Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Б.Ғафуров

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 2863

 Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар асоси нақшаи кории шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар  ноҳияи  Б.Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 27 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 5 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳияҳои вилоят  ирсол гардид.

joomlamodniyportal.ru