоотҳои асосӣ, маҳалҳои аҳолинишин, объектҳои саноат ва дигар объектҳои муҳим чунин заминҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешаванд.

 

Моддаи 30. Тартиби гирифтани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти  ғайрикишоварзӣ

Шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки ба гирифтани қитъаи замин барои сохтмони иншоотҳо манфиатдоранд, ба мақомоти ҳокимияти маҳалии дахлдор  муроҷиат менамоянд.

Мақоми дахлдори ҳокимияти маҳаллӣ бо пешниҳоди мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо, бо назардошти шароити иҷтимоию иқтисодӣ, экологию шаҳрсозӣ ва шароити дигар, дурнамои истифодаи замини дахлдор ва қаъри он бо розигии истифодабарандаи замин дар хусуси мувофиқи мақсад будан ё набудани ҷойгиронии объект қарор қабул менамояд. Қарор барои аз тарафи мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо мувофиқи тартиби муқарраргардида интихоб кардани қитъаи замин, муайян намудани ҳудуди ҳамин қитъа дар маҳал ва ба расмият даровардани санад дарбораи мувофиқати пешакии маҳали ҷойгиршавии объект асос мешавад.

Мақоми дахлдори ҳокимияти маҳаллӣ оид ба тасдиқи санад дар бораи мувофиқати пешакии маҳали ҷойгиршавии объект ё дар бораи рад кардани ҷойгиршавии объект қарор қабул менамояд.

Дар сурати рад намудан ҷиҳати додани қитъаи замин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мeҳлати даҳ рeз аз рeзи қабули он ба таври хаттӣ огоҳ карда мешаванд.

Дар хусуси рад намудан ҷиҳати додани қитъаи замин шахсонивоқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд ба суд шикоят намоянд.

 

Моддаи 31. Шартҳои додани замин барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ

Мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ бо пешниҳоди мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо мувофиқи тартиби муқарраргардида ҳуҷҷатҳои танзими заминро доир ба ҷудо намудани қитъаи замин баррасӣ намуда, дар муддати як моҳ оид ба шартҳои ҷудо кардани қитъаи замин ба заминистифодабарандагоне, ки барои сохтмони иншоот манфиатдор мебошанд, қарор қабул менамоянд.

Шартҳои додани қитъаи замин ба заминистифодабарандагони нав барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ бояд ҷуброни тамоми зараре, ки ба гирифтани қитъаҳои замин аз заминистифодабарандагони аввала алоқаманд аст, инчунин ҷуброни зарари истеҳсолоти кишоварзиро ба эътибор гиранд.

Маблағгузории сохтмон баъди ба мақомоти  маблағдиҳанда пешниҳод намудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин сурат мегирад.

 

Боби IV.  ПАРДОХТИ  ЗАМИН

 

Моддаи 32. Истифодаи пулакии замин

Истифодаи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пулакӣ мебошад. Пули замин ҳар сол дар шакли андози замин, иҷорапулӣ дар мeҳлатҳои муқарраргардида ситонида мешавад.

 

Моддаи 33. Меъёр, тартиби андозбандӣ ва иҷорапулии замин

Андози замин ва меъёри он бо Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Иҷорапулии заминҳои кишоварзӣ вобаста ба сифату ҷойгиршавии қитъаи замин бо дарназардошти арзиши кадастриаш муайян карда мешавад.

Меъёри пардохт барои истифодаи дигар навъҳои замин бо дарназардошти чойгиршавии онҳо, хусусияти истифодабарӣ, ҷиҳатҳои экологӣ ва иҷтимоию иқтисодиашон муайян карда мешавад.

Баҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муқаррар намудани нархи меъёрии замин бо мақсади андозбандии воқеӣ ва пардохти иҷора тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳои замин» ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 34. Ворид кардани пули пардохти замин

Андози замин мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда мешавад.

Иҷорапулӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи шартномаи иҷора ба  заминистифодабарандаи аввал супурда мешавад.

 

Моддаи 35. Имтиёзҳо дар мавриди ситонидани андози замин

Масъалаҳои вобаста ба муқаррар намудани имтиёзҳо дар мавриди ситонидани андози заминро Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

 

Моддаи 36. Истифодаи маблағи пардохти замин

Маблағи пардохти замин, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим мешавад, барои маблағгузории чорабиниҳои ҳифзи замин ва баланд бардоштани маҳсулнокии он, ободонии заминҳои нав, иҷрои корҳои танзими замин (аз ҷумла корҳои муқаррару барқароркунии ҳудуди  замин дар маҳал, тартиб додани харита ва ё нақшаҳои онҳо, таҷҳизонии техникии хадамоти давлатии танзими замин) пешбурди кадастри давлатии замин, анҷом додани корҳо оиди мониторинги замин, назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ба кор бурда мешавад.

 

 

Боби V. ҚАТЪ  ГАРДИДАНИ  ҲУҚУҚИ  ИСТИФОДАИ  ЗАМИН

 

Моддаи 37. Асосҳои  қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи замин

Ҳуқуқи истифодаи замин  ё як қисми он дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

а) даст кашидан аз қитъаи замин;

б) қатъ гардидани фаъолияти заминистифодабарандагон;

в) ғайриоқилона истифода бурдани қитъаи замин;

г) истифода бурдани замин на мувофиқи мақсаде, ки дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин нишон дода шудааст;

д) истифодаи қитъаи замин бо усулҳое, ки боиси паст шудани ҳосилнокии замин, заҳролудшавии он бо маводи кимиёӣ, радиоактивӣ ва дигар мавод ва бад шудани вазъи экологӣ мегардад;

е) ба охир расидани мeҳлати  истифодаи замин;

ж) мунтазам насупоридани андози замин дар мeҳлатҳои муқарраркардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

з) дар сурати барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ дар давоми як сол ва барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ дар давоми ду сол истифода нашудани қитъаи замин;

и) гирифтани замин дар ҳолатҳои  пешбиникардаи ҳамин Кодекс;

к) мунтазам вайрон кардани қонунгузории замин.

 

Моддаи 38. Асосҳои қатъ гардидани шартномаи иҷораи замин

Шартномаи иҷора бо сабабҳои зайл бекор карда мешавад:

а) бо изҳори ризояти тарафайн;

б) дар ҳолати ба охир расидани мeҳлати амали шартнома;

в) дар сурати вафоти иҷоракор ва набудани ворисони e;

г) азнавташкилдиҳӣ ва барҳам хeрдани заминистифодабарандаи якумдараҷа;

д) дар мавриди вайрон кардани шартҳои шартномаи иҷора, аз ҷумла ҳангоми мунтазам насупоридани иҷорапулӣ;

е) нодуруст истифода бурдани қитъаи замин;

ж) мувофиқи мақсад истифода набурдани замин;

з) истифодаи қитъаи замин бо усулҳое, ки боиси паст шудани ҳосилнокии замин, заҳролудшавии он бо маводи кимиёӣ, радиоактивӣ ва дигар мавод ва бад шудани вазъи экологӣ мегардад;

и) дар давоми як сол истифода набурдани қитъаи замин;

к) гирифтани замин дар ҳолатҳои пешбиникардаи ҳамин Кодекс.

 

Моддаи 39. Қатъи ҳуқуқи истифодаи замин

Барои қатъи ҳуқуқи истифодаи замин новобаста аз масоҳату навъи замин бо пешниҳоди мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо дар бобати минбаъд мувофиқи мақсад истифода шудани қитъаи замин мақоми ҳокимияти иҷроияи ноҳия (шаҳр) қарор қабул мекунад.

Қитъаҳои замине, ки ҳуқуқи истифодаи онҳо қатъ гардидааст, ба фонди махсуси замини ноҳия (шаҳр) дохил карда мешавандё ба заминистифодабарандагони аввала баргардонида мешаванд.

 

Моддаи 40. Тартиби қатъи маҷбурии ҳуқуқи истифодаи замин

Қатъи маҷбурии ҳуқуқи истифодаи замин бо асосҳои дар бандҳои «в», «г», «д», «е», «ж», «и», «к» моддаи  37 ҳамин Кодекс ва бандҳои «б», «г», «д», «е», «ж» «з», «и» моддаи 38 ҳамин Кодекс овардашуда бо тартиби зайл сурат мегирад:

а) дар мавриди муайян кардани қонуншиканӣ мақомоти давлатии махсуси ваколатдор, ки корҳои назорати давлатии истифода ва ҳифзи заминро (моддаи 55 ҳамин Кодекс) дар доираи салоҳияти ба онҳо додашуда анҷом медиҳанд, ба шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима меандозанд;

б) мақомоти дар банди «а»-и ҳамин модда зикршуда дар баробари ҷарима андохтан оид ба бартараф  намудани ҳуқуқвайронкуниҳои мавҷуда амр медиҳанд.

Дар сурати бартараф карда нашудани қонуншиканӣ мақомоти давлатии махсуси ваколатдор, ки корҳои назорати давлатии истифода ва ҳифзи заминро анҷом медиҳанд, ба мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳия (шаҳр) оид ба қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин пешниҳод манзур менамоянд.

Агар заминистифодабаранда аз қарори қатъ гардидани ҳуқуқи  истифодаи қитъаи замин норозӣ бошад, ҳақ дорад ба суд муроҷиат намояд. Дар ин ҳолат то баромадани қарори суд бақайдгирии  давлатии манъ кардани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин гузаронида намешавад.

 

Боби VI. РEЁНИДАНИ ТОВОНИ ЗАРАРИ ЗАМИНИСТИФОДАБАРАНДАГОН, ТАЛАФИ  ИСТЕҲСОЛОТИ КИШОВАРЗӢ ВА ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

 

Моддаи 41. Рeёнидани товони зарари заминистифодабарандагон

Товони зарар дар ҳаҷми пурра, аз ҷумла фоидаи аз дастрафта дар мавридҳои зайл руёнида мешавад:

а) гирифтани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ;

б) маҳдуд кардани ҳуқуқи заминистифодабарандагон;

в) бадшавии сифати замин дар натиҷаи фаъолияти заминистифодабарандагони дигар.

Товони зарар аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиерeёнида мешавад, ки барои манфиати онҳо қитъаҳои замин гирифта мешаванд ва ё ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин маҳдуд карда мешавад, инчуниншахсони вокеӣ ва ҳуқуқие, ки  фаъолияти онхо боиси зарурати муқаррар кардани минтақаҳои муҳофизатию санитарӣ гардидааст ва сабабгори маҳдудкунии ҳуқуқи заминистифодабарандагон ё бадшавии сифати заминҳои онҳо мегардад.

 

Моддаи 42. Ҷуброни талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал

Талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал аз тарафи шахсони зайл ҷуброн карда мешавад:

а) аз тарафишахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба онҳо заминҳои кишоварзӣ барои мақсадҳои ғайрикишоварзӣ ҷудо карда мешавад;

б) аз тарафи шахсони ҳуқуқие, ки барои онҳо минтақаҳои муҳофизатию санитарӣ, ба истиснои мавридҳои дар моддаҳои 89 ва 90-уми ҳамин Кодекс пешбинигардида муқаррар карда мешавад.

Талафи истеҳсолоти кишоварзӣ  ва хоҷагии ҷангал дар муддати як моҳ пас аз  қабули қарори мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ оиди гирифтани қитъаи замин бояд ҷуброн карда шавад.

 

Моддаи 43. Муайян кардани товони зарари заминистифодабарандагон ва ҷуброни талафи истеҳсолоти  кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал

Дар мавриди ҳисоб кардани андозаи товони зарари заминистифодабарандагон нархҳои дар лаҳзаи гирифтани қитъаҳои замин ё дар лаҳзаи таҳияи санади арзиши таҷҳизоту мавод амалкунанда, инчунин нархи корҳои сохтмонию  монтаж ва корҳои дигари дар қитъаҳои замин иҷрогардида истифода карда мешавад.

Дар мавриди ҳисоб кардани талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал меъёрҳои  арзиши ободонии заминҳои нав ва беҳтар кардани заминҳои мавҷуда ба мақсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба андозаи на камтар аз истеҳсоли дар қитъаҳои замин гирифташаванда ё истеҳсоли маҳсулоти пеш аз пастшавии сифати ин қитъаҳо гирифташаванда истифода мешаванд.

Ҳангоми ба миён омадани баҳсҳо оид ба андозаи товони зарар ва талафот ин баҳсҳо ба тариқи судӣ ҳал карда мешаванд.

Тартиби руёнидани товони зарар ва талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 44. Истифодаи маблағҳое, ки дар натиҷаи рeёнидани товони зарари заминистифодабарандагон ва талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал дохил мешаванд

Маблағҳое, ки зарари заминистифодабарандагонро ҷуброн мекунанд, ба суратҳисоби онҳо гузаронида мешаванд.

Маблағҳое, ки дар натиҷаи ҷуброни талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал дохил мешаванд, ба ҳисобномаи махсуси буҷети ҷумҳурӣ дохил ва мутобиқи моддаи 36 ҳамин Кодекс сарф карда мешаванд.

 

Моддаи 45. Озод кардан аз ҷуброни талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал

Талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал дар мавриди  гирифтани қитъаҳои замин барои мақсадҳои зайл ҷуброн намешавад:

-барои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ;

-барои қабристонҳо;

-барои иншооти хоҷагии об ва мелиоративӣ ҳангоми ободонии заминҳои нав ва ё аз нав танзим кардани шабакаҳои обёрию заҳбурҳо; 

-барои мактабу интернатҳо, хонаҳои бачагон ва муассисаҳои тиббӣ;

-дар дигар ҳолатҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Боби VII. ҲИФЗИ  ҲУҚУҚИ  ОИД БА ЗАМИН ВА БАРРАСИИ

БАҲСҲО  ДАР БОБАТИ ЗАМИН

 

Моддаи 46. Усулҳои ҳифзи ҳуқуқи оид ба замин

Ҳифзи ҳуқуқи оид ба замин ба тариқи муқарраркардаи қонунгузории шаҳрвандӣ, ҳамин Кодекс  ва қонунҳои дигар амалӣ мегардад, аз ҷумла бо роҳи:

а) эътироф кардани ҳуқуқи оид ба замин;

б) манъ кардани мудохила ба фаъолияти заминистифодабарандагон аз тарафи давлат ва заминистифодабарандагони дигар, ба ғайр аз мавридҳои вайрон кардани қонуни замин аз тарафи заминистифодабарандагон;

в) дар қонун муқаррар кардани номгeи мукаммали ҳолатҳои манъ ва ё маҳдуд кардани ҳуқуқи оид ба замин аз тарафи давлат;

г) дар қонун муқаррар кардани кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқи оид ба замин ҳангоми манъ ё маҳдуд гардидани онҳо.

 

Моддаи 47.  Баррасии баҳсҳо доир ба замин

Баҳсҳое, ки  аз муносибатҳои вобаста ба замин пайдо мешаванд, аз тарафи мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо мутобиқи талаботи  ҳамин Кодекс баррасӣ мешаванд. Дар сурати иҷро карда нашудани қарори мақоми давлатии заминсозӣ он мақом ҳақ дорад маводро ба баррасии мақомоти тафтишотӣ пешниҳод намояд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки аз қарори мақомоти давлатии заминсозӣ розӣ нестанд, метавонанд  дар суд онро мавриди баҳс қарор диҳанд.

 

Моддаи 48. Кафолатҳои ҳуқуқи  заминистифодабарандагон

Қитъаҳои замин барои  эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ метавонанд аз шахсони воқеӣ дар мавридҳои зайл ситонида шаванд:

а) баъди бо хоҳиши онҳо ҷудо кардани қитъаи замини баробарарзиш;

б) баъди дар ҷои нав бо тартиби муқарраргардида аз тарафи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки барояшон қитъаи замин ҷудо карда мешавад, сохтани  биноҳои истиқоматӣ, иморатҳои истеҳсолӣ ва дигар иморатҳое, ки аз ҷиҳати таъинот мушобеҳ ва баробарарзиши биною иморатҳои ситонидашаванда мебошанд;

в) баъди дар ҳаҷми пурра рeёнидани тамоми товони зарарҳои дигар, аз ҷумла фоидаи аз дастрафта дар асоси моддаҳои 41-42-юми ҳамин Кодекс.

Барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ситонидани қитъаҳои  замин аз шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, метавонад ба шарте сурат гирад, ки:

а) бо хоҳиши онҳо бо тартиби муқарраргардида биноҳои истиқоматӣ, иморатҳои истеҳсолӣ ва иморатҳои дигар, объектҳои  мелиоративӣ ва объектҳои дигар ба ивази  биною иморату объектҳои ситонидашаванда сохта шаванд;

б) тамоми зарарҳои дигар, аз ҷумла фоидаи аз дастрафта дар асоси моддаҳои 41-52 ҳамин Кодекс дар ҳаҷми пурра ҷуброн карда шавад.

 

Моддаи 49. Эътироф кардани ҳуқуқи оид ба замин

Эътироф кардани ҳуқуқи оид ба замин аз тарафи мақомоти заминсозӣ дар маҳалҳо бо роҳи баровардани қароре, ки ҳуқуқи оид ба заминро муқаррар менамояд, амалӣ мегардад. Қароре, ки ҳуқуқи оид ба заминро муқаррар мекунад, барои аз тарафи мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудани асноди тасдиқкунандаи ҳуқуқи оид ба замин асоси ҳуқуқӣ мебошад.

 

Моддаи 50. Барқарор кардани ҳуқуқи вайроншуда оид ба замин

Ҳуқуқи вайроншуда дар мавридҳои зайл барқарор карда мешавад:

а) аз тарафи мақомоти заминсозӣ беэътибор дониста шудани санаде, ки ба қонунгузорӣ мутобиқ нест ва ҳуқуқи оид ба замин ва манфиатҳои қонунан муҳофизашавандаи заминистифодабарандагонро вайрон мекунад;

б) худсарона ишғол намудани қитъаи замин;

в) дар мавридҳои дигаре, ки бо қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

 

Боби VШ. ҲИФЗИ ЗАМИН

 

Моддаи 51. Мақсаду вазифаҳои ҳифзи замин

Ҳифзи замин системаи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва дигар чорабиниҳоро дар бар мегирад, ки мақсад аз онҳо ҳифзу истифодаи  дурусти замин, муҳофизати  ҳосилнокии хок, пешгирии харобшавии онҳо ва беасос аз истифодаи кишоварзӣ хориҷ намудани заминҳои пурқимат, инчунин барқарор намудан ва баланд бардоштани ҳосилнокии замин мебошад.

Ҳифзи замин дар асоси муносибати комплексӣ ба замин чун ба воҳидҳои мураккаби табиӣ (системаҳои экологӣ) бо дарназардошти хусусиятҳои минтақавию ноҳиявии онҳо сурат гирифта,  мақсадҳои зайл дорад:

- пешгирӣ намудани харобшавию вайроншавии замин ва дигар оқибатҳои номусоиди фаъолияти хоҷагидорӣ;

- таъмини беҳтару барқароршавии заминҳое, ки дучори харобшавию вайроншавӣ гардидаанд;

- ба вуҷуд овардани механизми баҳисобгирӣ ва тафтиши вазъи экологии замин, инчунин бо меъёрҳои экологӣ таъмин намудани заминистифодабарандагон, ки бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешаванд.

 
Моддаи 52. Мазмун ва тартиби ҳифзи замин

Заминистифодабарандагон корҳои зеринро амалӣ менамоянд:

-ташкили дурусти қаламрав;

- барқарор кардан ва баланд бардоштани ҳосилнокии хок, ҳамчунин хусусиятҳои дигари замин;

- ҳифзи замин аз бодлесии (эрозияи) обу шамол, сел, обзеркунӣ, ботлоқшавӣ, сахту шeршавӣ ва олудашавӣ бо партовҳои истеҳсолот, моддаҳои кимиёию радиоактивӣ ва аз дигар протсессҳои харобшавӣ;

- ҳифзи заминҳои кишоварзӣ аз пайдоиши буттазор, чакалакзор ва дигар равандҳои бадшавии ҳолати техникии киштукори замин;

- рекултиватсияи заминҳои харобшуда, барқарор кардани ҳосилнокии онҳо ва дигар хосиятҳои фоиданоки заминҳо ва сари вақт барои истеҳсолоти кишоварзӣ истифода бурдани онҳо;

- ҳангоми иҷрои корҳои вобаста ба харобшавии замин гирифтан, истифода бурдан ва нигоҳ доштани қабати ҳосилхези замин.

Агар дар кeтоҳтарин фурсат барқарор намудани ҳосилнокии заминҳои кишоварзии харобгардида, ҳамчунин заминҳои бо моддаҳои кимиёӣ ва радиоактивӣ зиёда аз меъёри ҷоизи заҳролудшавӣ олудашуда ғайриимкон бошад, ба тартиби муқарраргардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи онҳо муваққатан манъкарда мешавад.

 

Моддаи  53. Талаботи экологӣ ва ҷобаҷогузорӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва ба  истифода додани объектҳо, иморату биноҳое, ки  ба ҳолати замин таъсир мерасонанд

Ҳангоми ҷобаҷогузорӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва ба истифода додани объекту иморатҳо ва биноҳои нав ва таҷдиду таъмиршаванда, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои наве, ки ба ҳолати замин таъсири манфӣ мерасонанд, бояд доир ба ҳифзи замин тадбирҳо андешида шуда, амалан татбиқ гарданд, риояи талаботи экологӣ, санитарию гигиенӣ ва дигар талаботи махсус (қоидаю меъёрҳо) таъмин карда шаванд.

Ба истифода додани объектҳо ва истифодаи технологияе, ки ҳифзи заминро аз харобшавӣ ё вайроншавӣ таъмин намекунанд, манъ аст.

Дар мавриди ҷобаҷогузории объектҳо, ки ба ҳолати замин таъсир мерасонанд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо мақомоти ноҳиявии заминсозӣ, мақомоти ҳифзи табиат, меъморӣ ва мақомоти дигар мувофиқа карда шавад.

 
Моддаи 54. Ҳавасмандгардонии иқтисодии истифодаи дуруст ва ҳифзи замин

Ҳавасмандгардонии иқтисодии истифодаи дуруст ва ҳифзи замин ба афзоиши ҳавасмандии заминистифодабарандагон барои нигоҳдорӣ ва барқарор кардани ҳосилнокии қабати хок, ҳамчунин ба ҳифзи он аз оқибатҳои манфии фаъолияти истеҳсолӣ нигаронида шуда, инҳоро дар бар мегирад:

а) ҷудо кардани маблағҳои буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ, ҳамчунин истифодаи маблағҳои ба тариқи ҷарима ба суратҳисоби махсус дохилшаванда барои барқарорсозии заминҳое, ки ба вайроншавии онҳо шахсони истифодабарандаи ин заминҳо гунаҳкор нестанд, инчунин барои анҷом додани корҳои агротехникӣ, мелиоратсияи ҷангал ва дигар тадбирҳои ҳифзи қабати хок;

б) озод кардан аз пардохти пули қитъаҳои замине, ки мувофиқи лоиҳаи иҷрои корҳо дар марҳалаи ободонии кишоварзӣ ё беҳбуди тарккунии ҳолаташон қарор доранд;

в) додани қарзҳои имтиёзнок барои чорабиниҳои беҳбуди ҳолат ва ташкили истифодаи замин;

г) қисман аз маблағҳои буҷет талофӣ намудани камшавии даромад дар натиҷаи муваққатан манъ кардани истифодаи қитъаҳои замине, ки ба ҳаробшавии он заминистифодабарандагон гунаҳкор нестанд;

д) ҳавасмандгардонӣ барои беҳтар намудани  сифати замин, баланд бардоштани ҳосилнокии замини фонди ҷангал, истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ пок.

 

Боби 1Х. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ РИОЯИ ҚОНУНГУЗОРИИ  ЗАМИН,

ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАМИН

 
Моддаи 55. Мақомоте, ки назорати давлатии риояи истифода ва  ҳифзи заминро анҷом медиҳанд

Назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин аз тарафи мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти он дар маҳалҳо ва Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Тартиби анҷомдиҳии назорати давлатии риояи қонунгузории замин, истифодаю ҳифзи замин ва тақсими вазифаҳо дар байни мақомоте, ки назорати давлатиро анҷом медиҳанд ва риояи низомномаҳои онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 56. Вазифаҳои назорати давлатии риояи қонунгузории замин,  истифода ва ҳифзи замин

Вазифаи назорати давлатии риояи қонунгузории замин, истифодаи дуруст ва ҳифзи замин аз тарафи тамоми заминистифодабарандагон, мақомоти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз тобеият ва шакли моликияташон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон аз таъмини иҷрои қонунгузории замин, риояи талаботи (қоидаю меъёрҳои) махсус ва иҷрои чорабиниҳои оид ба истифодаю ҳифзи замин иборат мебошанд.

 

Боби Х. ЗАМИНСОЗӢ, КАДАСТРИ ДАВЛАТИИ ЗАМИН ВА МОНИТОРИНГИ ЗАМИН

 

Моддаи  57.  Таъиноти  заминсозӣ

Заминсозӣ маҷмeи чорабиниҳоест, ки танзими ҳудудии муносибатҳои вобаста ба замин, омeзиш, банақшагирӣ, ташкили истифода ва ҳифзи заминҳо, таъсиси заминистифодабарии нав ва танзими заминистифодабарии мавҷуда, фондҳои замин, воҳидҳои марзию маъмурӣ ва дигар объектҳои заминсозӣ бо нишон додани сарҳадҳо дар маҳал, ободонии қаламрави ташкилотҳои кишоварзӣ ва беҳдошти манзараҳои табиатро таъмин мекунад.

Ба танзимдарории муносибатҳо вобаста ба заминсозӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 58 хориҷ карда шуд (бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28.02 соли 2004, № 23)

 

Моддаи 59 хориҷ карда шуд (бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28.02 соли 2004, № 23)

 

Моддаи 60 хориҷ карда шуд (бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28.02 соли 2004, № 23)

 

Моддаи 61. Мафҳум ва таъиноти кадастри давлатии замин

Кадастри давлатии замин ягонагии ҷудонашавандаи системаи автоматикунонидаи маълумоти кадастри замин ва раванди кадастри замин мебошад.

Мақсади кадастри давлатии замин аз дастрас шудани маълумоти боэътимод оид ба ҷойгиршавии заминҳои фонди ягонаи давлатии замин аз ҷиҳати табиӣ, ҳуқуқӣ ва хоҷагидорӣ иборат мебошад.

Кадастри давлатии замин маълумоти оид ба ташкили истифодаи  дурусту ҳифзи замин, ба низом овардани муносибатҳои  вобаста ба замин, асоснок кардани андозаи пардохти пули замин, танзими замин ва арзёбии фаъолияти хоҷагидориро дар бар мегирад. Вай яке аз самтҳои идоракунии фонди давлатии замини ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Кадастри давлатии замин бо системаи ягонаи дар ҷумҳурӣ буда аз ҳисоби воридшавии пули замин аз тарафи мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо бурда мешавад.

Тартиби амалӣ кардани кадастри давлатии заминро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Мақомот ва шахсони мансабдор, ки кадастри давлатии заминро ҷорӣ менамоянд, вазифадоранд дурустии маълумоти ба ҳуҷҷатҳои кадастрӣ дохилшаванда, ҳамчунин ба шахсони ҳуқуқии манфиатдор дастрас шудани ин маълумотро таъмин намоянд.

 

Моддаи 62.  Раванди кадастри замин

Раванди кадастри замин ба мақсади давра ба давра ё пай дар пай аз нав кардани маълумоти кадастри замин ба роҳ монда мешавад.

Раванди кадастри замин аз қисмҳои таркибии зайл иборат мебошад:

- бақайдгирии давлатии истифодаи замин;

- баҳисобгирии миқдор ва сифати замин;

- бонитировкаи (муайянсозии сифати) хок;

- арзёбии  иқтисодии замин.

Амалисозии раванди кадастри замин дар натиҷаи бароҳмонии корҳои аэрокайҳонӣ, топографию геодезӣ, картографӣ, хокшиносӣ, геоботаникӣ, мелиоративӣ ва навъҳои дигари корҳои чустуҷeю таҳқиқот таъмин карда мешавад.

 

Моддаи  63.  Мониторинги замин

Мониторинги замин мушоҳидаи мунтазами (корҳои аксбардорӣ ва таҳқиқоту ҷустуҷeӣ) ҳолати замин, муайян кардани тағйироти воқеъшаванда ва арзёбии онҳо мебошад.

