Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар амал

Санаи 1 майи соли равон дар толори раёсат маҷлиси машваратӣ бо иштироки муовини сардор ва сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои раёсат, роҳбарон ва намояндагони КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳру ноҳияҳои вилоят, КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва дигар шахсони масъули соња баргузор гардид. Мувофиқи рӯзнома ду масъала - оид ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии партовгоҳҳо ва қарзҳои пардохти ҳатмии экологии коргоҳҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ баррасӣ карда шуд. Дар рафти маҷлис аз ҷониби намояндагони КДФ «ХМК»-и шаҳру ноҳияҳо таклиф пешниҳод гардид, ки оид ба мунтазам гузаронидани семинар - машваратҳо дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи ҳифзи муҳити зист, корҳои амалиётӣ ва фаҳмондадиҳӣ моҳе як маротиба, дар якҷоягӣ гузаронидани рейдҳо оид ба инвентаризатсияи шартномаҳои байни КДФ «ХМК» ва субъектҳои хоҷагидор ба нақша гирифта шавад.

     Мақсади асосии гузаронидани машварати мазкур барои чораандешии минбаъда ҷиҳати такон бахшидани раванди ба расмиятдарории ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳолати партовгоҳҳои шаҳру ноҳияҳо мутобиқи қонунҳои амалкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити  зист  бахшида  шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.