Ҷамъбасти озмуни экологии «Сабз бодо кишварам» дар шаҳри Хуҷанд

 Дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 23 шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии «Сабз бодо кишварам» бо иштироки кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маорифи шаҳр ҷамъбаст карда шуд. Озмуни «Сабз бодо кишварам» дар асоси фармоишҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд гузаронида шуда, ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташвиқи моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор ва Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист – 5 июн роҳандозӣ гардидааст. Дар озмун муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳр аз рӯи 6 номинатсия: «Расми беҳтарин», «Шеъри беҳтарин», «Сурати беҳтарин», «Ҳикояи беҳтарин», «Видеоролики беҳтарин», «Кори меъмории беҳтарин» маводҳои худро пешниҳод намуданд.

   Барои гирифтани ҷойҳои намоён 18 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №№ 2,3, 6,8, 10,12, 13,14,15, 16, 18, 19, 22,24,23, 27,28 –и шаҳр бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ карда шуданд. Ҳадаф аз баргузории озмун ташаккули мавқеи фаъоли мактаббачагон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, муносибати эҳтиёткорона дар фикрронӣ ва амал нисбат ба экология, дастгирӣ ва ҳавасманд намудани самти экологӣ дар кори муассисаҳои таълимӣ маҳсуб меёбад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.