Аксияи «Тозагии соҳил-2019» дар вилояти Суғд

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Иди байналмилалии Наврўз, ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.02.2019, № 10 оид ба гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил-2019» ва бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани соҳилҳои дарё, каналу ҷўйбор ва ҷалби бештари шаҳрвандон дар беҳтар намудани вазъи санитарию экологии муҳити зист, тақвият бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 ва эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ҳудуди вилояти Суғд санаи 16.03.2019 аксияи мазкур гузаронида шуд.

Дар ин чорабинӣ беш аз 3,5 ҳазор нафар шаҳрвандон иштирок намуда, дар натиҷа 4,2 км ҷўйбор, 3,8 км каналу 4,1 км сой ва 3,5 км соҳили дарё тоза гардид. Дар маҷмуъ, ба партовгоҳи хоҷагиҳои манзили коммуналии шаҳру ноҳияҳо 9,8 тонна партовҳо бароварда, ҷойгиронида  шудааст.

    Бо мақсади иттилоотонидани шаҳрвандон ва баланд бардоштани маърифати мардум дар бораи муҳимияти ҳифзи манбаъҳои обӣ, инчунин равона сохтани таваҷҷуҳи ташкилоту корхонаҳо ва оммаи васеъ ба корҳои ободонию созандагӣ чорабинии мазкур тариқи телевизионҳои маҳаллӣ  наворбардорӣ  гардида, пахш карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.