Май 2019

27 Май 2019

22 май - Рӯзи умумиҷаҳонии гуногунии биологӣ

Дар даҳсолаи охир масъалаҳои нигаҳдории гуногунии биологӣ яке аз муаммоҳои глобалии замони муосир маҳсуб меёбад, ки на танҳо олимон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.Вазъи имрӯзаи нигаҳдории гуногунии биологиро ба эътибор гирифта 22 майи соли 1992 дар конфронси СММ доир ба ҳифзи зист ва рушд, ки дар Рио-де –Жанейро баргузор шуда буд, Конвенсия доир ба гуногунии биологӣқабул карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои соҳибҳуқуқи ҷомеъаи ҷаҳонӣ онро соли 1997 тасдиқ намуда  ӯҳдадории худро дар доираи Конвенсия  қабул кард.

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ дар меҳмонхонаи “Де Люкс”-и ш.Хуҷанд бо иқдоми Маркази гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ конференсияи минтақавӣ бо иштироки коршиносон ва олимони Академияи Илмҳои ҶТ, Институти зоология ва паразитология, Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои АИ ЧТ, филиали институти чорводорони АИ КТ, устодони факултети химия ва биологияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Читать далее

Вохурӣ бо маорифчиёни н.Б.Ғафуров

Бо мақсади пешбурди фаъолият дар самти иттилоот ва маориф, дар доираи нақшаи корӣ ва нақшаичорабинињои татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», баҳрибаланд бардоштани маърифат ва донишҳоиэкологии аҳолӣ, санаи 23.05.2019 дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Б.Ғафуров вохўрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят якҷоя бо намояндаи рўзномаи «Садои мардум» бо намояндагони соҳаи маориф, бахусус бо омўзгорони фанни экология, химия ва биологияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Б.Ғафуров баргузор гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ ҷонишини мудири шуъбаи маорифи мазкур баромад карда, оид ба зарурияти тарбия ва маърифати экологӣ изҳори ақида намуд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии соҳил» дар ш.Хуҷанд

     Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, бо мақсади аз партовҳо тоза намудани соҳили дарё ва бо ҳамин васила баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар ду соҳили дарё аз кӯпруки ҷашнӣ то даромадгоҳи боғи Камоли Хуҷандӣ санаи 25 майи соли равон аксияи  “Тозагии соҳил” гузаронида шуд. Дар аксия муҳассилини муассисаҳои миёнаи касбии №№ 31, 44, 56, кормандони Маркази дилшиносии вилоят ва беморхонаи физиотерапевтӣ, кӯдакистони президентӣ, ташкилотҳое, ки дар назди соҳил ҷойгиранд, иштирок доштанд. Дар рафти аксия  ду соҳили дарё аз партовҳои маишӣ, алафҳои бегона тоза карда шуда, 1, 2 м 3 партовҳо бароварда шуд.

Читать далее

23 Май 2019

Аксияи экологӣ таҳти унвони «Ҳифзи табиат – ҳифзи Ватан аст» дар шаҳри Хуҷанд

Таҷлили  Рӯзи  умумиҷаҳонии  муҳити  зист  дар шаҳру ноҳияҳои вилоят оғоз гардид. Бо мақсади таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист ва дар доираи он гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳиву тарғиботӣ, тарбияи маърифати экологии аҳолӣ бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд аксияи экологӣ зери унвони «Ҳифзи табиат – ҳифзи Ватан аст» дар шоҳроҳи Хуҷанд – Чаноқ доир гардид. Дар аксияи мазкур  75 нафар - донишҷӯён ва устодони кафедраи экология ва ҳифзи табиати МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров фаъолона иштирок дошта, қисмати даромадгоҳи шарқии шаҳри Хуҷанд аз ҳар гуна партовҳои маишиву сохтмонӣ ва ғайра  дар ҳаҷми 10 м3  тоза  карда шуд.  Боиси қайд аст, ки аз ҷониби шуъба донишҷуён ҳамчун иштирокчиёни доимӣ ва фаъоли аксияҳои экологӣ бо дастӯшаку халтаҳои ҷамъоварии партов, футболкаву сарпӯшҳо бо насби логотипи  мақомоти ҳифзи муҳити зист таъмин гардиданд.

