Вохӯрӣ бо намояндагони ҷамоати деҳоти шаҳри Истаравшан дар рафти санҷиши татбиқи Барномаи давлатӣ

   Дар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зист шаҳри Истаравшан бо роҳбарияту намояндагони 10 адад ҷамоати деҳот ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр вохӯрӣ баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ дар бораи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», аз ҷумла Низомномаи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ, гузаронидани ҷаласаҳои комиссия, тартиби дурусти нақшаи чорабиниҳо ва пешниҳоди ҳисоботу маълумот дар муҳлатҳои муайянгардида фаҳмонида дода шуд. Ба ҳар яке намояндаи ҷамоати деҳот китобчаи Барнома барои корбарии минбаъда тақдим гардид. Боиси қайд аст, ки чорабинии мазкур дар доираи гузаронидани санҷиши фаъолияти Комиссияҳои байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар шаҳри Истаравшан ба амал омада, ҳамчунин маводи сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ки бевосита ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи давлатии мазкур вобаста гардиданд мавриди омўзишу таҳлил қарор гирифтанд. Дар бораи натиҷаҳои гузаронидани санҷиш ба унвони муовини Раиси вилоят, раиси Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд гузориши муфассал омода ва пешниҳод карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.