Татбиқи назорати давлатии риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи соҳа

   Гузаронидани амалиёти фаврӣ доир ба назорати давлатии риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист яке аз самтҳои асосии фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, аз ҷониби нозирони шуъбаҳои сарраёсат якҷоя бо нозирони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо бо мақсади пешгирии қонунвайронкуниҳо чунин амалиётҳо гузаронида шуд. Ҳангоми баргузории амалиёти фаврӣ дар шаҳри Хуҷанд барои ҷойгиронии партовҳо дар ҷойҳои ғайрирасмӣ ду нафар шаҳрвандон, Турдимуротов А., сокини маҳаллаи 34 ва Раҳматов И., сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров боздошт гардида, нисбати онҳо бо дастрасии моддаи 232-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳо тартиб дода шуд. Боз як нафар сокини маҳаллаи 18-и шаҳри Хуҷанд Ҳоҷиев Ф. ҳангоми сўзонидани хазону партовҳо боздош гардид, ки нисбати ў низ бо моддаи 231-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шудаст.Бо ҳамин намуд қонунвайронкунӣ – сўзонидани партовҳо дар ноҳияи Ҷ.Расулов, аз ҷониби сокини ҷамоати деҳоти Деҳмой Зуҳуров И. ошкор гардид ва протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

    Дар ноҳияи Спитамен низ нозирони сарраёсат ва бахши ҳифзи муҳити зист амалиёти фаврӣ гузаронида, нисбати ду нафар  - Бекмурзоев С., сокини деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Тоғояк ва Очилов Р., сокини ноҳияи Деваштич барои шустушўи нақлиёт дар ҷойҳои ғайрирасмӣ ва ифлос кардани манбаъҳои обӣ бо моддаи 177-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб доданд. Дар баробари ин, ҳангоми баргузории амалиёти фаврӣ байни аҳолии деҳаи Роғуни ҷамоати деҳоти Тоғояки ноҳияи Спитамен корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.