Озмуни «Ҳафтранг» дар байни кӯдакистонҳои ноҳияи Зафаробод

Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Зафаробод ҳамҷоя бо шуъбаи маориф ва бахши фарҳанги ноҳия дар асоси нақшаи чорабиниҳо  бахшида ба эълон гардидани «Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва рамзҳои давлатӣ  озмун ва намоиш дар байни кӯдакистонҳои ноҳия ташкил ва гузаронида шуд. Озмун аз рӯи номинатсияҳои «Табиати зебои диёр» ва «Рамзҳои давлатӣ» баргузор гардида, ғолибон бо ифтихорномаҳои шуъбаи маориф ва туҳфаҳои бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

      Ҳадаф аз гузаронидани ин гуна озмунҳо ташвиқу тарғиби табиати зебои диёр, дастгирӣ ва њавасманд намудани самти экологӣ  дар кори муассисаҳои  томактабӣ маҳсуб меёбад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.