Вазифаҳои мониторинги замин аз инҳо иборат аст:

а) сари вақт маълум кардани тағйироти ҳолати замин, арзёбии ин тағйирот, ояндабинӣ ва таҳияи тавсияҳо оиди пешгирию бартараф кардани оқибатҳои равандҳои манфӣ;

б) таъмини иттилоотии  пешбурди кадастри давлатии замин, истифодаи дурусти замин, заминсозӣ, назорати истифода ва ҳифзи замин ва дигар вазифаҳои идоракунии давлатии заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Боби Х1. ЗАМИНҲОИ ТАЪИНОТИ КИШОВАРЗӢ

 

Моддаи 64. Мафҳум ва таркиби заминҳои таъиноти кишоварзӣ

Заминҳои таъиноти кишоварзӣ тамоми заминҳое ба ҳисоб мераванд, ки барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ истифода мешаванд.

Заминҳои таъиноти кишоварзӣ аз заминҳои корам, дарахтони бисёрсола, заминҳои партов, заминҳои алафдарав ва чарогоҳҳо, инчунин заминҳое, ки дар онҳо роҳҳои дохилихоҷагӣ, коммуникатсияҳо, обанборҳо, иншоотҳои гидротехникӣ ва биною иморатҳо воқеъ буда, барои истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди аввали маҳсулоти кишоварзӣ истифода мешаванд, иборат мебошанд.

 

Моддаи 65. Додани заминҳои таъиноти кишоварзӣ

Заминҳои таъиноти кишоварзӣ ба инҳо дода мешаванд:

- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ба роҳ мондани истеҳсолоти кишоварзӣ;

- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои боғдорию полезкорӣ;

- ба ҷамоатҳо барои додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва замини иловагӣ барои ташкили хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон;

- ба муассисаҳои таҳқиқоти илмӣ, таълимӣ ва дигар муассисаҳою корхонаҳои кишоварзӣ, омeзишгоҳҳои истеҳсолию техникии деҳот ва мактабҳои таълимоти умумӣ барои мақсадҳои тадқиқотӣ, таълимӣ, тарғиби таҷрибаҳои пешқадам ва барои ба роҳ мондани истеҳсолоти кишоварзӣ;

- ба корхона, ташкилоту муассисаҳои ғайрикишоварзӣ, ташкилотҳои динӣ барои бароҳмонии хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ.

 

Моддаи  66. Додани замин ба хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)

Қитъаи замин ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташкили хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ба истифодаи меросии якумра тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» дода мешавад.

 

       Моддаи 67 хориҷ карда шуд (бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28.02 соли 2004, № 23)

 

       Моддаи 68 хориҷ карда шуд (бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28.02 соли 2004, № 23)

 

       Моддаи 69 хориҷ карда шуд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28.02 соли 2004, № 23)

 

Моддаи  70.  Ба шахси дигар додани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин

Шаҳрванди машғули хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) метавонад ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро ба шахси дигар диҳад.

Ҳангоми ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин барасмиятдарории ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи  71.  Додани замин барои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ

Ба ҳар оила қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба андозаи то 0,12гектар аз замини обӣ ва ба андозаи то 0,25 гектар аз замини обёринашаванда, дар ноҳияҳои навкорам ва кeҳӣ ба андозаи то 0,15 гектар замини обӣ ва ба андозаи то 0,40 гектар замини обёринашаванда, ки масоҳати биною ҳавлӣ ба ҳамин ҳисоб доҳил мешаванд, дода мешавад.

Андозаи мушаххаси қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар доираи меъёрҳои нишондодашуда бо назардошти фонди замини ҳар як заминистифодабаранда муайян карда мешавад.

Тартиби додани қитъаҳои замини наздиҳавлигиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 711. Додани заминҳои наздиҳавлигӣ ба оилаҳои навташкил

Тақсим шудани оилаи шаҳрвандон боиси тақсими қитъаи замини наздиҳавлигӣ намегардад.

Дар мавридҳои алоҳида, агар қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз меъёри муайяншуда зиёд бошад, онро ба оилаи навташкил ва ё ба дигар оила тақсим кардан мумкин аст.

Агар оилаи навташкил мувофиқи тартиби муқарраргардида дар ҷамоат ба қайд гирифта шуда бошад, тибқи тартиби умумӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин карда мешавад.

 

Моддаи 712.  Додани замин барои ташкили хоҷагии ёрирасони шахсӣ

Ба шаҳрвандон барои ташкили хоҷагии ёрирасони шахсӣ бо розигии заминистифода-барандагони якумдараҷа қитъаҳои замин тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешаванд.

 

Моддаи 713. Додани қитъаҳои замин ба шаҳрвандон барои чаронидани чорво ва алафдаравӣ

Ба шаҳрвандон, ки дар моликияти шахсиашон чорво доранд, барои чаронидани чорво ва алафдаравӣ бо дархости ҷамоатҳо аз заминҳои захиравӣ, фонди ҷангал, заминҳои маҳалҳои аҳолинишин, инчунин аз заминҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар ташкилотҳое, ки дар истифодаашон заминҳои кишоварзӣ доранд, қитъаҳои замин бо тартиби зерин ҷудо карда мешаванд:

а) аз заминҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар ташкилотҳое, ки дар истифодаашон заминҳои кишоварзӣ доранд - бо қарори маҷлиси умумии ин хоҷагиҳо ва ташкилотҳо;

б) аз заминҳои захираи давлатӣ - бо қарори раисони ноҳияҳо (шаҳрҳо);

в) аз заминҳои фонди давлатии ҷангал - бо қарори раисони ноҳияҳо (шаҳрҳо) дар мувофиқа бо мақомоти хоҷагии ҷангал.

Пардохти андози  чунин заминҳо тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 72.  Додани қитъаҳои замин барои боғдорию полизкории коллективӣ

Қитъаҳои замин барои боғдорию полизкории коллективӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз заминҳое, ки қаблан дар истеҳсолоти кишоварзӣ истифода намешуданд, дода мешавад. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қитъаҳои замин барои боғдорию полизкории коллективӣ аз рeи ҳисоби то 0,06 гектарӣ ба ҳар як аъзои коллектив дода мешавад. Тартиби додани қитъаи замин барои боғдорию полизкории коллективӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 73. Шартҳои тағйир додани ҳудуду андозаҳои заминистифодабарӣ

Ҳудуду андозаҳои заминистифодабарии корхонаю ташкилот ва муассисаҳои кишоварзӣ ҳангоми калон ё хурд кардани хоҷагиҳо бо назардошти мавқеи ҷойгиршавӣ, шумораи аҳолӣ, кормандон, саҳмдорон дар асоси қарори маҷлиси умумӣ ё маҷлиси намояндагони онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории замини Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода шуда, ҳуқуқи истифодаи замин аз нав ба қайд гирифта мешавад.

 

Моддаи 74. Ҷойгиркунии объектҳои сохтмони дохилихоҷагӣ

Объектҳои сохтмони дохилихоҷагии корхонаҳои кишоварзӣ мувофиқи нақшаи тасдиқшудаи  заминсозӣ, лоиҳаҳои дохилихоҷагии  заминсозӣ ё лоиҳаҳои тарҳрезию сохтмони маҳалҳои аҳолинишини деҳот ҷойгир кунонида мешаванд.

Ҷойгиркунии иншоот барои сохтмони дохилихоҷагӣ дар заминҳои дар моддаи 29-и ҳамин Кодекс зикршуда танҳо дар ҳолатҳои махсус бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

Тартиби додани қитъаҳои замин барои сохтмони дохилихоҷагӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.  

 

Моддаи 75. Тартиб ва шартҳои додани заминҳои таъиноти кишоварзӣ

Заминҳои таъиноти кишоварзӣ бо тартиби  заминсозии байнихоҷагӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  бо мувофиқаи заминистифодабарандагон мутобиқи Кодекси мазкур дода мешаванд.

Додани заминҳои таъиноти кишоварзӣ ба корхонаҳои кишоварзӣ дар ҳудуди барои фаъолияти хоҷагӣ мувофиқ сурат мегирад. Ба порчадармиёнӣ, рахнашавии заминҳо ва дигар норасоиҳо дар заминистифодакунии онҳо роҳ дода намешавад.

Барҳамдиҳии порчадармиёнӣ, рахнашавии заминҳо ва дигар норасоиҳо дар заминистифодабарии корхонаҳои кишоварзӣ бо ризояти тарафайн аз ҷониби мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо, бо тартиби заминсозии байнихоҷагӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» ба амал бароварда мешавад.

Ба корхона, ташкилоту муассисаҳои ғайрикишоварзӣ, ҳамчунин ба ташкилоти динӣ қитъаҳои замин барои пешбурди хоҷагии кишоварзии ёрирасон ба мақсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ барои таъмини кормандону хизматчиёни корхона, ташкилоту муассисаҳои  мазкур, ошхонаҳои мактабҳо,  муассисаҳои бачагона, беморхонаҳо, хонаҳои пиронсолону маъюбон, шифохонаҳо ва истироҳатгоҳҳо дода мешавад.

 

Боби  ХII.  ЗАМИНҲОИ ШАҲР ВА МАҲАЛИ АҲОЛИНИШИН

 

Моддаи  76.  Замини шаҳр

Ба замини шаҳр ҳамаи заминҳои ҳудуди маъмурии шаҳр дохил мешаванд.

Замини шаҳр дар ихтиёри ҳокимияти маҳалии шаҳр мебошад.

 

Моддаи 761.  ҳудуди маъмурии шаҳр

Ҳудуди маъмурии шаҳр сарҳади заминҳои шаҳр мебошад, ки онро аз дигар намудҳои замин ҷудо мекунад.

Ҳудуди маъмурии шаҳр аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва тағйир дода мешавад.

Ба ҳудуди маъмурии шаҳр дохил намудани қитъаҳои замин боиси қатъ гардидани ҳуқуқи заминистифодабарандагони пештара намегардад. Гирифтани ин қитъаҳо мувофиқи нақшаи генералии шаҳрсозӣ бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  сурат мегирад.

 

Моддаи  77.  Таркиби заминҳои шаҳр

Ба таркиби заминҳои шаҳр инҳо дохил  мешаванд:

а) заминҳои зери сохтмонҳо;

б) заминҳои истифодаи умумӣ;

в) заминҳои истифодаи кишоварзӣ;

г) заминҳои зери ҷангалу буттазорҳо;

д) заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, қубурҳои магистралӣ ва заминҳои таъиноти дигар;

е) заминҳои  зери обанборҳо ва акваторияҳо.

 

Моддаи 771. Истифодаи замини шаҳр

Замини шаҳр мувофиқи нақшаҳои генералии шаҳр, лоиҳаҳои муфассали тарҳрезию сохтмонӣ, инчунин нақшаҳои сохтмони замину хоҷагидории ҳудуди шаҳр истифода бурда мешавад.

 

Моддаи 772. Додани қитъаҳои замин дар шаҳр

Қитъаҳои замин дар шаҳр барои истифодаи бемeҳлат, мeҳлатнок ва иҷора бо қарори раиси шаҳр мутобиқи моддаи 26 ҳамин Кодекс дода мешаванд.

 

Моддаи 773. Гирифтани қитъаҳои замин дар шаҳр

Дар шаҳр қитъаҳои замин бо розигии заминистифодабарандагони якумдараҷа дар асоси қарори раиси шаҳр гирифта мешаванд.

Заминҳои пурарзиши кишоварзӣ (заминҳои корам, заминҳои дарахтони бисёрсола, чарогоҳ, заминҳои обию лалмӣ), майдони таҷрибавии муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, таълимӣ барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ, инчунин ҷангалҳои дорои режими махсуси истифода (боғҳои маданию истироҳатӣ, кабудизорҳо, дарахтони зидди бодлес), ки ба хоҷагии ҷангал вобаста нестанд, дар мавриди дигар шудани мақсади истифода танҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешаванд.

 

Моддаи 774. Заминҳои зери сохтмонҳои шаҳр

Заминҳои зери сохтмонҳои шаҳр аз заминҳое иборат мебошанд, ки дар онҳо биноҳо, иншоотҳо сохта шуда, барои сохтмони биною иншоотҳо таъин гардидаанд.

 

Моддаи 775.  Додани қитъаҳои замин барои сохтмон

Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қитъаҳои замин барои сохтмони саноатӣ, манзилӣ, маданию маишӣ ва дигар намудҳои сохтмони асосӣдода мешаванд.

Андозаи қитъаҳои замин ва шартҳои ба мақсади мазкур истифода бурдани онҳо мувофиқи меъёрҳо ва ҳуҷҷатҳои банақшагирию лоиҳавии бо тартиби муқарраршуда тасдиқшуда муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 776.  Заминҳои истифодаи умумӣ

Заминҳои истифодаи умумӣ аз заминҳои роҳҳо, роҳравҳо, боғҳои истироҳатӣ, гулгаштҳо, майдонҳо, заминҳои таъиноти маданию маишӣ, қабристонҳо ва дигар заминҳои истифодаи умумӣ иборат мебошанд.

 

Моддаи 777. Додани заминҳои истифодаи умумӣ барои сохтмон

Қитъаҳои замин аз заминҳои истифодаи умумӣ ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ ба истифодаи бемeҳлат ва мeҳлатнок барои сохтмонҳои навъи сабук (хаймаҳои савдо, дeконҳо, иншооти рекламавӣ ва ҳоказо) бидуни расонидани зарар барои истифодаи умумӣ дар асоси қарори раиси шаҳр дода мешаванд.

 

Моддаи 778. Заминҳои истифодаи кишоварзӣ дар шаҳр

Ба заминҳои истифодаи кишоварзӣ дар шаҳр заминҳои корхонаю ташкилотҳои кишоварзӣ, ки дар ҳудуди заминҳои маъмурии шаҳр воқеанд, дохил мешаванд.

Додану гирифтани заминҳои истифодаи кишоварзӣ дар асоси моддаҳои 26 ва 29 ҳамин Кодекс сурат мегирад.

 

Моддаи 779. Заминҳои зери ҷангал ва буттазорҳои шаҳр

Ба заминҳои зери ҷангал ва буттазорҳои шаҳр заминҳое дохил мешаванд, ки дар онҳо ҷангал ва буттазорҳо ҷойгир шуда бо мақсади беҳбуди вазъи муҳити зист, қонеъ гардонидани талаботи маданию эстетикии аҳолӣ, ҳифзи замин аз бодлесшавии обу шамол хизмат мекунанд.

 

Моддаи 7710. Заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, қубурҳои магистралӣ ва  заминҳои таъиноти дигар

Ба заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, қубурҳои магистралӣ  ва заминҳои таъиноти дигар дар шаҳр заминҳое дохил мешаванд, ки онҳо барои истифода ба роҳҳои  нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, роҳҳои обӣ ва ҳавоӣ, қубурҳо, хатҳои интиқоли барқ, алоқа, заминҳои саноатии  коркарди канданиҳои фоиданок ва ғайра  дода шудаанд.

Иҷозати дар ин заминҳо бунёд кардани сохтмонҳою иншоотҳо, инчунин гузаронидани корҳои ободонӣ бо розигии заминистифодабарандагон дар асоси қарори раиси шаҳр сурат мегирад.

Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қитъаҳои замин барои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок бо тартиби муқарраршуда баъди ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ дода мешавад.

 

Моддаи 7711. Заминҳои зери обанборҳо ва акваторияҳо

Ба заминҳои зери обанборҳо ва акваторияҳо заминҳои обанборҳо, кeлҳо, дарёҳо, каналҳо, ботлоқзорҳо ва иншоотҳои гидротехникӣ дохил мешаванд.

 

Моддаи 7712. Заминҳои шаҳрак

Тамоми заминҳои дохили ҳудуди шаҳрак ба заминҳои шаҳрак дохил мешаванд.

Заминҳои шаҳрак дар ихтиёри мақомоти худидоракунии шаҳрак мебошад.

Ба заминҳои шаҳрак муқаррароти моддаҳои 76-80 ҳамин Кодекс паҳн мегарданд.

 

Моддаи 7713. Заминҳои маҳали аҳолинишини деҳот

Ба заминҳои маҳали аҳолинишини деҳот ҳамаи заминҳое тааллуқ доранд, ки дар дохили сарҳадҳои муқарраршудаи ин маҳали аҳолинишин воқеъ мебошанд.

Заминҳои маҳали аҳолинишини деҳот дар ихтиёри мақомоти ҳокимияти  маҳаллӣ мебошанд.

Заминҳои маҳали аҳолинишини деҳот мувофиқи лоиҳаҳои сохтмон ва нақшаи хоҷагидорӣ барои заминҳои наздиҳавлигӣ, сохтмони биноҳои истиқоматӣ, маданию маишӣ, иншооти истеҳсолӣ ва дигар мақсадҳо истифода бурда мешаванд.

Ҳудуди маҳали аҳолинишини деҳот бо пешниҳоди мақомоти худидоракунии деҳот аз тарафи мақомоти дахлдори ҳокимияти маҳаллӣ дар доираи салоҳияти он муқаррар ва тағйир дода мешавад.

 

Моддаи 78.  Заминҳои минтақаи наздишаҳрию сабзазорҳо

Заминҳои берун аз ҳудуди шаҳр, ки  манбаи васеъшавии ҳудуди шаҳр, маҳали ҷойгиронӣ ва сохтмони иншооти зарури марбут ба ободонию фаъолияти мeътадили хоҷагии шаҳр мебошанд, инчунин замини ҷангалу бешабоғ ва дигар дарахту буттазор, ки вазифаи муҳофизавӣ ва санитарию гигиениро иҷро менамоянду  ҷои истироҳати омма мебошанд, мутобиқан ҳамчун заминҳои минтақаи наздишаҳрию кабудизори шаҳр истифода мешаванд.

 

Моддаи 79. Тартиби ҷудо кардани минтақаҳои наздишаҳрию кабудизорҳо

Минтақаҳои наздишаҳрию кабудизорҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муайян кардани андозаю ҳудуди минтақа, инчунин тартиби заминистифодабарӣ дар онҳо ҷудо карда мешаванд.

Ба минтақаҳои наздишаҳрию кабудизорҳо дохил намудани қитъаҳои замин боиси мусодираи қитъаҳои замин намегардад ва заминистифодабарандагон ҳуқуқи худро ба ин қитъаҳо нигоҳ медоранд.

 

Моддаи  80.  ҳифзи заминҳои минтақаи наздишаҳрию кабудизорҳо

Заминҳои минтақаҳои наздишаҳрию кабудизорҳо таҳти муҳофизати махсус мебошанд.  Дар ин заминҳо сохтани иншоот, ки ба корҳои муҳофизатӣ, санитарию гигиении минтақаҳои наздишаҳрию кабудизорҳо ва ба мақсади ташкили истироҳати омма алоқаманд намебошанд, манъ аст.

 

Боби ХIII. ЗАМИНҲОИ САНОАТ, НАҚЛИЁТ, АЛОҚА, МУДОФИА

ВА ТАЪИНОТИ ДИГАР

 

Моддаи  81.  Заминҳои саноат

Заминҳои саноат заминҳое мебошанд, ки ба корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои саноатӣ барои сохтмон, истеҳсолоти саноатӣ, ҳамчунин барои эҳтиёҷоти хоҷагидорӣ ва дигар эҳтиёҷоти махсус дода шудаанд.

 

Моддаи 82. Заминҳои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок

Заминҳои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок қитъаҳои замине ба ҳисоб мераванд, ки ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ барои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд.

Шахсони воқеию ҳуқуқӣ ҳангоми иҷрои корҳои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок eҳдадоранд, ки ҳуқуқу манфиатҳои қонунии заминистифодабарандагони ҳамсояро вайрон накунанд ва тамоми тадбирҳои зарурии таъмини истифодаи дурусту ҳифзи заминро андешанд.

 

Моддаи 83. Қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини  барои коркарди канданиҳои фоиданок додашуда

Баробари қатъ гардидани ҳуқуқи коркарди канданиҳои фоиданок аз рeи асосҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ дар бораи сарватҳои зеризаминӣ  ҳуқуқи шахсони воқеию ҳуқуқӣ барои истифодаи қитъаи замини барояш ҷудокардашуда низ қатъ мегардад.

Дар ин маврид шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ eҳдадоранд, ки заминро ба ҳолати аввала барқарор намуда, мувофиқи тартиби муқарраршуда ба заминистифодабарандаи якумдараҷа баргардонанд.

 

Моддаи  84.  Заминҳои  нақлиёт

Тамоми заминҳое, ки барои эҳтиёҷоти навъи нақлиёти дахлдор дода шудаанду бо нигоҳдошт, таҷдид, тараққию такмили роҳҳои алоқа вобастаанд, заминҳои нақлиёт дониста мешаванд.

Ин заминҳо ба заминҳои нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, обӣ ва   ҳавоӣ ҷудо мешаванд.

 

Моддаи  85.  Заминҳои қубурҳои магистралӣ

Заминҳои қубурҳои магистралӣ (қубурҳои газ, нафт) қитъаҳои замине ҳисоб мешаванд, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ҷойгиронии биною иншоотҳои ёрирасон, хизматрасонӣ ва дигар иншоотҳои таъминкунандаи истифодаи меъёрии ин соҳа мутобиқи лоиҳаҳои техникӣ дода шудаанд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба онҳо қитъаҳои замин барои истифодаи мeҳлатнок ҷиҳати гузаронидани қубурҳои магистралӣ ҷудо шудаанд, пас аз анҷом додани корҳои сохтмонӣ вазифадоранд ин қитъаҳоро ба ҳолати пештараашон баргардонанд.

 

Моддаи  86. Заминҳои хати алоқа, радио ва барқ

Ба заминҳои хати алоқа, радио ва барқ заминҳое мансубанд, ки ба корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои истифодабарандаи ин хатҳо мувофиқи меъёр ва лоиҳаҳои техникӣ барои сохтани пояҳои хати ҳавоии алоқа, радио ва интиқоли барқ, сохтани иморату иншоот ва дигар дастгоҳҳо дода шудаанд.

 

Моддаи 87. Заминҳо барои эҳтиёҷоти  мудофиа

Заминҳо барои эҳтиёҷоти  мудофиа заминҳое ба ҳисоб  мераванд, ки  барои ҷойгир  кунондан ва фаъолияти  доимии қисмҳо ва муассисаҳои  ҳарбӣ, мактабҳои таълимии ҳарбӣ, ташкилоту  корхонаҳои  Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қeшунҳои  сарҳадӣ ва дохилӣ дода шудаанд.

 

Боби ХIV. ЗАМИНҲОИ  ҲИФЗИ ТАБИАТ, СОЛИМГАРДОНӢ,

РЕКРЕАТСИОНӢ ВА ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

 

Моддаи 88. Заминҳои ҳифзи табиат

Ба заминҳои ҳифзи табиат заминҳои  мамнeъгоҳҳо, боғҳои  миллию дендрологӣ, боғҳои ботаникӣ, парваришгоҳҳо (ғайр аз парваришгоҳҳои  шикорӣ) ва ёдгориҳои  табиат  мансубанд.

Дар заминҳои  мазкур фаъолияти  хилофи таъиноти  мақсадноки онҳо манъ аст.

Барои таъмини  режими мамнeъгоҳҳо, боғҳои  миллию дендрологӣ, боғҳои ботаникӣ, парваришгоҳҳо (ғайр аз парваришгоҳҳои  шикорӣ), ёдгориҳои  табиат минтақаҳои  муҳофизатӣ  таъсис  дода,  дар заминҳои ин минтақаҳо машғул шудан бо фаъолияте, ки ба риояи режими онҳо таъсири манфӣ мерасонад, манъ карда мешавад.

Тартиби истифодаи заминҳои  ҳифзи табиатро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 89. Заминҳои солимгардонӣ

Ба заминҳои солимгардонӣ қитъаҳои замине дохил мешаванд, ки омилҳои табиии муолиҷавӣ (чашмаҳои оби маъданӣ, гили шифобахш, шароити иқлим ва дигар шароит) дошта, барои ташкили профилактикаю табобат мусоид мебошанд.

Заминҳои курортҳо бояд махсус муҳофизат шаванд. Ба мақсади ҳифзи омилҳои муолиҷавии табиат дар ҳамаи курортҳо минтақаҳои муҳофизати санитарӣ муқаррар карда мешавад. Қитъаҳои замине, ки дар онҳо минтақаҳои мазкур муқаррар мегарданд, аз заминистифодабарандагон гирифта намешаванд. Дар доираи ин минтақаҳо ба корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки фаъолияташон бо муҳофизати хусусиятҳои муолиҷавии табиӣ ва шароити мусоиди истироҳати аҳолӣ номувофиқанд, барои истифода додани қитъаҳои замин манъ аст.

Тартиби истифодаи заминҳои солимгардониро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муаяйн менамояд.

 

Моддаи 90. Заминҳои рекреатсионӣ (истироҳатӣ)

Заминҳои рекреатсионӣ заминҳое мебошанд, ки барои истироҳати муташаккилонаи оммавӣ, туризми аҳолӣ пешбинӣ ва истифода мешаванд.

Ба онҳо қитъаҳои замини хонаҳои истироҳатӣ, пансионатҳо, санаторияҳо, кемпингҳо, базаҳои туристӣ, лагерҳои туристию солимгардонии статсионарию хаймавӣ, хонаҳои моҳигирон ва шикорчиён, бошишгоҳҳои туристии бачагона, боғҳои истироҳатӣ, лагерҳои пионерӣ ва варзишии берун аз заминҳои солимгардонӣ ҷойгиршуда мансуб мебошанд.   

Дар заминҳои рекреатсионӣ фаъолияте, ки барои истифодаи мақсадноки заминҳо монеъ мешаванд, манъ аст.

Тартиби истифодаи заминҳои мазкурро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 91. Заминҳои таъиноти таърихию фарҳангӣ

Ба заминҳои таъиноти таърихию фарҳангӣ заминҳои мамнeъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ, боғҳои ёдгорӣ, мақбараҳо ва ёдгориҳои бостонӣ дохил мешаванд.

Дар ин заминҳо ҳар гуна фаъолияти хилофи таъиноти мақсадноки онҳо манъ аст. Тартиби истифодаи чунин заминҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Боби  ХV.  ЗАМИНҲОИ ФОНДИ ДАВЛАТИИ ҶАНГАЛ

 

Моддаи  92. Заминҳои фонди давлатии ҷангал

Заминҳои фонди давлатии ҷангал заминҳои ҷангалзор, инчунин заминҳои бедарахте, ки барои эҳтиёҷоти хоҷагии ҷангал дода шудаанд, ба ҳисоб мераванд.

Заминҳои фонди давлатии ҷангал бояд аз дигар гурeҳҳои заминҳо ба воситаи нишонаҳои марзии намунаашон муқарраршуда ҷудо карда шаванд.

 

Моддаи 93. Истифодаи заминҳои фонди давлатии ҷангал

Заминҳои фонди давлатии ҷангал мувофиқи мақсади асосии таъиноташон барои ташкили хоҷагии ҷангал ва эҳтиёҷоти хоҷагии халқ истифода мешаванд.

Истифодаи заминҳои фонди давлатии ҷангалро барои ташкили хоҷагии ҷангал (барқарор ва парвариш намудани ҷангалзор ва ғайра) ва ҷамъоварии неъматҳои табиат мақомоти хоҷагии ҷангал, инчунин дигар ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои давлатию ҷамъиятие, ки заминҳои фонди ҷангал ба онҳо вобаста карда шудааст, таъмин менамоянд.

 

Моддаи 94. Додану гирифтани заминҳои фонди давлатии ҷангал  барои эҳтиёҷоти  кишоварзӣ ва ғайрикишоварзӣ

Заминҳои фонди давлатии ҷангал, ки барои эҳтиёҷоти хоҷагии ҷангал ва саноати он истифода намешаванд, тибқи тартиби муқарраргардидаи  Кодекси мазкур ба истифодаи  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ ва ғайрикишоварзӣ дода мешаванд.

Дар ҳолати ғайриоқилона истифода бурдан  ё мувофиқи таъинот истифода набурдан ингуна заминҳо  мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи  Кодекси мазкур гирифта мешаванд.

Ҷуброни талафи замини фонди давлатии ҷангал якҷоя бо маблағи зарари истифодаи ҷангал пардохт карда  мешавад.

Тартиби истифодаи заминҳои фонди давлатии ҷангалро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Боби ХVI. ЗАМИНҲОИ ФОНДИ ДАВЛАТИИ ОБ

 

Моддаи 95. Заминҳои фонди давлатии об

Ба заминҳои фонди давлатии об заминҳои обанборҳо, пиряхҳо, тармаҳо, ботлоқу иншооти гидротехникӣ ва дигар иншооти хоҷагии об, инчунин заминҳое, ки барои соҳили обанборҳо, каналҳо ва заҳбурҳои асосӣ ва байнихоҷагӣ ҷудо шудаанд, мансубанд.

