Аксияи «Тозагии маҳал»

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва баҳри иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.01.2019, №07  дар бораи гузаронидани аксияи «Тозагии маҳал» мунтазам корбарӣ намуда истодааст. Мувофиқи ҷадвали баргузории аксияи «Тозагии маҳал» дар ҳудуди ҳар як шаҳру навоҳии вилоят дар як моҳ ду маротибагӣ чунин аксия гузаронида шуда, корҳои кабудизоркунию ободонӣ, таъмири биною иншоотҳо, тоза намудани гирду атрофи идораҳо, иншоотҳои иҷтимоию кўчаю хиёбонҳо, обод намудани гулгашт ва боғҳои истироҳатию фароғатӣ, кашонидани партовҳо аз кўчаҳои ҷамоат ва тоза намудани ҳудудҳои манбаъҳои обӣ, насби шиору овезаҳо ба иҷро расонида мешаванд.

 Санаи 27 апрели соли ҷорӣ аксияи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардида, зиёда аз 11 ҳазор нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, аҳолии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, хонандагон ва донишҷўёни муассисаи таълимию тандурустӣ фаъолона иштирок доштанд. Дар рафти аксия 1,3 ҳазор бех дарахтон сафед, 35,5 км ҷўйбор ва 21,8 км қадди роҳ тоза, инчунин 29,9 ҳазор метри мураббаъ ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин ва 4,3 км соҳилҳои обӣ аз партовҳо тоза гардид. Ҳамзамон, 2,2 км роҳгашт сафед ва дар маҷмуъ беш аз 116,5 метри мукааб партовҳо бароварда шудааст.

    Ин иқдом минбаъд мунтазам бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», пешвози сазовори идҳои давлатии миллӣ ва иҷрои қарори Раиси вилоят «Дар бораи эълон намудани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» идома дода мешавад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.