Бори аввал масъалаи тағйирёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ соли 1992 дар Саммити Замин дар Рио де-Жанейро баррасӣ гардида, зиёда аз 180 кишвари ҷаҳон Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлимро имзо кардаанд. Имрӯз дар сайёра, аз ҷумла дар кишвари мо тағйир ёфтани иқлимро ҳама эҳсос мекунанд ва бадшавии вазъи экологӣ дар тамоми олам воқеаи баҳснопазир мебошад. Сол то сол тағйирёбии иқлим ба муҳити зист низ таъсири манфии худро расонида, масъалаҳои вобаста ба он таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст. Тағйирёбии иқлим воқеан на танҳо экологҳо, балки тамоми мардуми соҳибдили оламро ба ташвиш оварда, гармшавии боду ҳаво, афзудани таркиби озони атмосфера ва офатҳои табиӣ ин ҳама аз нишонаҳои он ҳаст. Тағйирёбии иқлим феълан ба яке аз масоили мубрами глобалии сайёра мубаддал шудааст. Иқлимшиносон яке аз сабабҳои пайдоиши тағйирёбии иқлимро дар кураи замин ба хориҷшавии газҳои гулхонаӣ нисбат медиҳанд. Аз ибтидои асри гузашта то айни замон сатҳи хориҷшавии гази диоксиди карбон (СО2) дар атмосфера беш аз 31% баланд гаштааст.
Тибқи сарчашмаҳои иқлимию гидрометеорологӣ Тоҷикистон дар миёни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати кам хориҷ намудани газҳои гулхонаӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Новобаста аз он, ки Тоҷикистон дар самти таъмини рушди «энергияи сабз» ва кам кардани партови газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон яке аз давлатҳои пешсаф маҳсуб меёбад, аз лиҳози устуворӣ ба таъсири манфии тағйирёбии иқлим, бахусус дар соҳаҳои кишоварзӣ ва таъминоти оби полезию ошомиданӣ бисёр осебпазир аст. Бо дарки ин нукта, Ҳукумати кишвар ба масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим муносибати ҷиддӣ намуда, ҳамкориро дар ин раванд бо ниҳодҳои байналмилалии молиявию экологӣ пайваста тақвият дода истодааст. Тоҷикистон аъзои ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ дар самти мутобиқшавии ба тағйирёбии иқлим мебошад. Аз ҷумла, Тавофуқномаи Париж доир ба иқлим, ки санаи 12-уми декабри соли 2015 дар сессияи Конференсияи 21-уми тарафдорони Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим бо иштироки сарони давлатҳо қабул гардид, аз ҷониби Парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расонида шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории Тоҷикистонро баҳри мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар конференсияи Париж баён намуда, қайд карданд, ки соҳаҳои асосии иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо пайомадҳои манфии вобаста ба тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ шудааст. Аз ҷумла, Сарвари давлат зикр намуданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйирёбии иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дошта, ҳамасола ба афзоиши офатҳои табиӣ, таназзули экосистемаи обӣ боис мегардад ва ба иқтисодиёти мамлакат хисорот меоварад. Муҳофизати иқлими Замин аз ҳар кадоми мо вобастагӣ дорад. Агар ҳар кадоме саҳми андаки худро дар маъракаи ниҳолшинонӣ, сарфаи нерӯи барқ ва ҳатто кам истифода бурдани нақлиёти шахсӣ гузоранд, ин ҳама дар маҷмуъ бетаъсир намемонад.