Ҷамъбасти озмуни ноҳиявии «Сабз бодо кишварам» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 2392

 Дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 6 ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов озмуни ноҳиявии «Сабз бодо кишварам» бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маорифи ноҳия ҷамъбаст карда шуд. Озмуни «Сабз бодо кишварам» дар асоси фармоишҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд гузаронида шуда, ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташвиқи моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021» бахшида шудааст.

  Дар озмун 70 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №№ 6,16,19, 5, лицейи 1 иштирок дошта, ба номинатсияҳои «Расми беҳтарин», «Шеъри беҳтарин», «Сурати беҳтарин», «Ҳикояи беҳтарин» маводҳои худро пешниҳод намуданд. Дар интиҳои озмун ғолибони озмун бо тӯҳфа ва ифтихорномаҳои бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.

joomlamodniyportal.ru