Моҳи январи соли равон дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи шаҳри Исфара дар муассисаи таҳсилоти иловагии №1 ва филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бо иштироки муаллимон, мактаббачагон ва донишҷӯён семинарҳои омӯзишӣ доир гардид. Дар он аз ҷониби мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Исфара оиди нуктаҳои асосии паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» 2018-2028 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.
Ҳамчунин ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», ҳадаф ва вазифаҳои қабул шудани Барнома, оиди ҳифз ва истифодаи оқилонаи олами набототу ҳайвонот, муаммоҳои партовҳои маишӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо дар шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар интиҳо иштирокчиёни семинар ҷиҳати ҳамкориҳои муштарак баҳри ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ изҳори ақида намуда, баргузории чунин семинарҳоро саривақтӣ арзёбӣ намуданд.