Вохўрӣ бо маорифчиёни ноҳияи Ҷ.Расулов

    Мувофиқи нақшаи пешбинигардида, санаи 16.04.2019 дар толори муассисаи таълимии №6 ноҳия баҳри татбиқи "Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020" вохўрӣ бо маорифчиёни ноҳия, аз он ҷумла директорони мактаб ва омўзгорони фанни табиатшиносӣ, дар маҷмуъ 150 нафар доир гардид. Дар рафти мулоқот намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баромад намуда, оид ба нуқтаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, дар бораи барнома, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, чораҷўиҳо барои ҷойгиронии гайрирасмии партовҳо дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Чумхурии Тоҷикистон, нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои зарурияти тарбия ва маърифати экологии кўдакону ҷавонон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ изҳори ақида намуд.

Ҷаласаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

Санаи 9.04.2019 дар маркази бозомўзии раёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли равон бо иштироки муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Мувофиқи даъват дар ҷаласа сардорони шуъбаҳо ва сармутахассисони раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо иштирок дошта, баъд аз маърўзаи сардори раёсат аз ҳар яки онҳо аз ҷониби муовини раиси кумита пурсиш ба амал омад. Ҳангоми музокира камбудиҳои зерсохторҳои раёсат мавриди таҳлил карор гирифта, аз тарафи муовини раиси кумита як қатор дастуру супориш барои ислоҳи камбудиҳо то ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дода шуд.

Ифтитоҳи Маҷмааи сайёҳӣ-истироҳатии “Ҷазираи Темурмалик” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Санаи 31 март соли 2019 дар доираи чорабиниҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон Маҷмааи сайёҳӣ-истироҳатии “Ҷазираи Темурмалик” ба истифода дода шуд. Маҷмааи мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров дар масоҳати 5 гектар, бо ҳавзҳои намудҳои зиёди моҳӣ ташкил гардида, барои диданибоб шудани минтақа парандаҳои гуногун, аз ҷумла мурғҳои даштӣ (фазан) гирд оварда шудаанд. Корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазгардонии парваришгоҳ бо лавозимоти зарурӣ  соли 2018 оғоз гардида, дар он бинои истироҳатӣ , толори нишасти мењмонон, бинои маъмурӣ, ошхона, шипангҳо ва нуқтаи гигиенӣ-санитарӣ бунёд ёфтааст.

Сайди моҳӣ манъ аст!

Тибқи фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Сущд таҳти №21 аз 20.03.2019 сол, дар асоси моддаҳои 6 ва 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаҳои 8 ва 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот», моддаҳои 6, 10 ва 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзизахираҳоимоҳӣ», моддаҳои 4 ва 17-и «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидорӣ доштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, шароити фароҳам овардан ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ аз санаи 1 апрел то 15 июн соли 2019 сайди моҳӣ дар обанборҳои вилоят аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ манъ карда шудааст.

Телефони боварӣ: (83422) 6-59-81, 4-03-59

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят

Скачано с веб-сайта JooMix.org.