Мониторинги экологӣ дар вилояти Суғд

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд моҳи декабр, тибқи иҷрои нақшаи корӣ оид ба гузаронидани мониторинги сифати ҳавои атмосфера, об, хок ва ченкунии гамма-афканишоти ноҳияҳои наздисарҳадиро доир намуд. Санҷиши вазъи ҳаво дар нуқтаҳои мухталифи ҳудуди санитарӣ - муҳофизатӣ то хати сарҳад амалӣ ва ҳолати ҳавои атмосфера, инчунин дараҷаи радиатсия дар ҳудуди ноҳияҳо санҷида шуд. Дар ҷамоати дењоти Ҳ.Усмонови ноҳияи Б.Ғафуров, мавзеъи Янги – Қўрғон, ки бо ҷумҳурии ҳамсоя ҳамсарҳад мебошад, дар масофаи аз 500 м то 2 км дур намунаҳои таркиби ҳавои атмосфера, об ва хок гирифта, ташхис гузаронида шуд. Зимни мушоҳида ва ченкуниҳои инструменталӣ дар 2 мавзеъ бо гирифтани 10 намунаҳои партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳавои атмосфера амалӣ гардида, натиҷаҳои ченкунии ҳавои атмосфера нишон дод, ки нишондиҳандаҳо мутобиқи меъёр аст. Мониторинги ҳавзаи дарёи Сир аз рўи 24 ҷузъиёт бо гирифтани 12 намунаҳои об аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Ашт, Хуҷанд, Спитамен ва Гулистон ташхис гузаронида, нишондоди ташхиси фулузоти вазнин аз меъёр зиёд мушоҳида карда нашуд.

     Дар таркиби намунаҳои хок асосан миқдори фулузоти вазнин ба монанди мис (Сu), руҳ (Zn), оҳан (Fe), хроми шашвалента (Cr), сурб (Pb) дарёфт шуданд, ки аз меъёр зиёд будани нишондодҳо ба қайд гирифта нашуд. Натиҷаи ченкунии гамма – афканишот нишон медиҳад, ки сатҳи радиатсионӣ дар ҳудуди ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба талаботи мавҷуда ҷавобгӯ мебошад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.