 

Моддаи  96. Таъинот ва истифодаи заминҳои фонди давлатии об

Заминҳои фонди давлатии об ба мақсади таъмини истифодаи оқилонаи тамоми заҳираҳои об ва инчунин барои мақсадҳои хоҷагии об, моҳидорӣ, ҷангал, дигар соҳаҳои хоҷагии халқ, нақлиёти обӣ, гузаронидани корҳои тадқиқотӣ ва мақсадҳои дигар истифода бурда мешаванд.

Дар заминҳои фонди давлатии об корҳои зайл анҷом дода мешаванд:

- сохтмони иншооте, ки эҳтиёҷоти аҳолӣ ва хоҷагии халқро бо оби нeшокӣ ва ғайринeшокӣ пурра таъмин менамоянд;

 - бунёд ва азнавсозии иншооти гидротехникӣ барои обшор ва обёрӣ кардани заминҳои кишоварзӣ;

 - сохтмони иншооти муҳофизати соҳилҳо, садду дарғотҳо ва дигар объектҳои пешгирикунанда ё барҳамдиҳандаи таъсири бади об (обхезӣ, обзеркунӣ, зери об мондан, ботлоқзору шeршавӣ, бодлесии хок, пайдошавии ҷарҳо,  ярч, сел ва ғайра);

- истифодаи қитъаҳои замини мавзеъҳои назди соҳилҳо барои кишоварзӣ, полизкорӣ ва заминҳои саҳмии хизматӣ.

Тартиби  истифодаи заминҳои фонди давлатии обро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 97. Маҳдуд кардани истифодаи қитъаҳои замини назди соҳили обанборҳо

Дар доираи замини ҷудокардаи соҳили обанборҳо сохтани иншооте, ки ба истифодаи заминҳои фонди давлатии об мувофиқи таъиноташон монеъ мегардад, иҷозат дода намешавад.

 

Моддаи 98. Минтақаи  муҳофизатии заминҳои фонди давлатии об

Барои таъмин намудани ҳолати зарурии тозагии обе, ки барои нeшокӣ ва таъминоти маишӣ, инчунин барои эҳтиёҷоти табобатӣ, маданию солимгардонии аҳолӣ истифода бурда мешавад, минтақаҳои муҳофизатӣ муқаррар мегарданд.

Андозаи минтақаҳои муҳофизатиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Боби ХVII. ЗАМИНХОИ ЗАХИРАИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 99. Заминҳои захираи давлатӣ

Хамаи заминҳое, ки ба истифода дода нашудаанд, заминҳои захираи давлатӣ ба шумор мераванд. Ба ин намуди заминҳо инчунин заминҳое, ки ҳуқуқи истифодаи онҳо мувофиқи моддаи 37 ҳамин Кодекс қатъ гардидааст ва фонди махсуси ташкилшудаи замин дохил мешаванд. Заминҳои захираи давлатии дар ихтиёри Ҳукумати ноҳия буда ҷиҳати ба истифода ва иҷора додан бештар барои истеҳсолоти кишоварзӣ пешбинӣ шудаанд.

 

Моддаи 100. Таъиноти заминҳои захираи давлатӣ

Заминҳои захираи давлатӣ ҳамчун манбаъ барои истеҳсолоти кишоварзӣ, саноат, нақлиёт ва дигар эҳтиёҷотҳо мебошанд.

 

Боби ХVIII. ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ЗАМИН

 

Моддаи 101. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории замин

Ҷавобгариро барои вайронкунии қонунгузории замин қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 102. Таъиноти маблағҳое, ки аз вайронкунандагони қонунгузории замин ситонида мешаванд

Маблағи ҷаримаи аз шахсони воқеию  ҳуқуқӣ воридгардида бо таъиноти мақсаднок барои мақсадҳои зайл истифода мешавад:

а) обод кардани заминҳои нави дар соҳаи кишоварзӣ истифодашаванда, барқарор кардан ва баланд бардоштани ҳосилнокии хок;

б) барқарор кардани заминҳои харобгардида, рекултиватсияи заминҳои ифлосшудаю вайронгардида ва чорабиниҳои дигари беҳдошти замин;

в) ҳифзи замин ва дигар захираҳои табиӣ;

г) анҷом додани корҳои арзёбии  замин ва инвентаризатсияи замин;

д) анҷом додани корҳои кадастрии замин;

е) анҷом додани корҳои  заминсозӣ;

ж) таъминоти моддию техникии мақомоте, ки назорати давлатии истифодаю ҳифзи заминро иҷро менамоянд;

з)  тартиб ва татбиқ намудани лоиҳаҳо, гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ барои беҳдошти ҳолати замин.

 

Моддаи 103.  Барқарор намудани аломатҳои марзӣ

Тамоми хати сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва заминистифодабарандагон бо аломатҳои марзӣ нишон дода мешаванд.

Барои вайрон кардани аломатҳои марзӣ шахсони гунаҳкор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 104.  Баргардонидани қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда

Заминҳои худсарона ишғолшуда бе ҷуброни хароҷоте, ки дар муддати ғайриқонунӣ истифода бурдан сарф шудааст, ба соҳибаш баргардонида мешавад. Барои истифода коршоям кардани қитъаҳои замин, ҳамчунин ғалтондани иморатҳо аз ҳисоби корхонаю муассисаҳо, ташкилот ва ё шаҳрвандоне, ки худсарона заминро ишғол намудаанд, сурат мегирад.

Қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда бо қарори мақоми ҳокимияти иҷроияи ноҳия (шаҳр) баргардонида мешаванд.

 

Боби ХIХ. ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 

Моддаи 105. Шартномаҳои байналмилалӣ

Агар дар шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои дигар пешбинӣ шуда бошанд, қоидаҳои шартномаҳои байналмилалӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

 

 

Читать далее

Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ

 

(Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994, № 15-16, мод. 235; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995, № 22, мод. 259; соли 2008,)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии омўзиш, ҳифз ва истифодабарии сарватҳои зеризаминиро муқаррар намуда, муносибатҳоро дар ин соҳа танзим менамояд. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

ФАСЛИ 1

ҚОИДАҲОИ УМУМЦ

 

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарватҳои зеризаминӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарватҳои зеризаминӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо барои танзими муносибатҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар доираи ваколатҳои муайянкардаи Қонуни мазкур санадҳо ба табъ мерасонанд. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

Муносибатҳое, ки дар иртибот бо истифода ва ҳифзи замин, об, олами набототу ҳайвонот, ҳавои атмосфера ҳангоми истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ба амал меоянд, тибци Қонунгузори  марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд.

 

Моддаи 11. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- омўзиши давлатии геологии қаъри замин – корҳои геологии вобаста ба омўзиши мониторингии ҳолати қаъри замин, сохтори геологии минтақаҳои алоҳида ва ҳавзаҳо дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълум намудани дурнамои онҳо оид ба мавҷуд будани маъданҳои фоиданок, сохтани харитаҳои геологии давлатӣ, ки маълумотҳои асосиро оид ба истифодабарии қаъри замин ташкил медиҳанд;

- қитъаи ҷудокардашудаи геологӣ – замима ба  иҷозатнома барои омўзиши геологӣ - бо нақша ва маълумотнома муайян намудани ҳудуди қитъаи қаъри замин, ки дар он истифодабарандагон ҳуқуқи  иктишофи геологиро доранд;

- ҷудо намудани замини кўҳсор – замима ба иҷозатнома барои пешбурди корҳои иктишофи геологӣ ва истихроҷи маъданҳои фоиданок, сохтмон ва ё истифодабарии иншоотҳои зеризаминӣ, ки ба иктишоф ва истихроҷ вобастагӣ надоранд, иҷозатнома барои истихроҷи маъданҳои фоиданоки ғайриминералии маъмулӣ бо мақсади тиҷорат ва ё сохтмони иншоотҳои зеризаминии новобаста ба истихроҷ ва иктишоф, ки истифодабарандагони қаъри замин аз рўи нақша ва маълумоти минтақаҳои ҳудудашон муайян ба онҳо ҳуқуқ доранд;

- истихроҷ – маҷмўи корҳое, ки ба ҳосил намудани минералҳои фоиданок аз қаъри замин, ҳамчунин ба коркарди минералҳои техногении моликияти давлатӣ, аз ҷумла  ашёи минералии таҳвилхонаҳои муваққатӣ алоқаманд мебошанд;

- истихроҷи маъданҳои фоиданоки маъмулӣ – истихроҷи маводе, ки дар қитъаҳои қаъри замини дорои ҳуқуқи истифодаи доимӣ ва ё муваққатӣ ҷойгир аст, бе мақсади минбаъдаи бастани аҳд нисбати маъданҳои фоиданоки ғайриминералӣ  ва обҳои зеризаминии истихроҷгардида;

- кон – қисми қитъаи қаъри замин, ки анбўҳи табиии маъданҳои фоиданокро дар бар мегирад;

- ашёи хоми минералӣ – қисми сарватҳои истихроҷшуда (маводи кўҳӣ, ашёи хоми кон ва ғайра), ки маъданҳои фоиданокро дар бар мегирад;

- истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки мувофиқи Қонуни мазкур иҷозати гузаронидани корҳои геологӣ ва истихроҷи маъданҳои фоиданокро доранд;

- сарватҳои зеризаминӣ – қисми қаъри замин, ки поён аз қабати хок ва дар мавриди набудани он дар таги баҳрҳо, кўлҳо, дарёҳо ва дигар обанборҳо то умқи дастрас, ки қабати онҳо барои гузаронидани корҳои геологӣ ва истифодаи маъданҳои  фоиданок дар асоси комёбиҳои илмию  техникӣ дастрас аст;

- маъданҳои фоиданоки маъмулӣ (ғайриминералӣ) – маъданҳои фоиданок, ки  дар шакли табиӣ (рег, шағал, хок ва ғайра) ва ниҳоят кам коркард ва тоза карда шудаанд, барои эҳтиёҷоти хоҷагиҳои маҳаллӣ истифода карда мешаванд;

- маҷмўи корҳои истифодаи қаъри замин – корҳое, ки бо омўзиши умумии давлатии геологии қаъри замин, иктишоф ва истихроҷ, аз ҷумла корҳои вобаста ба иктишоф ва истихроҷи обҳои зеризаминӣ, лойқаҳои табобатӣ, иктишофи қаъри замин барои партови обҳои истифодашуда, инчунин корҳое, ки ба сохтмон ва истифодаи иншоотҳои зеризаминии новобаста ба истихроҷ алоқаманд мебошанд;

- коркарди аввалияи ашёи хоми минералӣ – коркарди маъданҳои фоиданоки истихроҷшуда аз рўи нақшаҳои технологӣ, ки ҷараёни пайдарпайи ғанисозӣ ва тағйири аввалияи маъданҳои фоиданоки истихроҷшударо муайян менамояд;

- коркарди ашёи хоми минералӣ – корҳое, ки ба воситаи онҳо аз ашёи хоми минералӣ маъданҳои фоиданок  ҳосил карда мешаванд;

- маъданҳои фоиданок – маводи минералии табиӣ, ки дар қаъри замин ба шакли санг, моеъ ва газ (аз ҷумла, обҳои зеризаминӣ ва лойқаҳои табобатӣ)  мавҷуданд ва барои истеҳсоли неъматҳои моддӣ муносиб мебошанд;

- каммаъданшавӣ – паст шудани сифати маъданҳои фоиданок ҳангоми истихроҷ;

- истифодабарандагони доимии сарватҳои зеризаминӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳуқуқи бемўҳлати истифодаи сарватҳои зеризаминиро доранд;

- истифодабарандагони муваққатии сарватҳои зеризаминӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки мўҳлати маҳдуди истифодаи сарватҳои зеризаминиро доранд;

- корҳои иктишофии геологӣ – корҳое, ки ба ҷустуҷўи макони ҷойгиршавии маъданҳои фоиданок ва арзёбии онҳо алоқаманд мебошанд;

- сохтмон ва истифодаи иншоотҳои зеризаминӣ, ки ба корҳои иктишофии геологӣ ва истихроҷи маъданҳои фоиданок вобастагӣ надоранд – корҳои сохтмон ва истифодаи иншоотҳои зеризаминии таъиноти умумихоҷагӣ, ки барои нигоҳ доштани боқимондаҳои маводи радиоактивӣ, маҳсулоти зараровар ва оби партов аҳамият доранд;

- қитъаи қаъри замин– қисми ба нақша гирифташудаи қаъри замин, ки дар қаламрави маҳдуд барои истифодабарандагон ҷудо карда мешавад;

- пардохти ҳаққи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ – пардохти   якбора ба молики захираи сарватҳои зеризаминӣ (ба давлат) барои додани ҳуқуқи азхудкунии онҳо;

- ҷудо намудани маблағ барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ –маблағгузории ҷорӣ ба молики захираи сарватҳои зеризаминӣ (ба давлат) барои пўшонидани хароҷотҳои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

 

Моддаи 2. Моликиятба сарватҳои зеризаминии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарватҳои зеризаминии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра моликияти давлати  буда, ба моликони зерин дода мешавад:

ба мацомоти муайяни давлатӣ бо роҳи ба онҳо додани ҳуқуқи молики;

ба истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ бо роҳи интицоли ҳуқуқи истифодаи бемӯҳлат ё таҳқими ҳуқуқи истифодаи мӯҳлатноки сарватҳои зеризаминӣ.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарватҳои зеризаминӣ моликияти хусусц шуда наметавонад. Хариду фурӯш, тӯҳфакунӣ, ба гарав мондани қитъаҳои манбаи сарватҳои зеризаминӣ ё ивазкунии худсаронаи онҳо манъ аст.

Аъмоле, ки рӯирост ё пинҳонц боиси вайроншавии ҳуқуқи моликияти давлат ба сарватҳои зеризаминӣ мегардад, манъ аст.

 

Моддаи 3. Фонди давлатии сарватҳои зеризаминӣ

Тамоми сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди давлатии сарватҳои зеризаминӣ мебошанд, Ба он ҳам қисми истифодашаванда ва ҳам истифоданашавандаи сарватҳои зеризаминӣ мансуб аст.

Фонди давлатии сарватҳои зеризаминиро ба манфиати тамоми аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёрдорӣ ва идора мекунад.

 

Моддаи 4. Салоҳияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ (хориҷ  карда  шуд  бо ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

 

Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба истифодаи сарватҳои зеризамини

Дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ масъалаҳои зерин дар ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд:

1) таҳияю татбици барномаҳои давлатии истифода, барқарорсози вусъати минбаъда ва сифатан беҳтар намудани базаи ашёи хоми минералии ҷумҳурӣ;

2) муқаррар намудани тартиби истифодаю ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ, таҳияи стандартҳои (меъёру қоидаҳои) мувофиқ;

3) ихтиёрдорӣ ва идора кардани фонди давлатии сарватҳои зеризаминӣ, аз ҷумла якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо шаҳру ноҳияхо ихтиёрдорӣ ва идора кардани фонди маъданҳои фоиданоки маъмулц;

4) муайян намудани номгӯи маъданҳои фоиданоки маъмулц, инчунин номгӯи маводи коллексионӣ ва маъданҳои фоиданок, ки барои заршуии косибц иҷозат дода шудааст;

5) додани иҷозатнома барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва коркарди ашёи хоми минералӣ;

6) муқаррар намудани ҳиссаву андозаи истихроҷ, коркард ва фурӯши ашёи хоми минералии дороц аҳамияти давлатӣ барои корхонаҳо;

7) муқаррар намудани тартиби ҷалбкунии маблағҳои хориҷц, додани литсензия ва консессияҳо ба шахсони ҳуқуқии хориҷц ва шаҳрвандон барои ҷустуҷӯ, инкишоф, истихроҷ ва коркарди ашҳёи хоми минерали инчунин истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ба мақсадҳои дигар ва назорат ба риояи он;   

8) таъсиси системаи ягонаи фонди давлатии ахбори геологи дар бораи сарватҳои зеризаминӣ, истифодабарии ахбори аз ҳисоби маблағи давлатӣ бадастомада;

9) назорати давлатии истифодаи самараноку ҳифзи сарватҳоизеризаминӣ, инчунин муқаррар намудани тартиби татбици он;

10) тартиб додани баланси давлатии захираҳои маъданҳои фоиданок, баҳисобгирии давлатии қитъаҳои сарватҳои зеризаминие, ки барои истихроҷи маъданҳои фоиданок ва сохтмони иншоотҳои зеризаминии ба истихроҷи маъданҳои фоиданок дахлнадошта истифода мешавад, бақайдгирии давлатии корҳои омӯзиши геологи ва истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ аз ҷониби корхонаю ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликияташон;

11) экспертизаи давлатии ахбор оид ба маъданҳои фоиданоки кашфшуда, хусусиятҳои дигари сарватҳои зеризаминие, ки қимати онҳоро муайян мекунанд;

12) ҷорц намудани маҳдудияти истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ дар қитъаҳои ҷудогона ба мацсади таъмин намудани амнияти миллц ва ҳифзи муҳити зист;

13) муайян кардани сиёсати давлатӣ амали намудани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи истифода ва муҳофизати сарватҳои зеризаминӣ; (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

14) тасдиқ намудани меъёрҳои пардохт барои истифодаи сарватҳои зерзаминц;

15) қатъи ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризамини дар сурати вайронкунии талаботи ин Қонун;

16) мутобиқати корҳои тадқиқоти илмӣ ва таҷрибавию конструкторие, ки ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ алоқаманданд;

17) ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣваманфиати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;

18) ҳалли баҳсҳо дар бобати истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар байни Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

19) экспертизаи давлатии лоиҳаҳои истифодабарии сарватҳои зеризаминие, ки дар асоси шартномаҳои мувофиқи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон басташуда ба истифодабарандагони хориҷии сарватҳои зеризаминӣ дода мешаванд;

20) танзими масъалаҳои дигари истифодаи сарватҳои зеризаминие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои ҷудогонаро ба­рои танзими муносибатҳои оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатии ВАБК, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти давлатии ҷумҳурӣ дода метавонад.

 

Моддаи 6. Салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  ва вилояти дар соҳаи танзими муносибати  истифодаи сарватҳои зеризаминӣ. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

 

Дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ масъалаҳои зайл дар ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошанд: (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

1) танзими муносибатҳо дар бобати истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ дар доираи ваколатҳои муқарраркардаи Қонуни мазкур;

2) ба амал баровардани ваколатҳо дар доираи салоҳияти якҷоя бо  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ихтиёрдорӣ кардани фонди давлатии маъданҳои маъмулии фоиданок;

3) иштирок дар таҳия ва татбици барномаҳои давлатии омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ, инкишофу азхудкунии базаи ашёи хоми минералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4) таҳия ва татбици барномаҳои минтақавии инкишофва истифодабарии базаи ашёи хоми минералӣ. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

Ғайр аз ин корҳои зерин дар ихтиёри ба мақомоти иҷроияи маҳаллииҳокимияти давлатӣ шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва инчунин тобеи вилоятӣ мебошад: (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

1) ба истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ додани иҷозат барои истифодаи замин ва қитъаҳои ҷудошудаи замин тибқи Қонунгузорӣ оид ба замини Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) ҷудокарда додани қитъаҳои замини курсор барои истихроҷи конҳои маъданҳои фоиданоки маъмулӣ;

3) назорат ба истифодаи оқилонаи сарватҳои зеризаминӣ ҳангоми истихроҷи маъданҳои фоиданоки маъмулӣ, инчунин ҳангоми сохтмон ва истифодабарии иншоотҳои зеризаминӣ, ки бо истихроҷи маъданҳои фоиданок вобаста нестанд;

4) қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди  салоҳияти худ дар сурати вайронкунии талаботи ин Қонун;

5) ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо дар истифодаи қитъаҳои сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин, минтақаҳои наздишаҳрӣ, объектҳои саноат, нақлиёт ва алоқа дар ҳолатҳое, ки агар чунин истифодабарӣ, ба ҳаёту саломатии аҳолӣ хавфро ба вуҷуд оварда, ба объектҳои хоҷагӣ ва ё муҳити зисти табиӣ зарар расонад.

 

 

ФАСЛИ II

ИСТИФОДАИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ

 

Моддаи 7. Намудҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Сарватҳои зеризаминӣ барои мақсадҳои зайл мавриди истифода қарор мегиранд:

1) омӯзиши геологи;

2) истихроҷи маъданҳои фоиданок, аз ҷумла истифодаи партови корхонаҳои истихроҷи маъдан ва коркарди он:

3) сохтмон ва истифодаи иншоотҳои зеризаминие, ки ба истихроҷи маъданҳои фоиданок алоқаманд нестанд, аз ҷумла иншоотҳо барои дар зери замин нигоҳ, доштани нафт, газ ва дигар моддаю масолеҳ, инчунин барои гуронидани моддаҳои зарарнок, партови саноат ва обҳои ганда;

4) ташкили объектҳои бахусус ҳифзшавандаи геологи, ки дорои аҳамияти илмӣ, фарҳангӣ, эстетики, санитарию табобатӣ ва ғайра мебошанд (омӯзишгоҳҳои илмию таълимц, мамнуъгоҳҳои геологи, ёдгоризҳои та­биц, ғорҳо ва дигар холигиҳои зеризаминӣ).

5) ҷамъ кардани маводи минералоги, палеонтологи ва маводи дигари коллексионии геологи.

 

Моддаи 8. Барои истифода додани сарватҳои зеризаминӣ

Ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

Мувофиқи литсензияе, ки барои истихроҷи маъданҳои фоиданок, сохтмон ва истифодабарии иншоотҳои зеризаминии новобаста ба истихроҷи маъданҳои фоиданок, ташкили объектҳои геологии ба таври мах­сус ҳифзшаванда ҳуқуц медиҳад, ба истифодабарандагон қитъаи зами­ни кӯҳсор ҷудокарда мешавад. Замини кӯҳсор инчунин барои омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ ва ҳамзамон истихроҷ намудан ё истих­роҷи минбаъдаи бевоситаи маъданҳои фоиданок дода мешавад, аз рӯи шарту шароити озмун, қарордод ё имтиёз (консессия), инчунин дар асоси гуфтушунидҳои мустацими байни довталабони истифодаи сарватҳои  зеризаминӣ ва соҳиби сарватҳои зеризаминӣ.    

Қитъаи замини кӯҳсор бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода ва цайд карда шуда, барои истихроҷи маъданҳои фоиданоки маъмулӣ танҳо аз ҷониби мақоми назорати истихроҷи маъдан ба қайд гирифта мешавад

Соҳаҳои сарватҳои зеризамини барои омӯзиши геологи ба тариқи қитъаи ҷудокардашудаи геологи дода мешаванд.

Истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ, ки цисми замини кӯҳсорро ё геологи соҳиб шудааст, мувофиқи литсензияи гирифтааш дар ҳудуди он ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ҳуқуқи комил дорад. Ҳама гуна корҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди замини кӯҳсор ё геологи  танҳо бо ризояти истифодабарандае, ки замини кӯҳсор ё геологи ба ӯ дода шудааст, ба ҷооварда мешаванд.

Шахсони ҳуқуқӣ ва воцец, ки аз ҳисоби худ корҳои геологиро маблағ таъин мекунанд, дар сурати риояи талаботи ин Қонун барои истифодабарии кор ҳаққи аввалият доранд. Ин ҳуқуқ дар сурате аз байн меравад, ки дар давоми ду соли баъди тасдиқ гардидани захираҳои маводи маъданц кони кашф кардашуда истифода нашуда бошад.     

 

Моддаи 9. Маҳдудияти истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи қитъаҳои алоҳидаи қаъри заминро бо мақсади таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи муҳити зист метавонад маҳдуд ва ё қатъ намояд. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

Истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудудимаҳалҳои аҳолинишин, минтақаҳои наздишаҳрӣ, объектҳои саноатц, нацлиёт ва алоца дар сурати таҳдид кардани хавф ба ҳаёт ва сиҳатии мардум ё хавфи зиён додани объектҳои хоҷагӣ ва муҳити табии зист цқисман ё пурра манъ карда мешавад.

Сарватҳои зеризаминии ҳудуди ба таври махсус ҳифзшавандамувофиқи мацомашон мавриди истифода қарор мегиранд.

 

Моддаи 10. Истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ

Корхонаҳои давлатӣ, кооперативц, муассисаҳои ҷамъиятӣ, ташкилоту муассисаҳо, субъектҳоц фаъолияти соҳибкорӣ сарфи назар аз шакли моликияташон ва шаҳрвандон, аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони давлатҳои дигар истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ буда ме­тавонанд, агар асноди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинц накарда бошад.

Ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминиро барои истихроҷи ашёи хоми радиоактивӣ, дар анбор ҷамъ кардани (гуронидани) партови он фақат корхонаҳои давлатӣ доранд.

 

Моддаи 11. Мӯҳлатҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Сарватҳои зеризаминӣ барои истифода ба мӯҳлати муайянё бемаҳдудияти мӯҳлат дода мешаванд.

Бе маҳдудияти мӯҳлат қитъаҳои сарватҳои зеризаминӣ барои сохтмону истифодаи иншоотҳои зеризаминии новобаста ба истихроҷи маъданҳои фоиданок ва бунёди объектҳои махсус ҳифзшаванда ва дигар мацсадҳо дода мешаванд.

Мӯҳлати истифодаи сарватҳои зеризаминӣ тибци литсензияҳо муқаррар шуда, бо ташаббуси истифодабарандагон дароз карда мешавад.

Мӯҳлати истифодаи сарватҳои зеризаминӣ аз рӯзи гирифтани ҳуқуқи истифодаи он ҳисоб карда мешавад.

 

Моддаи 12. Тартиби додани литсензия барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ 

Тартиби додани литсензияро барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ Низомномаи тасдиқ кардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.     

Литсензияи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ бояд имконияти баробарроба ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон барои гирифтани литсензияҳо, кафолатҳои заруриро барои истифодаи қитъаҳои сарватҳои зеризаминӣ ва ҳимояи ҳуқуқӣ онҳо таъмин намояд.

 

Моддаи 13. Талабҳои зиддимонополӣ

Амалиёти мацомоти ҳокимияти иҷроия ва идоракун тасдиқ, инчунин ҳа­ма гуна субъектҳои хоҷагӣ (истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ) дар мавридҳое манъ ё нодуруст ҳисобида мешавад, ки агар;

1) бар хилофи шартҳои конкурс ё музояда иштироки шахсони ҳуқуқи ва воқеие, ки мувофиқи ин қонун мацсади соҳиби ҳуқуқи ис­тифодаи сарватҳои зеризаминӣ шудан доранд, маҳдуд карда шавад;

2) аз додани иҷозатномаҳо ба ғолибони конкурсҳо ва музоядаҳо саркашӣ кунанд;

3) истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, ки сохторҳои таъсисдодаашон бо субъектҳои хоҷагии дар соҳаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ мавцеи бартаринокдошта рақобат мекунанд, мавриди поймол намудани ҳуқуқ қарор гиранд;

4) истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ ҳангоми соҳиб шу­дан ба объектҳои нацлиёту инфраструктура мавриди поймол намудани ҳуқуқ қарор гиранд.

 

Моддаи 14. Додани манбаи сарватҳои зеризаминӣ барои истихроҷи конҳои маъданҳои фоиданоки маъмулц

Тартиби додани манбаи сарватҳои зеризаминиро барои кушодани конҳои маъданҳои фоиданоки маъмулц, тартиби аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ истифода бурдани сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди қитъаҳои замине, ки барои истихроҷи маъданҳои фоиданоки маъму­лц, инчунин бо мақсадҳои новобаста аз истихроҷи маъданҳои фоиданок дода мешаванд, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо мувофиқати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

Агар имконияти ҳамчун манбаи ашёи хоми алтернативӣ истифода бурдани партови конҳои маъдан ва корхонаҳои дигар мавҷуд бошад, манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ барои истихроҷи маъданҳои фоидаи маъмулц бо мацсади истеҳсоли маводи бинокорӣ дода намешаванд.

 

Моддаи 15. Истихроҷи маъданҳои фоиданоки маъмулӣ аз тарафи  соҳибони қитъаҳои замин

Соҳибони қитъаҳои замин ҳуқуқ доранд бо майли худ дар ҳудуди қитъаашон, бидуни таркишгарӣ мувофиқи Қонуни мазкур истихроҷи маъданҳои фоиданоки маъмулиро ба роҳ, монанд ва дар ҷумҳурии то 5 метр барои эҳтиёҷоташон иншоотҳои зеризаминӣ созанд.

