Аксияи «Тозагии шоҳроҳ» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

  Дар асоси нақша чорабиниҳои тасдиқгардида оид ба ташкил ва гузаронидани аксияи "Тозагии шоҳроҳ" давоми 2 рӯз дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷамоати деҳоти Деҳмой деҳаи Заркор шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ аксияи "Тозагии шоҳроҳ" ташкил  ва гузаронида  шуд. Дар аксия беш аз 500 нафар аҳолии ҷамоатҳо, кормандони ташкилоту муассисаҳо, хонандагони 4 муассисаҳои таълимии миёнаи умумии ноҳия, фаъолона иштиирок намуда, кариб 20 м3 партов бароварда шуд.

Аксияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Дарахти ман сарсабзии Тоҷикистон аст!»

  Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҷавонону варзишгарон дар доираи аксияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Дарахти ман сарсабзии Тоҷикистон" бо мақсади ободу зебо гардонидани гирду атроф, тоза нигоҳ доштани муҳити зист ҳашари тозагӣ ва корҳои ободонӣ баргузор гардид. Дар шанбегӣ тоза намудани гирду атрофи бинои муассисаву толорҳо, ҷӯйборҳо, шинонидани дарахтони ҳамешасабз ва сояафкан, буридани шохҳои дарахтони хушкшуда ва ҷамъ намудани партовҳо ба анҷом расонида шуд. Аксия дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи ҷанговарони интернатсионалистони шаҳр ва хонандагони Литсейи касбии политехникии шаҳр дар Боғи Ғалаба  баргузор гардид.

Аксияи экологӣ оид ба бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар ноҳияи Зафаробод

  Ҷамоати шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод беш аз 22 ҳазор аҳолӣ дошта, дар натиҷаи ҷойгиронии партовҳои истеъмолӣ дар ҷойи ғайрирасмӣ муаммои экологии ташаккул ёфтани нуқтаи калони партовҳои бесоҳиб ба миён омадааст. Бо мақсади бартараф намудани нуқтаи мазкур бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия ва якҷоя бо КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар ин минтақа аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида  шуд. Дар рафти аксия ғайр аз кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва корхонаи хоҷагии коммуналӣ 20 нафар сокинони ҷамоати шаҳрак иштирок намуда, бо истифодаи техникаи махсус 12 адад нақлиёти боркашонии тамғаи «Дулан» партовҳои бесоҳиб ба партов-гоҳи марказии ноҳия бароварда шуд. Ҳаҷми умумии партовҳои интиқолдода 180 метри мукаабро ташкил намуда, минтақаи мазкури ҷамоати шаҳраки Зафарободи ноҳия бо пуррагӣ тоза гардид.

Маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ дар шаҳри Конибодом

  Дар такя ба ташаббусҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунии муҳити атроф дар шаҳри Конибодом маъракаи ниҳолшинонӣ гузаронида шуд. Кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом, намояндагони ташкилоту идораҳо дар ин маърака фаъолона иштирок намуда, дар боғи Истиқлолият ва майдони марказии Исмоили Сомонӣ дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.