Аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Шаҳристон

    Бо  мақсади  сазовор истиқбол гирифтани ҷашни миллии 30-солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ,  бо таври доимӣ тозаву обод нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, ҷалби бештари шаҳрвандон дар беҳбудии муҳити зист бо иштироки  кормандони муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия, аҳолии  ҷамоатҳои деҳоти Шаҳристон ва Бунҷекат, кормандони шуъбаи маорифи ноҳия, дар соҳили Шаҳристонсой, деҳаҳо, минтақаи Хуррамдара аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия зиёда аз 120 нафар иштирок намуда,  соҳили сой ва ҳудуди дехаҳо аз партовҳои ҳархела тоза карда шуда, қариб 4 тн.партов ба партовгоҳ бароварда шуд.

 

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/en/news/602-aksiyatmshahriston11072020.html#sigProGalleriafa503f9730
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.