Таҷлили Рўзи моҳидорон дар вилояти Суғд

 Чун анъана, хар сол якшанбеи дуюми моҳи июл Рўзи моҳидорон қайд карда мешавад. Ин рўз барои тамоми моҳипарварон ва моҳидорон ҳамчун иди касбӣ ба ҳисоб рафта, ҳадафи таҷлили санаи мазкур - ҷалб кардани аҳолӣ ба ин намуди фароғат, тарбияи малакаҳои муносибати эҳтиёткорона ба табиат ва захираҳои табиии он, аз ҷумла захираҳои моҳӣ мебошад. Ҷиҳати таҷлили Рўзи моҳидорон, тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои моҳи июли соли ҷорӣ дар ҶСК «Таъминоти моҳӣ»-и шаҳри Гулистон бо иштироки намояндаи раёсат - мутахассиси шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ, моҳидорони ҷамъияти мазкур маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар рафти он як қатор моҳидорони пешқадам қадрдонӣ карда шудаанд.

  Дар ҳавзаҳои дарёҳои микёси вилоят зиёда аз 50 намуд моҳӣ мавҷуд буда, онҳо танҳо дар оби тоза зиндагӣ мекунанд ва аз ин рў, тозаву озода нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванд ва инсони табиатдўст ба ҳисоб меравад. Дар вилоят барои афзун гардонидани захираҳои моҳӣ, ривоҷ додани соҳаи моҳипарварӣ, истифодаи моҳиҳо дар тозакунии биологии оби обанборҳо, нигоҳ доштан ва ҳифзи намудҳои нодири онҳо аз нестшавӣ, аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зист тадбирҳои судманд андешида мешавад. Масалан, ҳар сол дар давраи тухмгузорӣ бо мақсади ҳифз ва афзун гардонидани захираҳои моҳӣ бо қабули фармоишҳои махсуси дахлдори Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори раёсат манъи сайди моҳӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Тибқи фармоишҳои мазкур дар соли равон низ дар дрёву обанборҳои ҳудуди вилоят аз 1 апрел то 15 июн сайди моҳӣ манъ карда шуд, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароит ба рафти афзоиши табиӣ ва боиси ҳифзи миллионҳо моҳичаҳо мегардад. Яке аз чораҳои ғани гардонидани захираҳои моҳӣ дар обанбори «Баҳри тоҷик» ва беҳтар кардани вазъи экологии Сирдарё ин истифодаи усули биомелиоративӣ мебошад. Бо пешниходи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ҳар сол аз ҷониби ҶСК «Таъминоти моҳӣ» садҳо ҳазор моҳичаҳои намуди капур, пешонипаҳн ва амури сафед ба обанбор ворид карда мешаванд. Парвариши ин моҳичаҳои растанихўр ба кам гардидани растаниҳои обӣ ва тозашавии маҷрои дарё мусоидат менамояд. Қайд бояд кард, ки усули мазкур нисбат ба дигар усулҳо аз ҷиҳати экологӣ беҳтари дошта, аз як тараф дарё аз растаниҳои обӣ тоза мешавад, дуюмаш биотопҳо - намудҳои барангезандаи касалӣ нобуд мегарданд ва маҳсулнокии захираҳои моҳӣ меафзояд. Раёсат тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ дар асоси нишондодҳои илмӣ ин равандро ҷиҳати тозагии дарёи Сир идома диҳад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.