Натиҷагирӣ аз фаъолияти 10 моҳаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3836

 Дар маркази бозомӯзии раёсат дар шаҳри Гулистон санаи 5 ноябри соли равон бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. маҷлис баргузор гардид. Дар он аъзоёни гурӯҳи кории Кумита, сардорони шуъбаҳо ва мутахассисони раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд. Бо сухани ифтитоҳи Раиси Кумита кормандони мақомотро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, оид ба ин дастоварди бузурги даврони Истиқлолият, дар сатҳи Конститутсия эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон ибрози ақида намуд. Дар рафти маҷлис  натиҷаҳои фаъолияти раёсат ва зерсохторҳои он тибқи санҷиши комплексии гурӯҳи корӣ баррасӣ гардид. Маълумоти роҳбари гурӯҳи корӣ ва сардорони шуъбаҳои назоратии Кумита шунида шуд.

    Раиси Кумита барои бартараф намудани камбудихои ҷойдошта ва баҳри бо нишондиҳандаҳои назаррас истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо дод.

joomlamodniyportal.ru