Нишасти матбуотӣ

Санаи 6 феврали соли равон дар бинои Сарраёсати кишоварзӣ тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи МИҲД вилоят нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят ва  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят доир гардид. Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҳақиқати Суғд», «Суғд ҳақиқати», «Согдийская правда», «Ризқофарин», «Боҷу хироҷ», «Нилюфар», «Халқ овозӣ», «Кайҳон»,  оҷонсиҳои иттилоотии «Азия-плюс», «Сугднюс», «Спутник», «Фергана ру»,  телевизионҳои  ШТР СМ-1, ШТР «Азия», ТВ «7 ситора»,» ТВ «Танин», ҳамагӣ 17 нафар намояндагони ВАО иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зист дар соли 2019  дастрас гардид.

    Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон оид ба ҳолат ва истифодаи ғайриоқилонаи чарогоҳҳои вилоят ватаъсири он ба олами набототу ҳайвонот, шумораи қонунвайронкуниҳо дар самти ифлос намудани манбаъҳои обӣ, обшавии пирьяхҳо ва таъсири он ба муҳити зист, раванди биёбоншавии замин , натиҷаи санҷиши  корхонаи оҳакпазӣ дар шаҳри Панҷакент ва дигар посухҳои худ ҷавобҳои мушаххас  гирифтанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.