Аксияи «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» дар шаҳри Хуҷанд

 Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби оммаи васеъ дар шаҳри Хуҷанд аксияи «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар аксия кормандони корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳо ва аҳолӣ, беморхонаҳои касалиҳои дил ва физиотерапевтии Ҷумҳуриявӣ, кӯдакистони Президентӣ, Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд, КВДК «СО ва ХМК» ва сокинони кумитаи маҳаллаи «Қорираҳмат Қурбон» ҳамагӣ 460 нафар иштирок намуданд. Рафти аксия обутобгоҳҳои соҳили чап ва рости шаҳри Хуҷанд, худуди маҳаллаҳо, қади роҳҳои мошингард, ҷуйборҳо, соҳилҳои дарё аз ҳама гуна партов, алафҳои бегона ва қамишҳо тоза карда шуда, партови ҳосилшуда аз тарафи КВДК «Хизматрасони нақлиёти санитарӣ» ба партовгоҳи умумишаҳрӣ бароварда шуд.

  Баргузории чунин чорабиниҳо барои ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, беҳбуд бахшидан ба вазъи экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/en/news/705-aksiyatsohil112020.html#sigProGalleria0360b13f0a
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.