Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ҳакимзода Абдуаҳад Қурбон ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ

Фарорасии ҷашни бузурги миллат 31-умин солгарди соҳибистиқлолии  Ватани азизамон, ки баёнгари эҳсоси ватандорист  ба Шумо  ҳамватанон ва дўстдорони табиат самимона табрику таҳният  мегӯям. Боиси хушнудист, ки имсол халқи тоҷик ин ҷашни фархундаро дар арафаи 30-солагии Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  истиқбол мегирад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки «Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад». Барҳақ истиқлолият омолу орзуи деринаи халқ, неъмати пурқиматтарин, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории кишвари мост, ки  номаи тақдирашро бо дастони худ эҷод карда, дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосаи худро пайдо намудааст. Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ  дар муддати ин солҳо корҳои зиёди ободониву созандагӣ дар кишвар ба анҷом расиданд.

 Аз ҷумла дар самти ҳифзи муҳити зист низ дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасанд, ки барои беҳбуд бахшидани фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд. Бо эҳтиром ва ифтихори бузург ҳамаи онҳое, ки дар муҳофизати табиати диёр ва беҳдошти муҳити зист саҳмгузоранд, бо ҷашни Истиқлолияти давлатӣ  табрику таҳният гуфта, бароятон ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадият, ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллии ҷовидонӣ ва пешрафту ободии рӯзафзун орзу менамоем. Фархунда бод ҷашни истиқлолу озодӣ!

Скачано с веб-сайта JooMix.org.