Семинар бахшида ба Рўзи байналмилалии замин

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд мақомоти ваколатдори давлатӣ буда, барои беҳтар намудани ҷузъҳои муҳити табиӣ вазифадор аст ва тасмим гирифтааст, ки баҳри иҷрои талаботи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009–2019» ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» ва «Дар бораи иттилоотӣ экологӣ» дар соли равон маҷмўъи конфронсҳои илмӣ-амалӣ, семинарҳо, вохўриҳо, сўҳбатҳо ва дигар чорабиниҳоро доир намояд. Мувофиқи нақшаи корӣ санаи 19.04.2019 дар маркази бозомўзии раёсат дар шаҳри Гулистон семинар бахшида ба 22 апрел - Рўзи байналмилалии Замин доир карда шуд. Дар семинар олимону устодон аз кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров»,кафедраи маркетинг ва агробизнеси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, намояндагони васоити ахбори умум ва мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист ҳузур доштанд.

Ба саҳми иштирокдорон баромади олимон ва мутахассисони соҳавӣ доир ба роҳҳои ифлосшавии захираҳои замин, имкониятҳои истифодаи нуриҳои микробиологӣ барои рушди кишоварзӣ, ҳолати мелиоративии замин, муаммои партовҳои бесоҳиб дар миқёси вилояти Суғд, нақши Пешвои миллат дар таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон, муаммои ифлосшавии замин, муомилот бо моддаҳои кимиёвӣ дар замони муосир ва дигар масъалаҳои вобаста мавзўъи семинари мазкур пешниҳод гардид.

Дар қисмати муҳокимаи маърўзаҳо ва таҳлили баромадҳо иштирокчиёни, ки нисбати ҳифзи захираҳои замин андеша доштанд ба музокира баромада, изҳори ақида намуданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби меҳмонон ва мутахассисони шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати минбаъд баргузор намудани чунин семинарҳои иттилоотӣ бахшида ба санаҳои муҳими экологӣ ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологӣ дар дигар минтақаҳои вилоят таклиф пешниҳод карда шуд.

    Дар чорабинии мазкур намояндагони ВАО, аз ҷумла наворбардорони телевизиони вилояти Суғд ва «Ҷаҳоннамо», рўзноманигорон аз матбуоти даврии «Согдийская правда» ва «Маърифати ҳуқуқӣ» ширкат варзида, бобати инъикос ёфтани маълумот корбарӣ менамоянд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.