Вохӯрӣ доир ба баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон

 Тибқи нақшаи пешбинигардида ва дар доираи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», дар синфи экологияи МДТ «Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод» бо хонандагон ва омӯзгорони фанни экология ва биология вохӯрӣ доир гардид. Дар рафти мулоқот намояндаи сарраёсат баромад намуда, оид ба нуқтаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист,дар бораи мақсади Барномаи давлатӣ, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, масъалаҳои зарурияти тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон, муаммоҳои экологии ҷаҳонии замони муосир, чораҷӯиҳо барои вайрон кардани талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба мавзӯъ изҳориақида намуд.

Мизи мудаввар бахшида ба ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Дар толори факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба ташаббуси панҷуми Тоҷикистон ҷиҳати эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва санаи 21-уми март - «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳри Хуҷанд, Маркази обуҳавосанҷии вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, шуъбаи маориф, олимон ва устодони факултети геоэкологияи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров» ва факултети «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгохи давлатии тиҷорати Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд, васоити ахбори омма иштирок ва баромад намуданд.

Баргузории аксияи «Тозагии маҳал» бо иштироки хонандагон

 Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон, ташаккули  мавќеи фаъол  ва ҷалби онҳо  ба  ҳалли муаммоҳои экологӣ, татбиқи нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии замин бо иқдоми Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят  ва ҳамкории шуъбаи маорифи ш.Хуҷанд  аксияи «Тозагии маҳал» дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд ташкил ва гузаронида шуд. Дар чорабиниҳои  экологӣ хонандагони муассисаҳои  таълимии миёнаи умумии  №№ 9, 23 ва Муассисаи таълимии давлатии мактаб барои хонандагони болаёқат ҳамагӣ 200 нафар иштирок доштанд.  Сарраёсат иштирокчиёни аксияро  бо футболка ва сарпуш, халта барои ҷамъоварии партовҳо ва дастпӯшак таъмин намуд. Иштирокчиёни аксия  роҳҳои  протоколӣ ва заминҳои ҳамшафати онҳоро аз партовҳои  маишиву пластикӣ тоза ва ҳамагӣ 90 халта партов ҷамъоварӣ  намуданд.

Руйпӯш намудани партовгоҳ дар ноҳияи Деваштич

  Баҳри амалӣ гардонидани нақша чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ ва санитарӣ аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Деваштич  партовгоҳ руйпӯш карда шуд.  Партовгоҳ дар ҷамоати деҳоти Ғазантараки  деҳаи  Қалъачаи азим  ҷойгир буда,  масоҳати  умумиаш 1,5 гектарро ташкил  медиҳад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.