July 2023

12 July 2023

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Истиқлол

  Ҷиҳати тозаву обод нигоҳ доштани муҳити атроф, баланд бардоштани маърифати экологии насли наврас дар варзишгоҳи шаҳр бо иштироки 150 нафар варзишгарон-насли наврас аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Рафти аксия варзишгарон фаъолона иштирок намуда, гирду атрофи варзишгоҳ аз алафҳои хушк ва бегона пурра  тоза карда шуд. Гузаронидани чунин аксияҳои экологӣ дар давраи таътили тобистона дар  дигар муассисаҳои таълимӣ низ пешбинӣ гардидааст.

Читать далее

Аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Масчоҳ

   Баҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои миллии дар пешистода ва тибқи нақшаи пешбинигардидаи мақомоти ҳифзи муҳити зист ба муносибати 35 солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миқёси вилоят аксияи «Тозагии соҳил» мунтазам идома дорад. Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Масчоҳ бо иштироки кормандони муассисаву ташкилотҳо, хонандагони коллеҷу муассисаҳои таълимӣ  канали «Тоҷикистони советӣ» аз лою обсабзҳо тариқи ҳашар ва бо истифода аз техника тоза карда шуд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Ашт

  Бо мақсади тоза намудани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, тибқи нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ҷамоати деҳоти Ашт, Пунук, Понғоз ва Ориёни ноҳияи Ашт аксияҳо «Тозагии соҳил» бо иштироки беш аз 480 нафар намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва аҳолии ҷамоати деҳотҳо баргузор гардид. Дар рафти аксия аз тарафи иштирокчиён 12 километр соҳили сойҳо ва ҷӯйборҳо аз партовҳои гуногуни пластикиву истеъмолӣ пурра тоза карда шуда, дар натиҷа ба миқдори 0,5 м3 партов бароварда шуд.

Читать далее

07 July 2023

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Хуҷанд

  Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд, бо мақсади тозаву обод намудани муҳити атроф ва  бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани 32 - солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи “Тозагии маҳал” гузаронида шуд. Дар аксия соҳибкорони инфиродии маҳал, кормандони Корхонаи воҳиди давлатии  коммуналӣ, Сарраёсати ободонӣ ва Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд зиёда аз 50 нафар иштирок намуда,  селроҳа  оғоз аз минтақаи Роҳи Абрешим  маҳаллаи 34-ум то кӯчаи  Сирдарё бо истифода аз техника аз партовҳои гуногун ва алафҳои бегона тоза карда шуд. Дар натиҷа зиёда аз 100 м3 партовҳо ба партовгоҳи умумишаҳрӣ бароварда шуд. Бино ба маълумоти шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд дар дигар маҳаллаҳои шаҳр низ  баргузории чунин шанбегиҳо то ҷашнҳои миллӣ пешбинӣ гардидааст.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.