Вохўрӣ бо омўзгорону донишҷўёни МДТ «Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ»

 Дар доираи гузаронидани омўзиш ва таҳлили фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар ноҳияи Мастчоҳ, мутобиқи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон дар МДТ «Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ» вохўрии намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Саидов Х.М. бо беш аз 120 нафар омўзгорону донишҷўён баргузор гардид. Ҳамчунин, дар чорабинӣ директори коллеҷи мазкур Марҳамзода П., роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Ашӯров Х., мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Азиззода С. ва мудири бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия Сангинов С. иштирок доштанд.

 Дар рафти вохўрӣ аз ҷониби сармутахассиси сарраёсат ба донишҷўён маълумот дар бораи Барномаи давлатӣ, натиҷаҳои чунин ду Барномаи аввал, масъалаҳои вобаста ба ҳифзи захираҳои об, пиряхҳои Тоҷикистон, тағйирёбии иқлим, муаммоҳои муомилот бо партовҳо, олами набототу ҳайвоноти нодири ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ва дигар масъалаҳое, ки бо тарбия ва баланд бардоштани дониши экологии ҷавонон вобастагӣ дорад пешниҳод карда шуд. Дар интиҳо ба роҳбарият ва китобхонаи муассисаи давлатии таълимӣ аз тарафи намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ду адад Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

 

Скачано с веб-сайта JooMix.org.