Ярмаркаи фурўши ниҳол, кўчату тухмии гулу зироатҳо дар маркази виляти Суғд

  Тибқи амри Раиси вилоят аз 21.02.2022, №32амр «Дар бораи гузаронидани ярмарка – фурўши ниҳол, кўчату тухмии гулу зироатҳо», санаҳои 26 ва 27 феврали соли ҷорӣ ярмарка - фурўши ниҳол ва кўчату тухмии гулу зироатҳо дар саҳни Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Аз ҷониби шахсони масъули Сарраёсати ҳифзи мҳити зист дар вилояти Суғд дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани намоиш ва ярмаркаи мазкур корбарӣ амалӣ гардида, дар он аз тарафи сохторҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ ва аҳолӣ, ҳамагӣ 1,02 миллион бех ниҳолҳои гуногун ва гулу гулбуттаҳо ба боғпарварону сокинони вилоят пешниҳод карда шудааст. Дар чорабинӣ сарраёсат ва зерсохторҳои он аз шаҳру ноҳияҳо фаъолона иштирок намуда, ба аҳолӣ ниҳолҳои дарахтони ороишию ҳамешасабз ва сояафкан пешниҳод намуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.