Читать далее

20 Май 2019

22 май- Рӯзи байналмиллалии гуногунии биологӣ

Дар даҳсолаи охир масъалаҳои нигаҳдории гуногунии биологӣ яке аз муаммоҳои глобали замони муосир маҳсуб меёбад, ки на танҳо олимон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Вазъи имрӯзаи нигаҳдории гуногунии биологиро ба этибор гирифта 22 майи соли 1992 дар конфронси СММ доир ба ҳифзи зист ва рушд, ки дар Рио-де –Жанейро баргузор шуда буд, Конвенсия доир ба гуногунии биологӣ қабул карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои соҳибҳуқуқи ҷомеъаи ҷаҳонӣ онро соли 1997 тасдиқ намуда  ӯҳдадории худро дар доираи Конвенсия  қабул кард.

    Дар байни гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олами наботот ва ҳайвоноти вилояти Суғд бо рангорангӣ ва хусусиятҳои хоси худ фарқ мекунад, зеро дар ин ҷо дар масоҳати начандон калон тақрибан 2500 намуди растаниҳои рагдор, ки намояндагони 99 оила ва 698 ҷинси растаниҳо маҳсубанд, дида мешавад.

Читать далее

17 Май 2019

Вохӯрӣ дар мактаби Президентӣ дар шаҳри Бӯстон

Тибқи нақшаи пешбинигардида, санаи 14.05.2019 дар толори МТД мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» вохўрӣ бо намояндагони соҳаи маориф, аз ҷумла директорони мактабҳо ва омўзгорони фанни биология, экология, роҳбарият ва омўзгорони мактаби Президентӣ баргузор гардид. Дар рафти мулоқот аз ҷониби иштирокдорон баромад доир ба зарурияти тарбия ва маърифати экологии кӯдакону ҷавонон, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, ифлос гардидани ҳавои атмосфера, муомилот бо партовҳо ва чораҷўӣ барои ҷойгиронии ғайрирасмӣ, дар бораи Рўзи байналмилалии муҳити зист ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ шунида шуд.

Читать далее

Имсол Чин маркази таҷлили Рўзи умумичаҳонии муҳити зист таъйин гардид

Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зистро Ассамблеяи Генералии СММ соли 1972  таъсис додааст ва аз ҳамон вақт инҷониб ҳар сол аз ҷониби мардуми ҷаҳон 5 июн дар аксар кишварҳои дунё қайд карда мешавад. Барои таҷлили глобалии ин санаи муҳими экологӣ, одатан ҳар сол, яке аз кишварҳои дунё интихоб гардида, шиори ид пешниҳод карда мешавад. Имсол низ, санаи 15.03.2019 дар шаҳри Найроби вазири муҳити зист, ҳамчун роҳбари ҳайати Чин бо и.в. директори иҷроияи Созмони Милали Муттаҳид якҷоя эълон намуданд, ки рӯзи ҷашни 5-уми июни соли 2019 дар Чин бо шиори «Ифлосшавии ҳаво» баргузор мегардад.

Ҳар сол қариб 7 миллион нафар аҳолї аз сабаби ифлосшавии ҳаво дар ҷаҳон ба ҳалокат мерасанд, ки аз он 4 миллион ба минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором рост меояд. Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зисти соли 2019 ҳукумату саноат, ҷомеа ва шаҳрвандонро бароиомузиши имконияти энергияи барқароршаванда ва технологияҳои «сабз» бо мақсади беҳтар кардани сифати ҳаво дар шаҳрҳо ва минтақаҳои ҷаҳон даъват ба амал меорад. Ҳукумати Чин омода аст, ки ташкил ва гузаронидани чорабиниҳоро бахшида ба Рузи умумиҷаҳонии муҳити зист дар як қатор шаҳрҳои кишвараш доир намояд.

