Мизи мудаввар дар Коллеҷи технологии ба номи А.Қаҳҳорови ш.Конибодом

Дар коллеҷи технологии ба номи А.Қаҳҳоров бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 ва «Соли  ҷавонон» мизи мудаввар  баргузор гардид. Дар он намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони ҷамоатҳои деҳот, идораи хоҷагии об, корхонаи фаръии обу канализатсия, идораи барқ, идораи кишоварзӣ, ситоди ҳолатҳои фавқулодда, идораи марказии стандартикунонӣ ва донишҷӯёни Коллеҷи технологии шаҳр иштирок доштанд.

Дар кори мизи мудаввар номзади илми иқтисод, сарвари коллеҷ  М.Ҳомидов дар мавзӯи  «Об  - муҳимтарин ва беҳамтотарин мӯъҷиза», мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр Ф.Ёдгоров «Об – манбаи ҳаёт», декани факултаи менеҷмент, муҳосибот ва иттилооти кории коллеҷ Х.Ядгарова «Об ганҷинаи табиат», омӯзгор М.Илёсова ва донишҷӯ У.Насриддинов дар мавзӯи «Энергияи сабз – нерӯи аз рӯи экологӣ тоза» ва «Барқи обӣ дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ»  баромадҳо  намуданд.

 

Дар рафти кори мизи мудаввар аз тарафи иштирокчиён доир ба мавзӯҳои мухталифи экологӣ музокира сурат гирифт ва баргузории чунин   чорабиниҳо  сари вақтӣ арзёбӣ гардид. 

Ба ҳамаи иштирокчиёни мизи мудаввар китобчаи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020  тақсим  карда  шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.