Табрикоти бонувон ба рӯзи иди модарон

Санаи 6 марти соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат  бахшида ба Рӯзи модар маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Бо сухани ифтитоҳи муовини сардор  табрикоти сардори Раёсат Ҳакимзода А.К. -ро ба бонувон расонида, саҳми арзандаи бонувонро дар фаолияти мақомот зикр намуд. Сардори шубаи раёсат Садриддинова С.  барои  чунин арҷгузори нисбати занон изҳори миннатдори баён намуд.

 

Кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ

Бо баробари фарорасии фасли баҳор, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара корҳои ободонию сабзкорӣ вусъати тоза мегиранд. Чун анъана исфарагиён бо мақсади ба диёри ҳамешасабз табдил додани шаҳр рӯзҳои истироҳати гузашта бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ҳашари ободонӣ баромада, дар анҷоми умури тозакуниву ободонӣ ва гулу ниҳолшинонӣ ширкат намуда, саҳми худро барои сабзу хуррам гардони шаҳр гузоштанд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим бо рафти корҳои тозаю ободсозӣ ва ниҳолшинонӣ дар ҳудуди варзишгоҳи марказии шаҳр шинос шуда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ ширкат намуд.

Ниҳолшинонӣ дар н.Ашт

Ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои миллии дар пешистода, иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  такон бахшидан ба корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар хоҷагии деҳқонии "Ботуршоҳ"-и ноҳияи Ашт аз ҷониби  кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт дар канори роҳи асосии Ашт - Хуҷанд 100 бех дарахтони ҳамешасабз  шинонида  шуд.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Гулистон

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тақвият ва густариши корҳои ободонӣ, хуррамгардонӣ ва сабзкорӣ дар қаламрави кишвар, аз ҷумла дар ҳудуди шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳои тобеи он корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ бо маром идома дорад.  Дар минтақаи шаҳр бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон боғи нави дарахти сӯзанбарг ифтитоҳ гардид. Боғи мазкур дар масоҳати 900 метри мураббаъ ташкил гардида дар он 200 бех дарахти сӯзанбарг шинонида шуданд.

    Ҳамзамон, дар соҳили “Баҳри тоҷик”, як ҳазор дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида шуданд. Тибқи иттилои сардори КВД ХМК-и шаҳр Фирӯз Шарифӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои марҳилаи аввали ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ шинондани беш аз 260 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ ва ҳолландӣ дар маркази шаҳр пешбинӣ гардидааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.