 

Моддаи 16. Истихроҷи маъданҳои фоиданок бо усули заршӯӣ ва ба тариқи ихтиёрӣ

Дар конҳо ва манбаъҳои металлҳои асил ва дигар маъданҳои фои­данок ё қитъаҳои онҳо мувофиқи рӯйхати тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони алоҳида ё гурӯҳи шахсоне, ки дар ширкатҳо (артелҳо) муттаҳид гардидаанд, барои истихроҷи ашёи хоми минерали бо усули заршӯи ва ба тариқи ихтиёрӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият иҷозат дода мешавад. Манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ барои истифодаашон мувофиқи моддаҳои 8 ва 12-уми Қонуни мазкур дода мешаванд.   (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

Маъданҳои фоиданок бо усули заршӯц ва ба тариқи ихтиёрӣ аз ҷониби шаҳрвандони алоҳида ё гурӯҳи шахсон мувофиқи иҷозатномаи кор­хонаҳои истихроҷи маъдан дар ҳудуди замини кӯҳсори онҳо аз рӯи шартнома бо онҳо дар сурати ҳатман ба ин корхонаҳо супоридани ашёи хоми минералии истихроҷкардаашон истеҳсол карда мешаванд. Корҳои ис­тихроҷи маъдани фоиданокро дар ҳудуди қитъаҳои кӯҳсор бо усули заршӯӣ ва ба тариқи ихтиёрӣ корхонаҳои истихроҷкунандаи маъдан назорат мекунанд.

Истифодабарандагони манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ металлҳои қиматбаҳои истихроҷшударо бояд ба корхонаҳои соҳаи дахлдори ноҳия ё ба нуқтаҳои қабули махсус таъсисёфта супоранд. Онҳо ҳуқуқи ба шахсони ҳуқуқии сеюм ва шаҳрвандон фурӯхтани маҳсулоти истеҳсолкардаашонро надоранд. Маъданҳои фоиданоки дигари истихроҷшударо мувофиқи литсензия мефурӯшанд.

 

Моддаи 17. Истихроҷ ва ҳифзи оби ширини зеризаминӣ

Оби ширини зеризаминӣ бидуни ҷудокардани замин бо риояи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қоидаҳои муқаррарнамудаи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истихроҷ карда мешавад.

Ҳифзи оби ширини зеризаминӣ аз истифодаи оқилонаи он ва андешидани тадбирҳои дахлдор барои кам ва олуда нашудани ин об иборат аст. Корхонаю ташкилотҳое, ки аз зери замин оби ширин мекашанд, бо­яд аз каму зиёдшавии оби обгирҳо ва атрофу акнофи он огоҳу бохабар бошанд. Чоҳҳои мушоҳидавӣ бо маслиҳати ташкилотҳои гидрогеологии маҳал канда мешаванд.

Агар сифату миқдори оби обгирҳо тағйир ёбад, корхонаю ташкилотҳое, ки ин обгирҳо дар ихтиёрашон мебошанд, бояд ба мацомоти назораткунандаи ҳифзи оби ширин аз ин хусус зуд хабар диҳанд.

 

Моддаи 18. Истихроҷи таҷрибавию саноатии маъданҳои фоиданок

Маъданҳои фоиданок ё қисми онҳо бидуни ҷудокардани қитъаи замини кӯҳсор барои таҷрибаи саноатӣ истихроҷ карда мешаванд.

Ҳуқуқ барои коркарди таҷрибавию саноати дар мавридҳои истиснои дода мешавад. Иҷозатнома барои он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди экспертиза шудани лоиҳаи корҳо ба тартибе, ки ин Қoнун муқаррар кардааст, дода мешавад. Иҷозатнома барои он бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» дода мешавад. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

Ашёи хоми минералии истихроҷшуда ва маҳсулоти коркарди он бо­яд аз рӯи литсензия фурӯхта, сипас аз онҳо маблағи муқарраршуда ситонида шавад.

 

Моддаи 19.Ошкор шудани маъданҳои фоиданок ҳангоми истифодаи қаъри замин (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

Истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ зимни кушодани конҳо дар сурати ошкор гардидани захираҳои сангҳои пурарзишу нимаарзиш, ороишц, кристаллҳои оптики, пҳезоэлектрӣ, сангҳои музейбоб ва коллексионӣ ва дигар маъданҳои фоиданок, ки арзиши илмию амалӣ доранд, бояд корҳоро қатъ намуда, аз ошкор гардидани маъданҳои фоиданок ба фонди давлатии ахбори геологи оид ба сарватҳои зеризаминӣ хабар диҳанд.

Кори ин қитъа баъди гирифтани иҷозати фонди давлатии ахбори геологи оид ба сарватҳои зеризаминӣ давом дода мешавад.

 

Моддаи 20. Асосҳои қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Ҳуқуқи истифодаи манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ дар сурате қатъ мегардад, ки;

1) Мӯҳлати эътибори литсензия ба охир расад;

2) соҳиби литсензия аз ҳуқуқи истифодаи манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ даст кашад;

3) шарти муҳими дар литсензия зикргардида пеш ояд, ки ба татбиқи минбаъдаи ҳуқуқиаш монеъ мешавад.

Ҳуқуқи истифодаи манбаъҳои сарватҳои зеризаминиро мацоми литсензиядиҳанда дар мавридҳои зайл пеш аз мӯҳлат қатъ намуда, боздошта ва ё маҳдуд карда метавонад:

1) ба ҳает ва саломатии одамоне, ки дар минтақаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ кор ё зиндагӣ мекунанд, хатари бевосита таҳдид кунад;                                        

2) истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ шартҳои литсензияро вайрон карда бошад;

3) истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ қоидаҳои муқарраршудаи истифодабарии манбаъҳои зеризаминиро мунтазам вайрон намояд;

4) вазъияти фавқулодда ба вуҷуд ояд (офатҳои табиӣ, ҷанг ва ғайра);

5) истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ дар мӯҳлати муқарраркардаи литсензия бо сабабҳои ба ӯ вобаста корҳои истифодаи манбаъ­ҳои зеризаминиро дар ҳаҷми пешбинишуда иҷро накарда бошад;

6) корхона ё субъекти дигари фаъолияти хоҷагие, ки манбаъҳои сарватҳои зеризаминиро барои истифода гирифта буд, барҳамхурад.

Агар истифодабарандаи манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ бо қарори барҳамдиҳц, боздорӣ ва маҳдудкунии ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ розӣ набошад, метавонад ба таври маъмурӣ ё тавассути додгоҳ шикоят намояд.

 

Моддаи 21. Тартиби пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи бандҳои 1 ва 4-уми цисми дуюми моддаи 20-уми Қонуни мазкур истифодаи сарватҳои зеризаминӣ пас аз қарори мақоми босалоҳият оид ба манъ кардани истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва ба таври хаттӣ огоҳ кардани истифодабаранда қатъ ме­гардад.

Дар ҳолатҳои муқарраркардаи бандҳои 2, 3 ва 5-уми цисми дуюми моддаи 20-уми қонуни мазкур қарор дар бораи қатъи ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ мумкин аст пас аз се моҳи ба таври хаттӣ дар бораи вайронкориҳо ва наандешидани тадбирҳои ислоҳкунандаи онҳо огоҳ намудани истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ қабул карда шавад.   

Ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ дар сурати бекор кар­дан ё бозпас гирифтани литсензия қатъ мегардад.

Агар ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ пеш аз мӯҳлат бекор карда шавад, корхона бо тартиби муқарраркардаи моддаи 27-уми Қонуни мазкур барҳам дода ё муваққатан хобонда мешавад. Хароҷоти барҳамдиҳӣ ва хобондани корхонаро истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ мепардозад, агар истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ бо сабабҳои дар бандҳои 1 (агар корхона гуннаҳкор бошад), 2, 3 қисми дуюми моддаи 26-уми Қонуни мазкур зикргардида ё бо ташаббуси истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ қатъ шуда бошад.

Хароҷоти хобондан ва барҳамдиҳии корхонаи истифодабарандаи сарватҳои зеризаминиро давлат ба ӯҳда мегирад, агар истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ бо сабабҳои дар бандӣ 1 (дар сурати гуннаҳкор набудани корхона) ва банди 4 қисми дуюми моддаи 20-уми Қонуни мазкур зикргардида қатъ шуда бошад.

Агар вазъияту шароити боздоштан ё маҳдуд сохтани ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ ислоҳ, карда шавад, ҳуқуқи мазкур пурра барқарор хоҳад шуд. Дар сурати набудани гуноҳи истифодабаран­даи сарватҳои зеризаминӣ мӯҳлати боздоштани ҳуқуқи ӯ ба мӯҳлати эътибори литсензия дохил намешавад.

 

Моддаи 22. Ҳуқуқу вазифаҳои асосии истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ

Истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ ҳуқуқ дорад:

1) қитъаи манбаъҳои сарватҳои зеризаминии ба ихтиёри ӯ додаро бахри шаклҳои мӯҳталифи фаъолияти соҳибкорӣ ё фаъолияти дигар, ки ба мақсадҳои дар литсензия зикршуда мувофиқ аст, истифода барад;

2) шакли ин фаъолиятро, ки ба асноди Қонунгузорию меъёрӣ мухолиф нест, мустацилона интихоб намояд;

3) натиҷаи фаъолияти худро, аз ҷумла ашёи хоми минералии истихроҷнамудаашро мувофиқи литсензия ва Қонунгузорӣ истифода барад;

4) партови корхонаи истихроҷи маъдани худ ва истеҳсолоти коркарди бо он алоқамандро, агар шартҳои дигар дар литсензия зикр наёфта бошанд, истифода барад:

5) сохтмонро дар майдони маъданҳои фоиданок дар ҳудуди қитъаи замини кӯҳсори ба ӯ додашуда маҳдуд намояд;

6) бе иҷозати иловагӣ аз ҳисоби маблағи худ омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминиро дар ҳудуди замини кӯҳсори ҷудокардашуда доир намояд;

7) дар сурати пайдо шудани вазъияте, ки аз ҳолатҳои дигари мавриди литсензиягири фарц дорад, ба мақомоти литсензиядиҳанда барои тағйир додани шартҳои он муроҷиат намояд;

8) фаъолияти дигар шахсони ҳуқуқию воцеиро дар истифодаи замин ва сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди замини дар ихтиёрашон буда маҳдуд намояд, агар дар литсензия мувофиқи Қонунгузорӣ тартиби ди­гар пешбинӣ нашуда бошад.

Истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ нисбат ба довталабони дигар дар масъалаи дароз кардани мӯҳлати амали литсензия бартарӣ дорад.

ӯҳдадориҳои истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ аз инҳо иборат аст:

1) риоя намудани талаботи Қонунгузорӣ, инчунин стандартҳои (меъёру қоидаҳои) бо тартиби муайян тасдиқшудаи технологияи доир намудани корҳои марбут ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ;

2) риоя кардани талаботи лоиҳаҳои техники ва нақшаи тараққиёти корҳои оид ба маъдан;

3) зимни истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ба роҳ, мондани ҳуҷҷатнигории геологи, маркшейдерӣ ва ғайра, инчунин таъмини нигоҳдории онҳо;

4) таъмини назорати идоравӣ ҳангоми истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ;

5) ба фонди давлатии ахбори геологи дар бораи сарватҳои зеризамини додани ахбору маълумотӣ геологи;

6) ба фонди давлатии ахбори геологи дар бораи сарватҳои зеризаминӣ, мацомоти назорати истихроҷи маъдан ва омори давлатӣ додани маълумотҳо доир ба маъданҳои фоиданоки инкишофшуда, истихроҷшаванда ва дар цаър нопадидшаванда, таркиби онҳо ва ба мацсади бидуни истихроҷи маъданҳои фоиданок истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ;

7) бехатар иҷро кардани корҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;

8) риоя намудани стандартҳои (меъёру қоидаҳои) бо тартиби муайян тасдиқшудае, ки шароити ҳифзи манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ, ҳавои атмосфера, замин, ҷангал, об, инчунин биноҳо ва иншоотҳоро аз таъсири бади корҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ танзим мекунад;

9) ба ҳолати қобили истифодаи минбаъда овардани қитъаҳои замин ва дигар объектҳои табиие, ки ҳангоми истифодаи сарватҳои зеризаминӣ хароб шудаанд;

10) ҳифзи конҳо ва чоҳҳои иқтишофии кофташуда, ки минбаъд барои мавриди истифода қарор додани онҳо ё ба мацсади дигари хоҷагӣ лозим шуда метавонанд, барҳам додани конҳо ва чоҳҳои кофташуда, ки минбаъд цобили истифода намебошанд;

11) иҷро кардани шартҳои литсензия, ҳангоми истифодаи сарватҳои зеризаминӣ сари вақт ва дуруст пардохтани маблағҳо.

 

ФАСЛИ III

 ИСТИФОДАИ САМАРАНОК ВА ҲИФЗИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ

 

Моддаи 23. Талабҳои асосӣ дар мавриди истифодаи самаранок ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ

Талабҳои асосӣ дар мавриди истифодаи самаранок ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣаз инҳо иборатанд;

1) риояи тартиби муқарраркардаи ққонунгузорӣ дар бобати ба ис­тифода додани манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ ва роҳ, надодан ба ис­тифодаи худсаронаи манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ; 

2) омӯзиши пурра ва хушсифати геологи, истифодаи оқилонаи комплексӣ ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ;

3) ба роҳ мондани омӯзиши пешакии геологии сарватҳои зеризаминӣ, аз ҷумла дар рафти кандани конҳо, ки зухуроти пурраи баҳои ҳаццонии захираи маъданҳои фоиданокро таъмин менамояд ё хусусиятҳои қитъаҳои сарватҳои зеризаминие, ки ба мақсадҳои новобаста бо истих­роҷи маъданҳои фоиданок дода шудаанд;

4) экспертизаи давлатӣ ва муҳосибаи давлатии захираи маъданҳои фоиданок, инчунин қитъаҳои сарватҳои зеризаминие, ки барои мақсадҳои новобаста ба истихроҷ истифода бурда мешаванд;

5) истихроҷи пурраи захираи маъданҳои фоиданоки асосӣ ва ҳамроҳи онҳо ҷойгирифта ва унсурҳои туфайлц;

6) ҳисобу китоби пурраи маъданҳои фоиданоки истеҳсолшуда ва захираи маъданҳои асосӣ, маъданҳои ҳамроҳи онҳо ҷойгирифта ва унсурони фоиданоки туфайлӣ;

7) ҳифзи конҳои маъданҳои фоиданок аз обзеркунц, сӯхтор ва ди­гар омилҳое, ки сифати маъданҳои фоиданок ва қимати саноатии конҳоро паст карда, шароити истихроҷи онҳоро мушкил мегардонад;

8) пешгирӣ намудани манбаъҳои зеризаминӣ ва муҳити зист аз олудашавц ҳангоми корҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, махсусан дар вацти дар зери замин захира кардани нафт, газ ва дигар моддаҳои масолеҳ, гӯр кардани моддаҳои зарарнок ва партови истеҳсолот ва оби ганда;

9) риояи тартиби муайяншудаи хобонидан ва барҳамдиҳии корхонаҳои истихроҷи маъданҳои фоиданок ва иншоотҳои зеризаминии ба ис­тихроҷи маъдан алоқаманд набуда;

10) пешгирӣ намуданц сохтмони худсарона дар масоҳати конҳои маъданҳои фоиданок ва риояи тартиби муқарраршудаи истифодаи ин масоҳатҳоба мақсадҳои дигар;

11) пешгирии гуншавии партовҳои саноатию рӯзғор дар ҷойҳои ҷамъшавии об ва захираи обҳои зеризаминӣ, ки барои нӯшидан ё саноат истифода мешаванд.

Дар сурати вайрон гардидани талаботи моддаи мазкур ҳуқуқи истифодаи манбаъҳои сарватҳои зеризамини аз ҷониби мацомоти махсуси салоҳиятдори давлатӣ мувофиқи Ққонунгузорӣ маҳдуд намуда, боздошта ё қатъ карда мешавад.

 

Моддаи 24. Талаботи асосии бехатарии корҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Ба сохтмон ва истифодаи корхонаҳои истихроҷи маъданҳои фоида­нок, иншоотҳои зеризаминии таъиноти гуногун, омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ дар сурате иҷозат дода мешавад, ки бехатарии ҳаёт ва сиҳатии кормандони корхонаҳои мазкур ва аҳолии сокини минтацаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ таъмин карда шавад.

Мақомоти ҳокимияти иҷроия (ҳукуматҳо) ва идора, истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, мацомоти назорати давлатии истихроҷи маъдан дар доираи салоҳияти худ ӯҳдадоранд иҷрои талаботи Қонунҳо, инчунин стандартҳои (меъёру қоидаҳои) ба тартиби муайян тасдиқшударо оид ба  бехатарии корҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ таъмин намоянд.

Масъулияти бевоситаи таъмини бехатарии шароити кори истифодаи, сарватҳои зеризаминӣ ба зиммаи роҳбарони корхонаҳо, сарфи назар аз он ки ин корхонаҳо мувофиқи литсензия ё аз рӯи шартномаҳо кор мекунанд, гузошта мешавад.

Талаботи асосии таъмини бехатарии корҳои истифодаи сарватҳоизеризаминӣ аз инҳо иборатанд:

1) ба корҳои ин соҳа роҳ, додани танҳо шахсони дорои тайёрию  тахассуси махсус;

2) бо сару либоси махсус ва воситаҳои бехатарии коллективию инфиродц таъмин намуданц шахсоне, ки ба корҳои маъдан ва пармакунц  машғуланд;

3) истифодаи мошинҳо, таҷҳизот ва маводе, ки ба талаботи қоидаҳои бехатарц ва меъёрҳои санитарц мувофиқанд;

4) истифодаи дурусти маводи тарканда, воситаҳои таркиш, ҳисобу  китоб, нигаҳдорӣ ва ҳарчи дурусти онҳо;

5) анҷом додани маҷмӯи мушоҳидаҳои геологи, маркшейдерӣ ва  мушоҳидаҳои дигаре, ки барои таъмини сикли технологии корҳо ва пешгӯии вазъияти хавфнок лозиманд;

6) назорати доимии ҳолати ҳавои конҳо, мавҷудияти оксиген, чангу  газҳои тарканда ва зараровар;

7) таҳияю доир намуданц чорабиниҳои таъмини бехатарии коргарони  машғули корҳои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ ва бехатарии аҳолии маскуни минтацаи таъсири зарарноки корҳои истифодаи сарватҳои  зеризаминӣ дар низоми муқаррарӣ ва ҳангоми ба амал омадани вазъияти хавфнок.

Роҳбарони корхонаҳои машғули корҳои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ ва шахсони мансабдори масъули соҳаи мазкур ҳангоми бевосита таҳдид кардани хавф ба ҳает ва саломатии коргарони ин корхонаҳо ӯҳдадоранд фавран корҳоро боздоранд ва аҳолиро ба ҷойҳои безарар кӯчонанд.

Ҳангоми ба вуҷуд омадани хавфи бевосита ба ҳаёт ва саломатии аҳолии маскуни минтацаи корҳои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ роҳбарони корхонаҳои дахлдор бояд мақомоти идораи давлатӣ ва маъмурияти маҳаллиро огоҳ созанд.

 

Моддаи 25.  Хадамоти наҷотдиҳӣ дар конҳо (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

 

Ба ташкилоту корхонаҳое, ки дар зери замин бо корҳои маъданканӣ машғуланд, конҳои нафту газ кушода, объекту иншоотҳои зеризаминиро истифода мекунанд, бояд хадамоти ҳарбишудаи наҷотдиҳц фавворанишони дар конҳо бо тартиби муқарраргардида ё мувофиқи ризояти мақомоти назорати давлатии истихроҷи маъдан ё дигар мацомоте, ки вазифаҳои онҳоро адо мёнамоянд, хизмат расонанд.

Низомномаи цисмҳои ҳарбишудаи наҷотдиҳц (фавворанишонц) дар конҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақоми давлатии ваколатдор тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 26. Шартҳои сохтмон дар майдонҳои дорои маъданҳои фоиданок

Лоиҳакашц ва сохтмони маҳалҳои аҳолинишин, комплексҳои саноат ва дигар объектҳои хоҷагӣ танҳо дар сурате иҷозат дода мешавад, ки оиди дар цаъри қитъаҳои барои сохтмон муқарраршуда мавҷуд набудани маъданҳои фоиданок маълумот ба дастомада бошад.

Сохтмон дар майдонҳои дорои маъданҳои фоиданок, ҷойгиркунии иншоотҳои зеризаминӣ дар ҳудуди конҳои маъданҳои фоиданокбо ризояти фонди давлатии ахбори геологи дар бораи сарватҳои зеризаминӣ ва иҷозати мацомоти назорати истихроҷи маъдан роҳ дода мешавад, ба шарте ки имконияти истихроҷи маъданҳои фоиданок боци монад ё ба мақсадҳои иқтисоди мувофиқ, будани сохтмон исбот шуда бошад.

 

Моддаи 27. Барҳам додан ва хобондани корхонаҳои истихроҷи маъданҳои фоиданок ва иншоотҳои зеризаминие, ки ба истихроҷи маъданҳои фоиданок марбут нестанд

Корхонаҳои истихроҷи маъданҳои фоиданок ва иншоотҳои зеризаминие, ки ба истихроҷи маъданҳои фоиданок марбут нестанд, баъди ба охир расидани мӯҳлати эътибори литсензия ё пеш аз мӯҳлат қатъ шудани истифодаи сарватҳои зеризаминӣ барҳам дода ё хобонда мешаванд.

То ба охир расидани ҷараёни барҳамдиҳц ё хобондани корхона ва иншоотҳо истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ аз рӯи Қонуни маз­кур масъулият ба душ дорад.

Дар сурати тамоман ё қисман барҳам додан ё хобондани корхона ё иншооти зеризаминӣ кону чоҳҳои кофташуда бояд ба ҳолате оварда шаванд, ки бехатарии ҳаёту саломатии аҳолц, ҳифзи муҳити зисти табиц, биноҳо ва иншоотҳоро таъмин кунад, дар сурати хобондани корхона бо­шад, кони маъданҳои фоиданок ва чоҳҳои кофташударо дар тамоми мӯҳлати хобондани кор эҳтиёт намояд.

Ҳангоми барҳам додан ва хобондани корхонаи истихроҷи маъданҳои фоиданок ё як цисми он, инчунин иншоотҳои зеризаминие, ки ба истихроҷи маъданҳои фоиданок алоцаманд нестанд, ҳуҷҷатҳои геологи, маркшейдерц ва асноди дигар дар лаҳзаи ба анҷом расидани корҳо тартиб дода, бо тартиби муқарраршуда барои ҳифз ва фонди давлатии ахбори геологи дар бораи сарватҳои зеризаминӣ супорида мешаванд. Барҳам додан ва хобондани корхонаи истихроҷи маъданҳои фоиданок ё иншоотҳои зеризаминие, ки ба истихроҷи маъданҳои фоиданок алоқаманд нестанд, пас аз имзои ақти барҳамхурӣ ва хобонидан аз тарафи мақомоти литсензия дода ва мақоми давлатии назорати истихроҷи маъдан эътибор пайдо мекунад.

 

Моддаи 28. Ахбори геологи дар бораи сарватҳои зеризаминӣ

Ахбор дар бораи сохти геологии манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ, маъданҳои фоиданок, миқдору сифат ва шароити истихроҷи онҳо ва дигар хусусиятҳои манбаъҳои зеризаминие, ки дар ҳисоботи геологи, харитаҳо ва маводи дигар мавҷуд аст, моли фармоишгарест, ки барои корҳои ба даст овардани ин ахбор маблағ ҷудокардааст, агар дар литсензияи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ шарти дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Ҳуқуқи моликият ба ахбори геологи ва маълумоти дигар оидба сарватҳои зеризаминӣ бо тартиби муқарраркардаи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли дигар объектҳоӣ моликият ҳифз карда мешавад.

Иҷрокунанда дар сурати халалдор нашудани манфиати тиҷоратии  фармоишгар, ки дар шартнома зикр ёфтааст, ҳуқуқ дорад ахбори дар натиҷаи корҳои истифодаи манбаъҳои зеризаминӣ ба дастовардаашро ба мақсадҳои фаъолияти илмӣ ва таълимӣ истифода барад.

Ахбори геологи ва дигар ахборе, ки аз ҳисоби маблағи давлатӣбадаст омадааст, бо шакли муайяншуда ба фонди давлатии ахбори геологи барои ҳифзу танзим дода мешавад.       

Тартиб ва шартҳои истифодабариӣ ахбори зикршударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Ташкилоту корхонаҳо ва шаҳрвандоне, ки ахбори геологи ва дигар намудҳои ахборро оид ба сарватҳои зеризаминӣ аз ҳисоби маблағи худ  даст меоранд, ин ахбор ё маълумотро дар бораи он ба фонди давлатии ахбори геологи месупоранд ва шартҳои истифодаи онро дар асоси Қонунгузории ҷорӣ муайян менамоянд.

Шахсони мансабдор ӯҳдадоранд, ки ҳангоми ҷамъ овардан, нигоҳ, доштан ва интиқол намудан, ё истифодаи дигари ахбор махфияти онро таъмин намоянд.

 

Моддаи 29. Баҳисобгирии давлатӣ ва бақайдгирии давлатӣ

Корҳои омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ, қитъаҳои манбаъҳои он, ки барои истихроҷи маъданҳои фоиданок ё ба мақсадҳои вобаста ба истихроҷ дода щудаанд, бояд аз тарафи давлат ба ҳисоб ва ба қайд гирифта шаванд. 

Баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатӣ мувофиқи системаи ягонаватартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 30. Экспертиза ва тасдиқи давлатии захираи маъданҳои фоиданок

Захираи маъданҳои фоиданоки конҳои кашфшуда бояд аз ҷониби миссияи давлатӣ оид ба захираи маъданҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди экспертизаи давлатӣ, баррасӣ ва тасдиқ қарор гирад. Номгӯи маъданҳои фоиданок ва миқёси камтарини конҳое, ки Комиссия мазкур бояд баррасӣ намояд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ барои истифода ба мақсади истихроҷи маъданҳои фоиданок танҳо пас аз экспертизаи давлатии захир онҳо иҷозат дода мешаванд.

Хулоса дар бораи экспертизаи давлатии захираи маъданҳои фоиданок асоси бақайдгирии давлатии захираи кашфшудаи маъданҳои фоиданок мебошад.

Захираи маъданҳои фоиданокро дар ҳамаи мархилаҳои омӯзиши геологии кон экспертизаи давлатӣ кардан мумкин аст, ба шарте ки маводи геологии ба экспертиза пешниҳодшуда барои арзёбии холисонаи сифату миқдори захираи маъданҳои фоиданок, аҳамияти он барои хоҷагии халқ, шароити техники, гидрогеологи, экологии истихроҷи маъдан ва шартҳои дигари истихроҷи он имкон диҳад.

Ахбор оид ба қитъаҳои манбаъҳои сарватҳои зеризаминие, ки барои сохтмон ва истифодаи иншоотҳои зеризаминӣ мувофиқ буда, бо кандани конҳои маъданҳои фоиданок вобаста нестанд, низ бояд мавриди экспертизаи давлатӣ қарор гирад. Чунин қитъаҳоро барои истифодабарӣ танҳо пас аз экспертизаи давлатии ахбори геологи додан мумкин аст.

Истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ дар сурати ба истифода додани манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ ҳамзамон барои омӯзиши геологи ва истихроҷи маъданҳои фоиданок метавонанд аз рӯи литсензия маъданро то экспертизаи давлатии захираи маъданҳои фоиданок истихроҷ намуда, баъди ин маводеро, ки натичаҳои марҳалаи босуръат кандани конҳои маъданҳои фоиданокро дар бар мегиранд, пешниҳод кунанд.

Захираи маъданҳои фоиданок ва ахбори геологи оид ба қитъаҳои барои истифодабари пешбинишударо фақат мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон экспертизаи давлатӣ мекунад.

 

Моддаи 31. Кадастри давлатии конҳо ва зуҳуроти маъданҳои фоиданок

Конҳо ва зухуроти маъданҳои фоиданок бо мақсади таҳияи барномаҳои давлатӣ ва минтақавии омӯзиши геологии манбаъҳои сарватҳо зеризаминӣ, истифодаи комплексии конҳои маъданҳои фоиданок, ҷойгиронии оқилонаи корхонаҳои истихроҷи он, инчунин бо дигар мақсадҳои хоҷагии халқ мавриди кадастри давлатӣ қарор мегиранд.

