Вохӯрӣ бо донишҷӯён бо мақсади баланд бардоштани дониши назариявии экологӣ

  Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят дар доираи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» баҳри баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон вохўриҳоро баргузор менамояд. Бо мақсади мустаҳкам намудани дониши назариявӣ, соҳиб шудан ба маҳорати касбӣ - амалӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист дар толори маҷлисгоҳи сарраёсат, вохӯрӣ бо донишҷӯёни курсҳои 1 ва 4-и ихтисоси «экологияи саноат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ»-и Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ доир гардид. Дар рафти вохӯрӣ аз тарафи сармутахасиси шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбору иттилооти сарраёсат дар бораи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», муаммоҳои экологӣ, таъсири манфии ифлосшавии захираҳои об, ҳавои атмосфера, муомилот бо партовҳо, радиатсия ва муаммоҳои ҷаҳонӣ дар ин самтҳо, қонуну кодексҳои амалкунандаи соҳа, инчунин доир ба сохтори мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилоят, назорати давлатии самтҳои ҳифзи муҳити зист, вазифаҳои асосии ҳар як шуъба ва сарраёсат, оид ба олами набототу ҳайвоноти нодир ва зери маҳвшавӣ қарордошта, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд ва дигар маълумот пешкаши донишҷўёну устодони иштироккарда гардид. Донишҷуён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифта, хоҳиш намуданд, ки чунин вохўриҳо дар муассисаи таълимии онҳо гузаронида шаванд.

 Дар интиҳо аз ҷониби сармутахасиси сарраёсат барои китобхонаи кафедраи «Экологияи саноат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ»-и Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.