Аксияҳои экологӣ дар шаҳри Исфара

   Бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Исфара ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонию кабудизркунӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, безарагардонии кучаву маҳалла, деҳа, ҷамоати шаҳраку деҳот аксияҳои  “Тозагии маҳал”  ва “Тозагии соҳил” баргузор намуд. Дар рафти чорабинии мазкур оммаи васеъи мардум, инчунин кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, саноат ва сокинони ҷамоати шаҳраку деҳот фаъолона иштирок намуданд. Дар натиҷа, ҳамагӣ 5,6 ҳазор нафар шаҳрвандон иштирок карда, дар миқёси шаҳри Исфара як қатор корҳо, аз ҷумла рубучини майдон - 2,9 ҳазор метри мураббаъ, 4,1 ҳазор метри мураббаъ рангубори девор ва бино, шинонидани гулҳои ороишӣ - 500 бех, побел кардани замин – 6,4 ҳазор метри мураббаъ, тоза кардани соҳили каналҳо ва дарёи Исфара аз партовҳо – 6,8 км ва зиёда аз 15 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда  шуд. Ҳамчунин, дар рафти чорабинӣ дар саҳни бинои МТМУ №68  ва кўчаи Саёидони шаҳр 50 бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/en/news/731-aksyatmisfara122020.html#sigProGalleriad44ecafe69
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.