Шиносоӣ аз рафти сохтмони хоҷагии моҳипарварӣ

Бо мақсади шиносоӣ аз рафти сохтмони хоҷагии моҳипарварӣ кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварда, аз рафти сохтмони ҳавзҳои гулмоҳипарварӣ дидан намуданд. Боиси қайд аст, ки сохтмони объекти ҷашнӣ бо ҷалби техникаҳои муосир идома дорад. Бинои сехи инкубатсияи сунъӣ сохта шуда, дар он беш аз 90 ҳазор адад кирминамоҳичаҳои гулмоҳӣ дар шароити хуб афзоиш ва тибқи талаботҳои биотехнологияи ҷавобгӯ парвариш ёфта истодаанд.

  Барои ободу зебо ва беҳтар намудани ҳолати экологии ин маҳал қад қади роҳи асосӣ 2 ҳазор адад дарахти сафедор шинонида шуд.  Ба истифода додани хоҷагии мазкур дар рўзҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалии соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.