Читать далее

15 Май 2019

15 май Рӯзи байналмилалии иқлим ЧАРО ИҚЛИМ ТАҒЙИР МЕЁБАД?

Ҳамасола на танҳо дӯстдорони табиат, балки нафароне ки дар бораи фардои хеш фикр мекунанд, санаи 15 майро ҳамчун рӯзи байналмилалии иқлим таҷлил менамоянд. Ҳадаф аз ин тадбир ҳифзи иқлим ҳамчун захираи муҳими таъсирбахшанда ба некӯаҳволии насли имрузу фардо ба ҳисоб меравад.

«Иқлим» гуфташароити миёнаи обу ҳаворо гўянд, ки муддати тўлонӣ (одатан 30 сол)  мушоҳида мешавад.  Ба  чунин шароити обу ҳаво  ҳарорат, қувва  ва самти шамол,  инчунин намуд ва ҳаҷми боришот, миқдори рўзҳои офтобӣ  ва дигар мушаххасоте, ки дар ягон ҷои муайян  онҳоро чен кардан мумкин аст, дохил мешаванд.  Иқлими сайёраи мо–Замин  доимӣ набуд; вай якчанд маротиба зери  таъсири як қатор омилҳои табиӣ тағйир ёфтааст. 

Истилоҳи «тағйирёбии  иқлим», одатан, тағйирёбиҳоеро ифода мекунад, ки аз аввали солҳои 1900 мушоҳида мешуданд. Чунин тағйирёбиҳои иқлими глобалӣ  пеш аз ҳама дар натиҷаи  сабабҳои ҳам табиӣ ва ҳам антропогенӣ  ба вуҷуд омадаанд:

Читать далее

11 Май 2019

Баланд бардоштани дониши касбӣ

Санаи 10.05.2019, дар маркази бозомўзии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон семинари бозомӯзии кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят баҳри таъмини иҷрои банди 8-и қарори №5 ҷаласаи мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5.04.2019 ва нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои моҳи майи соли ҷорӣ гузаронида шуд. Тибқи барнома аз ҷониби мутахассисони ботаҷрибаи раёсат дар мавзўҳои «Таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ҳангоми пешниҳоди  мавод ба суди иқтисодӣ, «Дар бораи истифодаи дурусти фарҳанги имлои забони тоҷикӣ дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тарзи ҳисоби дурусти пардохт ва зарар дар самти ҳифзи захираҳои об ва ҳавои атмосфера», «Дуруст ба роҳ мондани гирифтани намунаи об ва хок барои пешниҳод ба шуъбаи назорати таҳлилӣ», «Пешниҳоди ҳисоботи дуруст оид ба рафти иҷрои барномаҳои давлатии соҳавӣ» ва дигар масъалаҳои вобаста ба фаъолияти нозири давлатии мақомот баромад карда шуд.

Читать далее

Маҷлиси машваратии назди сардори раёсат

 Санаи 10.05.2019, дар маркази бозомўзии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон маҷлиси машваратии назди сардор бо иштироки муовин, сардорони шуъба ва сармутахассисони раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Мувофиқи нақша дар маҷлис баррасии 3 масъала пешбинӣ гардида, дида баромада шуд: 1) оид ба масъалаи пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия; 2) натиҷабардорӣ аз фаъолияти раёсат дар чор моҳ ва вазифаҳо то ҷамъбасти фаъолият дар 6 моҳи аввали соли равон; 3)  омодагӣ ба 5 июн – Рӯзи байналмилалии муҳити зист ва масъалаҳои ҷорӣ.

Нисбати масъалаи якум ҳуқуқшиноси раёсат сухан намуда қайд кард, ки пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия яке аз масъалаи асосӣ буда, бояд дар мадди аввали фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист қарор гирад. Кормандони раёсат ва зерсохторҳо мансуб ба хизматчиёни давлатӣ мебошанд ва ин мақом вазифадор менамояд, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва «Стратегияи муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»-ро қатъиян риоя ва иҷро карда шавад.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.