Июль 2019

24 Июль 2019

Иштирок дар ҷаласаи ҳавзавии дарёи Сир

Санаи 10.07.2019 дар Маркази таълимии Бонки Миллӣ дар шаҳри Гулистон ҷаласаи даҳуми Муколамаи ҳавзавии дарёи Сир оид ба Идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Сир доир гардид.

Дар он кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Раёсат иштирок ва баромад намуданд. Дар ҷаласаи гурўҳи корӣ масъалаҳои марбут ба ислоҳоти соҳаи об, барномаи идоракунии ҳавзавӣ, иштироки шарикони рушд дар барномаи идоракунии ҳавзавӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ  қарор дода шуд.

    Боиси қайд аст, ки чорабинии мазкур ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2015, №791 «Дар бораи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2016-2025» ва дар доираи татбиқи Лоиҳаи Идоракунии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Читать далее

10 Июль 2019

Семинари ифтитоҳӣ дар шаҳри Душанбе

Санаҳои 4-5 июли соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи Ҳаятт Реҷенсии шаҳри Душанбе семинари ифтитоҳӣ дар доираи лоиҳаи "Идоракунии даврагии заҳрхимикатҳо ва нобудсозии заҳрхимикатҳои дорои моддаҳои устувори органикӣ дар кишварҳои Осиёи марказӣ ва Туркия" баргузор гардид, ки дар он мувофиқи даъват намояндагони МИҲД-и вилояти Суғд ва шаҳри Конибодом, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом иштирок намуданд. Ҳамчунин, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагон аз сохторҳои мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ВМКБ, намояндагони ташкилоти байналхалқии ФАО дар Тоҷикистон, соҳаи кишоварзӣ ва дигар ташкилоти ғайридавлатӣ иштирок ва баромад карданд.

Читать далее

09 Июль 2019

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Бомақсадидар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тозаву озода нигоҳ доштани шаҳрҳо, кўчаву хиёбонҳо идомаи корҳои созандагию ободкорӣ шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Гулистон, Панҷакент, Хуҷанд, Ҷ.Расулов, Айнӣ, Б.Ғафуров, бо ҷалби кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ, соҳибкорон ҳамагӣ 5520 нафар аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида  шуд.

    Дар рафти аксия ҷўйборҳо ба масоҳати 8740 м, ҳудуд - 21637 м2, қадди роҳҳо - 36800 м, соҳилҳо 300 м, майдонҳо аз алафҳои бегона 2600 м тоза карда шуда, тақрибан 96,4 м3 партовҳои ҳосилшуда ба партовгоҳи шаҳриву ноҳиявӣ  бароварда шуд.

Читать далее

02 Июль 2019

Фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли 2019 ҷамъбаст гардид

Санаи 2 июли соли равон равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Раёсат дар нимсолаи аввали соли 2019 ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидумрон Абдураҳмонзода, Саидимон Акбаров мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардорони шӯъбаҳои Раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Сардори Раёсат Т.Нӯмонзода бо маърӯзаи ҳисоботӣ бобати фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист баромад намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар ин давра баҳри пешгирии қонуншиканӣ ва таъмини риояи қонуну қоидаҳои қабулгардида дар ҳама самтҳо, маърифати экологӣ нисбати ҳамин давраи соли пешин натиҷаҳои хубро муваффақ гардид. Дар ҷаласа фаъолияти нисбатан қаноатбахши бахшҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Ҷ.Расулов, Исфара ва фаъолияти сусти бахшҳои шаҳру ноҳияҳои Кӯҳистони Масчоҳ, Бӯстон, Деваштич ва Шаҳристон қайд карда шуд.

Читать далее

01 Июль 2019

Аксияи «Тозагии соҳил» дар ш.Хуҷанд

Баҳри иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.02.2019, № 10 оид ба гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил» ва дар доираи 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои басо муҳиму наҷиб ба сомон расонида шуда истодааст ва идома дорад. Бо ин мақсад дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади ҷалби бештари шаҳрвандон дар беҳтар намудани вазъи санитарию экологии муҳити зист, бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани соҳилҳои дарё бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар он кормандони шуъба, бахши кор бо ҷавонон, сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр, кормандони Маркази дилшиносии вилоят ҳамагӣ 220 нафар иштирок доштанд.  

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.