Ноябрь 2024
30 Ноябрь 2024
Вохӯрӣ бо маорифчиёни шаҳри Гулистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Тибқи нақшаи пешбинигардида фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуда, дар доираи гузаронидани санҷиши мазкур вохӯрӣ бо маорифчиёни шаҳр ташкил ва баргузор гардид. Мутобиқи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», дар толори бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон бо иштироки намояндагони шуъбаи маориф, омӯзгорони фанни экология ва биологияи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ва муовини директор оид ба тарбия, омӯзгори фанни экология ва хонандагон бахши 3-и ҶДММ «Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон» вохӯрӣ бо сармутахассиси сарраёсат доир гардид. Дар рафти чорабинии иттилоотӣ аз ҷониби сармутахассиси сарраёсат вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дигар масъалаҳои вобаста ба мавзӯъ изҳори ақида карда шуд.
26 Ноябрь 2024
Чорабинии тантанавӣ таҳти унвони «Парчами Тоҷикистон – рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи худ чорабинии тантанавиро таҳти унвони «Парчами Тоҷикистон – рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат» бо иштироки кормандони ҳамаи шуъбаҳои назоратӣ барпо намуд. Дар рафти чорабинӣ сардори шуъбаи сарраёсат сухан карда, ҳамчунин баромади сармутахассиси шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти сарраёсат дар мавзӯи «Таърихи пайдоиши Парчам, моҳият ва нақши таърихии он дар давлатдории тоҷикон» шунида шуд. Боиси қайд аст, ки барои гирифтани баҳраи маънавӣ ва ҳам сиёсӣ ба иштирокдорони чорабинӣ дар маҷмуъ, ба таври муфассал таърихи қабул, маънои рангҳои Парчами давлатӣ ва аҳамияти муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода шуд.
21 Ноябрь 2024
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Сӯҳроб Хол ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар мамлакат давоми 15 соли ахир санаи 24–уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад. Дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ Парчами давлатӣ низ барои мардуми мо муқаддас ҳисобида шуда, ҳар яки мо ифтихор аз он дорем, ки зери парчами пурифтихори Тоҷикистони азиз кору зиндагӣ дорем ва ба он ватандӯстона эҳтиром зоҳир менамоем.Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ба парчами давлатӣ эҳтиром ба кулли арзишҳои гузаштаву имрӯза ва ояндаи миллат мебошад.Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад».Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Парчами давлатии Тоҷикистон дар пешгоҳи бинои созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ парфишонӣ карда, аз мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик башорат медиҳад. Рӯзи Парчами давлатиро ба кормандону мутахассисон, собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми дӯстдорони табиат табрику муборакбод гуфта, итминон дорам, ки бигузор то абад Парчами давлатӣ парфишон бошаду ҳамаи мо зери он ба суи дастоварду муваффақиятҳои беназир баҳри тараққиёту пешрафти Ватани азизамон равона бошем.
16 Ноябрь 2024
Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Ҷиҳати дар сатҳи баланд барпо намудани чорабинии мазкур барои иштирок ва суханронї муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ўрунбоева М.Х.ва бевосита иштирокчии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуродов Д. даъват карда шуданд. Ҳангоми баромаду суханронӣ ба кормандону мутахассисони ҷавони сарраёсат аз ҷониби меҳмонон дар бораи сабаби ба ин рӯзростомаданичунин ҷашнимуборак, дар қонунгузории кишварамон пазируфта шудани рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзу тарақиёти давлатдории миллӣ, хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлатдории навин ва сарҷамъии миллат, афзалияти шакли идораи президентӣ ва дар бораи дигар иқдому ташаббусҳои созандаи бевоситаи Сарвари давлат шарҳу маънидод гардид.
Корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар шаҳри Истаравшан
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Баҳри дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», бахшида Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан корҳои ободониву кабудизоркунӣ бо маром идома доранд. Бо ташаббуси мақомоти ҳифзи муҳити зист дар маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳрак ва деҳот баргузории аксияҳои экологӣ ташкил гардида, дар баробари корҳои бартараф кардани партовҳои бесоҳиб, тоза намудани минтақаҳои аҳолинишин, ҷӯборҳо ва қаддӣ шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, шинонидани гулҳои мавсимӣ ва ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзи санавбар амалӣ гардида истодааст. Дар давоми қариб як моҳи ахир дар ҳудуди шаҳр танҳо намуди ниҳолҳои дарахтони санавбар 1700 бех шинонида шудааст. Ҳангоми иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ аз ҷониби муовини сардор ва мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғдба шахсони масъули шаҳри Истаравшан ҷиҳати таъминот бо оби полезӣ ва нигоҳубини ниҳолҳо дар мавсими чорвогузар супоришҳо дода шуд.