Кадастри давлатии конҳо ва зухуроти маъданҳои фоиданок бояд маълумотро дар бораи ҳар кон, сифату миқдори маъданҳои асосӣ ва маъданҳои фоиданоки ҳамроҳи онҳо ҷойгир, унсурони ин маъданҳо шароити техники, гидрогеологи, экологии истихроҷи маъдан ва дигар шароити истифодаи кон ва аҳамияти геологию иқтисодии он, инчуни маълумотро оиди ҳар як зухуроти маъданҳои фоиданок дарбар гирад.

 

Моддаи 32. Баланси давлатии захираи маъданҳои фоиданок ва аз ҳисоб баровардани захираҳои балансӣ

Бо мақсади ба ҳисобгирии вазъи базаи ашёи хоми минералӣ баланси давлатии захираи маъданҳои фоиданок ҷорӣ карда мешавад. Баланс давлатӣ бояд дар бораи миқдор, сифат, дараҷаи омӯзиши захираи ҳаряк намуди маъдани фоиданоки конҳои дорои аҳамияти саноатӣ, ҷойгиршавии захираҳо, дараҷаи азхудкунии саноатӣ, истихроҷу талафот ва аззахираи маъданҳои фоиданоки кашфшуда таъмин будани саноат маълумот,  дошта бошад.                          

Маъданҳои фоиданоки истихроҷгардида ва ҳамчунин захираи маъданҳои фоиданок, ки дигар аҳамияти саноатӣ надорандва дар рафти истихроҷи маъдан гум шудаанд ва минбаъд зимни корҳои иқтишофи геологи е худ конкушои аҳамияташон тасдиқ нагардид, бояд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистоназ  ҳисоб бароварда шаванд.

Захираи дар баланс будаи маъданҳои фоиданок, ки аҳамияти саноатии худро гум кардааст ва дар рафти истихроҷ, гум шудааст ё худ минбаҳд зимни корҳои иктишофи геологи ё конкушои аҳамияташ тасдиқ нагардидааст, бо мувофиқаи мақомоти назорати истихроҷи маъдан аз ҳисоби корхонаи истихроҷи маъдан бароварда мешавад.

 

Моддаи 33. Ҷорӣ намудани кадастри давлатии конҳо ва зуҳуроти маъданҳои фоиданок ва баланси давлатии захираҳои маъданҳои фоиданок

Кадастри давлатии конҳо ва зуҳуроти маъданҳои фоиданок ва баланси давлатии захираи маъданҳои фоиданок дар асоси ахбори геологи, ки ташкилоту корхонаҳои машғули омӯзиши геологии манбаъҳои зеризаминӣ мувофиқи Қонуни мазкур ба фонди давлатии ахбори геологи дар бораи сарватҳои зеризаминӣ мефиристанд, инчунин дар асоси ҳисоботи давлатии корхонаю ташкилотҳои кашфкунандаи конҳои маъданҳои фоиданок ва истихроҷи онҳо, ки бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамин фонд пешниҳод менамоянд, тартиб дода, ҷорӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 34. Ҳифзи қитъаҳои сарватҳои зеризаминии дорои аҳамияти махсуси илмию фарҳангӣ

Ҳар як фаъолияте, ки ҳифозати падидаҳои нодири геологи, унсурҳои минералоги, объектҳоӣ палеонтологи ва қитъаҳои дигари сарватҳои зеризаминии дорои аҳамияти махсуси илмию фарҳангӣ, мамнуъгоҳ ва ёдгориҳои геологиро халалдор мекунад, манъ карда мешавад.

Истифодабарандагон дар сурати ошкор намудани унсурҳои геологӣ-менералогӣ, шиҳобпора, объектҳоӣ палеонтологи, археологи ва объектҳои дигари дорои аҳамияти илмию фарҳангӣ ҳангоми истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ бояд кори қитъаҳои дахлдорро боздошта, дар ин бора ба мақоми идораи фонди давлатии сарватҳои зеризаминӣ хабар диҳанд.

 

Моддаи 35. Нахусткашшофони конҳои маъданҳои фоиданок

Шахсоне нахусткашшофи конҳои маъданҳои фоиданок дониста мешаванд, ки кони маъданҳои фоиданоки қаблан номаълум ва хосиятҳои дигари сарватҳои зеризаминии дорои қимати саноатию илмӣ ё захираҳои иловагии маъданҳои фоиданок, инчунин хосияти қаблан номаълуми сарватҳои зеризаминӣ ва намуди нави ашёи хоми минералиро дар кони қаблан маълуме, ки аҳамияти саноатии конро афзун мекунад, кашф кардаанд.

Нахусткашшофони кони маъдани фоиданок ва хосиятҳои дигари пурқимати сарватҳои зеризаминӣ ба гирифтани мукофот ҳуқуқ доранд.

ҳуқуқи нахусткашшофон ва тартиби ба онҳо додани мукофоти пулиро Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

ФАСЛИ IV

ТАНЗИМӢ ДАВЛАТИИ МУНОСИБАТҲО ОИД БА ИСТИФОДАИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ

 

Моддаи 36. Вазифаҳои танзими давлатии муносибатҳои истифодаи манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ

Ба манфиати наслҳои имрӯзу фардои халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ кардани базаи ашёи хоми минералӣ, истифодаю ҳифзи оқилонаи сарватҳои зеризаминӣ вазифаи асосии танзими давлатии муносибатҳо оид ба истифодаи манбаъҳои зеризаминӣ мебошад.

Муносибатҳо оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ тавассути идоракунӣ, литсензиядиҳӣ, баҳисобгирӣ ва назорат аз тарафи давлат танзим карда мешавад.

Вазифаҳои танзими давлатӣ аз инҳо иборат аст:

1) муайянкунии ҳаҷми истихроҷи намудҳои асосии маъданҳои фоиданок барои мархилаи ҷорӣ ва оянда умуман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манотиқи ҷудогонаи он;

2) тараққӣ додани базаи ашёи хоми минералӣ ва тайёр кардани захираи қитъаҳои манбаи сарватҳои зеризаминие, ки барои сохтмони иншоотҳои зеризаминии новобаста бо истихроҷи маъданҳои фоиданок истифода мешаванд;

3) муқаррар кардани ҳадду андозаи фиристодани ашёи хоми минералии истихроҷшаванда;

4) ҷорӣ намудани пардохтҳои вобаста ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва нархҳои танзимшавандаи намудҳои алоҳидаи ашёи хоми минералӣ;

5) муайян кардани стандартҳоӣ (меъёру қоидаҳоӣ) соҳаи омӯзиши геологи, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ, бехатарии корҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ.

 

Моддаи 37. Идораи давлатии истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ

Идораи давлатиро дар соҳаи истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои иҷроияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тавассути мақомоти давлатӣ (фонди ахбори геологи дар бораи сарватҳои зеризаминӣ, умури назорати истихроҷи маъдан ва ғайра) ба ҷо меоранд. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

Идора ва ихтиёрдорӣ кардани фонди давлатии сарватҳои зеризаминиро низомномаи дахлдори тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 38. Назорати давлатӣ ба истифодаи оқилона ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ

Таъмини риояи қоидаи муқарраркардаи Ққонунгузорӣ дар бобати истифодаи сарватҳои зеризаминӣ аз тарафи тамоми истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, стандартҳои (меъёру қоидаҳои) бо тартиби муайян муқарраркардаи соҳаи омӯзиши геологи, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ, қоидаҳои ҷорқ намудани ҳисобу китоб ва ҳисоботи давлатӣ вазифаи назорати давлатӣ ба истифодаи оқилона ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ мебошанд.

Назорати давлатиро ба истифодаи оқилона ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ мақомоти давлатии назорати геологи, мақомоти давлатии назорати истихроҷи маъдан якҷоя бо мақомоти ҳифзи табиат ва мақомоти дигари давлатӣ ба ҷо меоранд.

Ваколати мақомоти давлатии назорати геологиро низомномаи тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 39. Назорати давлатии истифодаи бехатари сарватҳои зеризаминӣ ва ҳифзи онҳо

Аз тарафи тамоми истифодабарандагони сарватҳои зеризамини, риоя кардани Ққонунгузорӣ, стандартҳои (меъёру қоидаҳои) муқарраршудаи иҷрои бехатари корҳо, пешгирӣ ва бартараф кардани оқибати зараровари онҳо ба аҳолқ, муҳити зист, биноҳо ва иншоотҳо, инчунин ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ вазифаи назорати давлатии истифодаи хатари бехатарии сарватҳои заризаминқ ва ҳифзи онҳо ба шумор мераванд.

Назорати давлатии истифодаи бехатари сарватҳои зеризаминӣ ва ҳифзи онҳо ба зиммаи мақомоти давлатии назорати истихроҷи маъдан гузошта мешавад. Ин мақомот фаъолияти худро якҷоя бо мақомоти давлатии назорати геологи, ҳифзи табиат ва мақомоти дигари манфиатдор амалӣ мегардонанд.

Салоҳияти мақомоти давлатии назорати истихроҷи маъдан, ҳуқуқ, вазифаҳо ва тартиби кори онҳоро низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 40. Назорати идоравқ ба истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ

Истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, инчунин иттиҳодияҳои онҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ӯҳдадоранд ба риояи тартиби муқарраршудаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва ҳифзи он назорати идоравқ ташкил намоянд.

Назорати идоравиро хадамоти маркшейдерқ, геологива хадамотидигари корхонаҳо ва иттиҳодияҳои онҳо ё ташкилотҳоимахсусдарасоси шартнома амалӣ мегардонанд.

Низомномаҳои намунавии хадамоти маркшейдерқ ва геологиро мақоми давлатии ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Бидуни хушсифат ва сари вақт таъмин намудани корҳои геологивамаркшейдерии истихроҷи маъдан, инчунин бидуни баҳисобгириивазъва камузиёдшавии захираи маъданҳои фоиданок истифода бурдани сарватҳои зеризаминӣ манъ аст.

 

Моддаи 41. Лоиҳакашии корхонаҳои истихроҷи маъданҳои фоиданок ва коркарди ашёи хоми минералӣ, инчунин иншоотҳои зеризаминии новобаста ба омӯзиши сарватҳои зеризаминӣ ва истихроҷи маъданҳои фоиданок

Лоиҳаи корхонаҳои истихроҷи маъдан, инчунин иншоотҳои зеризаминӣ новобаста ба омӯзиши сарватҳои зеризаминӣ ва истихроҷи маъданҳои фоиданокро ташкилотҳои махсуси лоиҳакашқ дар асоси захираи тасдиқшудаи маъданҳои фоиданок бо назардошти таъмини бехатарии экологи ва тараққиёти комплексии минтақа мекашанд.

Ҷойҳои сохтмони корхонаҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳои фоиданок, инчунин иншоотҳои зеризаминии новобаста ба омӯзишу истихроҷи маъданҳои фоиданокро комиссияҳои махсус ташкилшуда муайян карда, бо мақомоти худидораи маҳаллқ, мақомоти назорати давлатии истихроҷи маъдан ва мақомоти дигари манфиатдор мутобиқ менамоянд.

Дар рафти лоиҳакашии корхонаҳои истихроҷи маъданҳои фоиданок ва коркарди ашёи хоми минералӣ, инчунин иншоотҳои зеризаминии новобаста ба мақсадҳои омӯзиши сарватҳои зеризаминӣ ва истихроҷи маъданҳои фоиданок ташкилоти лоиҳасоз ӯҳдадор аст, ки маълумотро дар бораи хусусиятҳои таъсири объекти лоиҳавқ ба муҳити зист интишор намояд.

Лоиҳаҳои сохтмон, васеъкунқ ва навсозии корхонаҳои истихроҷи маъдан ва иншоотҳои зеризаминӣ то амалӣ шуданашон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд экспертизаи комплексии давлатӣ,аз ҷумла экспертизаи экологи шаванд.

Меъёрҳои лоиҳакашии технологии корхонаҳои истихроҷи маъданҳои фоиданок ва коркарди ашёи хоми минералӣ, инчунин иншоотҳои зеризаминии новобаста аз мақсадҳои омӯзиши сарватҳои зеризамини ва истихроҷи маъданҳои фоиданок истифодашаванда бояд бо мақомоти давлатии назорати истихроҷи маъдан дар доираи салоҳияти он мувофиқат карда шаванд.

Ташкилотҳое, ки лоиҳаи корхонаҳо ва технология, маҳсулот ва таҷҳизоти марбут ба истифодабарии сарватҳои зеризаминиро мекашанд, инчунин ташкилотҳое, ки чунин лоиҳаҳоро мавриди экспертиза қарор медиҳанд, бояд иҷозатномаи бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додашударо дошта бошанд.

 

Моддаи 42. Талабҳои истихроҷи маъданҳои фоиданок, коркарди ашёи хоми минералӣ ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ба мақсадҳои дигар

Истихроҷи маъданҳои фоиданок ва ба мақсадҳои дигар истифода бурдани сарватҳои зеризаминӣ мувофиқи Қонунгузории амалкунанда лоиҳаҳои тасдиқшуда, нақшаҳои вусъати корҳои истихроҷи маъдан, лоиаҳо  ва схемаҳои истихроҷи нафт, газ, обҳои зеризаминӣ, қоидаҳои истифодаи техника, қоидаҳои ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ, қоидаҳои санитарқ, меъёрҳои экологи ва ғайра амалӣ гардонда мешавад.

Қоидаҳои истифодаи техника, қоидаҳои ҳифзи сарватҳои зеризаминиро мақомоти давлатии махсус ваколатдоршуда тасдиқ менамоянд.

Ҳангоми истихроҷи маъданҳои фоиданок, коркарди ашёи хоми минералӣ ва ба мақсадҳои дигар истифода бурдани сарватҳои зеризамини бояд корҳои зерин ба ҷо оварда шаванд:

1) роҳ надодан ба талафоти аз меъёр зиёд ва каммаъданшави тарошидани танаву қабати конҳои маъдан, интихобан истихроҷ кардани маъдан, ки аз ин қимати захираи ашёи хоми минералии дар конҳо боқимонда паст мешавад, инчунин захираи маъданҳои фоиданок беасос талаф меёбад;

2) дар рафти корҳои истихроҷи маъдан роҳ, надодан ба вайроншавии конҳои фаъол ва конҳои ҳамшафати онҳо, инчунин ҳифз намуд захираи маъданҳои фоиданоке, ки дар қаъри замин муваққатан нигоҳ дошта мешаванд ва конҳои маъдане, ки барои истифодаи минбаъда лозиманд;

3) баҳисобгирқ ва ҳисоботдиҳии давлатии камузиёдшавии захираи маъданҳои фоиданок, талаф ва камтаркибшавии маъданҳои фоиданок ба инобат гирифтани азхудкунии комплексқ ва истифодаи ашёи хоми минералӣ, инчунин миқёси коркардшудаи кони сарватҳои зеризамини;

4) бозиқтишофи кони маъданҳои фоиданок ва иҷрои дигар корҳои геологи, корҳои маркшейдерқ, инчунин тартиб додану ҳифз кардани ҳуҷҷатҳои геологию маркшейдерқ;

5) баҳисобгирқ ва назорати сифату миқдори тақсими ҷузъиёти фоиданоки ашёи хоми минералии мавриди коркард, маҳсулоти ниҳоқ партови маъдан;

6) бехатар анҷом додани корҳое, ки бо истифодаи қаър вобастаанд;

7) ҷорқ намудани назорати доимии ҳолати объектҳои гуронидани (дар анбор ҷой додани) моддаҳои зараровар ва ҳолати муҳити табии зист, инчунин андешидани тадбирҳои самарабахши муҳофизат ва вақт огоҳ намудани аҳолқ ҳангоми сар задани фалокат;

8) роҳ, надодан ба ҷойгиронии моддаҳои зараровар ва партовҳои захрдор дар ҳудуди конҳои маъданҳои фоиданок, дар болои захираи маъданҳо, иншоотҳо ва объектҳои воқеи манбаъҳои зеризаминӣ;

9) роҳ, надодан ба гуронидани партовҳои басо хавфнок ва радиоактивии корхонаҳои давлатҳо ва шаҳрвандони хориҷқ дар қитъаҳои кӯҳию замини ҷудокардашуда.

 

ФАСЛИ V

ПАРДОХТИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ

 

Моддаи 43. Системаи пардохти ҳаққи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Истифодаи сарватҳои зеризаминӣ пулакқ мебошад.

Системаи пардохти ҳаққи истифодаи сарватҳои зеризаминӣаз инҳо иборат аст:

— пардохт барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;

— маблағҷудокунқ барои васеъ кардани базаи ашёи хоми минералӣ;

пардохти ҳаққи иҷозатнома. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

Ғайр аз ин, истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ боҷу андоз ва намудҳои дигари пардохт, ки Қонун пешбинқ намудааст, аз ҷумла ҳаққи истифодаи замин ва ахбори геологи месупоранд. Онҳо дар сурати каммаъдан шудани манбаъҳои зеризаминӣ мувофиқи моддаи 48-уми Қонуни мазкур тахфифи пардохтро гирифта метавонанд.

 

Моддаи 44. Пардохт барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Пардохт барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ҳангоми ҷустуҷӯқ, иктишофу омӯзиши конҳои маъданҳои фоиданок, ҳангоми истихроҷ ва мақсадҳои дигари истифодаи сарватҳои зеризаминӣ аз тамоми истифодабарандагони сарватҳоқ зеризаминӣ, аз ҷумла ҳангоми ба истифодаи манбаъҳои зеризаминӣ ҷалб гардидани маблағгузорони хориҷи, ситонда мешавад мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Андоза ва тартиби ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ворид гардидани пардохтро шартномаю литсензияҳо, аз ҷумла консессияҳо дар бораи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, инчунин ҳуҷатҳои таъсисқ барои барпо кардани ҷамъиятҳои ҳархелаи саҳоми, ассотсиатсияҳо ва корхонаҳои муштарак, аз ҷумла якҷоя бо ширкату корхонаҳои хориҷқ, муайян мекунанд. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

Ҳангоми истифодаи сарватҳои зеризаминӣ истифодабарандагоне, ки тамоми навъҳои корҳои геологиро аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ доир менамоянд, аз пардохт озод карда мешаванд.

 

 

Моддаи 45. Шаклҳои пардохт барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Пардохт барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар шаклхоизерини муқарраркардаи литсензия ситонида мешавад:

1) музди пулакқ;

2)як қисми ашёи хоми минералии истихроҷшуда ё дигар маҳсулоте, ки истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ истеҳсол мекунад, ба истиснои маводи радиоактивқ, металлҳои асил, алмос ва дигар маводу маҳсулоте, ки мувофиқи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд;

3) иҷрои кор ё хизматрасонқ, ба истиснои хизмати дорои хусусият ҳарби ва ахборе, ки сирри давлатӣ ё тиҷоратии корхона мебошад;

4) ба ҳисоб гирифтани маблағе, ки ба буҷети ҷумҳурӣ ва буҷетҳо Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо чун ҳиссаи фонди ибтидоии корхона сохташавандаи истихроҷи маъдан ирсол мегардад. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

Андозаи пардохт барои ҳуқуқи истихроҷ бо назардошти намудҳои маъдани фоиданок, миқдору сифати захираи он, шароити табиию географқ, иқтисодқ ва шароити техникии ҷустуҷӯ ва иктишоф, баҳрабардории кон, дараҷаи таҳдиди хавфу хатар муайян карда мешавад. Тартиби каму беш пардохтани андозро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 46. Маблағҷудокунқ барои васеъ кардани базаи ашёи хом минералӣ

Пул барои васеъ кардани базаи ашёи хоми минерали аз тарафи истифодабарандагони сарватҳои зеризамини, ки бо истихроҷи ҳамаи намудҳои маводи маъдани машғуланд, мувофиқи моддаи 15 –уми ин Қонун ҷудо карда мешавад. Ин пул ба буҷети ҷумҳури дар шакли пардохти ҷуброни ҷузъии хароҷоти корҳои омӯзиши геологии дохил мешавад ва барои бо пул таъминкунии корҳои омӯзиши геологии сарватҳои зеризамини ва арзёбқ намудани захираҳои маъданҳои фоиданок истифода мегардад.

Маблағе, ки корхонаҳои мустақилона бо пул таъминкунандаи корҳо аз рӯи лоиҳаҳои иктишофоти геологии тасдиқнамудаи мақоми марбутаи идораи давлати ба буҷети ҷумҳури мепардозанд, ба андози пули ҳақиқатан додаашон кам карда мешавад.    

Андозаи маблақҷудокуниро барои васеъ кардани базаи ашёи хо­ми минералӣ, тартиби ситондан ва тақсиму истифодаи онро Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.       

         

Моддаи 47. Пардохти ҳаққи иҷозатномадиҳӣ

Ҳаққи иҷозатномадиҳӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» пардохт карда мешавад. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

Моддаи 48. Кам кардани пули пардохт барои каммаъдан шудани манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ

Барои каммаъдан гаштани манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ аз шахсони зерин барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ камтар пули пардохт ситонида мешавад:

1) аз истифодабарандаи сарватҳои зеризаминие, ки бо вуҷуди кам будани даромади иқтисодии кон шартҳои истифодаи оқилонаи захираҳои кашфшударо риоя намуда, бо сабабҳои объективқ маъданҳои фоиданоки камеб истеҳсол мекунад;

2) аз истифодабарандаи сарватҳои зеризаминие, ки аз захираи боқимондаи пастсифат, ба истиснои ҳолатҳое, ки сифати захираи маъданҳои фоиданок дар натиҷаи интихобан истихроҷ, намудани маводи кон паст мегардад, маъданҳои фоиданок истихроҷ, менамояд.

Қарори кам кардани пули пардохтро барои каммаъдан шудани манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ мақоми давлатие қабул мекунад, ки барои ҳуқуқӣ истифодаи сарватҳои зеризаминӣ литсензия медиҳад.

 

ФАСЛИ VI

ҶАВОБГАРҚ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚҚОНУНГУЗОРӢ ДАР БОРАИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ

 

Моддаи 49. Чавобгарқ барои вайрон кардани Қонун дар бораи сарватҳои зеризаминӣ

Шахсиятҳои ҳуқуқӣ ва шаҳрвандоне, ки барои аъмоли зайл гунаҳкоранд:

1) риоя накардани тартиботи муқарраркардаи ҳамин Қонуни истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;

2) худсарона истифода бурдани сарватҳои зеризаминӣ;

3) риоя накардани талаботи стандартҳои (меъёру қоидаҳои) бо тартиби муайян тасдиқшудаи истифодаи бехатари сарватҳои зеризаминӣ, ҳифзи онҳо ва муҳити табиии зист, аз ҷумла хилофкориҳое, ки манбаъҳои зеризаминиро олуда сохта, кони маъданҳои фоиданокро ғайриқобили истифода мегардонанд;

4) риоя накардани ҳуқуқӣ моликият ба ахбори геологи ва ахбори дигар ва ё ҳуқуқӣ ҳифзи махфияти он;

5) сохтмони худсарона дар масоҳати конҳои маъданҳои фоиданок;

6) эҳтиёт накардани биноҳо, иншоотҳо ва инчунин ҳудуди махсус ҳифзшаванда ва объектҳои муҳити табиии зист ҳангоми истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;

7) нобуд кардан ё зарар расондан ба чоҳҳои мушоҳидавию реҷимии обҳои зеризаминӣ, инчунин аломатҳои маркшейдерқва геологи;

8) мудом риоя накардани тартиби пардохти пули истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;

9) иҷро накардани талабҳои барои аҳолқ бехавф гардонидани ко­ну чоҳҳое, ки барҳам дода, ё худ хобонида мешаванд, инчунин талаб­ҳои эҳтиёт кардани манбаъҳои маъданҳои фоиданок, кону чоҳҳо дар давраи хобондани онҳо;

10) қобили истифодаи минбаъда накардани қитъаҳои заминва дигар объектҳои табиие, ки дар натиҷаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ зиён дидаанд; 

11) иҷро накардани фармонҳои мақомоти назоратқ, мувофиқи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷинои, маъмурқ ва ҷавобгарии дигар кашида мешаванд.

Ққонунгузорӣ метавонад барои аъмоли дигари зидди Қонуни сарватҳои зеризаминӣ низ ҷавобгарқ муқаррар намояд.

 

Моддаи 50. Ҳал намудани баҳсҳо

Баҳсҳо оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

 

Моддаи 51. Додани товони зиён

Товони зиёне ки дар натиҷаи фаъолияти корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, шаҳрвандон, мақомоти ҳокимият ва идораҳо ба истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ расидааст, аз ҳисоби маблағи худашон ва буҷетҳои дахлдор ҷуброн мешавад.

Агар қитъаи манбаъҳои зеризаминӣ мавриди истифода қарор нагирифта бошад, товони зиён ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон, буҷетҳои ноҳияю шаҳрҳо бо роҳи ҳиссагузорқ ирсол мегардад.

Бо ризояти тарафҳои манфиатдор ҷуброни пулии зиёнро метавон бо корҳои барқарорсозии хусусиятҳои табиии харобгардидаи манбаъ­ҳои сарватҳои зеризаминӣ иваз кард.

Истифодаи худсаронаи сарватҳои зеризаминӣ ва сохтмони худсарона дар замини дорои манбаи маъданҳои фоиданок бидуни ҷуброни хароҷоти истифодаи ғайри Қонунии сарватҳои зеризамини қатъ ме­гардад.

 

ФАСЛИ VII

 ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛХАЛҚИ

 

Моддаи 52. Шартномаҳои байналхалққ

Агар дар шартномаи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар ба қоидаҳои муқарраркардаи Қонуни мазкур қойдаҳои дигар муайян шуда бошанд, қоидаҳои шартномаи байналхалққ татбиқ карда мешаванд.

 

 

Раиси Шӯрои Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                   Э. РАҲМОНОВ

шаҳри Душанбе 20 июли соли 1994

 № 983

 

 

 

ҚАРОРИ ШӯРОИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар хусуси мавриди татбиқ қарор доданқ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ»

 

(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1004, №15-16, мод. 236)

 

 

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» аз лаҳзаи нашр шуданаш мавриди татбиқ қарор дода шавад.

2. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон:

қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамин Қонун мутобиқ намояд;

дар хусуси ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» мутобиқ гардонидани санадҳои Қонунгузории ҷорқ бо тартиби муқарраршуда таклифҳо тайёр намояд;

аз ҷониби вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасқ ва бекор карда шудани санадҳои меъёрқ ва дигар санадҳояшонро, ки хилофи Қонуни мазкур мебошанд, таъмин кунад.

 

 

Раиси Шӯрои Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                         Э. РАҲМОНОВ

шаҳри Душанбе  20 июли соли 1994

№984

 

Читать далее

Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият

 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2004, №5, мод. 348;  соли 2005, №3, мод. 120;

соли 2006, № 7, мод. 343; соли 2007, № 6, мод. 433; соли 2008, №1 қисми 2, мод.14; №6, мод. 457; №10, мод.816; соли 2009, № 3, мод.78; соли 2009, № 5, мод.326; №9-10, мод.544)

 Маҷлиси намояндагон 14-уми апрели соли 2004 қабул кардааст

Маҷлиси миллӣ 29-уми апрели соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст

 Қонуни мазкур намудҳои фаъолиятеро муайян мекунанд, ки иҷозатномадиҳиро талаб намуда, асосҳои ҳуқуқии додани иҷозатнома (литсензия)- ро барои ҳуқуқи машғулшавӣ ба намудҳои мушаххаси фаъолият муқаррар карда, ба риояи стандартҳо ва талаботи зарурии тахассусӣ барои таъмини ҳимояи манфиату амнияти шахс, ҷамъият ва давлат нигаронида шудааст.

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

иҷозатнома (литсензия)– иҷозати махсусе, ки барои амалӣ намудани фаъолияти мушаххас бо риояи ҳатмии шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ онро мақомоти иҷозатномадиҳанда ба шахси ҳуқуқӣ ё  соҳибкори инфиродӣ додааст;

намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда (литсензияшаванда) – фаъолиятест, ки барои амалӣ намудани он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни мазкур бояд иҷозатнома гирифта шавад;

иҷозатномадиҳӣ (литсензиякунонӣ) – чорабиниҳоест, ки ба иҷозатномадиҳӣ, аз нав ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудияти  иҷозатномаро тасдиқ мекунанд, боздоштан ва барқарор намудани амали иҷозатнома, бекор кардани он ва ба назорати мақомоти иҷозатномадиҳанда оиди аз тарафи иҷозатномадор риояи шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ ҳангоми ба амал баровардани намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда вобаста  мебошад;

 шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ  – маҷмӯи шарту талаботе, ки бо низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият муқаррар шудаанд, ки иҷрояшон барои иҷозатномадор ҳатмист;

мақомоти иҷозатномадиҳанда – мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки мутобиқи Қонуни мазкур иҷозатнома медиҳад;

иҷозатномадор (литсензиат) – шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ, ки барои  амалӣ намудани фаъолияти мушаххас иҷозатнома  доранд;

довталаби иҷозатнома – шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродиест, ки ба мақомоти иҷозатномадиҳанда барои фаъолияти мушаххас ҷиҳати гирифтани иҷозатнома  бо ариза муроҷиат намудааст;

феҳристи (реестри) иҷозатнома– маҷмӯи маълумот дар бораи додани иҷозатнома, аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани иҷозатнома, боздоштан ва барқарор намудани амали иҷозатнома ва бекор кардани онро тасдиқ  мекунанд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат аст.

