Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

 Дар  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, дотсенти факултети филологияи тоҷики Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Бобоева Зеварой маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Сардори Раёсат Ҳакимзода А.Қ. бо сухани ифтитоҳӣ маҷлисро оғоз бахшида, мақсади аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16 ноябр, аз саҳифаи таърих дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   ёдоварӣ  намуд.

 Намояндаи КИ ҲХДТ дар ш.Хуҷанд - Бобоева З.С. дар баромади худ бобати нақш ва нуфузи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвоимиллат,ПрезидентиҶумҳурииТоҷикистонмуҳтарамЭмомалӣРаҳмон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, бузургтарин дастоварди Сарвари маҳбубамон, ки барқарор намудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ мебошад, инчунин тадбирҳо ва ғамхориҳои пайваста баҳри рушду нумӯи кишвари азизамон ибрози ақида намуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.