Ҷамъбасти амалиёти “Ҳавои тоза” дар вилоят

Бахшида ба “Соли 2016 – Соли фарди солим”, ба истиқболи 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, пурзӯр намудани назорат оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт аз 11 то 21 июли соли равон дар шаҳру ноҳияҳои  вилоят амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд.

Дар рафти амалиёт 841 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда шуд. Дар натиҷа 51 адад воситаҳои нақлиёти автомобилӣ меъёри стандартҳои давлатиро вайрон кардаанд, яъне партови моддаҳои ифлоскунанда (гази СО ва дуда) ба фазои атмосфера барзиёд партофта шудааст.

Дар натиҷаи риоя накардани талаботи стандартии давлатӣ нисбати ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ 48 протокол тартиб дода, барои чора андешидан ба БДА-и  шаҳру ноҳияҳои вилоят фиристода шуд. Рафти амалиёти мазкур тариқи воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ инъикос карда шуд.

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят минбаъд низ  баҳри пурзӯр намудани назорати давлатӣ  оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунии соҳаи ҳифзи муҳити зист  корбарӣ  менамояд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.