 

Моддаи 3. Принсипҳои асосии иҷозатномадиҳӣ

Иҷозатномадиҳӣ  дар  асоси принсипҳои зерин амалӣ мегардад:

- таъмини  фазои ягонаи иқтисодӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муқаррар намудани номгӯи ягонаи намудҳои фаъолияти  иҷозатномадодашаванда;

- муқаррар кардани тартиби ягонаи иҷозатномадиҳӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муқаррар намудани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ тибқи низомнома оиди хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзенамудҳои  фаъолият;

- ошкорбаёнӣ дар иҷозатномадиҳӣ;

- риояи қонуният ҳангоми иҷозатномадиҳӣ.

 

Моддаи 4. Меъёрҳои муайян кардани намудҳои фаъолияте, ки барояшон иҷозатнома дода мешавад

Ба намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда намудҳои фаъолияте дохил мешаванд, ки амалӣ шудани онҳо метавонад ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ, саломатии шаҳрвандон, мудофиа ва амнияти давлатӣ, мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад ва  танзими онҳо  ба ғайр аз иҷозатномадиҳӣ бо роҳҳои дигар имконнопазир аст.

 

Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  иҷозатномадиҳӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди иҷозатномадиҳӣ салоҳиятҳои зеринро доранд:

- низомномаро дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои  фаъолият тасдиқ  намояд;

- мақомоти ҳокимияти иҷроияеро муайян намояд, ки барои  намудҳои мушаххаси фаъолият иҷозатнома медиҳад.

 

Моддаи 6. Салоҳияти мақомоти иҷозатномадиҳанда

1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда салоҳият доранд, ки:

- иҷозатнома  диҳад;

- ҳуҷҷатҳоеро аз нав ба расмият дароранд, ки вуҷуд доштани иҷозатномаро тасдиқ менамоянд;

     - мӯҳлати амали иҷозатномаҳоро дароз намоянд;

- амали иҷозатномаро боздоранд;

- амали иҷозатномаро барқарор созанд;

- иҷозатномаро бекор кунанд (дар мавридҳои пешбининамудаи моддаи 14  Қонуни мазкур);

- феҳристи иҷозатномаҳоро тартиб диҳанд;

- назорати аз тарафи иҷозатномадорон риоя шудани шарту талаботи иҷозатномаро ба амал бароранд.

2. Тартиби амалӣ намудани ваколати мақоми иҷозатномадиҳанда, ба истиснои санҷиши фаъолияти шахси иҷозатномадор ҷиҳати муайян намудани мутобиқати он ба шарту талаботи иҷозатнома, тибқи Низомнома дар бораи  хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳоифаъолият муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 7. Амали иҷозатнома

1. Ба ҳар як намуди фаъолият, ки дар моддаҳои 17 ва 18 Қонуни мазкур нишон дода шудааст, иҷозатнома дода мешавад.

2. Намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда танҳо аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки иҷозатнома гирифтааст, метавонад амалӣ гардонида шавад.

3. Амали иҷозатнома дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегардад.

4.Дар ҳолатҳое, ки бевосита қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, амали иҷозатнома метавонад танҳо дар ҳудуди муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн гардад.

5.   Шахсони воқеӣ  ва ҳуқуқии хориҷӣ метавонанд бо шарт ва тартиби барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида иҷозатнома гиранд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати дигареро пешбинӣ накарда бошад. Шахси ҳуқуқии хориҷии довталаби иҷозатнома бояд филиал ё намояндагии худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошад.

 

Моддаи 8. Мӯҳлати амали иҷозатнома

1.   Мӯҳлати амали иҷозатномаҳо барои намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашавандаи  дар моддаи 17 Қонуни мазкур пешбинигардида на камтар аз 5 сол, барои намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашавандаи бо моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардида  на камтар  аз 3 сол мебошад.

2.   Мӯҳлати амали иҷозатнома барои намуди алоҳидаи фаъолият, ки дар моддаи 17 Қонуни мазкур нишон дода шудааст, барои соҳибкорони инфиродие, ки фаъолияти онҳо бе истифодаи меҳнати кироя анҷом дода мешавад, бо дархости хаттии худи довталабон метавонад аз 1 то 5 сол муқаррар карда шавад.

3.   Мӯҳлати амали иҷозатномаро пеш аз ба охир расиданаш мувофиқи аризаи иҷозатномадор ба ҳамин мӯҳлат дароз кардан мумкин аст. Мӯҳлати амали иҷозатнома бо тартиби аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки иҷозатнома доштани шахсро тасдиқ мекунад, дароз карда мешавад.

 

Моддаи 9. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани иҷозатнома

1. Довталаби иҷозатнома барои гирифтани иҷозатнома ба мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

- ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда, ки дар он маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд:

а) барои шахси ҳуқуқӣ – ном ва шакли ташкилию ҳуқуқии корхона, суроғаи ҳуқуқӣ, рақами суратҳисоб ва шӯъбаи бонк;

б) барои соҳибкори инфиродӣ – ному насаб, ҷойи истиқомат шиноснома, рақам ва таърихи гирифтани он;

     - намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда, ки соҳибкори инфиродӣ ва шахси ҳуқуқӣ мақсади анҷом додани онро дорад ва мӯҳлате, ки дар давоми он чунин намуди фаъолият анҷом дода мешавад;

- барои шахси ҳуқуқӣ – нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ ва нусхаи шаҳодатномаи қайди давлатии довталаби иҷозатнома ба сифати шахси ҳуқуқӣ;

- барои соҳибкори инфиродӣ – нусхаи шаҳодатномаи қайди давлатии шаҳрванд ба сифати соҳибкори инфиродӣ;

- нусхаи шаҳодатномаи ба қайд гирифтани довталаби иҷозатнома  дар мақомоти андоз;

- ҳуҷҷате, ки пардохти ҳаққи иҷозатномаро барои баррасӣ шудани аризаи довталаби иҷозатнома тасдиқ мекунанд;

- маълумот дар бораи дараҷаи ихтисоси кормандони довталаби иҷозатнома.

2. Ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои мазкур дар низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои дигаре, ки ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ мувофиқ будани довталаби иҷозатномаро тасдиқ мекунанд, пешбинӣ шуда метавонанд.

3. Аз довталаби иҷозатнома пешниҳоди ҳуҷҷатҳоеро, ки дар Қонуни мазкур ва Низомнома  дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе  намудҳои фаъолият пешбинӣ нашудаанд, талаб кардан мумкин нест.

      4. Ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки ба мақомоти дахлдори иҷозатномадиҳанда барои гирифтани иҷозатнома пешниҳод мегарданд, тибқи рӯйхат  қабул карда мешаванд ва нусхаи онҳо бо қайди рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти мазкур ба довталаби иҷозатнома фиристода (дода) мешавад.

 

Моддаи 10. Қабули қарор дар бораи  додан ё надодани  иҷозатнома

1. Мақоми иҷозатномадиҳанда қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатномаро дар мӯҳлати на зиёда аз сӣ рӯзи расидани аризаи довталаби иҷозатнома бо тамоми ҳуҷҷатҳои лозима қабул мекунанд. Қарори мазкур бо фармони мақоми иҷозатномадиҳанда  ба  расмият дароварда мешавад.

2. Мӯҳлати нисбатан кӯтоҳтари қабули қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома бо низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият муқаррар карда мешавад.

3. Мақоми иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст, ки довталаби иҷозатномаро аз қабули қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома дар мӯҳлати мазкур огоҳ намояд.

4. Хабарнома дар бораи додани иҷозатнома дар шакли хаттӣ ба довталаби иҷозатнома бо қайди реквизити суратҳисоби бонкӣ ва мӯҳлати пардохти ҳаққи иҷозатномагирӣ фиристонида (супорида) мешавад.

5. Хабарнома дар бораи надодани иҷозатнома ба довталаби иҷозатнома бо нишон додани  сабабҳои радкунӣ (супорида) фиристонида мешавад.

6. Мақоми иҷозатномадиҳанда баъди се рӯзи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти ҳаққи иҷозатномадиҳиро  пешниҳод кардани довталаби иҷозатнома ба иҷозатномадор ҳуҷҷатеро, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ мекунанд, бепул медиҳад.

7. Иҷозатномадор ба гирифтани дубликати ҳуҷҷати мазкур бо пардохти маблағ ҳуқуқ доранд, ки он бо маблағи пардохт барои аз нав ба расмиятдарории ҳуҷҷате, ки мавҷудияти иҷозатномаро тасдиқ мекунанд, баробар аст.

8. Асосҳои надодани иҷозатнома инҳо мебошанд:

- агар ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи довталаби иҷозатнома дорои маълумоти нодуруст ё ғалат бошад;

     - агар довталаби иҷозатнома, объектҳои ба ӯ  тааллуқдошта ё аз тарафи ӯ истифодашаванда ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ номувофиқ бошанд;

     - агар вобаста ба намуди пешбинишудаи фаъолият аз тарафи мақомоти дахлдор ҷиҳати мутобиқати шароити фаъолият ва талаботи ба онҳо пешбинишаванда хулосаи манфӣ дода шуда бошад.

9. Ҳаҷми маҳсулоте (кору хизматрасоние), ки довталаби иҷозатнома истеҳсол мекунанд (баҷо меоварад) ё истеҳсолашро(баҷо оварданашро) ба нақша гирифтааст, барои надодани  иҷозатнома асос шуда наметавонад.

10. Довталаби иҷозатнома ҳуқуқ доранд нисбати надодани иҷозатнома аз тарафи мақоми иҷозатномадиҳанда  ё барои бефаъолиятии вай ба суд муроҷиат намояд.

 

Моддаи 11.  Ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани иҷозатнома ва қарори додани онро  тасдиқ мекунанд

Дар қарор оиди додани иҷозатнома ва ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани онро тасдиқ мекунанд, инҳо нишон дода мешаванд:

- номи мақоми иҷозатномадиҳанда;

- барои шахси ҳуқуқӣ - ном ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, суроғаи ҳуқуқӣ ва маҳалли ҷойгиршавии он;

- барои соҳибкори инфиродӣ - ному насаб, ҷои истиқомат, маълумоти ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунанд;

- намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда;

- рақами бақайдгирӣ, рӯз ва мӯҳлати амали иҷозатнома;

- рақами мушаххаси (идентификатсионии) андозсупоранда;

- рақами иҷозатнома;

-рӯзи қабул кардани қарор оиди додани иҷозатнома.

 

Моддаи 12. Аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамояд

1. Дар ҳолати дигар шудани шахси ҳуқуқӣ, тағйир ёфтани ном ё маҳалли ҷойгиршавӣ ва ё тағйир ёфтани ном ё ҷои истиқомати соҳибкори инфиродӣ, иҷозатномадор – шахси ҳуқуқӣ (вориси ҳуқуқии ӯ) ё соҳибкори инфиродӣ  ӯҳдадор аст дар давоми на дертар аз понздаҳ рӯз барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки иҷозатнома доштанашро тасдиқ менамояд, ариза диҳад ва ба он ҳуҷҷатҳоеро замима кунанд, ки тағйироти нишондодашударо тасдиқ менамоянд.

2. Ҳангоми аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамоянд, мақомоти иҷозатномадиҳанда ба феҳристи  иҷозатнома тағйиротҳои дахлдор медароранд. Ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудияти иҷозатномаро тасдиқ менамоянд, дар давоми даҳ рӯзи аризаи дахлдорро гирифтани мақомоти иҷозатномадиҳанда  аз нав ба расмият дароварда мешаванд.

3. Барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти иҷозатнома ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо музд ситонида мешавад, ки он ба  буҷети давлатӣ  ворид мегардад.

 

Моддаи 13. Амалӣ намудани назорат

1. Назоратро аз болои иҷозатномадор оиди риоя намудани шарту талаботи иҷозатнома, ки бо низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои  фаъолият муайян гардидааст, мақоми иҷозатномадиҳанда  дар доираи салоҳияти худ ба амал  мебароранд.

2. Санҷиши  фаъолияти шахси иҷозатномадор ҷиҳати муайян намудани мутоқибати он ба шарту талаботи иҷозатнома, аз ҷониби мақоме, ки иҷозатномаи дахлдорро додаст, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба амал бароварда мешавад.

 3. Мақоми иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ надоранд оиди мавзӯъҳое, ки ба салоҳияти дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ дахл доранд, санҷиш гузаронад.

 

Моддаи 14. Боздоштани иҷозатнома ва бекор кардани амали  иҷозатнома

1. Мақоми иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ доранд ҳангоми такроран ошкор кардани камбудиҳо ё шарту талаботи иҷозатномадиҳиро дағалона вайрон намудани иҷозатномадор амали иҷозатномаро боздоранд.

         Боздоштани амали иҷозатнома ҳамчунин дар ҳолатҳои истисноӣ, агар ин барои пешгирии хатари бевосита барои ҳаёт ва саломатии одамон, ба миён омадани фалокати техногенӣ, расонидани зарари барқарорнашаванда ба объектҳои табиат ё ҳолати муҳити зист зарур бошад  ва пешгирии ин ҳолатҳо бо дигар роҳҳо имконнопазир бошад, татбиқ карда мешавад.

2. Мақоми иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст, ки мӯҳлати аз ҷониби иҷозатномадор бартараф кардани қонуншиканиро, ки боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидааст, муқаррар намояд. Мӯҳлати нишондодашуда набояд аз се моҳ зиёд бошад. Агар иҷозатномадор қонуншиканиҳои мазкурро дар мӯҳлати муқарраршуда ислоҳ накарда бошад, мақомоти иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст ба суд муроҷиат намуда, бекор кардани иҷозатномаро талаб намояд.

3. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст мақоми иҷозатномадиҳандаро аз бартараф кардани қонуншиканиҳое, ки боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидааст, хаттӣ хабардор намояд. Мақоми иҷозатномадиҳандае, ки амали иҷозатномаро боздоштааст, оиди барқарор намудани амали он қарор қабул мекунанд ва дар ин бора ба иҷозатномадор дар давоми се рӯзи баъди хабардор шуданаш ва санҷидани хатогиҳое, ки иҷозатномадор онро бартараф кардааст ва он боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидааст, ба таври  хаттӣ хабар медиҳад. Мӯҳлати иҷозатнома дар давоми боздоштани амали он дароз карда намешавад ва барои  барқарор кардани амали он маблағ ситонида намешавад.

4. Мақомоти иҷозатномадиҳанда метавонанд иҷозатномаро дар мавриди аз тарафи иҷозатномадор дар давоми понздаҳ рӯз напардохтани ҳаққи иҷозатнома бекор кунанд.

5. Агар иҷозатномадор шарту талаботи иҷозатномаро риоя накарда бошад ва бар асари ин ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ, саломатии шаҳрвандон, дифоъ ва амнияти давлат, мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиён расида бошад ва ё дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкур иҷозатнома бо қарори суд  дар асоси аризаи мақоми иҷозатномадиҳанда бекор карда мешавад. Инчунин иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ доранд зимни ба суд додани ариза амали иҷозатномаи мазкурро то рӯзи ба ҳукми қонун даромадани қарори суд боздоранд.

6. Қарори боздоштани амали иҷозатнома, бекор кардани иҷозатнома ва ё ба суд фиристодани аризаро оиди бекор кардани он мақомоти иҷозатномадиҳанда бо далелҳои асоснок баъди се рӯзи қабул шуданаш ба  иҷозатномадор  хаттӣ хабар медиҳад.

7. Нисбати қарори боздоштани амали иҷозатнома ва бекор кардани он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби судӣ  шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 141. Қатъ гардидани амали иҷозатнома

Амали иҷозатнома дар ҳолатҳои барҳамдиҳии  шахси ҳуқуқӣ ва қатъ гаштани амали шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ, ба қувваи қонунӣ даромадани ҳалномаи суд дар бораи бекор кардани амали иҷозатнома, ба охир расидани мӯҳлати амали иҷозатнома, инчунин дар асоси аризаи хаттии иҷозатномадор қатъ карда  мешавад.

 

Моддаи 15.  Бурдани  феҳристи  иҷозатномаҳо

     1. Мақоми иҷозатномадиҳанда феҳристи иҷозатномаҳоро мебарад.

2. Дар феҳристи иҷозатномаҳо ғайр аз маълумотҳое, ки дар моддаи 9 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд, бояд маълумотҳои  зерин зикр гарданд:

- маълумот оиди бақайдгирии иҷозатнома дар феҳристи иҷозатномаҳо;

- асосҳо ва санаи боздоштан ва барқарор кардани амали иҷозатнома;

- асос ва санаи бекор кардани амали иҷозатнома;

- маълумотҳои дигаре, ки дар низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба  баъзе намудҳои  фаъолият муайян карда шудаанд.

3. Маълумоти дар феҳристи иҷозатномаҳо буда, барои шиносонидани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ кушода аст.

4. Маълумоти дар феҳристи иҷозатномаҳо буда дар бораи иҷозатномадори мушаххас дар шакли иқтибос ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо пардохти маблағ дода мешавад. Андозаи пардохти маблағ барои додани чунин маълумот як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ташкил медиҳад ва ба буҷети давлатӣ гузаронида мешавад.

5. Маълумот аз феҳристи иҷозатномаҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ бемузд дода мешавад.

6. Мӯҳлати додани маълумот аз феҳристи иҷозатномаҳо баъди қабули аризаи дахлдор набояд аз се рӯз зиёд бошад.

 

Моддаи 16. Маблағгузории иҷозатномадиҳӣ ва пардохти ҳаққи иҷозатнома

1. Иҷозатномадиҳӣ дар доираи маблағи аз буҷети дахлдор барои хароҷоти мақомоти иҷозатномадиҳӣ ҷудогардида маблағгузорӣ мешавад.

     2. Барои баррасии ариза оид ба додани иҷозатнома ба намудҳои  фаъолияти бо моддаи 17 Қонуни мазкур пешбинигардида  ба андозаи чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба намудҳои фаъолияти бо моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардида ба андозаи даҳ  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳақ пардохта мешавад, ки онҳо пас гардонида намешаванд.

3.Барои додани иҷозатнома ба намудҳои фаъолияти бо моддаи 17 Қонуни мазкур пешбинигардида ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳақ пардохта мешавад. Андозаи ҳаққи додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолияти дар моддаи 18 Қонуни мазкур  пешбинигардидаро Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз рӯи ҳар намуди фаъолият дар Низомнома  дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ  ба баъзе намудҳои фаъолият муайян мекунад.

4. Маблағҳои пардохтҳои ҳаққи иҷозатнома ба буҷети давлатӣ гузаронида  мешаванд.

5. Ҳангоми дароз намудани мӯҳлати амали иҷозатнома аз довталаб маблағи ба ҳаққи иҷозатномадиҳӣ баробар ситонида мешавад.

Дар сурати мутобиқи муқаррароти қисми 1 моддаи 8 Қонуни мазкур кам кардани мӯҳлати амали иҷозатнома маблағи пардохти ҳаққи иҷозатномадиҳӣ мутаносибан ба мӯҳлати амали иҷозатнома кам карда мешавад.

 

Моддаи 17. Номгӯи намудҳои фаъолияте, ки барои амалӣ намудани  онҳо иҷозатнома зарур аст

Мутобиқи Қонуни мазкур барои намудҳои зерини фаъолият иҷозатнома зарур аст:

-фаъолият оид ба додани сертификатҳои калидҳои рақамии имзои электронӣ, ба қайд гирифтани соҳибони имзоҳои рақамии электронӣ, хизматрасонӣ вобаста ба истифодаи имзоҳои рақамии электронӣ ва тасдиқ  кардани ҳаққонияти имзоҳои рақамии электронӣ;

-фаъолият оид ба ошкор намудани таҷҳизоти электроние, ки барои махфӣ қабул намудани маълумот дар биноҳо ва воситаҳои техникӣ таъин гардидаанд (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар  ин фаъолият  барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфироди анҷом дода шавад);

-фаъолият оид ба коркард ва истеҳсоли намудҳои маълуми воситаҳои ҳифзи маълумоти махфӣ;

-фаъолият оид ба ҳифзи техникии маълумоти махфӣ;

-фаъолият оид ба коркард ва истеҳсоли воситаҳои махсуси техникие, ки барои ба даст овардани иттилооти махфӣ истифода бурда мешаванд, фурӯши ин воситаҳо ва инчунин хариди онҳо бо мақсади фурӯш дар ҳолатҳое, ки ин намудҳои фаъолият  аз тарафи соҳибкорон ва шахсони ҳуқуқии ба соҳибкорӣ машғулбуда амалӣ гардонида мешаванд;

-фаъолият оид ба тайёр  кардани маҳсулоти матбаавии аз сохтакори муҳофизатшаванда, аз ҷумла коғазҳои қиматнок, инчунин савдои маҳсулоти мазкур;

-фаъолият оид ба фурӯши яроқи ғайринизомӣ ва хизматӣ, қисмҳо ва лавозимоти он;

-фаъолият  оид ба таъмир ва хизматрасонии механизмҳои борбардорӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад);

-фаъолият оид ба истифодаи иншоотҳои истеҳсолие, ки хавфи таркидан, сӯхтан ва химиявӣ доранд;

-фаъолият оид ба истеҳсол, коркард, истихроҷи нафт, газ, ангишт ва истифодаи шабакаҳои иншооти нафтӣ ва газӣ;

-фаъолият оид ба нигоҳдорӣ ва фурӯши нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар  ин фаъолият  барои таъмини эҳтиёҷоти  худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад);

-фаъолият оид ба васл, танзим ва таъмири иншоотҳо ва таҷҳизоти энергетикӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори  инфиродӣ анҷом дода шавад);

-фаъолият оид ба гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ;

-фаъолият оид ба истеҳсол, нигоҳдорӣ, паҳн кардан, интиқол додан ва истифодаи маводи таркандаи таъиноти саноатӣ;

-фаъолият оид ба истеҳсол ва паҳн намудани маҳсулоти тарфгарӣ (пиротехникӣ), ки ба кадастри давлатии маводи тарканда дохил шудаанд;

-фаъолият оид ба иҷрои корҳои васлу таъмир ва хизматрасонии воситаҳои таъмини аз сӯхтор пешгирӣ кардани биною иншоотҳо;

-фаъолият оид ба истеҳсол, додан ва тақсим кардани энергияи барқ (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти шахси ҳуқуқӣ  ё соҳибкори инфиродӣ анҷом  дода шавад);

-фаъолият  оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз  ҷумла  васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои  мавҷуда;

-фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ  ва тадқиқотӣ, сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва иншоотҳои роҳ;

-фаъолият оид ба корҳои маркшейдерӣ;

-фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ;

-фаъолият дар соҳаи обуҳавосанҷӣ ва соҳаҳои ба он алоқаманд, аз ҷумла иҷрои корҳои фаъолона таъсир расонидан ба ҳодисоту раванди обуҳавосанҷӣ ва геофизикӣ;

-фаъолияти фарматсевтӣ (тайёр ва истеҳсол кардани доруворӣ  ва воситаҳои косметикӣ, истеҳсоли молу техникаи тиббӣ, фурӯши доруворӣ ва молҳои  тиббӣ, истеҳсол ва фурӯши ғизои иловагии  табобатию профилактикӣ);

-фаъолияти  хусусии тиббӣ;

-фаъолият оид ба хизматрасонии техникии  техникаи тиббӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин кор барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад);

-фаъолият бо истифодаи ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда;

-фаъолият оид ба истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизатсионӣ;

-фаъолият оид ба киштукори растаниҳои нашъадор ба мақсадҳои илмӣ, ҳамчунин таҳияи воситаҳои нави нашъадор ва моддаҳои психотропӣ;

-фаъолияти вобаста  ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо (таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, фурӯш, тақсимот,  соҳиб шудан, истифода, воридот ва содирот);

-фаъолияти вобаста ба манбаъҳои афканишоти иондоркунанда;

- фаъолият вобаста ба воридоту содирот, истеҳсол, фурӯш, истифода, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ, коркард ва нобуд кардани моддаҳои радиоактивӣ; (ҚҶТ аз 19.05.09с, № 519)

-фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти ҳавоӣ;

-фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад);  (ҚҶТ аз 5.01.08с, №349)

-фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти роҳи оҳан (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори  инфиродӣ анҷом  дода шавад ва набаромадан ба роҳи оҳани истифодаи умум);

-фаъолият оид ба хизматрасонии техникӣ ва таъмир дар нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан;

-фаъолияти терминалҳои мусофиркашонӣ ва боркашонӣ;

-фаъолият оид ба хизматрасонии техникӣ ҳангоми парвози  нақлиёти ҳавоӣ;

-фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии техникии нақлиёти ҳавоӣ;

-фаъолият оид ба ҷамъоварӣ, истифода, безараргардонӣ, кашонидан ва ҷойгиркунонии партовҳои хатарнок;

-фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото (ҚҶТ аз 26.03.09с, №485);

-фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ);

-фаъолияти туристӣ;

-фаъолият оид ба тайёр кардан, коркард ва фурӯши  пораву партови металлҳои сиёҳ ва ранга;

-фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди  Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-фаъолияти аудиторӣ;

-фаъолияти ломбардҳо;

-фаъолият  дар соҳаи биржа;

-фаъолияти суғуртавӣ;

-фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок;

-фаъолият оид ба истеҳсол, воридот ва содироти маҳсулоти тамоку;

-фаъолияти  хусусии байторӣ;

-фаъолияти адвокатҳои ваколатдор;

-фаъолияти соҳаи маориф (ба истиснои муассисаҳои давлатии таълими томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии  асосӣ  ва миёнаи умумӣ);

-фаъолияти  вобаста ба  муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо  (коркарди пораву партови металлҳои қиматбаҳо бо мақсади ба даст овардани натиҷаи ниҳоии маҳсулот, холис кардани металлҳои қиматбаҳо ва рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо, аз аҳолӣ харидани маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо, хариду фурӯши яклухт ва чаканаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо);

-фаъолияти кормандони масъули патентӣ;

-фаъолияти соҳаҳои телевизион, радиошунавонӣ ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ;

-фаъолияти ба даст овардан, фурӯш, истифода, партов ва нобуд кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон  ва маҳсулоти дорандаи онҳо, инчунин ҳамаи намуди фаъолият, ки бо васлнамоӣ, хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон  кор мекунанд;

- фаъолият оид ба ҷамъоварӣ ва тайёр  намудани ашёи хоми доруворӣ;

- фаъолияти фондҳои ғайридавлатии нафақа;

- фаъолияти Бюрои таърихи қарз. (ҚҶТ аз 5.10.09с, № 551).

 

Моддаи 18. Номгӯи  махсуси намудҳои фаъолияте, ки барои амалӣ намудани онҳо иҷозатнома зарур аст

1.   Тибқи Қонуни мазкур тартиби махсуси иҷозатномадиҳӣ намудҳои зерини фаъолиятро дар бар мегирад:

-фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ;

-фаъолият  оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ;

-фаъолияти соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор;

-фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ;

-фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;

-фаъолият оид ба истифодабарии объектҳои олами наботот ва ҳайвонот, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд;

-фаъолият, кор ва хизматрасонӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атом.

2.   Иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ ва амалиёт бо асъори хориҷӣ  бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ, танзими асъор ва назорати асъор ба танзим дароварда мешавад.

3.   Номгӯи намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашавандаро танҳо дар ҳолати даровардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни мазкур тағйир додан мумкин аст.

 

Моддаи 181. Амали санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ

1.   Агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари иҷозатномадиҳӣ ё намудҳои дигари фаъолияти иҷозатномадодашаванда муқаррар гардида бошанд, ин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мавриди амал қарор дода мешаванд.

2.   Иҷозатномаҳои дар дигар давлатҳо гирифташуда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарти мавҷуд будани санадҳои  ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо ин ҳолат қайд гардидааст, эътироф карда мешаванд.

