Июнь 2022

07 Июнь 2022

Ҳифзи табиат - ҳифзи ватан

  Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии идона раиси ноҳия Аъзам Ализода ва муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Бунёд Абдумаликзода ширкат варзида, сокинони ноҳияро ба ин муносибат табрик гуфтанд. Раиси ноҳия бо таваҷҷуҳ ба баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон ва ҳифзи муҳити зист, таъкид намуд, ки “дар партави дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ноҳияи Мастчоҳ барои татбиқи сиёсати экологӣ, ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои он тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам гардидааст.” Зикр карда шуд, ки ҳамасола чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ, аксияҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар заминаи татбиқи Барномаи давлатии марбут ба баланд бардоштани маърифати экологӣ дар сатҳи зарурӣ баргузор карда мешаванд.

Читать далее

Таҷлили Рӯзи байналмиллалии муҳити зист дар вилояти Суғд

  Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист санаи 3 июн дар назди театри мазҳакаи мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи эстрадаи тоҷик консерти идона баргузор гардид. Дар қисми расмӣ бо суханони табрикӣ муовини раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо, намоянда аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев Абдусалим ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода баромад намуда, як қатор собиқадорону кормандони соҳа барои хизматҳои шоиста, ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ дар татбиқи сиёсати давлатии экологӣ, барои ҳамкорӣ ва гузоштани саҳми арзанда дар беҳдошти муҳити зист намояндагони корхонаҳои калони саноатии вилоят, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма бо сипосномаву тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Читать далее

03 Июнь 2022

Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ҳакимзода Абдуаҳад Қурбон ба муносибати 5 июн – Рўзи байналмилалии муҳити зист

  Кормандони мақомоти соҳаи ҳифзи муҳити зист ва муҳофизону дӯстдорони табиат ҳар сол санаи 5 июн иди касбии худро қайд менамоянд. Рўзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои басо муҳим барои аҳли сайёра ҳисобида мешавад, зеро ҳамасола дар кишварҳои гуногун чорабиниҳои расмӣ доир мегарданд, ки ин ба ҷалби тамоми аҳли ҷомеа ба муаммоҳои мубрами экологии кишварҳо кӯмак ва саҳмгузорӣ менамояд. Таъмини амнияти экологии ҷомеа аз мубрамтарин масъалаҳои умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, барои бори дигар ҷалб намудани таваҷҷўҳи оммаи васеъ ба масоили экологӣ имконияти хубест. Бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд соҳаи ҳифзи муҳити зист рушду нумӯъ ёфта, дар вусъати бунёдкорӣ, дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи Сарвари давлат, дастгирии иқдомҳои шоистаи шаҳрвандони кишвар ва омодагӣ ба ҷашнҳои давлатии миллӣ саҳми арзанда дорад.Дар тамоми гӯшаю канори кишвари азизамон айни замон раванди ободониву созандагӣ бо маром идома дошта, ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ мехоҳад бо дастовези арзанда 25-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гирад. Ин ҳама пешравию ободкориҳо самараи таваҷҷӯҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳити зист ва истифодаи босамари захираҳои табиӣ мебошанд. Ба муносибати Рўзи байналмилалии муҳити зист тамоми дўстдорони табиатро табрику муборакбод гуфта, сиҳатмандиву сарбаландӣ ва дар фаъолияти меҳнатӣ барори кору муваффақиятҳои рӯзафзунро баҳри ҳифзи табиати бою нотакрори Ватани маҳбубамон орзу менамоям. Рӯзи байналмилалии муҳити зист муборак!

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.