Аёдати маъюбон

   Аёдати маъюбон ва камбизоатон яке аз сиёсатҳои иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳамасола тибқи супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ ва кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад. Бо ин мақсад дар асоси муроҷиати нафақахӯр – маъюб Раҳимова З., сокини ш.Конибодом, кӯчаи О.Манонов № 118 аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Конибодом оилаи мазкур бо ҳезум дар мавсими зимистонгузаронӣ ва маводҳои хӯрока таъмин карда шуд.

Ташкили хӯроки иловагӣ барои ҳайвоноти ваҳшӣ дар ноҳияи Деваштич

  Тибқи нақшаи кории раёсат бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Деваштич барои беҳтар намудани вазъи экологӣ ва бо мақсадибеталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон дар якҷоягӣ бо кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия, ҳамчунин бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма – телевизиони ҷумҳуриявии «Сафина» дар мавзеъи Даҳанасойи ноҳия корҳои биотехникӣ гузарониданд. Дар рафти чорабинӣ, дар ин мавзеъ ба миқдори 250 кг картошка, 100 кг сабус, 150 кг ҷав, 45 кг намак, 150 кг шалғам ва 12 банд хӯроки дарав пошида шуд.

Тамошои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят

 Дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» муташаккилона роҳандозӣ гардид. Кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист Паёми имсоларо, ки тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар бо асноду мисолҳои мушаххас мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷабардорӣ қарор гирифт, якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шоҳроҳи Хуҷанд – Б.Ғафуров

  Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар асоси нақшаи кории шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар шоҳроҳи Хуҷанд – Б.Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 55 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 4 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.