Мониторинги вазъи кунунии ҳавзаи Сирдарё

 Аз тарафи коршиносони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат мониторинги вазъи кунунии ҳавзаи Сирдарё оғоз аз маҳаллаи Галламайдон то пойгоҳи обкашии Деҳмой-1 н.Б.Ғафуров ва Ҷ.Расулов гузаронида шуд. Айни замон майдонҳои кишти шолӣ бо баробари баланд шудани сатҳи оби Сирдарё зери об монда, дар ин маҳалҳо миқдори зиёди моҳиҳо сукунат доранд. Дар маҳалли мазкур 30 нафар моҳигирон – ҳаваскорон ба моҳидорӣ машғул шуда, сайди моҳии онҳоро намуди переси нуқрагин ташкил медиҳад. Андозаи моҳиҳои сайдшуда аз 16 то 23 см буда, ба қоидаҳои моҳидории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат мекунад. Аксарияти дӯстдорон моҳигирон аъзои ҷамъияти шикорчиён ва моҳигирон мебошанд.

    Аз тарафи мутахассисони Раёсат дар байни дӯсторон моҳигирон корҳои фаҳмонидадиҳӣ оиди риояи қоидаҳои моҳидорӣ, тоза нигоҳ доштани гирду атроф аз партовҳои ҳархела, роҳ надодан ба буриши буттаю дарахтон гузаронида шуд. Ҳамчунин ба ташкилоту идораҳо ва шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо тавсия дода мешавад, ки дар ин маҳалҳо низ назорати давлатиро пурзӯр намуда, аксияҳои «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал»-ро бо якҷоягии ҷамоатҳои ин ҳудуд гузаронанд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/en/news/747-monitoringdaryosir122020.html#sigProGalleria7973fcb5b2
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.