Конфронси “Об омили асосии рушди устувор”

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2017, № 487 “Дар бораи омодагӣ ва амалигардонии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Об омили асосии рушди устувор” баргузор гардид.

Дар он сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии  Кумитаи ҳифзи муҳити муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев А.Ш., сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Кумита Шукуров И., сардори маркази ахбори экологии Кумита Тиллоева Г., устодону олимони муассисаҳои таълимии олӣ, намояндагони корхонаву муассисаҳо, мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист, кормандони васоити ахбори омма ва алоыамандони соҳа иштирок доштанд.

Маросими супоридани мукофотҳо ба ғолибони озмуни «Ҳифзи табиат – асоси рушди сайёҳӣ»

Баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷуцмҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», ташвиқу тарғиби моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар мавзӯи «Ҳифзи табиат – асоси рушди сайёҳӣ» аз рӯи 6 номинатсия эълон гардида буд.

   Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ муайян гардида, дар конфронси вилоятӣ, ки бо намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, иштирокчиён аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б.Ғафуров, Деваштич, Ҷ.Расулов бо ифтихорномаву тӯҳфаҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафароз  гардонида шуданд.

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист

Бахшида ба 5 июн Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар назди театри мазҳака ва мусиқии ба номи К.Хуҷандӣ чорабинии калони идона баргузор гардид. Дар он муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, намояндагони дигар сохторҳо ва аҳолӣ иштирок доштанд.

Муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ  табрикоти Раиси вилоятро  қироат намуда зикр кард, ки таъмини амнияти экологии ҷомеа  яке аз мубрамтарин масъалаҳои умумибашарӣ ба ҳисоб рафта,  имконияти хубест, барои бори дигар ҷалб намудани таваҷҷӯҳи оммаи васеъ ба масоили экологӣ.

Силсилаи чорабиниҳои экологӣ дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд

Дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд як қатор чорабиниҳо бахшида ба  Рӯзи  умумиҷаҳонии  муҳити  зист  доир гардид.  Бо  мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ  бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Истиқлол  аксияҳои экологии  «Тозагии соҳил», «Тозагии маҳал» бо иштироки 300 нафар намояндагони ташкилоту муассисаҳои шаҳр, хонандагони мактабҳо  гузаронида шуд. Дар ҷараёни аксияҳо  ҳудуди шаҳр, кӯчаҳои марказӣ аз ҳар гуна партовҳо тоза  карда шуд.

Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар кӯчаҳои марказии шаҳр бо кормандони шуъбаи милитсияи экологии РВКД ЧТ дар вилояти Суғд амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.