12 Ноябрь 2024
Аксияҳои экологӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» бо иштироки зиёда аз 600 нафар намояндагони ташкилоту муассиса ва донишҷӯён бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зист гузаронида шуд. Дар рафти амалӣ намудани корҳои ободонӣ 2500 метри мураббаъ ҳудуди маҳаллаи аҳолинишин ва 1200 метр ҷӯборҳо аз партовҳо тоза гардида, инчунин 1000 метр канали обгузари маҳаллаи Навбаҳори шаҳр аз партовҳои пластикӣ тоза карда шуд. Дар маҷмуъ, ҳаҷми партовҳои ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол дода шуда, 7 метри мукаабро ташкил намуд.
Табрикоти сарбозони қисми ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом якҷоя бо Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар шаҳр бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 04080-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 750 нафар сарбозон дастурхони идона ороста шуд. Бо мақсади татбиқи иқдоми мазкур аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист таъминоти хӯроки гарм, оши палав, сабзавоту меваҷот ба амал омада, боқимонда маводи хӯрока ва обҳои ташнашикан аз тарафи Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ таъмин гардидааст. Дар рафти чорабинии идона ба ҳамаи сарбозону офитсерон паёми табрикии раиси шаҳри Конибодом ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуд.
Назорати ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз манбаъҳои ҳаракаткунанда дар шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Аз тарафи мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Сарраёсати ҳифзимуҳитизист дар вилояти Суғд якҷоя бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Амалиёти мазкур бо мақсади назорат ва кам намудани ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз манбаъҳои ҳаракаткунанда дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ доир гардида, воситаҳои нақлиёт аз санҷиши аналитикӣ гузаронида мешавад. Дар рафти амалиёт 58 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз чунин санҷиш гузаронида шуда, нисбати ронандагони 8 адади онҳое, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба ҳавои атмосфера барзиёд ихроҷ намудаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Протоколҳои тартибёфта, барои чораандешӣ ба шуъбаҳои БДА дар шаҳру ноҳия ирсол гардидаанд.
05 Ноябрь 2024
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Сӯҳроб Хол ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Имсол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. 30 сол аст, ки мардуми шарифи тоҷик дар ҳимояи Конститутсия, зери Парчами пурафшони Ватан кору зиндагӣ доранд. Конститутсия қонуни асосии ҷомеа ва давлат буда, дорои эътибори олии ҳуқуқӣ мебошад. Бо шарофати арзишҳои башардӯстонаи Конститутсия имрӯз миллати тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати мутамаддин ва демократӣ эътироф гардидааст. Конститутсия дар амалӣ гардидани орзуву ормони халқи Тоҷикистон, пойдории бардавомии давлатдории миллӣ ва сулҳу Ваҳдат кафили рушди устувори ҷомеа ва ояндаи дурахшони миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Бо чунин ниятҳои нек, дар остонаи 30-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандону мутахассисон ва собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зистро самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотири ҷамъ, рӯзгори орому осуда ва дар Ватани азизамон сулҳу суботи ҷовидон орзу менамоям.
Ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, пешгирӣ ва рафъи таъсири манфии об ба аҳолӣ ва объектҳои иқтисодӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Дар доираи «Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои обӣ», ки Консортсиум дар ҳайати Ҳелветас ва Acted марҳилаи сеюмро амалӣ намуда истодааст, аз тарафи Филиали шуъбаи Acted дар шаҳри Хуҷанд дар толори бинои меҳмонхонаи Суғдиёни шаҳр Ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, пешгирӣ ва рафъи таъсири манфии об ба аҳолӣ ва объектҳои иқтисодӣ бо иштироки намояндагони сохторҳои дахлдори вилояти Суғд, ноҳияҳои Спитамен, Б.Ғафуров ва Ҷ.Расулов баргузор гардид. Ҳадафи ин чорабинӣ огоҳшавӣ аз сенарияҳои тағйирёбии иқлим, пешгӯии он дар вилоят, арзёбии таъсири тағйирёбии иқлим ба кишоварзӣ ва захираҳои об мебошад. Дар рафти ҷаласа презентатсияҳои намояндагони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кормандони Филиали шуъбаи Acted, инчунин мутахассисони ба татбиқи лоиҳаи мазкур ҷалбкарда, пешкаши иштирокдорон гардид. Боиси қайд аст, ки ҷаласаи баргузоргардида, нуҳум Ҷаласаи Гурӯҳи корӣ ба ҳисоб меравад.