Вохӯрӣ доир ба баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон

 Тибқи нақшаи пешбинигардида ва дар доираи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», дар синфи экологияи МДТ «Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод» бо хонандагон ва омӯзгорони фанни экология ва биология вохӯрӣ доир гардид. Дар рафти мулоқот намояндаи сарраёсат баромад намуда, оид ба нуқтаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист,дар бораи мақсади Барномаи давлатӣ, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, масъалаҳои зарурияти тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон, муаммоҳои экологии ҷаҳонии замони муосир, чораҷӯиҳо барои вайрон кардани талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба мавзӯъ изҳориақида намуд.

 Дар рафти вохӯрӣ ба саволҳои омӯзгорон ҷавобҳои мушаххас дода шуд. Дар интиҳо ба китобхонаи муассисаи таълимии мазкур 2 ҷилд Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хонандагону омӯзгорон рақами охирони рӯзномаи соҳавӣ «Инсон ва табиат» аз номи сарраёсат тақдим гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.