Таҷлили Рўзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист дар ш.Хуҷанд

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4864

Бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист 2 июни соли ҷорӣ дар саҳни театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии ш.Хуҷанд  чорабинии идона доир  гардид. Дар он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хайрулло Ибодзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Ахмадзода, раиси шахри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, намояндагони сохторҳои маќомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, Донишгоҳу Донишкадаҳои олӣ ва ахолӣ иштирок доштанд.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хайрулло Ибодзода  дар аснои суханронии худ аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти ҳифзи муҳити зист ёдовар шуда, дӯстдорони табиатро ба муносибати Рўзи байналмилалии муҳити зист табрик намуд.

 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ иброз дошт, ки дар кишварҳои мухталифи олам Рўзи байналмилалии муҳити зист ҳамчун яке аз санаҳои басо муҳим таҷлил карда мешавад, зеро дар замони муосир таъмини амнияти экологии ҷомеа аз муҳимтарин масъалаҳои умумибашарӣ ба ҳисоб меравад. Таҷлили санаи мазкур инсониятро бори дигар аз мавҷудияти муаммоҳои экологӣ ҳушдор медиҳад, зеро сол аз сол таназзулёбии табиат, хароб шудани вазъи муҳити зист дар сайёра ҳамагонро ба ташвиш овардааст. Зикр гардид, ки ҳар як сокини кишвар бояд перомуни масъалаҳои муҳими марбут ба ҳамзистии инсон бо табиат андеша намуда, барои покиза нигоҳ доштани муҳити зист ва сарсабзу хуррам гардонидани муҳити атроф саҳмгузор бошад.

     Сипас  аз ҷониби раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода ба фаъолони соҳа сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ ва нишонҳои сарисинагии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

joomlamodniyportal.ru