Аксияи «Тозагии маҳал» дар минтақаи истироҳатии «Дараи сабз»-и ноҳияи Шаҳристон

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 2893

    Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва муҳити солим ба истироҳаткунандагони дохиливу хориҷӣ, иҷроиши супориши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва барқияи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз 30.06.2020, № 61/722 дар минтақаи истироҳатии «Дараи сабз»-и  ноҳияи  Шаҳристон санаи 4 июли соли равон бо иқдоми  бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия  ва иштироки  80 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия  аксияи  «Тозагии маҳал» гузаронида шуд.

  Рафти аксия  минтақаи мазкур аз партовҳои ҳархела пурра тоза карда шуда, ба миқдори 2 тн партов ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.

joomlamodniyportal.ru