Аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Ҷ.Расулов

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 2274

   Бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, истиқболи сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ,ташвиқу тарғиби маърифати экологӣ байни аҳолӣ, дар селроҳаи Исфанасой-воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷ.Расулов аксияи «Тозагии соҳил» доир гардид. Аксия бо ҷалби 25 нафар ҳашарчиён ва 5 адад техника гузаронида шуда, дар натиҷа 8 м3 партовҳои ҳархела бароварда шуд.

joomlamodniyportal.ru