Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

  Бо мақсади таъмини рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11.2012, №626 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 08.02.2013с. №31 «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва баҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб ва пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва кам кардани ҳаҷми ҳосилшавии партовҳо» мақомоти ҳифзи муҳити зист мунтазам чораҳои заруриро андешида истодааст.Бо ин мақсад бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар  ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҷамоати деҳоти Сомониён сойи Томчисой  бо ҷалби техника партовҳои бесоҳиб дар ҳаҷми 4 м3  бартараф карда шуд. Чорабиниҳои пешгирии ифлосшавии муҳити атроф, беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба идҳои миллии дар пешистода дар дигар ҷамоати шаҳраку деҳот идома дорад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.