Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шоҳроҳи Хуҷанд – Бобоҷон Ғафуров

  Тибқи нақшаи корӣ ва бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шоҳроҳи Хуҷанд - Б.Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» баргузор гардид. Дар рафти амалиёт барои муайян намудани миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) 35 адад нақлиёти автомобилии тамғааш гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуд. Дар натиҷаи гузаронидани санҷиш нисбати ронандаи 1 адад воситаи нақлиёт, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба ҳавои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Рафти амалиёт тариқи телевизиони “Ҷаҳоннамо” ба навор гирифта шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.