 

Моддаи  182. Додани иҷозатнома дар асоси  озмун

Иҷозатномаҳо барои фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ ва фаъолияти истифодаи сарватҳои зеризаминӣ метавонанд  дар асоси озмун  дода шаванд. Тартиби гузаронидани озмунро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар  менамояд.

 

Моддаи  183. Додани иҷозатнома дар асоси  созишнома оид ба тақсими маҳсулот

Иҷозатномаҳо барои фаъолияте, ки аз созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни давлат ва сармоя гузор бармеояд, пас аз 30 рӯзи ба имзо расонидани созишномаи мазкур бе талаб кардани ҳуҷҷату маводи иловагӣ ва бе мувофиқасозии иловагӣ дода мешавад.

 

Моддаи 19. Қоидаҳои гузариш

1. Қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқие, ки тартиби иҷозатномадиҳиро танзим менамоянд, дар қисмате, ки ба Қонуни мазкур мухолифат надоранд, амал мекунанд.

2. Иҷозатномадиҳӣ ба намудҳои фаъолияте, ки дар моддаҳои  17 ва  18 зикр наёфтаанд, аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур қатъ мегардад.

3. Иҷозатномаҳое, ки пеш аз интишори расмии Қонуни мазкур дода шудаанд, то мӯҳлати дар онҳо нишон додашуда эътибор доранд.

 

Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 21. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                              Э. Раҳмонов

 

          ш. Душанбе,  17 майи соли 2004,

         № 37                                     

 

Читать далее

Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ

Қонуни

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ

 Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии низоми иҷозатдиҳӣ, номгӯи истисноии фаъолиятҳои дар асоси иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ амалишаванда, тартиби додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ муайян намуда, шаклҳои ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро муқаррар карда, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, муҳити зист ва амнияти давлатро таъмин менамояд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ - ҳуҷҷати маъмурии дорои хусусияти иҷозатдиҳии аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳанда додашуда, ки ҳуқуқи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро барои амалӣ намудани фаъолият ё амали муайян дар давоми мӯҳлати муқарраргардида бо риояи ҳатмии шартҳои иҷозатдиҳӣ тасдиқ менамояд. Ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар шакли иҷозат, сертификат, хулоса, тасдиқнома, мувофиқакунонӣ, дастхатгузорӣ (визагузорӣ), шаҳодатнома, аттестати тахассусӣ, навиштаҷоти иҷозатдиҳӣ, гувоҳнома, санади баҳодиҳӣ (арзёбӣ), аккредитатсия ва дигар намудҳои ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти иҷозатдиҳӣ, ба истиснои иҷозатнома (литсензия) дода мешавад;

- низоми иҷозатдиҳӣ - маҷмӯи расмиёти танзимкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда, ки ба додан, азнавбарасмиятдарорӣ, боздоштан, барқарор намудани амал ва бекор кардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, додани нусхаи дуюми (дубликати) ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, назорати риояи шартҳои иҷозатдиҳӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, додани амрномаҳо оид ба бартараф намудани вайронкунии ин шартҳо алоқаманд мебошанд;

- шартҳои иҷозатдиҳӣ - маҷмӯи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур, ки иҷрои онҳо аз ҷониби аризадиҳанда ва (ё) дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳангоми амалӣ кардани намуди дахлдори фаъолияти соҳибкорӣ ҳатмӣ мебошад;

- мақоми иҷозатдиҳанда - мақоми ваколатдори давлатие, ки тибқи Қонуни мазкур ҳуқуқи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро дорад;

- аризадиҳанда - шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки ба мақоми иҷозатдиҳанда ариза ва ҳуҷҷатҳои заруриро барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пешниҳод намудааст;

- дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ - шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки барои амалӣ кардани намуди муайяни фаъолият ё амал ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дорад;

- масъулияти изҳоршуда - аз ҷониби аризадиҳанда изҳор кардани масъулияти худ оид ба риоя намудани шартҳои иҷозатдиҳӣ ҳангоми амалӣ намудани соҳибкорӣ;

- маъқулдонии худ аз худ - расмиёте, ки дар натиҷаи он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дода шуда, азнавбарасмиятдаровардашуда ва барқароршуда ҳисобида мешавад, агар мақоми иҷозатдиҳӣ вобаста ба ариза дар мӯҳлат ва бо шартҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, бо огоҳонидани аризадиҳанда қарор қабул накарда бошад;

- равзанаи ягона - расмиёти соддакардашудаи баррасии ариза барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва санҷиши иттилооти пешниҳодгардида ва (ё) барои тасдиқ ба мақомоти ваколатдор супурдани он, агар бо дигар қонун тасдиқ намудани он бе ҷалби аризадиҳанда ба ин раванд пешбинӣ гардида бошад;

- феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ - маҷмӯи маълумот оид ба ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии додашуда, азнавбарасмиятдаровардашуда, боздошташуда, барқароркардашуда ва бекоркардашуда, ки аз ҷониби ҳар як мақоми иҷозатдиҳанда пеш бурда мешавад;

- Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ - манбаи ҷамъбастии маълумот ва иттилоот оид ба ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳие, ки дар низоми мустақим (он-лайн) дастрас мебошад.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Меъёрҳои муайянкунии намудҳои фаъолияте, ки бо  додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ  танзим карда мешаванд

Ба намудҳои фаъолияти бо роҳи додани иҷозат танзимшаванда чунин намудҳои фаъолияте мансубанд, ки ба яке аз меъёрҳои дар сархатҳои якум ва дуюм, инчунин ҳатман ба меъёри дар сархати сеюми ҳамин модда пешбинигардида ҷавобгӯй бошанд:

- зарурати истифодабарии захираҳои маҳдуди давлатӣ;

- зарурати муқаррар намудани шартҳо ва талаботи махсус нисбат ба фаъолият ва санҷиши риояи онҳо дар ҷараёни амалӣ намудани фаъолият бо мақсади роҳ надодан ба расонидани зиён ба ҳуқуқ, манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, муҳити зист ва амнияти давлат;

- додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дигар расмиёти танзимкунандаи фаъолияти субъектҳои соҳибкориро, ки қонунгузорӣ барои ҷудо намудани захираҳои маҳдуди давлатӣ ва (ё) барои таъмин намудани риояи шартҳо ва талаботи махсус бо мақсади роҳ надодан ба расонидани зиён ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, муҳити зист ва амнияти давлат муқаррар намудааст, такрор намекунад.

 

Моддаи 4. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи  низоми иҷозатдиҳӣ

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи низоми иҷозатдиҳӣ инҳо дохил мешаванд:

- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими низоми иҷозатдиҳӣ;

- тасдиқи қоидаҳои пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;

- тасдиқи қоидаҳои пешбурди феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ.

 

Моддаи 5. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи  танзими низоми иҷозатдиҳӣ

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ дохил мешаванд:

- гузаронидани мониторинг вобаста ба татбиқи Қонуни мазкур;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани иттилооти ҳарсола аз рӯи натиҷаҳои мониторинги гузаронидашуда;

- натиҷагирӣ аз таҷриба дар танзими фаъолияти соҳибкорӣ бо роҳи додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, таҳия ва пешниҳоди таклифҳо оид ба такмили қонунгузорӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ;

- санҷиши санадҳои баҳодиҳии таъсири танзимноки лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи низоми иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди хулоса бо муҳокимаи ҳатмӣ бо субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва иттиҳодияҳои онҳо;

- пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ.

 

Моддаи 6. Ваколатҳои мақомоти давлатии иҷозатдиҳанда

Ба ваколатҳои мақомоти давлатии иҷозатдиҳанда дохил мешаванд:

- додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;

- азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;

- боздоштани амали ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;

- додани нусхаи дуюми (дубликати) ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;

- дароз кардани мӯҳлати амали ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;

- рад кардан аз додани  ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;

- қатъ кардани мӯҳлати амали ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;

- бекор кардани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи моддаи 28 Қонуни мазкур;

- пешбурди феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;

- назорати риояи талабот ва шартҳои ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ аз ҷониби дорандагони ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ.

 

Моддаи 7. Амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ

1. Намуди фаъолияте, ки барои амалӣ намудани он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дода шудааст, танҳо аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродии ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро гирифта, иҷро шуда метавонад.

2. Амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегардад.

3. Дар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва (ё) санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ метавонад берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон низ паҳн гардад.

 

Моддаи 8. Мӯҳлати амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ

Ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба мӯҳлати номаҳдуди амал ва барои намудҳои фаъолияте, ки бояд иҷозатнома (литсензия) гирифта шавад, ба мӯҳлати амали иҷозатнома дода мешавад.

 

Моддаи 9. Маблағгузорӣ ва пардохтҳо барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ

1. Маблағгузорӣ ва пардохтҳо барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар доираи маблағҳое амалӣ мегарданд, ки аз буҷетҳои дахлдор барои нигоҳдории мақомоти иҷозатдиҳанда ҷудо карда мешаванд.

2. Барои баррасии ариза оид ба додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ барои намудҳои фаъолияти дар Қонуни мазкур пешбинишуда, пардохти иҷозатдиҳӣ баробар ба як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ситонида мешавад, ки он баргардонида намешавад.

3. Барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ баробар ба ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт ситонида мешавад.

4. Маблағҳои пардохти иҷозатдиҳӣ ба буҷети давлатӣ гузаронида мешаванд.

5. Дар сурати тамдиди мӯҳлати амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ баробар ба додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохт ситонида мешавад.

 

Моддаи 10. Коргузорӣ дар соҳаи додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ

1. Нисбати ҳар як шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродие, ки барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ариза додааст, мақоми иҷозатдиҳанда парванда тартиб дода, барои ҳар як намуди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, пешбурди дафтари бақайдгирии аризаҳо ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии додашударо ба роҳ мемонад.

2. Дар парванда ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки аз тарафи аризадиҳанда ворид шудаанд, инчунин нусхаҳои қарорҳо ва амрномаҳои мақоми иҷозатдиҳанда марбут ба аризадиҳанда нигоҳ дошта мешаванд.

3. Дар дафтари бақайдгирии аризаҳо ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии додашуда маълумот оид ба аризадиҳанда, санаи ворид шудани ҳуҷҷат, сана ва рақами қарорҳои қабулнамудаи мақоми иҷозатдиҳанда, санаи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва имзои шахси масъул ва шахсе, ки ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ гирифтааст, сабт карда мешаванд.

4. Мақоми иҷозатдиҳанда феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии додашударо таҳия менамояд ва пеш мебарад.

5. Дар феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ маълумоти зерин нишон дода мешаванд:

- маълумот оид ба аризадиҳанда (номи шахси ҳуқуқӣ, барои соҳибкори инфиродӣ - насаб, ном ва номи падар);

- намуди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;

- сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;

- силсила, рақам ва санаи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;

- маълумот дар бораи азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва дар сурати аз нав ба расмият даровардани он, додани нусха ва нусхаи дуюми (дубликати) ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;

- асос, сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш)  дар бораи бартараф кардани вайронкунии шартҳои ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;

- асос, сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи боздоштан ва барқарор кардани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;

- асос, сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи бекор кардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;

- асос, сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш)  дар бораи қатъ намудани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ.

6. Иттилооти дар феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ мавҷудбуда ошкоро ва дастрас мебошад.

 

БОБИ 2.ПРИНСИПҲОИ ТАНЗИМИ   НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ

 

Моддаи 11. Принсипҳои асосии низоми иҷозатдиҳӣ

1. Принсипҳои асосии низоми иҷозатдиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборат мебошанд:

- шаффофияти қабули қарорҳо, танзимкунӣ ва пешбинишаванда будани ҷараёни додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;

- муқаррар намудани тартиби ягонаи додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;

- масъулияти изҳоршуда;

- равзанаи ягона;

- маъқулдонии худ аз худ;

- мутаносибии манфиатҳои ҷомеа ва ҳуқуқҳои субъектҳои  фаъолияти соҳибкорӣ ҳангоми муқаррар намудани зарурати пешбурди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;

- арзёбии таъсири танзимкунанда дар ҳолати ҷорӣ кардани намудҳои нави ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ.

2. Ҳама гуна шубҳа, ихтилофот ва нофаҳмиҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки бо низоми иҷозатдиҳӣ алоқаманд мебошанд, ба манфиати субъекти фаъолияти соҳибкорӣ шарҳ дода мешаванд.

 

Моддаи 12. Шаффофияти қабули қарорҳо, танзимкунӣ ва пешбинишаванда будани ҷараёни  додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ

1. Мақомоти иҷозатдиҳанда ӯҳдадоранд, ки дар бораи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба низоми иҷозатдиҳӣ иттилоъ диҳанд ва шаффофияти фаъолияти худро роҷеъ ба қабули қарорҳо бо роҳи ҷалб намудани субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷараёни таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қабули қарорҳо оид ба низоми иҷозатдиҳӣ таъмин намоянд.

2. Мақомоти иҷозатдиҳанда шаффофияти танзими низоми иҷозатдиҳиро тавассути дастрасии озод ба таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва интишори онҳо тибқи Қонуни мазкур таъмин менамоянд.

3. Маълумот оид ба ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ба Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ (минбаъд-Феҳристи электронӣ) баъди интишори онҳо дар нашрияҳои расмӣ ворид карда мешаванд.

4. Дастрасӣ ба Феҳристи электронӣ ройгон буда, аз тариқи шабакаи интернет амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 13. Тартиби ягонаи додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ

1. Тартиби ягонаи додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ бо Қонуни мазкур муқаррар гардида, аз инҳо иборат мебошад:

- пардохти маблағи баррасии ариза барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;

- муайян будани мақсади гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;

- риояи тартиби пешниҳоди ариза ва баррасии он;

- пурра будани номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ зарур мебошанд;

- асосноккунии сабаби рад намудан аз додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;

- дар ҳолатҳои зарурӣ додани нусхаи дуюми (дубликати) ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;

- сари вақт азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;

- асосноккунии боздоштан, барқарор намудан, бекор кардан ва қатъ намудани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;

2. Мақомоти иҷозатдиҳанда наметавонанд тартиби дигари додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро муқаррар намоянд.

 

Моддаи 14. Масъулияти изҳоршуда

1. Барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ роҳбари шахси ҳуқуқӣ ё шахси ваколатдорнамудаи ӯ ё соҳибкори инфиродӣ ба мақоми иҷозатдиҳандаи дахлдор шахсан, бо мактуби фармоишӣ ё ба воситаи почтаи электронӣ (дар шакли ҳуҷҷати электронӣ бо имзои рақамӣ) аризаи имзошударо пешниҳод менамояд, ки тибқи он аризадиҳанда барои риоя кардани шартҳои ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва барои эътимоднок будани ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида масъулиятро ба дӯш мегирад.

2. Принсипи масъулияти изҳоршуда ҳангоми додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳие, ки сархатҳои дуюм, сеюм ва чоруми банди 3, сархатҳои дуюм, сеюм ва чоруми банди 4, сархатҳои якум, дуюм, сеюм, чорум, панҷум ва ҳафтуми банди 5, банди 6, сархати якуми банди 7, сархатҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми банди 8, сархатҳои дуюм ва сеюми банди 9, бандҳои 10-12, 14-19, сархатҳои дуюм, сеюм, чорум ва шашуми банди 21 ва банди 22 моддаи 29 қонуни мазкур муқаррар намудаанд, татбиқ намегардад.

 

Моддаи 15. Равзанаи ягона

1. Мақомоти давлатӣ тибқи дархости мақомоти иҷозатдиҳанда барои пешниҳоди мутақобилаи иттилоот бо роҳи таъмин намудани дастрасӣ ба захираҳои иттилоотии давлатии мувофиқ масъул мебошанд.

2. Мақомоти давлатӣ ӯҳдадоранд тибқи дархости мақомоти иҷозатдиҳанда ҳуҷҷатҳои дархостшаванда ва иттилоотро дар ҳомили коғазӣ ё дар шакли электронӣ, ки бо имзои рақамӣ тасдиқ шудааст, дар мӯҳлати панҷ рӯз баъди гирифтани дархости дахлдор пешниҳод намоянд.

 

3. Агар мақомоти давлатӣ ба дархости мақомоти иҷозатдиҳанда ё дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ҷавоб надиҳанд ё дастрасӣ ба захираҳои иттилоотиро таъмин накунанд, ҳуҷҷатҳо ва иттилооти дахлдор мувофиқашуда ё тасдиқшуда ҳисобида мешаванд.

 

Моддаи 16. Маъқулдонии худ аз худ

1. Ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ додашуда ё вобаста ба ҳолатҳо мӯҳлати амали он тамдидшуда ҳисобида мешавад, агар мақоми иҷозатдиҳанда дар мӯҳлати дар Қонуни мазкур  пешбинигардида оид ба додан ё тамдид намудани мӯҳлати амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳии дахлдор ба аризадиҳанда ҷавоб надода бошад.

2. Пас аз гузаштани мӯҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва дар сурати набудани огоҳиномаи хаттӣ аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳанда, аризадиҳанда метавонад ба фаъолияте, ки барои он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дархост намудааст, оғоз намояд.

3. Расмиёти маъқулдонии худ аз худ нисбат ба ҳамаи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳанда додашуда татбиқ карда мешавад, ба истиснои ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, ки мувофиқи сархатҳои дуюм, сеюм ва чоруми банди 3, сархатҳои дуюм ва чоруми банди 4, сархати якуми банди 6, сархати сеюми банди 8, сархати сеюми банди 9, сархатҳои якум ва дуюми банди 10, бандҳои 12, 17 ва 18, сархатҳои чорум ва шашуми банди 21 ва  банди 22 моддаи 29 Қонуни мазкур дода мешаванд.

4. Ҷавоби манфии мақоми иҷозатдиҳанда, ки дар мӯҳлати пешбининамудаи Қонуни мазкур барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дода шудааст,  ба маъқулдонии худ аз худ баробар карда намешавад.

5. Дар сурати ошкор кардани носаҳеҳӣ дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда мақоми иҷозатдиҳанда дар ин хусус аризадиҳандаро на дертар аз панҷ рӯзи корӣ қабл аз гузаштани мӯҳлате, ки Қонуни мазкур барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳии дахлдор пешбинӣ намудааст, огоҳ менамояд.

6. Агар пас аз додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳие, ки дар асоси он оғоз намудани соҳибкорӣ ва (ё) пешбурди он иҷозат дода мешавад, мақоми иҷозатдиҳанда далели иҷро нагардидани ягон шарти муҳими барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пешбинигардидаро муқаррар намояд, мақоми иҷозатдиҳанда дорандаи ҳуҷҷатро дар бораи носаҳеҳиҳои ошкоргардида на дертар аз як моҳи баъди гузаштани мӯҳлате, ки Қонуни мазкур барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пешбинӣ намудааст, огоҳ карда, дар айни ҳол тартиби бартараф кардани онҳо ва мӯҳлати иҷрои ин ӯҳдадориро муқаррар менамояд. Мӯҳлати муқарраргардида наметавонад аз сӣ рӯзи тақвимӣ кам ва аз шаст рӯзи тақвимӣ зиёд бошад.

7. Дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолати дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида мақоми иҷозатдиҳанда ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро дар мӯҳлати на зиёда аз панҷ рӯзи пас аз ба охир расидани мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи 22 Қонуни мазкур ба расмият медарорад.

 

Моддаи 17. Мутаносибии манфиатҳои ҷомеа ва субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ

1. Муносибати мақомоти иҷозатдиҳанда бо субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ба дараҷаи баробар бояд ба таъмини манфиатҳои ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон мусоидат намояд.

2. Санҷиши тартиби татбиқи фаъолияте, ки субъекти фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси принсипҳои маъқулдонии худ аз худ ва масъулияти изҳоршуда амалӣ менамояд, аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" барои гузаронидани санҷишҳо ваколатдор карда шудаанд, амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 18. Арзёбии таъсири танзимкунӣ

1. Арзёбии таъсири танзимкунии ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ асосноксозии дар асоси арзёбии хароҷот ва фоида амалишудаи зарурати ҷорӣ намудан ё тағйир додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва таҳлили оқибатҳо барои соҳибкорӣ, аз ҷумла таъмини риояи ҳуқуқу манфиатҳои соҳибкорон ва давлат, ҳамчунин мутобиқат ба мақсадҳои сиёсати танзим ва принсипҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкурро ифода менамояд.

2. Санади арзёбии таъсири танзимкунӣ ҷузъи таркибии тавзеҳнома ба лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи низоми иҷозатдиҳӣ мебошад. Санади арзёбии таъсири танзимкунӣ зарурати қабул намудани лоиҳаи мушаххаси санади меъёрии ҳуқуқиро муайян мекунад, инчунин ҷиҳатҳои миқдорӣ ва сифатии таъсироти асосии (фоида ва хароҷоти) онро ба ҷомеа арзёбӣ менамояд.

 

БОБИ 3.РАСМИЁТИ АРЗЁБИИ ТАЪСИРИ ТАНЗИМКУНИИ

САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ МУҚАРРАРКУНАНДА Ё ТАҒЙИРДИҲАНДАИ  ҲУҶҶАТҲОИ ИҶОЗАТДИҲӢ

 

Моддаи 19. Стандартҳои сифат барои арзёбии таъсири  танзимкунии санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро муқаррар менамоянд  ё тағйир медиҳанд

Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро муқаррар менамоянд ё тағйир медиҳанд, бояд ба стандартҳои зерини сифат мутобиқат кунанд:

1) Устуворӣ: ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ бояд ба принсипҳои бозорӣ асос ёбанд ва ба талаботи пешгӯишавандагӣ, шаффофияти қабули қарорҳо ва танзимкунӣ ҷавобгӯй бошанд. Ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳие, ки нисбати бақайдгирӣ, амалӣ намудан ва барҳамдиҳии фаъолияти соҳибкорӣ, рақобати озод, савдо ва сармоягузорӣ маҳдудиятҳо муқаррар менамоянд, бояд аз нуқтаи назари ҳифзи манфиатҳои ҷомеа асоснок карда шуда бошанд;

2) Самаранокии хароҷот: ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ бояд ҳалли камхарҷтари вазифаи дақиқ муайяншударо пешниҳод намоянд;

3) Фасеҳӣ ва самаранокӣ: ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ нишондиҳандаҳоеро муқаррар менамоянд, ки онҳо бояд аз ҷониби шахсоне ба даст оварда шаванд, ки ба онҳо дахл мекунанд ва наметавонанд тавассути ҷорӣ намудани технология ва усулҳое, ки барои ба муваффақият ноил гардидан зарур мебошанд, далелнок шарҳ дода шаванд;

4) Мутаносибӣ: санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба таври баробар ба таъмини манфиатҳои ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон мусоидат намоянд.

 

Моддаи 20. Арзёбии таъсири танзимкунии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ

1. Ҳар як мақоми давлатӣ то таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқие, ки ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро муқаррар менамояд ё тағйир медиҳад, арзёбии таъсири танзимкуниро амалӣ менамояд, ки аз инҳо иборат мебошад:

1) Муайян намудани масъала (проблема). Арзёбии таъсири танзимкунӣ масъалаеро муайян мекунад, ки онро ҳал кардан зарур аст, инчунин натиҷаҳои имконпазири танзим аз ҷониби давлатро муқаррар менамояд. Муайянкунии масъала бояд унсурҳои зеринро дар бар гирад:

- ҷузъиёти ҳуқуқӣ, ки тартиби ба ваколати мақоми идоракунӣ мансуб донистани масъаларо барои танзимкунии давлатӣ нишон медиҳад;

- ҷузъиёти таҳлилӣ, ки сабаби ба вуҷуд омадани масъаларо шарҳ медиҳад ва аҳамиятнокии онро муайян менамояд;

- арзёбии оқибатҳои эҳтимолӣ дар сурате, ки амалҳои дигар анҷом дода нашаванд;

- муайян намудани ҳадафҳои амалҳои давлат.

2) Хароҷот ва фоидаи асосӣ манфиатҳои асосии дахолати давлатӣ. Арзёбии таъсири танзимкунӣ нишондиҳандаҳои сифатӣ ва миқдории оқибатҳои асосии имконпазири дахолати давлатиро муқаррар менамояд:

- оқибатҳои манфӣ ё хароҷот дар натиҷаи дахолати давлатӣ;

- оқибатҳои мусбат ё фоида дар натиҷаи дахолати давлатӣ;

- камбудиҳои асосии таъсири имконпазири дахолати давлатӣ.

3) Арзёбии роҳҳои алтернативӣ. Арзёбии таъсири танзимкунӣ на камтар аз ду роҳи алтернативиро, ки барои ҳалли масъала ба инобат гирифта мешаванд, пешниҳод менамояд. Яке аз роҳҳои ҳатмии алтернативӣ ягон чора наандешидан мебошад. Алтернативаҳои дигар бояд аз инҳо бар оянд:

- мутобиқ гардонидани ҳуҷҷати иҷозатдиҳии амалкунанда;

- иваз намудани механизми ҷории ҳуҷҷати иҷозатдиҳии амалкунанда;

- тадбирҳои иттилоотӣ ва маърифатӣ;

- танзими инфиродӣ;

- танзими инфиродӣ ё танзим аз ҷониби тарафи сеюм;

- фишангҳои бозорӣ, аз ҷумла боҷҳо.

4) Баргузор намудани муҳокима. Арзёбии таъсири танзимкунӣ тарафҳои манфиатдори асосиеро, ки танзим метавонад ба онҳо дахл кунад, муайян менамояд ва тартиби анҷомдиҳии раванди муҳокима ва мувофиқасозӣ бо ин тарафҳоро тавзеҳ медиҳад. Ин намуди таҳлил эҳтиёҷоти асосиро ба маълумот ва чӣ тавр ба қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти дахлдор мусоидат намудани муҳокимаҳоро муқаррар менамояд.

5) Тавсияҳо. Таҳиягари арзёбии таъсири танзимкунӣ андешидани тадбирҳои муайянеро, ки дар заминаи меъёрҳои дар моддаи 21 Қонуни мазкур  пешбинигардида асоснок карда шудаанд, тавсия медиҳад.

6) Ҳисобот оид ба арзёбии анҷомдодашудаи таъсири танзимкунӣ ва тавсияҳо. Ҳисоботи таъсири танзимкунӣ аз ҷониби таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳод карда мешавад ва инҳоро дар бар мегирад:

- тавсифи раванди муҳокимаи тарафҳои манфиатдор;

- ҷамъбасткунии роҳҳои алтернативӣ;

- ҷадвали таҳлилии мулоҳизаҳо, шарҳу эзоҳот ва пешниҳодҳое, ки дар марҳилаи таҳияи арзёбии таъсири танзимкунӣ ворид карда шудаанд;

- қарор оид ба баррасии лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ бе таҳлили иловагӣ, қабул бе таҳлили пешакии таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ;

- гузаронидани таҳлили муфассали зарурати лоиҳа дар асоси таҳлили ниҳоии оқибатҳои танзимкунӣ.

2. Арзёбии таъсири танзимкунӣ барои таҷдиди назар гардидан аз ҷониби мақоми давлатӣ ва барои муҳокимаи ҷамъиятӣ пешниҳод карда мешавад. Мӯҳлати баррасӣ ва додани хулоса сӣ рӯзро ташкил медиҳад.

3. Мақоми давлатӣ лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро таҳия ва арзёбии ниҳоии таъсири танзимкуниро ба он замима менамояд.

4. Мақоми давлатӣ лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва арзёбии ниҳоии таъсири танзимкуниро мутобиқи хулосаҳои гирифташуда ва муҳокимаи ҷамъиятӣ такмил медиҳад ва ҷадвали ихтилофотро таҳия менамояд.

 

БОБИ 4.РАСМИЁТИ ДОДАНИ ҲУҶҶАТИ ИҶОЗАТДИҲӢ

 

Моддаи 21. Пешниҳоди ариза барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ

1. Барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аризадиҳанда ё шахсони ваколатдори ӯ аризаи имзошудаи намунааш аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳанда муқарраргардидаро шахсан, бо мактуби фармоишӣ ё ба воситаи почтаи электронӣ (дар шакли ҳуҷҷати электронӣ бо имзои рақамӣ), ки маълумоти зеринро дар бар мегирад, ба мақоми дахлдор пешниҳод менамоянд:

- ном, шакли ташкилию ҳуқуқӣ,  суроғаи ҷойгиршавӣ ва рақами ягонаи мушаххаси шахси ҳуқуқӣ ё ному насаб, суроға ва рақами ягонаи мушаххаси соҳибкори инфиродӣ; гирад;

- аз ҷониби аризадиҳанда ба зиммаи худ гирифтани масъулият  барои риоя намудани шартҳои иҷозатдиҳии ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолият ва барои эътимоднокии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда.

