Амалиёти «Кўкнор 2018» дар вилояти Суғд

Тибқи супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят №58 аз 25.05.2018 сол ситоди идоравӣ ташкил карда шуда, нақшаи кории ситоди идоравӣ тасдиқ карда шудааст.

Оид ба иҷроиши нақшаи кории ситоди идоравии амалиёти «Кўкнор-2018» якҷоя бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал, воситаҳои ахбори умум ва ташкилотҳои ҷамъиятии вилоят корбарӣ намуда истодааст.

Шўъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифадор шудаанд, ки оиди гузаронидани амалиёти «Кўкнор-2018» бо мақомотҳои қудратӣ ҳамкорӣ намуда, дар ин самт корҳои тарғиботиву ташвиқотиро пурзўр намоянд.

 Ҷиҳати иҷрои супориши мазкур дар ҳудуди фонди давлатии ҷангал, минтақаҳои кўҳии ноҳияҳо, ҳудуди боғҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳили дарёҳо ва кўлҳо аз тарафи шўъбаю бахшҳо ҳамҷоя  бо намояндагони мақомотҳои қудратӣ ва муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилоят амалиётҳои муштарак гузаронида шуд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти муштарак бо кормандони ШМАГҒММ ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Б. Ғафуров дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварз 10000 (даҳ ҳазор) бех ниҳоли худрўйи бангдона дарёфт гардида, несту нобуд карда шуд. Дар ҳудуди боқимонда шаҳру ноҳияҳо ҳангоми гузаронидани амалиётҳои  муштарак ниҳоли худрўйи бангдона дарёфт карда нашудааст.

Дар рафти гузаронидани амалиётҳои муштарак дар байни аҳолии деҳаҳои ноҳияҳои К.Мастчоҳ, Истаравшан, Деваштич, Ашт, Шаҳристон, Айнӣ, Спитамен, Панҷакент, Исфара ва Зафаробод оиди пешгирӣ ва роҳ надодан ба кишту парвариши растаниҳои нашъаовар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

        Амалиёти мазкур  идома дорад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.