Август 2022

19 Август 2022

Амалиётҳои назоратӣ дар шаҳри Истаравшан

 Тибқи супориши Раиси Кумита, ки дар рафти сафари корӣ ба ш.Истаравшан баён гардида буд, аз тарафи кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳр амалиёти назоратӣ гузаронида шуд. Дар натиҷаи амалиёт ҳолати хушкшавии навниҳолҳо ва партофтани партовҳо дар маҳаллаҳои аҳолинишин ошкор гардид. Нисбати сардори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр ва директори КДФ ХМК-и шаҳр протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаҳои 221 ва 232 тартиб дода шуд. Инчунин дар ҷояш санад тартиб дода шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодҳои иҷроишашон ҳатмӣ дода шуда, минтақаи мазкур бо иштироки 30 нафар ҳашарчиён ва техника пурра тоза карда шуд.

Читать далее

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Гулистон

  Ба истиқболи ҷашнҳои миллии дар пешистода,  бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера ва беҳбудии муҳити зист, дар асоси нақшаи корӣ кормандони шуъбаи мониторинги  экологӣ, таҳлил ва ахбороту иттилооти Сарраёсат дар шаҳри Гулистон амалиёти «Ҳавои тоза»-ро гузарониданд. Рафти амалиёт 40 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 3 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.

Читать далее

11 Август 2022

Ифтитоҳи бинои нави маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан

   Санаи 9 августи  соли 2022 дар доираи ташрифи меҳмонони олиқадр ба вилояти Суғд бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А, Раиси Суди  Конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрзода А.А ва муовини якуми раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар  бинои нави маъмурии  бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан ифтитоҳ карда шуд. Майдони умумии ҷудо гардида 412 метри мураббаъ, майдони зери бино 256 метри мураббаъ ва худи бино аз се ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум – маҷлисгоҳ, китобхона ва утоқњои корӣ ҷойгир карда шудаанд. Маҷлисгоҳ  25 ҷойи нишаст дошта, китобхона барои 1000 адад китобҳои адабиёти гуногун ва бо компютер таҷҳизонида шудааст, ки дар он китобхонаи шакли электронӣ насб гардидааст. Дар ошёнаи дуюм - қабулгоҳ ва 5 адад утоқњои корӣ  барои кормандон ҷойгир  буда, њамаи  онњо бо лавозимотҳои зарурӣ барои фаъолияти мутахассисон, аз он ҷумла 4 адад компютер ва принтер (3 дар 1) таҷҳизонида шудааст.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.