2. Ба ариза барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ нусхаи ҳуҷҷате, ки бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродиро тасдиқ мекунад, замима карда мешавад. Ба ҳуҷҷатҳо метавонанд нусхаҳо дар шакли электронӣ ҳамроҳ карда шаванд.

3. Ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур дода мешавад. Талаб кардани ҳуҷҷатҳои дигар аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳанда манъ аст.

4. Ҳуҷҷатҳо дар шакли нусха пешниҳод карда мешаванд. Маълумоте, ки дар ҳуҷҷат ва иттилооти пешниҳодгардида зикр ёфтааст тибқи расмиёти равзанаи ягона санҷида мешаванд.

5. Аризае, ки барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пешниҳод мегардад ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида аз рӯи номгӯй ба қайд гирифта мешаванд. Нусхаи номгӯйи мазкур, ки бо имзои шахси масъули мақоми иҷозатдиҳанда бо  сабти санаи бақайдгирии ариза тасдиқ карда шудааст, ба аризадиҳанда фиристода (супурда) мешавад.

6. Ариза барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар ҳолатҳои зерин ба қайд гирифта намешавад:

- имзо шудан аз ҷониби шахсе, ки барои ин ваколат надорад;

- агар ҳуҷҷатҳо бе риояи талаботи моддаи мазкур ба расмият дароварда шуда бошанд.

7. Дар бораи рад кардани бақайдгирии ариза барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аризадиҳанда шахсан, бо мактуби фармоишӣ ё ба воситаи почтаи электронӣ (дар шакли ҳуҷҷати электронӣ бо имзои рақамӣ) дар мӯҳлати на бештар аз се рӯзи кории пас аз рӯзи муроҷиат намудан, бо нишондоди асос барои рад намудани бақайдгирии ариза, огоҳонида мешавад.

8. Баъди бартараф намудани камбудиҳое, ки боиси рад кардани бақайдгирии ариза барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ гардидаанд, аризадиҳанда метавонад аризаи нав пешниҳод кунад ва он бояд тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда шавад.

 

Моддаи 22. Қарор дар бораи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ё дар  бораи рад кардани ариза барои гирифтани он

1. Мақоми иҷозатдиҳанда дар асоси ариза барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида дар бораи додан ё рад намудан аз додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар мӯҳлати на бештар аз даҳ рӯзи корӣ аз рӯзи бақайдгирии он қарор қабул менамояд.

2. Иттилоъ оид ба қабули қарор дар бораи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба аризадиҳанда на дертар аз рӯзи кории ояндаи баъди қабули қарор дода мешавад.

3. Агар аризадиҳанда дар муддати сӣ рӯзи баъди ба ӯ фиристодани (супурдани) огоҳинома дар бораи қабули қарор оид ба додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бе сабабҳои узрнок барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳии барасмиятдаровардашуда муроҷиат накарда бошад, мақоми иҷозатдиҳанда ҳуқуқ дорад қарор дар бораи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро бекор кунад ё дар бораи беэътибор донистани он қарор қабул намояд.

4. Ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар он сурат додашуда эътироф мегардад, ки агар мақоми иҷозатдиҳанда дар мӯҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба аризадиҳанда ҷавоб надода бошад. Баъди гузаштани мӯҳлате, ки барои огоҳонидан дар бораи рад гардидани бақайдгирии ариза барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, дар бораи рад гардидани он ё дар бораи қабули қарор оид ба додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ муқаррар карда шудааст, ба шарти вуҷуд надоштани огоҳиномаи хаттӣ дар бораи сабабҳои рад гардидани бақайдгирии ариза барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва (ё) рад кардани он, аризадиҳанда метавонад фаъолиятеро, ки барои он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дархост карда буд, тибқи принсипи маъқулдонии худ аз худ амалӣ намояд. 

5. Дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолати маъқулдонии худ аз худ мақоми иҷозатдиҳанда ӯҳдадор аст ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда пешниҳод намояд.

 

Моддаи 23. Рад кардан аз додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ

1. Асосҳои рад кардан аз додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз инҳо иборат мебошанд:

- аз ҷониби аризадиҳанда дар ҳаҷми пурра пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳо;

- ошкор гардидани маълумоти носаҳеҳ  дар ҳуҷҷатҳое, ки аризадиҳанда пешниҳод намудааст;

- хулосаи манфии асоснокшуда оид ба натиҷаҳои тадқиқот, муоинаҳо ё дигар арзёбиҳои илмӣ ва техникӣ дар сурате, ки гузаронидани онҳо ҳатмӣ бошанд.

2. Рад кардан аз додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бо асосҳои дигаре, ки Қонуни мазкур муқаррар накардааст, манъ аст.

3. Дар огоҳиномаи хаттӣ дар бораи рад кардан аз додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бояд сабабҳои рад кардан ва мӯҳлате, ки дар давоми он аризадиҳанда сабабҳои дар сархатҳои якум ва дуюми  қисми 1 ҳамин модда зикргардидаро бартараф карда, метавонад ҳуҷҷатҳоро барои баррасии такрорӣ пешниҳод намояд, зикр карда шаванд. Мӯҳлате, ки дар давоми он аризадиҳанда метавонад камбудиҳои ошкоршударо бартараф намояд ва ҳуҷҷатҳоро барои баррасии такрорӣ пешниҳод кунад, наметавонад камтар аз даҳ рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани огоҳиномаи хаттӣ дар бораи рад кардан аз додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бошад.

4. Дар сурати аз ҷониби аризадиҳанда бартараф шудани камбудиҳое, ки барои рад кардан аз додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар мӯҳлати муқарраргардида асос шудаанд, баррасии такрории ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳанда дар мӯҳлати на зиёда аз се рӯзи кории баъди рӯзи гирифтани ариза оид ба бартараф кардани сабабҳои рад кардан ва ҳуҷҷатҳои дахлдори тасдиқкунандаи бартараф кардани сабабҳои рад кардан амалӣ карда мешавад.

5. Ҳангоми баррасии такрории ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳанда овардани он сабабҳое, ки пештар дар шакли хаттӣ ба аризадиҳанда баён нашуда буданд, мумкин нест, ба истиснои овардани сабабҳои рад кардане, ки бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бартараф гардидани сабабҳои пештар зикргардида алоқаманд мебошанд.

6. Барои такроран баррасӣ кардани ариза боҷ ситонида намешавад.

7. Аризае, ки баъди гузаштани мӯҳлати дар огоҳинома оид ба рад кардан аз додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ зикргардида пешниҳод шудааст, аз нав пешниҳодгардида ҳисобида мешавад ва аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳанда бо тартиби умумӣ баррасӣ карда мешавад.

8. Шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ҳуқуқ дорад тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати қарори мақоми иҷозатдиҳанда дар бораи рад кардан аз додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, инчунин аз амалҳои (беамалии) шахси мансабдори мақоми иҷозатдиҳанда шикоят пешниҳод намояд.

 

Моддаи 24. Азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ

1. Дар сурати азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ, тағйир ёфтани номи он ё макони ҷойгиршавӣ (суроғаи почтавӣ) шахси ҳуқуқӣ ё вориси ҳуқуқии он ӯҳдадор аст дар мӯҳлати ҳафт рӯзи кории баъди гузаштани расмиёти бақайдгирии давлатӣ бо сабаби азнавташкилдиҳӣ, тағйир ёфтани номи он ё макони ҷойгиршавӣ (суроғаи почтавӣ) ба мақоми иҷозатдиҳанда ариза дар бораи аз нав барасмиятдарориро бо замима намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумотҳои зикргардида, нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, нусхаи огоҳинома дар бораи тағйир ёфтани макони ҷойгиршавӣ, ки ба мақоми бақайдгирӣ фиристода мешаванд, пешниҳод намояд.

2. Дар сурати тағйир ёфтани ному насаб ё ҷойи истиқомати худ, соҳибкори инфиродӣ ӯҳдадор аст дар мӯҳлати ҳафт рӯзи кории баъди ворид кардани тағйироти дахлдор ба мақоми иҷозатдиҳанда ариза дар бораи азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро бо замима намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти зикргардида пешниҳод намояд.

3. Аризадиҳанда ҳуҷҷатҳоро ба мақоми иҷозатдиҳанда тавассути мактуби фармоишӣ ё ба воситаи почтаи электронӣ, факс, шахсан ё бо воситаи дигар, ки муайян кардани аризадиҳанда ва санаи аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳанда гирифтани ҳуҷҷатҳоро имконпазир мегардонад, ирсол менамояд.

4. То азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ шахси ҳуқуқӣ ё вориси ҳуқуқии он ё соҳибкори инфиродие, ки дар бораи азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ариза пешниҳод намудааст, амалҳо ва (ё) фаъолияти дар он зикргардидаро дар асоси нусхаи аризаи пешниҳоднамуда дар хусуси азнавбарасмиятдарории  ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бо қайди мақоми иҷозатдиҳанда оид ба санаи қабули ариза иҷро мекунад ё амалӣ менамояд.

5. Ҳангоми азнавбарасмиятдарории  ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ мақоми иҷозатдиҳанда ба феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии додашуда тағйироти дахлдор ворид менамояд.

6. Азнавбарасмиятдарорӣ ва додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар мӯҳлати на бештар аз панҷ рӯзи кории баъди рӯзи аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳанда гирифтани ариза дар бораи азнавбарасмиятдарории  ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бо замимаи ҳуҷҷатҳои дахлдор ва ҳуҷҷате, ки ворид намудани пардохт барои азнавбақайдгирии ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро тасдиқ мекунад, анҷом дода мешаванд.

7. Барои азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ баробар ба  чоряки маблағе, ки барои баррасии ариза дар бораи додани ин ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар санаи супурдани ариза дар бораи азнавбарасмиятдарорӣ пардохта мешавад, маблағ ситонида мешавад.

8. Аз аризадиҳанда талаб кардани пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дигаре,  ки дар ҳамин модда пешбинӣ нагардидаанд, манъ аст.

 

Моддаи 25. Додани нусхаи дуюми (дубликати) ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ

1. Дар сурати гум ё фарсудашавии ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар асоси аризаи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ нусхаи дуюми (дубликати) ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дода мешавад.

2. Мақоми ваколатдори давлатии иҷозатдиҳанда ӯҳдадор аст нусхаи дуюми (дубликати) ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро дар мӯҳлати на бештар аз панҷ рӯзи кории баъди рӯзи гирифтани ариза, нусхаи аслии ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро дар сурати фарсудашавӣ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи аз ҷониби аризадиҳанда ворид карда шудани пардохтро барои додани нусхаи дуюми (дубликати) ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ диҳад (фиристонад).

3. Барои додани нусхаи дуюми (дубликати) ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ баробар ба чоряки маблағи  муқарраршуда дар санаи пешниҳод намудани ариза дар бораи додани нусхаи дуюм (дубликат) пардохт ситонида мешавад.

4. Аз аризадиҳанда талаб кардани ҳуҷҷатҳои дигаре, ки дар ҳамин модда пешбинӣ нагардидаанд, манъ аст.

 

Моддаи 26. Боздоштани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ

1. Амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ метавонад дар ҳолатҳои зерин боздошта шавад:

- ошкор гардидани вайронкунии талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ;

- аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ иҷро нашудани қарорҳое, ки тибқи тартиби муқарраргардида қабул шудаанд ва онҳоро барои бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоргардида ӯҳдадор мекунанд. 

2. Мақоми иҷозатдиҳанда амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро ба мӯҳлати на бештар аз даҳ рӯзи корӣ боз медорад. Боздоштани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба мӯҳлати бештар аз даҳ рӯзи корӣ аз ҷониби суд дар асоси аризаи мақоми иҷозатдиҳанда амалӣ мегардад.

3. Қарори мақоми иҷозатдиҳанда оид ба боздоштани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар шакли хаттӣ (аз тариқи факс, почтаи электронӣ) на дертар аз се рӯзи кории баъд аз қабули он ба шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ расонида мешавад.

4. Мақоми иҷозатдиҳанда ӯҳдадор аст мӯҳлати бартараф намудани вайронкуниҳоеро, ки боиси боздоштани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ гардидаанд, муқаррар намояд. Мӯҳлати бартараф намудани камбудиҳое, ки боиси боздоштани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ гардидаанд, наметавонад аз даҳ рӯзи кории баъди рӯзи аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ гирифта шудани қарор дар бораи боздоштани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ камтар бошад.

5. Дар сурати бартараф кардани ҳолатҳое, ки боиси боздоштани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ гардидаанд мақоми иҷозатдиҳанда дар бораи боздоштани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ қарор қабул кардааст, ӯҳдадор аст дар мӯҳлати се рӯзи кории баъди рӯзи гирифтани тасдиқнома оид ба бартараф кардани ҳолатҳои зикргардида дар бораи барқарор намудани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ қарор қабул кунад.

6. Нисбат ба қарори мақоми иҷозатдиҳанда дар бораи боздоштани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ тибқи тартиби муқарраргардида шикоят пешниҳод кардан мумкин аст.

7. Дар сурати аз ҷониби суд эътироф гардидани беасосии боздоштани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ мақоми иҷозатдиҳанда дар назди шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ дар ҳаҷми зарари ба онҳо расонидашуда ҷавобгар мебошад. Зимнан аз лаҳзаи аз ҷониби суд эътироф гардидани беасосии боздоштан, амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ барқароршуда ҳисобида мешавад.

 

Моддаи 27. Қатъ гардидани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ

1. Амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

- муроҷиат намудани шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ бо ариза дар бораи қатъи амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;

- барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ - аз лаҳзаи барҳамдиҳӣ ё қатъ гардидани фаъолияти он дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ, ба истиснои табдилдиҳии он;

- қатъ гардидани амали шаҳодатнома ё патент дар бораи бақайдгирии давлатии соҳибкори инфиродӣ;

- вафот кардан, аз тарафи суд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд кардани қобилияти амал, ғайри қобили амал эътироф кардан ё бедарак ғоибшуда эътироф карда шудани субъекти фаъолияти соҳибкорӣ - шахси воқеӣ;

- мунтазам (ду маротиба ё зиёда аз он) аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур дар давоми як сол, ки боиси вайрон гаштани ҳуқуқ, расонидани зиён, манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, амнияти ҷамъиятӣ ва зарар ба муҳити зист  шуда бошанд;

- аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи мақоми иҷозатдиҳанда ё суд бартараф нагардидани ҳолатҳое, ки боиси боздоштани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ шудаанд;

- қатъ гардидани фаъолият ё амале, ки барои анҷом додани он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дода шудааст.

2. Бо фаро расидани ҳолатҳое, ки дар сархатҳои дуюм, сеюм, чорум ва ҳафтуми қисми 1 ҳамин модда зикр гардидаанд, амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ қатъгардида ҳисобида мешавад.

3. Амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳанда дар ҳолатҳое, ки дар сархати якуми қисми 1 ҳамин модда зикр гардидаанд, аз ҷониби суд - дар ҳолатҳое, ки дар сархатҳои панҷум ва шашуми қисми 1 ҳамин модда зикр гардидаанд, қатъ карда мешавад.

4. Қарори мақоми иҷозатдиҳанда дар бораи қатъ намудани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар шакли хаттӣ на дертар аз се рӯзи баъди рӯзи қабул гардидани он ба маълумоти шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ расонида мешавад. Дар муддати даҳ рӯзи баъди рӯзи гирифтани қарор дар бораи қатъ кардани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ он бояд ба мақоми иҷозатдиҳанда баргардонида шавад.

5. Оид ба қарори мақоми иҷозатдиҳанда дар бораи қатъ кардани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ тибқи тартиби муқарраргардида шикоят кардан мумкин аст.

6. Дар сурати аз ҷониби суд эътироф гардидани беасосии  қатъ гардидани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ мақоми иҷозатдиҳанда дар назди шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ дар ҳаҷми зарари ба онҳо расонидашуда ҷавобгар мебошад. Зимнан аз лаҳзаи аз ҷониби суд эътироф гардидани беасосии қатъ гардидани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, он барқароршуда ҳисобида мешавад.

 

Моддаи 28. Бекор кардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ

1. Ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар ҳолатҳои зерин бекор карда мешавад:

- дар асоси аризаи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ - аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳӣ;

- дар ҳолати муқаррар намудани ғайриқонунӣ будани қарори мақоми иҷозатдиҳанда оид ба додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва муқаррар гардидани ҳолати гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои қалбакӣ - аз ҷониби мақомоти судӣ.

2. Дар муддати даҳ рӯзи баъди рӯзи аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ гирифтани қарори суд дар бораи бекор кардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, бояд он ба мақоми иҷозатдиҳанда баргардонида шавад.

3. Қарори суд дар бораи бекор кардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз рӯзи додани он амал мекунад.

4. Оид ба қарори суд дар бораи бекор кардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ тибқи тартиби муқарраргардида шикоят кардан мумкин аст.

5. Дар ҳолати боздоштан ва ё қатъ гардидани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ мақоми иҷозатдиҳанда ё суд ҳуқуқ доранд оид ба қарори қабулшуда дар воситаҳои ахбори омма маълумот нашр намоянд.

БОБИ 5.МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТИИ ИҶОЗАТ

ДИҲАНДА ВА НОМГӮИ ҲУҶҶАТҲОИ  ИҶОЗАТДИҲӢ

 

Моддаи 29. Мақомоти ваколатдори давлатии иҷозатдиҳанда ва  номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ

Аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳандаи ваколатдори давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин барои анҷомдиҳии фаъолияти муайян дода мешаванд:

1) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини назорати фитосанитарӣ ва карантини растанӣ:

- иҷозати воридоти карантинӣ;

- санади назорати фитосанитарии нақлиёт;

- сертификати фитосанитарӣ.

2) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи байторӣ:

- сертификати мутобиқати маводи фармасевтии байторӣ;

- аттестати байторию санитарии шароити истеҳсолот;

- сертификати байтории №5 (a, b, c, d, e, f);

- шаҳодатномаи байтории шакли 1, 2, 3.

3) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати санитарию эпидемиологӣ:

- хулосаи санитарию эпидемиологӣ;

- мувофиқакунонии усулҳои нобудсозии пеститсидҳо ва химикатҳои мӯҳлати истифодабариашон гузашта ва иҷозати истифодабарӣ надошта;

- мувофиқакунонии тағйирдиҳии соҳаи фаъолияти объектҳои аз ҷиҳати экологӣ зарарнок;

- мувофиқакунонии лоиҳаҳои биноҳои қабул ва нигоҳдории пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга (нуқтаҳои қабул) ва таҷҳизоти он.

4) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фармасевтӣ:

- шаҳодатномаи аккредитатсияи субъектҳои соҳибкории фармасевтӣ, аз ҷумла намояндагиҳои тиббии ташкилотҳои фармасевтии хориҷии ба фаъолияти фармасевтӣ машғулбуда;

- рухсатнома барои гузаронидани озмоишҳои воситаҳои клиникӣ;

- шаҳодатномаи бақайдгирии маводи доруворӣ;

- шаҳодатномаи воридот ва содироти маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар соҳаи тиббӣ истифодашаванда.

5) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист:

- иҷозат барои партофтани моддаҳои зараровар ба атмосфера;

- иҷозати истифодабарии махсуси об;

- иҷозат барои истифодабарии объекти олами ҳайвонот ва наботот;

- иҷозат барои истифодабарии ҷангал;

- хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ;

- иҷозат барои воридот ва содироти партовҳо барои истифодабарии такрорӣ;

- иҷозат барои бамеъёрдарории истеҳсол, истифодабарӣ, нобудсозӣ ва ҷойгир кардани партовҳо.

6) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи заминсозӣ:

- сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин барои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ);

- иҷозат барои истифодабарии системаҳои моҳворавии мавқеъмуайянкунӣ (GPS);

- иҷозат барои вайрон кардан ва барқароркунии нуқтаҳои нобудшудаи пойгоҳҳои шабакаи марзкашӣ ва аломатҳои марзӣ;

- иҷозат барои кӯчонидани аломатҳои беруна ё аз нав поягузорӣ кардани марказҳои нуқтаҳои геодезӣ.

7) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия:

- шаҳодатнома барои гузаронидани бозиҳои лоторея;

- шаҳодатнома барои сохтани маснуоти заргарӣ, дандонҳо аз металлҳои қиматбаҳо;

- аттестати тахассусӣ барои ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ.

8) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқа:

- иҷозат барои истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ;

- иҷозат  барои истифодабарии радиобасомадҳо;

- иҷозат барои насб ва истифодабарии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои дорои баландбасомаде, ки афканишоти радиозудӣ доранд ё манбаи мавҷҳои электромагнитӣ мебошанд;

- сертификати мутобиқати ҳатмии таҷҳизот дар соҳаи алоқаи барқӣ;

- бақайдгирии шартномаҳои пайвастшавии байнишабакавӣ.

9) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати давлатии кӯҳкорӣ:

- шаҳодатномаи бақайдгирии иншооти истеҳсолии хатарнок дар феҳристи давлатӣ;

- иҷозат барои иҷрои корҳои таркишӣ;

- иҷозат барои пайваст намудани таҷҳизоти газӣ дар нақлиёти автомобилӣ;

- шаҳодатнома барои истифодабарии анборҳои маводи тарканда;

- шаҳодатнома барои харидани маводи тарканда;

- супориши лоиҳасозӣ оид ба иншооти кӯҳии истеҳсолӣ;

- мувофиқакунии лоиҳаи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок.

10) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи энергетика:

- иҷозат барои пайвастшавии истифодабарандагон ба хатҳои барқӣ;

- хулосаи техникӣ барои гирифтани сертификати маҳсулоти энергетикӣ;

- хулосаи техникӣ барои гирифтани иҷозат ва шартҳои техникӣ барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи энергетика.

11) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёт:

- мувофиқакунии таъмири фарши роҳ ва дигар иншооти мелиоративию гидротехникӣ якҷоя бо роҳҳои истифодаи умум;

- мувофиқакунии ташкили корҳои ченкунӣ ва банаворгирии зери пулҳо ва соҳилҳои дарёҳо;

- хулоса барои иҷро намудани корҳо тибқи лоиҳаҳои вобаста ба сохтмон ё таҷдиди роҳҳои автомобилгард;

- мувофиқакунии иҷроиши корҳо оид ба амалӣ намудани азнавсозии хатҳои истифодашавандаи алоқа ва интиқоли барқи истифодашавандаи канори роҳ ва нишебии пуштаҳо ё чуқурии роҳҳо;

- мувофиқакунии убури роҳҳои автомобилгард бо каналҳо, хатҳои алоқа, интиқоли барқ, лӯлаҳои нафт, газ, об ва роҳҳои оҳан, таҷҳизоти пайвастшавӣ ва воридшавӣ;

- мувофиқакунии чуқуртар кардани маҷрои дарёҳо ва обанборҳо дар зери пулҳо ва қубурҳо бо мақсадҳои мелиоративӣ ва ғайра;

- мувофиқакунии иҷроиши корҳои коркарди қум ва шағал дар маҷрои дарёҳо болотар ё поёнтар аз пулҳо ба масофаи на камтар аз 2 км;

- иҷозат барои сохтмон ва азнавсозии иншооти коммуникатсионӣ, ки аз ҳудуди роҳҳои автомобилгарди мавҷуда гузаронда мешаванд;

- мувофиқакунии рондани чорво ба воситаи роҳҳои автомобилгард;

- хулоса барои кушодани роҳҳои автомобилгарди муассисавӣ ва хусусӣ барои истифодабарии умумӣ;

- мувофиқакунии сохтмон, таҷдид ва таъмири нуқтаҳои васлшавӣ ва буриши роҳҳои автомобилгард;

- мувофиқакунии шартҳои техникии сохтани иншооти коммуникатсионӣ дар қитъаи ҳамшафати роҳҳои автомобилгарди истифодабарии умумӣ.

12) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсия:

- иҷозат барои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавопаймоҳо қабул кардани мусофирон, бағоҷ, борҳо ва муросилот барои интиқоли ҳавоӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ;

- иҷозат барои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавопаймоҳо қабул кардани мусофирон, бағоҷ, борҳо ва муросилот барои интиқоли ҳавоӣ ба қаламрави давлати хориҷӣ ва ё кашондани онҳо аз қаламрави давлати хориҷӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- иҷозат барои истифодабарии фазои ҳавоӣ;

- иҷозат барои парвози байналмилалии ҳавопаймоҳо;

- сертификати шахси ҳуқуқӣ, ки хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаҳои авиатсиониро анҷом медиҳад;

- шаҳодатномаи (сертификати) фурудгоҳ;

- иҷозат барои интиқоли ҳавоии борҳои хатарнок;

- шаҳодатномаи (сертификати) хадамоти таҷҳизоти аэронавигатсионӣ;

- шаҳодатномаи (сертификати) муассисаи авиатсионӣ;

- сертификати баркашидани воситаҳои нақлиётӣ.

13) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат:

- хулоса оид ба риоя намудани талаботи ҳифзи меҳнат ҳангоми сохтмон, таҷдиди иншооти истеҳсолӣ, мошинҳо ва механизмҳо;

- мувофиқакунии ихтисор ва барҳамдиҳии ҷойҳои корӣ барои маъюбон.

14) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон:

- иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ.

15) Мақоми ваколатдори давлатии маҳаллӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ:

- супориши меъморию банақшагирӣ.

16) Мақоми ваколатдор дар соҳаи танзими сиёсати зиддиинҳисорӣ:

- розигӣ барои таъсис ва аз нав ташкил додани шахси ҳуқуқии дорои мавқеи ҳалкунанда, инчунин дар мавриди азнавташкилдиҳӣ, сармоягузорӣ ва бастани аҳдҳо аз ҷониби субъектҳои монополияи табиӣ.

17) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи корҳои дохилӣ:

- иҷозат барои кашонидани маводи таркандаи таъиноти саноатӣ;

]- иҷозат барои нигоҳдории маводи таркандаи таъиноти саноатӣ.

]18) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими муомилоти қонунии прекурсорҳо:

- шаҳодатномаи воридот ва содироти прекурсорҳо.

19) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геология:

- мувофиқакунии лоиҳаҳои корҳои омӯзиши геологӣ, геофизикӣ ва омӯзишҳои дигари қаъри замин (корҳои аксбардории геологӣ ва геофизикии минтақавӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, аз ҷумла обҳои зеризаминӣ).

]20) Бонки миллии Тоҷикистон:

- шаҳодатномаи фонди қарзии хурд.

21) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:

- иҷозат барои обтаъминкунии  ғайримутамаркази корхонаҳои алоҳидаи кишоварзӣ, обёрӣ намудани чарогоҳҳо;

- иҷозат барои ҷойгир кардани рекламаи берунӣ;

- қарор дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин;

- тасдиқи санад оид ба қабули иншоот барои истифодабарӣ;

- мувофиқакунии корҳо оид ба кабудизоркунии роҳҳо;

- иҷозат барои таъсиси шабакаҳои кабелии пахши барномаҳо.

22) Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ:

- шаҳодатномаи субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ.

23) Дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ:

- мувофиқакунии ҷойгиршавии корхонаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, инчунин иншооти зеризаминие, ки барои мақсадҳои ба омӯзиши қаъри замин ва истихроҷи маъданҳо вобастанабуда истифода мешаванд (дар чуқурии на зиёда аз 10 метр);

- иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули заршӯии худфаъолӣ ва худбиёрӣ дар минтақаҳои (қитъаҳои) қаъри замин, ки захираҳои ҳисобшуда ва дар тавозуни давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки  Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташудаи канданиҳои фоиданоки пошхӯрдаро надоранд.

 

БОБИ 6.МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 30. Ҳалли баҳсҳо

Баҳсҳо дар соҳаи низоми иҷозатдиҳӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи 31. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

           Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                 Эмомалӣ  РАҲМОН

        ш. Душанбе,

2 августи соли 2011,

            №751

 

Читать далее

17 August 2015

Акция «Благоустройство окружающей среды»

1 августа по инициативе Управления охраны окружающей среды Согдийской области была проведена акция «Благоустройство окружающей среды». В акции приняли участие более десяти тысяч жителей всех городов и районов области. За день было очищено 9,5 километров лотков, вывезено 175 кубометров мусора, очищено 7250 метров улиц, в том числе и протокольных трасс, было побелено 1,5 километра бордюров, очищено от мусора более 500 метров берегов сая.

Также от дикорастущих и засохших растений было очищено более 6000 квадратных метров газонов и зеленых насаждений. 11 километров обочин трассы Худжанд-Душанбе и 300 метров берега Сырдарьи были очищены от мусора. Побелено более 100 деревьев.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.